Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 04.10.2017
 

КАРОМАТ ШАРИПОВРО АЗ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ МАҲРУМ МЕКУНАНД

04/10/2017
Каромат Шарипов

Раҳбари шӯъбаи муҳоҷирати пулиси ноҳияи Любертсии вилояти Маскав рӯзи 4 октябр ба дасти президенти Федератсияи муҳоҷирони СНГ Каромат Шарипов омада, аз ӯ талаб кардааст, ки шиносномаи Русияашро бисупорад. Каромат Шарипов ин қазияро фармоиш номида, ба эътирозҳои ахири муҳоҷирони тоҷик дар бозори Люблино рабт медиҳад.

Каромат Шарипов, президенти Федератсияи муҳоҷирони СНГ, як созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия мегӯяд, рӯзи 4 октябр раҳбари шӯъбаи муҳоҷирати пулиси ноҳияи Люберетсии вилояти Маскав ба дафтари кори ӯ омада, талаб кардааст, ки шиносномаи Русияашро бисупорад. Намояндаи пулис гуфтааст, ки Каромат Шарипов дар вақташ шаҳрвандии Русия ғайриқонунӣ гирифта буд.

Аммо Каромат Шарипов мегӯяд, ӯ соли 1993, вақте ки дар дивизияи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон хидмат мекард, соҳиби шаҳрвандӣ шуда буд. Ӯ ба намояндаи пулис гуфтааст, тибқи қонун танзо додгоҳ ё раисиҷумҳури Русия метавонад ӯро аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум кунад ва корманди пулис ҳаққи гирифтани шиносномаи вайро надорад.

Каромат Шарипов мӯътақид аст, ки моҷарои шаҳрвандии Русияи вай фармоишист ва ба эътирозҳои ду ҳафтаи пеш дар бозори “Москва” дар минтақаи Люблино рабт дорад.

Латукӯби аробакаши тоҷик Наврӯз Зикиров аз сӯи ду посбони ин бозор дар рӯзи 20 сентябр ба эътирозҳои муҳоҷирони тоҷик овард. Дар ҷараёни ин эътирозҳо шоми 20 сентябр дар назди бозори “Москва” беш аз 90 нафар ва рӯзи 21 сентябр беш аз 30 муҳоҷири тоҷик дастгир шуданд.

Бино ба маълумоти дарёфтӣ, пулис дар пайи ин эътирозҳо дар маҷмӯъ то 350 шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардааст.

Додситонии минтақаи Люблино рӯзи 21 сентябр Каромат Шариповро ба даъват кардани муҳоҷирони тоҷик ба ин эътирозҳо айбдор карда, ба ӯ ҳушдори расмӣ дод, ки дар сурати такрори чунин даъватҳо тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд. Худи Каромат Шарипов мегӯяд, касеро ба гирдиҳамоӣ даъват накардааст ва рӯзи 21 сентябр бо даъвати Ҳоҷӣ Самад – яке аз тоҷикҳои бонуфузи бозори Люблино барои мулоқот бо намояндагони маъмурияти бозори “Москва” ба онҷо рафта буд. Вале касе аз маъмурияти бозор ба мулоқот наомад ва мошини Каромат Шариповро кормандони пулис манъ ва кофтукоб карда, ӯро барои бозпурсӣ ба пулис ва аз онҷо ба додситонӣ бурда, ҳушдори расмиаш доданд.

Каромат Шарипов дар солҳои 90 дар дивизияи 201-ум хидмат мекард ва рутбаи полковники артиши Русияро дорад. Соли 1995 Каромат Шарипов аз сӯи мақомоти Тоҷикистон дастгир шуда буд, вале ӯро нирӯҳои дивизияи 201 озод карданд.

Каромат Шарипов дар ибтидои солҳои 2000-ум ба Маскав омад ва чанд созмони ҷамъиятӣ, ба мисли Лигаи тоҷикони Русия, Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русияро ташкил дода, ба ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон машғул шуд.

Похожие записи:

    Не найдено.

10 Комментариев to “КАРОМАТ ШАРИПОВРО АЗ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ МАҲРУМ МЕКУНАНД”

  1. обсуждение Сказал(а):

    Мухаммад Расулов
    Шахрвандии РФ мисли як наски шудай кадруш

    Рустам Хамидов
    в Россия нету закона все живут в законе джунглей

    Сафват Бурхонов
    Тогда Каромат Шарипов не голосовал за меня, я тоже не голосую за него сейчас.

    Киёмиддин Мухиддинов
    Лаънат ба руссия бо хамин ташвишхояш

    Каромат Шарипов
    Барои ман шахрванд будан ин на онкадар фахр аст барои ман точик буданам ва номуси точикии худро дар ин замони беадолати нигох доштан .Минатдории худро баоятон изхор менамоям ва хеч вакт аз кори худ на вобасти аз доштани шахрвандии Русия даст нахохам кашид Барои ман азоби точикро ки мебинам ин хам ба номсам зарба мезанад Хаст чи хело ки мегуян охири шаби сиях равшани аст. Ин бекдратии он шахсоне мебошад ки бибенед точику точикистони дар набудани мутахидии шумо мо метавонем ба бародарони солимфикрони шумо зарба занем. Какабидзе яке з актерхои хуби шурави Гурчистони баомад азх русия ба Ватани худ рафт ва дигар нахост дар чебаки худ дидани паспорти русия Ин барои кадри гурчистониро нишон додан буд Ва ин рохи дуруст буд Агар тамоми аробакашон як руз не як соат эълни корпарттои намоян тамоми хукумтдорони дар болои сари онхо сари таъзим менамоянд

    Човидон Лашкаров Браво!!! Каромат ако…

    Абдуджалил Кодирович Гадоев
    СубхонАлох

    Каромат Шарипов

    Шарифҷон Шарифҷонов
    Акай Каромат Шарипов ба едат хаст чи гуфта бдм шумода хаму гапи ман шуд. Ягона рохе ки шуморо хушбахт ва милатро озоду ояндаро дурахшон мекунад ин мухочиронро дар бари худ гирифтан ва хакикат асосиро гуфтан ва шахсеки сарбангаи тамоми бадбахтихо хаст онро ошкор гуфтан даркор.
    Нравится

    Asliddinhon Azamatov
    Бародар.., кай ва дар кучо буд хакикат? Агар шавад, дар он дунье…!

    Мухаммадчон Хаитов
    Тоҷик будаану тоҷик зистан ва дар хизмати халқ будан ин аст ифтихор.

    Киромиддин Зоидов Бар мурдани ман шод машав Мавлоно Чоми
    Навбати мо бигзарад навбати агёр шавад.

    Баходур Бой Шери нар

    Мустафо Худоеров БАРОДАРҶОН НОМУСИ МИЛЛИ АЗ ШАРВАНДИ РУССИЯ БОЛОҲАСТ. ЗЕРО РУЗЕ МЕШАВА ДАВВЛАТИ МО ПЕШРАФТМЕШАВА ШАРВАНДҲОЯШРО БОҶОИКОР МАЪОШИ ХУБ ТАЪМИНМЕКНА. НОМИ ШУМО ДАР КИТОБИ СУРХ ҲАМЧУН ПАТРИЁОТ ҶАВОНОН ЁОДМЕКНАН. ИНШАЛЛО.

    Ilhomiya Saidova Аллох аз шумо рози бошад Омин

    Хикматулло Рахмонов
    Дар казияи Люлино албат фашистон хаммилати худро дифоъ мекунанд. Шумо метавонистед пушандагонро аз пагон махрум намоед. Барои хамин фармоиш шудааст. Просто ба як чиз равонашон кунед. Ё ба суди оли мурочиат намоед, дар чояшон хоханд нишаст.

    Shaih Kishk

    ЯК ХУШНУДИИ БУЗУРГ ИНАСТ,КИ БАРОДАРАМОН АКАИ КАРОМАТУЛЛОХ БО МАРДУМИ МАЗЛУМАСТ.ХУДОВАНД НИГАХБОНАТ БОШАД АКА.

    Абдуджалил Кодирович Гадоев
    Ин чи шурест дар ин даври камар мебинам.Хама офок пур аз фитнаву шар мебинам.Аблахонро хама шар бат зи гулобу канд аст.Кути доност хама хуни чигар мебинам.боз як мардеки ба мардуми бечора кумак меронад мехоханд хомуш бошад

    Shahboz Navruzov
    Худованд нигохбонатон бошад

    Ривочиддин Назриев
    Каромат Шарипов марде хаст ки тамоми мухочир ин касро иззат мекунан марди хак аст .Чунон ки бузургон гуфта анд .Даст ба кору дил ба ер . Ер кист Парвардигор .

    Содик Баротов Зинда бошед.Шери Тоҷик

    Далер Шохназаров Паспорт РФ для любого другого человека из народа ЦА, это не более чем разрешения на работу! Так что те которые получили или получите эту разрешение на работу, особо не гордитесь!
    НравитсяЕще реакции · Ответить · 13 мин.

  2. обсуждение Сказал(а):

    Мирджума Юсуфов
    Лаънат ба инхел хукмату давлат аввал гражданства медихан ба шартеки ту гуломи онхо боши,агар хохи озод шудан,шахрвандии руссияро бекор мекунанд.Аз ин бармеояд,ки як миллион точике,ки шахрвандии руссияро кабул карданд,рузе мешавад онхо хам шиносномаи давлати русро месупоранд. Точик хеч вакт рус намешавад.Рузе мешавад хамаро берун мекунанд.Аз Ватан намонед мардуми точик!!!

    Asliddinhon Azamatov
    А где в этом “Ватане” работать чтоб семью прокормить, элементарно..

    Salimjoni Salohidin
    Зинда боши акай Каромат

    Джовид Сафиев ·
    Точикам бо точикистон зиндаям.дар миёни,куху дарё зиндаям.эхудоё точиконро шод кун.дустонро шод гардон душманонро кур кун.

    Джовид Сафиев ·
    Агар мо точичикон.сад сол дар руссия икомат кунем хам.и бадбахтон моро бозабони дурушту бетамизашон бегона мехонанд.мо бояад даста чаьм шуда.хамчун бародару хохар.ба ёрдами хамдигар бошем.
    алер Шохназаров Паспорт РФ для любого другого человека из народа ЦА, это не более чем разрешения на работу! Так что те которые получили или получите эту разрешение на работу, особо не гордитесь!

    Нуриддин Асроров
    Мақомотҳои Русия ҳақ надоранд ки шаҳрвандии Русияро аз шаҳрванд бесабаб гиранд

  3. Диловар БОБОЕВ Сказал(а):

    Раис каромат шарипов мо бо шумо шумо моро даст гири кардит. Точико ки дар шахри. Москва. Наход мо шуморо даст гири накунем. Мо таёр.барои даст гири шумо Шумо барин одами дил суз Кам хаст. Мо аз даргохи худованди мехрубон хохонам ки шумо Бо мо бошед. Мо бо шумо

  4. АЛИШЕР МИРАЛИЕВ Сказал(а):

    Акаи Каромат парво накунед Худованд хамрохи мову шумост хакикат хамеша галаба мекунад ва ботил аз байн меравад Ин ша АЛЛОh таьоло…

  5. Худойдод Муртазоев Сказал(а):

    ЭЙ ОНЕ КИ КАРОМАТ РО (БАРОДАРИ АВВАЛ МУСАЛМОН БАЪД ТОҶИК) РО МЕФУРӮШИ ҲАРГИЗ ҲАРГИЗ ҲАРГИЗ ҲАРГИЗ РӮИ ОБ
    Нахоҳи омад!

  6. Саёф Сказал(а):

    Огои Каромат мо чиддан мутаъсиф астем аз ин тавтиъахо ва дасиссахо шумо ин муборизаи адолатхоиро анчом дихед пирузи аз шумост ар кучо.ки набошед Худо Хофизатон бод!

  7. Аминов гулом Сказал(а):

    Акаи Каромат Шарипов Ман якумсол аст ки дар масква икадар дилсузиву гамхорихои шумора дидам аз интернет ,Рахмат бар шумову ва волидайнатон Аллох дар панохаш нигахбонат дарад ,

  8. Аноним Сказал(а):

    Салом ба хамма точику точикистониён. Чихеле меган курсишинои ватан тинчакак дар ватан зиндаги доран. Неким кадом зан ва ё марди мухочир кадру киммати Каромат Шариповро надонад кур меша Инша Аллох. И хама гапу кор ба хотири хамватонош шда истодааст. Даст боло бошед илохо акаи Каромат.

  9. Аноним Сказал(а):

    Касе ки халол кор мекуна ура дар хамачо бад мебинан акаи каромат худо ва мухочирои точик бо шумо

  10. Джабарова Сказал(а):

    Додари Азиз каромат Шарипов хамаи модарони дар руссия чамь омада Дасти дуо мебардорем ки чунин марди бузурги моро худои таоолох аз гайбати кофирону, аз тухматашон нигох дорад ! Иншолох худои таоллох хубию некию сабро мехохад !додари АПА иншаллох хамавакт бо сари баланд мегардед!мо модарони шахри новокузнецк шуморо дар кучое набошед дастгири мекунем сари тазим пеши пои чунин марди часури точик мекунем !

Вы можете оставить сообщение



 

 
18 queries. 0.587 seconds.