Архив Обращения Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 13.07.2010
 

Нангу номусат кучо шуд хамватан!


Макому макони истифодаи истилохи «нангу номус» вактхои охир дар чомеаи мо то андозае чойгохи худро иваз намудааст ва акнун онро бештар дар изхороту даъватхои таргиботию ташвикотии маъракахои мухталиф аз кабили интихобот, пулгундори, мусобикоти варзишию фарханги, чанг бо хамсоя (ба маънои аслаш) ва гайра мешунавем. Хол он, ки аз кадимулайём барои точик нангу номус бо химояи покию иффати модару хохару хамсару духтараш, хифзи хонаю дараш ва миллату миханаш тавъам буд.

Имруз мо номуси хешро дар хифзи хонаю дар аз даст надодаем, зеро хар як лахза омодаем, ки барои рехтани як тиккаи хоки деворамон, ки бо чурми сар задани об аз хонаи хамсоя (иттифокан бошад ё касдан) руй додааст, гардани он хамсояро бишиканем. Нангамон дар химояи михан побарчост, зеро шукри худованд, ки баъди ба даст овардани истиклолият, ягон душмани хоричие ошкоро касди воридшавии хоки мо накардааст, то нангу номуси хешро дар ин замина чилва дихем. Хамзамон ходисахои барои хар яки мо нангини солхои 90-уми асри гузашта харгиз аз ёдхо зудуда нахохад шуд, зеро аз гумрохи буд ё аз «киш-киш»-и бегонагон бародар хуни бародари худро ба замин рехт. Ва мерасем сари химояи нангу номуси аслии марди точик, ки дар симои модар, хохар, хамсар ва  духтараш тачассум меёбад. Биёед бубинем, ки то кадом сатх нангу номуси мо дар ин чода эмину дастнорас аст. Бубинем, ки то кадом дарача ин азизони хонадони худро аз зиллату хори, зулму зуровари ва дастнигарию бадрафтори махфуз доштаем.

Хонандаи арчманд! Дар ин матлаб зери мафхуми химояи модару хохар ва хамсару духтар, мачмуан сухан  дар бораи кулли занони точик меравад, зеро аз кадимулайём барои точик хар як зан, хох худи ва хох бегона модару хохару духтар буд. Касе хак надорад, ки дар ин замина духтару хамсари худро аз ин мушкилот эмин пиндорад ва аз химояи он занону духтарони точик, ки дар вартаи осебпазири карор гирифтаанд, канорачуи намояд. Дар акси хол кучо мешавад ору номуси миллии у? Чаро имруз мо аз тахкиру тахвини «Чамшуду Равшан» ба нанг меоему аз суикасд ба номуси хеш  дар дохили Ватанамон хомуши ихтиёр кардаем?

Солхои шурави тибки Сарконуни ИЧШС хар як мард хукук дошт, ки танхо як хамсар дошта бошад ва он хам дар мувофикат бо санадхои хукуки ба кайд гирифта мешуд. Дар сурати чудошави ва ба модар мондани фарзандон, падари онхо бо хукми суди мачбур карда мешуд, ки барои хуронидану пушонидани онхо маблаги муайянеро хармоха ба оилаи собикаш чуброн кунад.

Имруз чи? Холо аксари муллохои авомфиреб ва мансабдорону точирони пулмаст, ки бо рохи фиребу найранг ва дуздию горати мардуми одди ва давлат сохиби молу сарват шудаанд, Сарконуни Чумхурии Точикистонро дар хусуси доштани як хамсар зери по гузошта ду, се ва чахор зан мегиранду барои сафедкунии «руи сиёхи» худ Куръони азимушшаънро пеш ру меоранд. Ходимон ва имомону эшонони дар масочиду маъракахои мухталиф дар маъвизахояшон дар назди муридон хеч гох дар боби аз кадом кишри чомеа интихоб ва ба никох даровардани занхои дуввуму сеюму чахорум дам намезананд (зеро ба манфиати худашон нест ва ин муридон метавонанд дигар духтаронашонро ба онхо таслим насозанд). Хол он, ки дар Куръони мачид (сураи Нисо, ояи 3) омадааст, ки «Агар Шуморо бими он аст, ки дар кори ятимон адолат наварзед, аз занон хар чи шуморо писанд афтад, ду-ду ва се-се ва чахор-чахор ба никох дароваред. Ва агар бими он доред, ки ба адолат рафтор накунед, танхо як зан бигиред ё хар чи молики он шавед. Ин рохи бехтар аст то муртакиби ситам нагардед». Дар шархи сураи мазкур омадааст: «Ин сура дар вакте нозил гашт, ки чомеаи мусалмони баъди муковимат дар чанги Ухуд ба як катор масоили ичтимои ру ба ру шуд, зеро дар ин чанг мардони зиёде халок ва захмдор  шуданд ва дар натича теъдоди бешумори ятимон, бевахо ва духтарони бешавхар боки монданд. Масъалаи доги химояи ичтимои ва моддии  занон пеш омад ва расми намудани бисёрзани хамчун имконияти ягона бахри таъмини хукуки ахлокии занон оиди доштани оила ва фарзандон зарур дониста шуд».

Вале гурухи серзанахои мо чи? Чашми онхо сагираю беваро намебинад.  Танхо пайи гирифтани духтаракони кадраси 14-16 сола ва аз оилахои муносиб талош доранд. Баъди як муддати зиндаги бо ин духтарон, ки дар доираи накшаи хафтаина сурат мегирад (яъне бонавбат дар рузхои хафта), онхо пайи ба никох даровардани духтари дигаре мешаванд. Он зане, ки сояи мархамату химмати шавхари «худотарс» ё пулдор аз болои сараш дур шудааст, ба рахгуми ру ба ру мешаваду таъмини худ ва тифлони бекайду беаснод ва бемувозибати падар мондаашро дар танфурушию дигар кирдорхои бад мечуяд ва сафи духтарони шабгарди нуктахои танфурушии «Мардон», махаллаи 46, хиёбони «Караболо», майдони Опера ва балети ба номи С.Айни ва даххо дигар кучаю хиёбонхо ва «дискоклуб»-хоро зиёд месозанд. Ана дар кучоянд, нуктахои хифзи нангу номуси мо…

Мухочирати аксари чавонону мардони точик берун аз хоки кишвар, дигар омили бесарпанох мондани занон, аз тарбия дур мондан ва шарики муносиби хаётии худро пайдо накардани духтарон шудаанд. Осебпазирии занону духтарони точик, сатхи пасти саводу дониш, адами таъминоти моддию маънави боиси он гардидаанд, ки онхоро «бародарони мусалмон»-и мо аз Чумхурихои Исломии Эрону Афгонистон низ ба манфиату гарази шахсии худ истифода мебаранд. (Сабаби дар нохунак гирифтани калимаи бародар он аст, ки хечгох бародари асли ба бародари худ хиёнат ва даюсиро раво намебинад). Ин «бародарон», новобаста аз макому манзалати расми ва гайрирасмиашон, хануз пояшон ба хоки Точикистон нарасида дар фикри айшу ишрат (ба маънии аслаш зинокори) бо чавондухтарони точик меафтанд. Хол он, ки барои чунин гунох дар худуди кишвари худ, ба онхо хукми катлу сангсор тахдид мекунад.    Кисмате аз ин «бародарон» бар хилофи конунхои чории ЧТ, бо максади расми намудани истикомати худ дар Точикистон ба духтарони махалли хонадор мешаванд. Дар чунин холатхо падару модарони точик ба шахсияти ин шахрвандони хоричи, шароити зиндагии онхо дар зодгохашон, оиладор будан ё набудани онхо таваччухе зохир накарда, чигарбандони худро дар ивази як дастгирии молии ночизе ба хоричихо мебахшанд. Бигузор ба хар як точик маълум бошад, ки вакте як бародари эронии мо дар сарзамини ачдодии худ хонадор мешавад, ба он микдор барои арус махр  мебахшад, ки дар сурати чудошави тамоми дороии хонадон ба хамсараш мемонад ва у муфлису зор мегардад. Хачми махру калин дар худуди Афгонистони хамсоя низ то сатхе мебошад, ки бештарини чавонони камбизоат дар зиндаги руи хамсарро намебинанд. Дар чунин холат, ин «бародарон» рохи осонтарини халли ин тарафи хаёти худро дар Чумхурии Точикистон ёфтаанд. Кор ба чое расидааст, ки   онхо аз заифии конунгузории чории Точикистон истифода бурда, сар чанд вакт зани нав мегиранд ва дар сурати бозгашташон ба зодгох, зану фарзандони точики худро ба дасти казову кадар месупоранд.  Аламовараш он аст, ки вакте ин «бародарон» аз хоки Точикистон берун мешаванд, хамеша дар бораи «кахрамонихояшон» дар чабхаи «ишку ошики» бо духтарони точик лофу газоф мезананд. Хатарноктараш боз он аст, ки дар ин майдони саршор аз фиску фучур занону духтарони точик боз бо шахрвандони хитои ва дигар миллатхои гайримусалмон робитахои шахвони ва хамзистиро пеш гирифтаанд.

Чунин муносибат бо занону духтарони точик истифодаи дастмолеро мемонад, ки баъди   якдафъа дастпоккуни  партофта мешавад. Пас кучост он ору номус, кибру гурури точиконаи мо, ки аз доштанаш бо ифтихор дар хама чо чор мезанем? Кучоянд сохторхои давлати ва макомоти хифзи хукук, ки ба поймол шудани конунгузории Точикистон ва хакку хукуки занону духтарони точик, рахгумнамои ва фиреби онхо рох медиханд ва хомушию бетафовутиро нисбати ин масъала  ихтиёр кардаанд?

Максад аз иншои ин сатрхо даъват ба зуроварию таъкиби шахсони «бисёрзана» ва бародарони хамхуну хамзабони хоричии мо нест. Даъват ба назорат ва риояи конунхои амалкунандаи Чумхурии Точикистон, химояи нангу номуси миллат аз тачовузи бадгаразони мусалмонони кофиртабиат ва эхтироми арзишхои баланди инсони  мебошад. Даъват ба нигахдории обруи хар як точик мебошад, зеро пешгузаштагонамон фармудаанд, ки:

Обест обруй, ки наояд ба чуй боз,

Аз ташнаги бимиру марез обруи хеш.

Хамватанони азиз! Биёед агар берун аз хоки кишвар хам натавонем, лоакал дар Ватани худ хайсияту асолати шахси ва миллии худро нигахдорию хифз намоем, варна ба он сифату хислатхое, ки ачнабиён дар симои «Равшану Чамшуд»  ба точикон нисбат додаанд, боз бешарафи, бенанги ва беномуси илова хоханд шуд.

Махсуми Мухаммадрозик

Похожие записи:

    Не найдено.

7 Комментариев to “Нангу номусат кучо шуд хамватан!”

  1. Хурсанд Сказал(а):

    Бародари азиз Мухаммад Махсум, то он вак,те, ки занону духтарони мо точ,икон бе илму х,унар, ду чашм ба дар нигох,бони бахти худ х,астанд, касе онх,оро х,имоя карда наметавонад…
    Мехох,ам ба падару модарони Точ,ике, ки духтарони худро чун гавх,аре нигох, дошта мехох,анд “бо обу ру” ба шавх,ар дих,анд муроч,иат намоям: барои чи аз хондани духтаронатон нангатон меояду, пас аз х,олатеки ин ч,о руи когаз овардаан, яъне пас аз бахтсиёх,ияшон ба корх,ои бад даст заданашон не? Бовар кунед агар духтарони мо савод дошта бошанд ягон ч,ох,иле наметавонад х,ук,ук,и онх,оро поймол намояд, дар ин х,ол бе шавх,ар х,ам монанд бе номус намемонанд…

  2. Хафа ответил и Сказал(а):

    Гурухе ба монанди “Куклуксклан” ё ин ки “Черная стрела” ташкил карда ин кабил одамонро охиста охиста нест кардан даркор

  3. Alexandr Maximov Сказал(а):

    Махсуми Мухамадрозик,

    Чунон навистаи ки ягон чиз фахмидан мумкин нест аз чумлахоят. Хар кас аз Курон шаръи худро меорад, хаминаш хубтар намешуд ки мо умуман ба ислом дигаргуни биёрем ки на муллоён ва на дигарон исломро асбоб карда пойлучхоро фиреб надихад? Масалан худи ту хам, имруз ин хел мефахмони, пагох боз дигар хел мефахмони, ба фикри ман илми ислом илми бисёр акибзада ва ба шароитхои имруза рост намеомада хаст. ДИГАРГУНИХО МЕХОХЕМ!!!

    Як саволи дигар ба худи Махсум будани номатон. Номи шумо чи мано дорад? “Махсум” ин ном хаст ё ин ки унвон? Унвон бошад агар, ки ба шумо ин унвонро дод? Масалан ФИФА ба Испания унвони зури чахонро оид ба футбол дод, ба шумо унвонхоро ки медихад? Онхое ки ба шумо унвонро медиханд, худ 2-3 занагиро дар ислом кабул мекунанд? Гапа кутохаш, дигаргуни мехохем!

  4. Махсум Сказал(а):

    Ба Alexandr Maximov, номи аслии ман Махсум ва ин тарчумаи номи бобои Шумо Максим мебошад. Алехандри гироми, ману ту хукуки таъгир додани Куръонро а исломро надорем, бехтараш аз руи он ба таври фахмиши худ, зиндаги ва охиратро обод мекунем. Боки ту як сухангуи бахсталаби бекора, аз навиштахои мазкур андеша куну, амал кун

  5. Alexandr Maximov Сказал(а):

    Махсум,

    Номат Махсум буданаш аз унвони Махсуми хубтар аст, ва барои Махсум шудан кушиш накун чунки вакте ки унвонат Махсум шавад ба ту Махсуми Махсум мегуянд ки ин бисёр хандовар метобад.

    Барои чи ману ту барои таъгир додани ислом хукук надорем? Ман хукуки худро медонам ва дар доираи хукуки мадани ман метавонам ки дини худро таъгир дихам. Метарсам, ё ин ки наметарсам ин проблемаи ман аст, ман бояд ки дигар кунам исломро, чунки агар ман дигар накунам ин конунхои акибзадаро, аврупо хам моро хам конунхои моро иваз мекунад. Фикри ман хамин аст.

    Ман сухангуи бахсталаб мебошам, рост гуфти, лекин маколаи ту хам бахсталаб аст, ва умуман уммати мусулмон хамма бахсталаб мебошанд, чунки дини онхо бахсталаб аст. ман хам аз хамин уммат ки хастам, хамеша бахс мекунам:))

  6. восеъ Сказал(а):

    аз гапи холии шумо ягон чиз дар точикистонатон алиш намешавад. хар касе ки орзуи пешравии милати ва давлати худ дорад, бояд амал кунад. ба майдон баромада ин суханотонро занед.

  7. Дангара Сказал(а):

    Восеъ,

    Оё сухан рондан ин амал нест? Ин хам амал аст. Сухан ин амал хаст! Ва муллоён ин амалро 100% ба чо оварда истодаанд, пас мо барои чи хап кунем? Амали мо хам гуфтор мебошад.

    Махсум,

    Нангу номус бо ислом алокае надорад. Нангу номус бо инсон алока дорад. Инсон хаст бунёдкори динхо, инсон хаст инкоркунандаи динхо, инсон хаст гавхари офариниш дар коинот. Ту мегуи ки мардхо 3-4 зан мегиранд, мардхо нею мусулмонон 3-4 зан мегиранд, мардхо бошад 1 зан мегиранд ва бо сару пою либоси он занхо коре надоранд. Ва аксарияти мардони дунё мусулмон нестанд. Лекин мусулмонон аз чен кардани либоси занон дигар бо ягон коре машгул нестанд. Бедини хубтар аст аз мусулмон будан.

Вы можете оставить сообщение



 
Любые аборты в клинике в день - аборт медикаментозный. , Оптика - однодневные линзы. sitmap.htm