Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 14.07.2010
 

Коррупсионери коррупсия ё гумоштаи Узбекистон

Шерхон Салимов, собиқ раиси Оҷонси назорати молӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар яке нишастҳои хабарӣ гуфта буд, ки кормандони ин оҷонс дар пайи таҳқиқу тафтиши парванда ва собиқаи корию поквиҷдониашон ба кор даъват мешаванд ва қабл аз шурӯъи кор ҳар як довталаб қасами хидматӣ ёд мекунад. Ин ҳама дар ҳолест, ки созмонҳои байнулмилалӣ Тоҷикистонро ба унвони яке аз кишварҳои аз ҳама фасодзада дар ҷаҳон ном мебаранд. Созмони байнулмилалии «Freedom House» давлати Тоҷикистонро барои ношаффоф будани фаъолияташ таҳти танқид қарор дода ва гуфтааст, фасодкории амиқ, ҷиноӣ шудани сохторҳои давлатӣ ва иртиботи наздики ҳукумат бо иқтисоди пасипардагӣ дар умури сиёсии Тоҷикистон мустаҳкам шудааст. Худ қазоват кунед. Дар Тоҷикистон ҳама чиз харида ва фурухта мешавад: билети самолет, дипломи мактаби олӣ, аттестатсияи мактаби миёна, заин, вазифа, шаҳодатномаи ронандагӣ, героин, автомат ва ғайра. Фақат гап дар бораи нарх меравад. Агар суми пешниҳодкарда мувофиқ автад, ҳама чизро харидан мумкин.

Пас, чаро кормандони Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ин амалҳоро пешгирӣ кардан наметавонанд. Қаблан раиси Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо коррупсия дар ҷамъи хабарнигорон аз маоши ками худ ва кормандони ин ниҳод изҳори норозигӣ карда буд. Барои мисол роҳбари ин Оҷонсӣ 1250 сомонӣ, муодили 360 доллар, ва кормандони қатории ин Оҷонс камтар аз ӯ (аз 100 то 300 доллар) ҳақмузд доштаанд. Ва камии ин маош намояндагони Оҷонсии зиддифасодро ба гирифтани ришва тела медиҳад.Ин омил онҳоро маҷбур месозад, ки ба гирифтани ришва ва ҳатто барои дарёфти маблағи иловагӣ, бо хадамоти махсуси дигар кишварҳо ҳамкорӣ намояд.

Аз ҷумла, Холбоев Зокир яке аз кормандони «бонуфузи» Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо коррупсия ба ҳисоб меравад. Мутахассиси пешбари Раёсати назоратии субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Оҷонсӣ ифои вазифа менамояд. Новобаста аз он, ки ӯ яке аз ӯзбектаборони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон соҳиби хонаву дар мебошад (дар маҳаллаи Регистони ш.Самарқанди ҶӮ), айни замон ӯ яке аз вазифаҳои баландмақоми Оҷонсиро соҳиб аст. Бо 800 сомонӣ маош соҳиби ду оилаи аз якдигар бехабар мебошад. Зани аввали ӯ аз вуҷуди Хаёлова Заррина Лемарковна бехабар аст. Номбурда, бо ҳамин маоши ночиз, дар минтақаи истироҳатии Варзоб соҳиби боз як хонаву дар аст, ки эҳтимоли мавҷудияти зани сеюми он дар ин минтақа низ падидор аст.

Аз ҳама аламовараш он аст, ки ӯ шаҳрванди ҶТ, ҳангоми бурдани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ манфиатҳои миллии худро авло дониста, рӯирост аз пуштибонии худ аз Тошканду «СНБ»-и он нақл мекунад. Ҳар моҳ бе иҷозати роҳбарияти худ, ба вилояти Сурхондарёи ҶӮ сафар мекунад. Гӯё, бо яке аз хешовандонаш бо номи Шӯҳрат, ки воломақоми Хадамоти амнияти миллии ҶӮ аст, мулоқоти хешутаборӣ ва хизматӣ мекунад. Пас аз бозгашт, ҳамеша бо рӯҳияи баланд ва виқори ба худ хоси муғулона аз норавшании ояндаи Тоҷикистон ҳарф мезанад.

То кай, то ба кай, мани тоҷик, дар Тоҷикистони Ватанам, аз чанголи ин қабил шахсони манфиатҷӯй ва миллатпараст азият мекашам. Агар, мо беҳбудии миллати тоҷикро хоҳон бошем ва риштаи коррупсияро аз байн бардоштанӣ бошем, пас чаро ин гуна шахсони тасодуфии дорои «бекграунди» норавшанро дар сари мансаби масъулиятнок мемонем. Ин савол, ба Раиси Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Фаттоҳ Саидов мебошад. Шӯъбаи амнияти дохилии оҷонсии мазкур низ метавонанд аз мавориди ришватситонӣ ва сӯистифода аз мақоми корманди номбаршудаи ин ниҳод ҷилавгирӣ кунад.

Вазифадорони мақомоти амниятӣ, Шумо куҷоро нигоҳ мекунед. Дар ҳоле, ки роҳбарони ҳамсоякишвари Ӯзбекистон даъвои баргардонидани статуси Тоҷикистонро ба соли пеш 1924 – яъне автономияи ҶӮ доранд. Дар ҳоле, ки Тоҷикистонро бо баҳонаи полиомелиту дигар унсурҳо дар муҳосираи кулл қарор додаанд.

Холбоев Зокир – ин яке аз он масъулини бемасъулияти ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ин гуна шахсон дар сохторҳои ҳукуматӣ ҳазорҳо, садҳо ҳазор нафар шахсон мебошанд.

Бо умеди ҷавоби муносиб аз масъулини давлатӣ,

Замонгир Ҳайдаров, истиқоматкунандаи ш.Душанбе.

Похожие записи:

6 Комментариев to “Коррупсионери коррупсия ё гумоштаи Узбекистон”

  1. Салим Сказал(а):

    Салом бародарони точикистонии ман!!! Ман ба кормандони корупсия гуфтанихам ки аввал худашона нигах доранд аз корхои гайриконуни бад бадигарон нигох кунанд. Фатох Саид худаш бо рохои корупсиони сохиби ин вазифа шудагист аз кучо бар зидди корупсия кор карда метавонад? Вай агар аз Дангара намебуд, ба гайр аз дехкони аз дасташ хеч кор намеомад. Ин узбакора хатман нест кардан дарокор аз инхел вазифахо агар Холбоев Зокир корупсинер намебауд аз кучо ин ду зана мехуронаду мепушонад.

  2. Салим Сказал(а):

    ба кучо нигох мекунад Ф.Саидов ки ин хел шахсон тасодуфан дар ин макомхо сохиби вазифа мешаванд. ин хел шахсони тасодуфиро тибки гуфтахои чаноби оли хорич кардан даркор. СБ-и корупсия ба кучо нигох мекунад, ки ин ду зана бо чанд хонаву ва ба Узбакистон сафар менамояд. Хай шумо худатон нигох доред. Окибаташ бахайр . Бо шумо бар здди узбакистон муковимат нишон метихам

  3. Точикбача Сказал(а):

    Ма аз кормандони воломакоми агентии карупсия махсусан аз Рохбараш Ф.Саидов хохиш менамоям ки агар хуни точики дошта бошад чунин ашхосоне (махлукон “узбакон”), ки дар ин агенти кору фаъолият мекунанд аз сафи худашон хорич кунанд. Мо точикему чунин ашхосона дар корхонахои давлати ба корхои вазнин бовар карда мемонем. Магар дар Узбакистон хаминхел точиконро ичозати кор медиханд. Кучо шун нангу номуси точики????????? Бародарон аз чунин шахсон бохабар бошед. Кани пурсед ин 3 зана аз кучо мехуронаду мепушонад бо чунин мавоши 800 сомони, агар бо узбакистон хамкори накунаду е ба корхои корупсиони даст назанад аз кучо меорад дар хозира шароит….. Хай Худо аз чунин кормандон, ки дар дигар корхонахо хастанд нигахбон бошад.. Инчунин гуфтанихам ки Кумитаи давлатии амнияти милли ба кучо нигох мекунад, ки кормандони давлати гайриконуни ба хорича мераванду меоянд. Аппарати Президент ин гуна шахсон ба Шумохам дахл дорад.Агар хамаи ин суханон дар хаки хамин мард рост бошад 3 зан доштан, сафархояш ба Узбакистон ва инчунин бадбинии миллати точик уро хатман нест кардан даркор аз сафи чунин макомоти бообруи давлати.

  4. Шамс Сказал(а):

    Охо гуё намедонед,? хамаи сардорони отряди сархади то раиси калон аз миллати бародаранд Меистаму фикр мекунам дар Точикистон точик боша ё не. Онша монед 1 кма аз Душанбе дар колхози собики Россия равед ягон нафар ба Шумо точики гап намезана .Дар “Пархар” Хамадони .Дангара ягон ягон гапи точики медонанд. Аз Кучо точика гирем Чое ки точикон зиндаги мекунанд ончо аз вазиaфахо махруман ба гуфте “вовчикан” Ба фикри Шумо ин гапа ки баровард Бародарони узбеки мо холо хам инро такрор мекунанд Чи кор кунем, Гар нарасад зури мо зури худо мерасад.

  5. Точик Сказал(а):

    Ин Холбоев Зокира овезадхам кам. Ин нобакор ч кадар одамхоро сарсон кардаги. Одами пасти беинсоф. Одаме ки дигаронро бе гунох месузонад ва тахкир мекунад. Ин чазо барои ту кам! Иллохо Худованд туро чазо дихад. Боз як хамкори ту хаст бо номи Кахор Меликулович. Ин нобакор аз Зокир мондниш нест. Аз сардори Агенти хохиш мекардам, ки ин нобакорхам дида бароянд. Ин хам дачахо пушидаги ва бисер одамхоро газоташонро то хол дода истодааст. Баъзе одамхои маълум аз дасти инхо фишори хунашон баланд шуда вафот карданд.

  6. Нохак Чабрдидагон Сказал(а):

    Мухтарам Саидов Ф. Мо Шуморо хамчун инсони пок ва бо вичдон мешуморем, аз он сабаб ки президенти мамлакат ба Шумо бовар карда ба чунин ташкилоти бонуфуз (мубориза бар зидди фасод коррупсия)рохбар таин кардаанд. Мехохем кайд кунем ки коргарони Шумо бо рохбарии Мирзоев Кахор ва ду нафар хамкораш ки яке аз онхо Холбоев Зокир мебошад ба муддати наздик 2-мох ба вилояти Сугд барои тафтиши корхои ичрошуда дар МД МИЛ ЛИЗОВФ омада буданд. Бояд кайд кард ки, онхо аз рузи аввали корашон бо пудратчихо дагалона ва бо таври фиошоровари рафтор мекарданд. Онхо пудратчихое ки аз вилоят Сугд буданд тахкир карда масхара мекарданд. Тафтишоте ки онхо бурданд ноодилона буда аз хакикат дур буд. Пудратчихое ки аз вилоти Сугд хастанд бо таври фишоровари мачбур сохтанд ки ба маблагхои калон дар санадхои камбудии кор имзо кунанд. Аммо пудратчихое ки аз Чануб буданд дигархел (дустона) муомила карда дар санад маблаги ночиз нишон доданд. Метавонем мисоли одди оварем яке аз пудратчиен бо номи ЧДММ “Умед – 1″ буд наздик 80 – метр канали калони Фаргонаро бетонпуш накарда буд, ки ин бо иштироки мутахассисони Шумо ошкор гашт, аммо дар санад тамоман ин камбуди нишон дода нашуд. Ин хел мисолхо бисер овардан мумкмн аст. Яъне ин аз он шаходат медихад ки коргарони Шумо махалгарои намуда обруй ва нуфузи Агентиро паст зада истодаанд. Дар муддати наздик 2-мох дар вилоят буданашон онхо дар Мехмонхонаи “Сино” – и ш.Чкалов истикомат карданд ки нархи ин Мехмонхона барои як нафар зиёда аз 100 сомониро ташкил медихад.

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.572 seconds.