Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 03.12.2017
 

Каромат на бо ҳукумат буд, на бо оппозитсия. Каромат бо мардум буд. Каромат шабу рӯз дар хизмати муҳоҷирон буд

К а р о м о т и

Каромат Шарифов

Падари муҳоҷирони Тоҷикистон, сафири махсус ва фавқулодаи Тоҷикистон дар Россия, “Скорая помощь” – и бекасон, адвокату сухангӯ ва президенти ними Тоҷикистон. Номдор ва номвартарин тоҷик. Болотар аз ҳама ҳизбу созмону ину они Тоҷикистон. Машҳуртарин ному насаб. Овозадортарин шахсият!

Оё ин каромот нест? Оё ба чунин мартаба соҳиб шудани як афсари тоҷик дар як кишвари бегона осон аст ?

Имрӯз мурдакашаку обсофкунаку ностуфкунаку марсиянависакҳо шахсияти варо муҳокима менамоянд, ки “суолбарангез ва ё зидду нақиз” аст. Гоҳ бо ҳукумат буду гоҳ бо оппозитсия. Пас чӣ?

Медонам аз дасти шумо чизе намеояд. Ҳеҷ чиз. Ақаллан хомӯш бошед. Биравед худро бошед. Ва ҳамдигарро ситоиш карда гардед: гунгак карракро, кӯрак шаллакро. ва ба оина нигаред: дар чашмони мурдаи шумо нуре ҳаст? Ба ҷуз рашк дар шумо эҳсосе зинда мондааст?

Каромат на бо ҳукумат буд, на бо оппозитсия. Каромат бо мардум буд. Каромат шабу рӯз дар хизмати муҳоҷирон буд. Агар касеро милиса медошт, корфармое пулашро намедод, бемор шавад, гирифтор шавад ба Каромат муроҷиат мекард.

Имрӯз вақти баҳодиҳӣ ва аз ғалбер гузаронидани сарнавишти ӯ нест. Ман ҳам бо Каромат гоҳ баҳс мекардам, гоҳ танқид, гоҳе дигар дар паҳлӯяш будам, ҳангоме, ки мехостанд дар созмонаш кудато (переворот) ташкил намоянд.

Як нафар наметавонад ба ҳама писанд бошад. Ягон кас моҳи беайб нест.

Танҳо ба муҳоҷирон муроҷиат менамоям, ки Каромат Шарифовро танҳо нагузоред.

Бе Каромат сағира хоҳед монд.

Дододжон Атовуллоев

Похожие записи:

    Не найдено.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.653 seconds.