По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 10.04.2018
 

Каромат Шарипов аризаи бахси худро “Оиди мавриди бахс карор додани амали (беамалии) шахсони мансабдор” ба Суди нохия Шохмансур пешниход намуд

C7E9723D-FC90-4AA6-BE79-82FB35D1AA60_w1023_r1_sБа Суди Нохияи Шохмансури

шахри Душанбе

аризадиханда: Шарипов Каромат Бакоевич зодаи

нохияи Файзобод дехаи Чойникуди

хозира Ч/д Бустон

тел : 901 51 30 55, 93 784 84 14

АРИЗА

оиди мавриди бахс карор додани амали (беамалии) шахсони мансабдор

Ман Шарипов Каромат Бакоевич собикадори куввахои мусалахи Федератсияи Русия, собикадори харакатхои чанги, афсари эхтиёти буда, баъди хатми мактаби миёна 29.01.1980 сол шиносномаи IV-ЕЖ №536519 (намунаи 1974 сол) гирифта, ба омузишгохи Олии харби-сиёси сохтмонии Симферопол дохил шуда, онро соли 1984 хатм намудам.

Баъди хатми омузишгохи харби дар Вазорати Мудофиаи ИЧШС хизмати харби намудам. Баъди бархам хурдани иттиходи шурави аз мохи июни соли 1993 хизмати харбиро дар кисми низомии 201 Вазорати Мудофиаи Федератсияи Русия то 01.10.1996 ва то 05.03.1999 дар дивизияи 144 Вилояти Смоленски округи харбии Маскав адо намудам. Пас аз хизмати Харби ба нафака баромадам ман дар руйхати военный комиссариат дар назди Вазорати Мудофиаи Федерасияи Русия то имруз мебошам хамчун шахси харби.

Дар Карори Совети Олии Федератсияи Русия аз 17.06.1993 сол тахти №5206\1-1 оиди ба кувваи конуни даромадани конуни Федератсияи Русия дар бораи «О Внесении изменений и дополнений в закон РСФСР « о гражданстве РСФСР» омадааст, ки ;

Мутобики кисми 1 моддаи 13 Конуни Федератсияи Русия «Дар бораи шахрванди Федератсияи Русия » аз 28.11.1991 сол тахти №1948-1 шахрвандони Федератсияи Русия эътироф мешаванд хамаи шахрвандони собик ИЧШС, ки доимо дар худуди Федератсияи Русия аз рузи кувваи конуни пайдо намудани конун ( яъне то давраи 06.02.1992), агар дар давоми як сол баъди хамин руз маълум нанамоянд, ки шахрвандии Федератсияи Русия ро кабул менамоянд.

Дар баробари ин Совети Олии Федератсияи Русия дар кисми 3 карори худ тахти № 5206\1-1 чунин кайд намудааст, ки дар меъёрхои конуни Федератсияи Русия дар боло нишондодашуда «дар бораи шахрванди Федератсияи Русия» ба хизматчии харбии савганд ёдкардаи собик ИЧШС ё Федератсияи Русия, ё ин, ки хизмат дар кисмхои харбии тахти Федератсияи Русия карор дошта, дар худуди дигар давлатхо инчунин дар куввахои мусалахи мутахиди ИДМ, аз чумла воридшудан барои гузаштани хизмат дар худуди Федератсияи Русия баъди кувваи конуни пайдо намудани конун пахн мешавад.

Хизмтчиёни харбии дар кисми 3 карори Совети Олии Федератсияи Русия «Дар бораи таъгироту иловахо ворид намудан дар конуни РСФСР «оиди шахрвандии РСФСР» дар асоси моддаи 13 конуни мазкур шахрвандони Федератсияи Русия эътироф мешаванд, агар онхо хизмати харбиро бо меъёри 06.02.1992 сол (Амри президенти Федератсияи Русия аз 10.04.1992 сол тахти №386 «оиди дида баромадани тасдики масъалаи гирифтани шахрвандии Федератсияи Русия» ) эътироф мегардад.

Аз баски хангоми ворид шудан ба хизмати харби шиносномаи шахрванди ИЧШС гирифта шавад хам, аз соли 1984-1999 солхо вакти озод шудан ва сохиб шудани шиносномаи Федератсияи Русия, хуччати ягона, хуччати шахсияти хизматчии харби, ки дар куввахои мусалах хизмат менамуд хисоб карда мешуд.

Пас аз ба нафака баромадан аз 16.06.1999 сол ман Шарипов Каромат Бакоевич шиносномаи шахрванди Русияро дар Федератсияи Русия ба ман дода шуд ва 11 июли 2008 сол бинобар ба 45 сол расиданам иваз намуда, шиносномаи шахрвандии Федератсияи Русия 2-ум маротиба гирифтам.

Соли 1999 бо фармони Вазорати хифзи ичтимои ва ахолии Федератсияи Русия ва тибки конуни Федератсияи Русия дар бораи «статуси хизматчиёни харби» аз чониби комисариати харбии вилояти Смоленск ба ман нафакаи харби таъин карда шуда, ба ман шаходатномаи нафака аз 03.03.1999 супорида шуд.

Оилаи ман Шарипова Мавчуда ва чор нафар фарзанди ман шахрвандии Федератсияи Русия-ро дар асоси фармон (указ) ВМ Федератсияи Русия ба мо сертификат барои ба даст овардани манзили истикомати доданд, ки мо доимо дар Федератсияи Русия истикомат менамудем. Фарзандони ман дар сафи куввахои мусалахи Федератсияи Русия хизмат намуданд.

Аз соли 1980 баъди гирифтани шиносномахои Иттифоқи Советҳои Сотсиалистии Шӯравӣ IV-ЕЖ №536519 (намунаи 1974 сол) ва баъд Федерасияи Русия дар Чумхурии Точикистон зиндаги надоштам.

Соли 2011 бо даъвати рохбарияти Чумхурии Точикистон барои бакайдгирии 20 солагии Истиклолияти Чумхурии Точикистон хамчун мехмон омадаам, ки бо кайд дар шиносномаи хоричиам, ки аз тарафи Федератсияи Русия дода шудааст тасдик мегардад.

Дар як холати ногувор 13.12.2017 сол ман ба чои таваллудам берун карда шудам. Ин хам бошад дар асоси Халномаи суди шахри Люберецки вилояти Москов Федератсияи Русия аз 30.11.2017 сол бо сабаби вайрон намудани хукуквайронкунии маъмури, ки ба он асос шуд маълумотномае, ки аз чониби макомоти ВКД Чумхурии Точикистон (ОГ и РБ ПРС МВД РТ) аз 06.10.2017 сол дода шудааст, ки гуё ман шахрванди Чумхурии Точикистон мебошам, ки ин ба хакикат дуруст намеояд.

Инчунин асос барои кабули Халномаи гайриконуни аз чониби суд ин маълумотномаи №302205 аз 25.11.2017 сол дода шуда аз чониби Гулов Ашраф рохбари Консулгарии Чумхурии Точикистон дар Федератсияи Русия, шахри Москва мебошад. Ба дикати шумо мерасонам, ки дар асоси Фармони Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон аз 22.11.2017 сол Гулов Ашраф аз ин вазифа озод шуда буд ва ба шубха мемонад, ки чи тавр у ин маълумотномаро дода метавонист.

Баъди ба Чумхурии Точикистон омадан ман ба макомотхои ба кайдгири оиди тааллукияти шахрвандии Чумхурии Точикистон дархост равон кардам. Аз Хадамоти шиносномадихи ва бакайдгири ВКД Чумхурии Точикистон аз номи муовини сардор Б.Н Юнус чавоб омад, ки гуё ман дар кайди нохияи Файзобод, дехаи Чойникуди мебошам.

Шакли №1 дар картотекаи ШКД нохияи Файзобод нисбати ман Шарипов вучуд надорад, танхо оиди гирифтани шиноснома бо кайд дар китоби шакли 2 тасдик мегардад.

Тасдики Хадамоти шиносномадихи ва бакайдгирии ВКД Чумхурии Точикистон оиди он, ки ман Шарипов К.Б шахрванди Чумхурии Точикистон мебошам танхо аз руи китоби сурогави маълум карда шудааст, ки ин ба моддахои 10-15 Конститутсияи Чумхурии Точикистон аз соли 06.11.1994 бо тагйироту иловахо аз 26.09.1999 сол, 22.06.2003 сол ва 22.05.2016 сол мутобикат намекунад.

Дар асоси маълумотномаи чамоати дехоти Бустони нохияи Файзобод №733 аз 28.03.2018 сол маълум мегардад,ки ман Шарипов К.Б дар дафтари кайди ин чамоат аз соли 2011 ба кайд гирифта нашуда, шахрванди Федератсияи Русия мебошам.

Баъдан боз ба мурочиати ман Хадамоти шиносномавии бакайдгирии ВКД Чумхурии Точикистон аз 12.01.2018 сол хамин гуна чавоб доданд, ки ин чавоби онхо ба моддахои 13,29-и Конуни Конститутсиони Чумхурии Точикистон «Дар бораи шахрвандии Чумхурии Точикистон» аз 04.11.1995 сол тахти №104 мутобикат намекунад.

Дар асоси гуфтахои боло ва хуччатхои пешниходмешуда ман шахрванди Чумхурии Точикистон буда наметавонам ва аз хамин сабаб амали шахсони мансабдори Хадамоти шиносномавию бакайдгирии ВКД Чумхурии Точикистонро мавриди бахс карор доданашро хисоб менамоям.

Дар асоси гуфтахои боло ва бо дастрасии моддахои 254-258 КМГ Чумхурии Точикистон аз суд :

ХОХИШ МЕНАМОЯМ :

Амали (беамалии) шахсони мансабдор оиди маълумотномахои додашуда ;

Маълумотномаи ВКД Чумхурии Точикистон (ОГ и РБ ПРС МВД РТ),аз 06.10.2017 сол;

Маълумотномаи Сафорати Чумхурии Точикистон, Хадамоти Консули дар Федератсияи Русия №3022\05 аз 25.11.2017 сол, ки аз тарафи шахси мансабдор А.Гулов дода шудааст;

Шаходатномаи бозгашт ба ватан №0704900 аз 25.11.2017 сол, ки аз тарафи шахси мансабдор А.Гулов дода шудааст;

Маълумотномаи Хадамоти шиносномавию бакайдгирии ВКД Чумхурии Точикистон №42\33-771 аз 07.04.2017 сол, ки аз тарафи шахси мансабдор Юнус Б.Н дода шудааст;

Маълумотномаи Хадамоти шиносномавию бакайдгирии ВКД Чумхурии Точикистон №42\32-Ш-27 аз 05.01.2018 сол, ки аз тарафи шахси мансабдор Юнус Б.Н дода шудааст;

Маълумотномаи Хадамоти шиносномавию бакайдгирии ВКД Чумхурии Точикистон №42\32-Ш-27\1 аз 12.01.2018 сол, ки аз тарафи шахси мансабдор Юнус Б.Н дода шудааст;

мавриди бахс карор дода шуда, ин маълумотномахо аз эътибор сокит дониста шаванд.

Замима :

1. Нусхаи шаходатнома дар бораи таваллуд III-УЯ № 262453

2. Нусхи шиносномаи хизмати ИЧШС СМ № 469329 аз 26.05.1986 сол

3. Нусхаи шиносномаи шахрванди Федератсияи Русия № 6697 025062 аз 16.06.1999 сол

4. Нусхаи шиносномаи шахрванди Федератсияи Русия № 6608 025062 аз 11.07.2008 сол

5.Нусхаи шиносномаи хоричии Федератсияи Русия № 71 8765936 аз 19.04.2011 сол

6.Нусхаи шаходатномаи нафакахури хизмати харбии Вазорати Мудофиаи Федератсияи Русия М №524278 аз 10.05.1999 сол

7. Нусхаи билети харби ГД №0661931 аз 04.06.2015 сол

8. Нусхаи шаходатномаи нафакахури харакатхои чанги Вазорати Мудофиаи Федератсияи Русия БК №0047164 аз 30.06.2017 сол

9. Нусхаи шаходатномаи нафака Вазорати Мудофиаи ФР ГР №004403 аз 26.05.1999 сол

10. Нусхаи делаи харбии Вазорати Мудофиаи ИЧШС ба номи Шарипов К.Б

11.Нусхаи маълумономаи бойгони Вазорати Мудофияи Федерасияи Русия № 3/156775 аз 11.12.2017 сол

12. Нусхаи маълумотномаи ч\д Бустон аз 28.03.2018 сол тахти №734

13. Нусхаи маълумотнома ч\д Бустон аз 05.12.2017 тахти №3324

14. Нусхаи маълумотнома №192\403.2-3 аз 07.12.2017 сол

15. Нусхаи тавсифнома № 037 от 06.12.2017 сол

16. Нусхаи маълумотнома оиди хайати оила аз китоби хочагии манзили Федерасияи Русия шахри Котельники кучаи Кузьминская дом 9, хонаи 108

17.Нусхаи дафтарчаи мехнати АТ-IX № 9754497

18. Нусхаи маълумотномаи Сафорати Чумхурии Точикистон, Хадамоти Консули дар Федератсияи Русия №3022\05 аз 25.11.2017 сол

19. Нусхаи шаходатномаи бозгашт ба ватан №0704900 аз 25.11.2017 сол

20. Нусхаи маълумотномаи Хадамоти шиносномавию бакайдгирии ВКД Чумхурии Точикистон №42\33-771 аз 07.04.2017 сол

21. Нусхаи маълумотномаи Хадамоти шиносномавию бакайдгирии ВКД Чумхурии Точикистон №42\32-Ш-27 аз 05.01.2018 сол

22. Нусхаи маълумотномаи Хадамоти шиносномавию бакайдгирии ВКД Чумхурии Точикистон №42\32-Ш-27\1 аз 12.01.2018 сол

Аризадиханда Шарипов К.Б.

«09» апрел 2018 сол

Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
21 queries. 0.563 seconds.