По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 12.07.2017
 

К.ШАРИПОВ: ТАЛАБИ ПРЕЗИДЕНТ РОҶЕЪ БА РИШ БА ТОЗАГӢ БАСТАГӢ ДОРАД, НА БА ДИН

Каромат Шарипов мегӯяд, талаби президенти Тоҷикистон дар мавриди риш ба риояи тозагӣ рабт дорад, на ба дин. Ӯ мегӯяд, риш манбаи бемориҳост ва беҳтар аст, ки тоҷикҳо бо мӯю риши тарошида бигарданд. Эмомалӣ Раҳмон низ гуфт, Худоро бояд бо қалб шинохт, на ришу саллаву сатру ҳиҷоб.

Каромат Шарипов, раиси ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия рӯзи 11 июл дар мусоҳиба бо хабаргузории русии НСН (Национальная Служба Новостей) гуфт, талаби раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон дар масъалаи ришро ба кӯшиши риоияи меъёрҳои санитариву гигиенӣ дар инкишвар бастагӣ додааст.

Каромат Шарипов гуфтааст, ки ин талабот ба дин рабт надорад: “Дар шароите ки тоҷикон дар Русия зиндагӣ мекунанд, албатта, беҳтар аст, ки бо мӯйсари риши тарошида бигарданд. Дар он (дар риш) тамоми чиз ҳаст – ҳам бемориҳо, ҳам кайк, ки дар риш пайдо мешавад. Ази н рӯ, президент Эмомалӣ Раҳмон бо манъи гузоштани риш мардумро таҳрик медиҳад, то ба Русия, яъне ба ҷое бираванд, ки ришгузорӣ мамгӯъ нест. Ва бисёриҳо барои он ки риш монда тавонанд, мекӯчанд. Ҳатто агар ба Русия кӯчидан зарур шавад.”

Каромат Шарипов дар ин мусоҳиба ҳамчунин дар бораи чигуна дар Тоҷикистон боздошт шудани мардуми ришдоре, ки даъвати Эмомалӣ Раҳмонро ихтиёран иҷро накарданд, ҳарф задааст: “Одамро боздошт карда, ба шӯъбаи милиса меоранд, шиносномаашро мегиранд ва фурсат медиҳанд, ки ришашро ихтиёран битарошад. Танҳо дар як вилояти Хатлон дар як сол 13 ҳазор нафарро барои риш боздошт кардаанд. Ин хеле зиёд аст. Ман фикр мекунам, ки президентро мушовиронаш гумроҳ кардаанд.”

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 11 июл дар суханрониаш дар Кохи Борбад ба муносибати солгарди 10-уми қабули қонуни танзими анъанаву маросимҳо бори дигар ба масъалаи ришу ҳиҷоб пардохт ва гуфт, Худоро бо ақл мешиносанду бо қалб мепарастанд, на бо сару либосу сатру ҳиҷобу саллаву риш.”

Эмомалӣ Раҳмон аз мақомоти маҳаллӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ даъват кард, то “пеши роҳи ин зуҳуроти номатлубро ба таври қатъӣ гиранд” ва бахусус дар байни занону духтарон “ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳарчи зудтар хотима бахшанд.” Эмомалӣ Раҳмон гуфт, мардум бояд аз пайи омӯхтани илму технологияҳои замонавӣ бошанд ва «дар пайи тақлиди унсурҳое, ки кишварро ба асрҳои миёна мебаранд, талоши беҳуда накунанд.”

Дар солҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи дар кӯчаву бозорҳои дастгир кардани мардони ришдор ва маҷбуран тарошидани риши онҳо гузоришҳои зиёд ба даст мерасанд.

Мақомоти вазорати корҳои дохилӣ ду сол пеш дар пайи нашри гузоришҳо дар бораи маъракаи ба истилоҳ “риштарошон” дар Тоҷикистон гуфта буданд, ки кадом маъракае бо ҳадафи маҷбуран гирифтани риши мардум ба роҳ андохта нашудааст ва ҳатто ду корманди милиса, ки “худсарона” даст ба чунин кор задаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашонда шуданд.

Вале Баҳром Шарифзода, сардори вақти раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар моҳи январи соли 2016 тасдиқ кард, ки мақомоти милиса дар ин вилоят дар тӯли соли 2015 риши 12 818 нафарро “ба тартиб даровардаанд” ва 6700 зану духтар дар Хатлон дар ин муддат аз пӯшидани ҳиҷоб даст кашидаанд. Баъди сарусадое, ки ин изҳорот дар матбуоти байналмилалӣ ба по кард, Баҳром Шарифзода гуфт, ин афрод на маҷбурӣ, балки бо роҳҳои “фаҳмондадиҳӣ” аз гузоштани риш ё пӯшидани ҳиҷоб даст кашидаанд.

Аз он пеш дар моҳи августи соли 2014, Раҳмон Давлатов, сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакент низ ба хабарнигорон гуфта буд, тавассути фаҳмондадиҳӣ мардони зиёде дар ин минтақа низ аз баҳри риш гузаштаанд ва ҳатто ҳамсарони онҳо номаи сипос навиштаанд: ки “раҳмат ба милисаҳои Панҷакент, ки восита шуданду шавҳарҳои мо ришҳояшонро тарошиданд. Нав намуди зоҳириашонро дидем.”

Дар дини Ислом гузоштани риш суннат ҳисоб мешавад ва мардуми диндор ба пайравӣ аз Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) ва саҳҳобаҳояш риш мегузоранд.

Аммо дар солҳои охир бахусус дар миёни насли ҷавон гузоштани риш бидуни ангезаҳои динӣ низ муд шудааст ва ҳатто дар Ғарб аксари ҷавонони имрӯза риш сар медиҳанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар Тоҷикистон дар чеҳраи ришдорон афроди моил ба ақидаҳои ифротиии мазҳабиро мебинанд. Ин нигаронӣ бахусус баъди дар арсаи ин кишвар пайдо шудани салафиҳо, ки бо риши дароз ва шимҳои кӯтоҳи худ фарқ мекарданд, бештар шуд.

11/07/2017  Ахбор .



Похожие записи:

    Не найдено.

Один комментарий to “К.ШАРИПОВ: ТАЛАБИ ПРЕЗИДЕНТ РОҶЕЪ БА РИШ БА ТОЗАГӢ БАСТАГӢ ДОРАД, НА БА ДИН”

  1. Обсуждение на ютубе Сказал(а):

    Каромат Шарипов
    Каромат Шарипов Ман тарафдори на танхо калон солхо хато чавонон риши дошта бошанд ва ба зебогии вай хама хавас намояд Локин дар имруза мухочирати мехенати хусусан дар Русия он чизе ки ман ва шумо хуб медонед зиндаги намудан дар таххона зиеде аз 80 фоизи мухочирон ки хато об нест доштани риш ин фалокат аст яъне гигенаро мо наметавонем риоя намоем Худо шавад чойхои хуб чун фирмахои турку эрон ки кормандони хуро чо ба чо мекунанд тамоми нозукихоро ба назар гирифтаанд Масалан хобгох аз 4 нафар душ ва чои намозро хато муайян сохтаанд . Нисбати Точикистон бошад ин мсъалаи давлати шудааст кти сафи чавонон кам шаванд ва баромада раванд ман дар боло кайд намудаам.Риш ин сунати пайгамбар аст нисбати саломати бошад тоза вайро нигох намудан лозим . Бинед тамоми бомжхои Курскый вокзал бо чи гуна риш зиндаги мекунанд дар байни онхо мусулмонхо хам аст Ва бояд мо дину милати худро дар тозагии устувор хонем

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.528 seconds.