Наделение Общероссийского общественного движения новыми качествами, функциями и полномочиями-задача очередного съезда
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 31.08.2010
 

МАХБУСОНИ ФИРОРИ-«ОДАМОНИ НОАЁН» ВА МАВЌЕИ МАЌОМОТИ ТОЧИКИСТОН.

Маќомоти Точикистон махбусони фирориро дастгир намекунад ё …..?

Изхороти саволбарангез.

«Изхороти ачоиб! Махбусон аз таги бинияшон гурехта боз се соати дигар дар кўчањои шањр гаштугузор мекунанду касе онњоро на мебинаду на мекобад. Акнун мошинњои беномери онхоро аз дараи Ромит меёбанду боз њам худи мањбусонро намебинанд. Гўё махбусон одамони ноаён бошанд! Дар пешатон, ки дастгир карда натавонистед, пас, дар беруни кишвар чї гуна дастгир мекунед?»- Ба њамин мазмун дар миёни мардум сару садохои зиёде перомуни изњороти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тољикистон ба гўш мерасад. Дар њамин њол тањлилгарону коршиносон низ то андозае мазмуну мўњтавои изњороти мазкурро аз воќеият дур арзёбї кардаанд. Ањмадшоњи Комилзода, пажўњишгари масоили сиёсї изњороти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тољикистонро аз нигоњи мантиќ хароб мешуморад ва мегўяд масъулини Кумитаи амният дар омода кардани изњорот мебоист хеле нуктасанљ мебуданд. Ў аз љумла меафзояд: «Ба назари ман он изњороте, ки аз љониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Тољикистон навишта шуда буд, аз рўи мантиќу мўњтаво саволњои зиёдеро ба бор овардааст. Ин изњорот бояд хеле љиддї навишта мешуд, тавре ки барои ба миён омадани саволњои зиёд љой намемонд. Изњорот тавре навишта шудааст, ки хонанда, шунаванда ва ё дар маљмўъ худи мардумро ба гузоштани саволњои иловагї маљбур месозад. Масалан, дар изњорот омадааст, ки мањбусони фирорї пас аз куштор ва маљрўњ кардани посбонњо ва хориљ шудан аз боздоштгоњи муваќќатии Кумитаи амният муддати се-чор соат дар дохили шањри Душанбе будаанд ва пасон аз шањр берун шудаанд. Акнун саволе ба миён меояд, ки чаро нерўњои интизомї дар ин муддат мањбусони фирориро таъќиб ва пайгирї накардаанд? Бояд гуфт, ки бархе аз ин мањбусон њатто ба њабси абад мањкум шудаанд, пас, чї гуна тавонистаанд ба ин осонї аз аз боздоштгоњ хориљ шаванду тўли ин се соат дар шањр ќарор дошта бошанду посбонњои Кумитаи амният ва кулли нерўњои интизомї барои дасгир кардани онњо њељ коре карда натавонанд? Ин дар њолест, ки Тољикистон худро кишвари ќудратманд медонаду њамеша њадс мезанад, ки бидуни кўмаки нерўњои низомии мамолики хориљї метавонад амнияти мардумро таъмин намояд. Пас, чаро маќомоти марбута барои дастгир кардани 25 мањбуси фирорї аќќалан дар тўли се соати дар пойтахт ќарор доштанашон њељ коре карда натавонистаанд? Ё шояд дар амалиёт нафароне аз намояндагони худи маќомоти Тољикистон даст доштанд ва ѓайра. Бо таваљљўњ ба ин нуктањо мешавад гуфт, ки ин изњорот шубњабарангез, саволбарангез ва њатто иѓвобарангез аст». Зимни ин андешаи коршинос ва ба ќавли мардум метавон гуфт, ки кор њанўз аз изњорот вайрон аст!

Пуштибони «амалиёти фирор» кист?

Азбаски фирори мањбусон як тарњи ќаблан омодашуда ва хеле нозук арзёбї мешуд, бинобар ин, фикру андешаи коршиносон ва љомеа ба сўи пуштибони ќавии тарњ, ки ѓолибан аз берун амалиётро кўмак мекард, моил шуд. Дар изњороти Кумитаи амният омадааст, ки ки чанд тан аз мањбусон шањрвандони Русия мебошанд. Бо таваљљўњ ба ин маълумот коршиносон тахмин задаанд, ки дар фирори мањбусон Русия даст дорад, зеро Русия бо ин роњ шањрвандони худро аз зиндони Тољикистон рањо кардааст ва бори дигар ба ќавле «алови чашми Тољикистонро гирифтааст».

Баъзе нашрияњо фирори мањбусонро ба боздошти љавоне бо номи Халим Исоев, ки бо худ бомбаи худсохт ва телефонии мобилї дошту дар назди ќароргоњи дивизияи 201-уми Русия воќеъ дар мањаллаи «Гипрозем», пайваст донистаанд. Ин њодиса бегоњи 22-юми август рух додаст. Њамчунин эњтимоли гузошта шудани бомба дар бинои дигар низ вуљуд доштааст. Албатта, органњои њифзи њуќуќ ё нињоди расмиву низомии кишвар ин гуфтањоро таъйид накардаанд, аммо ба њар сурат, дар як шаб сар задани ду њодиса эњтимоли коршиносону мардумро ба як сў кашид. Аммо тибќи иттилои расонањо Андрей Грозин пажўњишгари рус ин аќидаро рад карда гуфтааст, ки Айни замон Русия бо Тољикистон ва бо кулли љамоњири Осиёи миёна таѓйири њамкорї кардааст ва он њамкорї бо ризояти муштараки кишварњои минтаќа мебошад. Гузашта аз ин, дар мулоќоти Сочї Эмомалї Рањмон ба гузаштњои зиёде розї шуд ва Маскав њарчї ки мехост ба даст овард. Пас, ба андешаи Грозин дар ин замон даст задани Русия ба чунин ќазия дуруст намебуд. Аммо коршиносони тољик ин гуфтањои Грозинро чандон асоснок намешуморанд. Минљумла Ањмадшоњи Комилзода эътимоди ќавї дорад, ки мањбусони фирорї аз кишварњои тавоное чун Русия њатман пуштибонї ёфтаанд, зеро мухолифатњои муштараки Русияву Ўзбекистон ба Тољикистон дар аксар мавридњо хеле зиёд љараён гирифтаанд. Ў дар ин иртибот меафзояд: «Албатта ваќте мегўянд, ки дар ин кор дасти Русия њаст, њукумат инро инкор мекунад ва ягон коршиносе бар хилофи ватанаш сухан намегўяд. Аммо фикри шахсии ман ин аст, ки доирањои муайяни Русия дар ин амалиёт даст доранд. Њукумати Ўзбекистон низ ба назари ман дар ин кор даст дорад, зеро ин кишварњо чандон тарафдори он нестанд, ки давлатдории Тољикистон ва фазои сиёсии кишварамон орому осуда бошад. Мухолифатњои муштараки Русияву Ўзбекистон дар мавриди сохтмони нерўгоњњо ва дигар пешрафтњои Тољикистон далели ин андешањоянд. Бо такя ба ин мухолифатњо метавон гуфт, ки дасти Русияву Ўзбекистон дар ин амалиёт њаст. Албатта, онњо дар пушт истода ин амалиётро идора кардаанд ва тавре кор кардаанд, ки далели рўшане аз худ боќї нагузоштаанд. Њарчанд касе бо далелњои ќотеъ гуфта наметавонад, ки ин ду кишвар ба ин амалиёт даст доранд, вале касе инкор њам карда наметавонад, ки Русияву Ўзбекистон дар ин ќазия даст надоранд! Бо он ки Русия ба њайси як кишвари абарќудрат ба органњои дахлдораш супориш додаст, ки барои дастгир кардани фирориён ба Тољикистон кўмак кунанд, ин њоло амали љиддие нест. Зеро чунин кўмак бар манфиати Русия нест ва Русия бефоида ба Тољикистон њаргиз кўмак намекунад. Ў ин кўмакро танњо ба хотири он мекунад, ки ба њукумати Тољикистон нишон дињад «мо бо шумоем», на чизе бештар аз он!». Њамчунин мусоњиби мо наќши фасодро низ дар сар задании ќазия сарфи назар намекунад. Вагарна чаро намояндагони хадамоти Русия, ки дар Тољикистон теъдодашон кам нестанд, аз њабси 6 нафар шањрванди кишварашон хабардоранду њељ мудохилае накарданд. Њатто таваљљўњ њам зоњир накардаанд, ки шањрвандони кишварашон дар Тољикистон љиноят содир карданду сарнавишти онњо чї гуна њал мешавад ва ѓайра.

Дасти њукумат дар фирори мањбусон.

Пуштибони хориљии амалиёти фирори мањбусон хоњ Русия, хоњ Ўзбекистон ва ё тибќи овозањои мардум хоњ Афѓонистон (зеро дар миёни мањбусони фирорї шањрвандони Афѓонистон низ њастанд) ва дар маљмўъ њар кишваре њам ки бошад, яќин бе њамдастии намояндагони маќомоти Тољикистон ва ё нерўњои дохилї њаргиз наметавонистанд ин наќшаи нозукро амалї кунанд. Андрей Грозин, коршиноси Русия мегўяд нуқсро бояд на дар берун, балки дар дохили Тоҷикистон ва на куллан дар дохил, балки дар байни элитаи ин кишвар ҷуст. Ў меафзояд: «нуќс дар дохили кишвар аст бо назардошти ду имконият: яке даст доштани мансабдор ё мансабдорони аршади кишвар дар фирори маҳбусон аст ва дигаре харида шудани масъулону нозирони маҳбас аз тарафи онҳое, ки озодии зиндониёни муайянеро мехостанд». Яќин дар љалби намояндагони маќомоти кишвар ба фирори мањбусон аз нигоњи коршиносони тољик низ фасод наќши муассир бозидааст. Ќосимшоњи Бекмуњаммад рўзноманигори тољик бо ишора ба ин пањлўи масъала мегўяд: «Агар як сари ришта ба љониби хориљ равад, сари дигари ришта ба дохили кишвар мегардад». Дар њамин њол Ањмадшоњи Комилзода фирори осони мањбусонро ба пайвастагии пуштибонони хориљї ва дохилї марбут медонад ва далели ин иртиботро дар бепарвоиву бумасъулиятии нерўњои низомии кишвар арзёбї мекунад. «Чунин ба назар мерасад, ки ин мањбусони фирорї пуштибонњои љиддие доранд, ки њам дар хориљ, њам дар дохили кишвар ва шояд њатто дар сафи њукумат бошанд. Чаро? Чунки онњо хеле роњат аз боздоштгоњ берун шудаанд ва тўли се соати дароз дар ќаламрави пойтахт гаштаанд. Њељ нерўи интизомие онњоро таъќиб накардааст, зеро агар ин мањбусон зери таъќиб ќарор мегирифтанд, ба њељ ваљњ се соат дар шањр монда наметавонистанд. Аммо чун мањбусон берун аз шањр њам рафтанд, бо гузашти беш аз як њафта ягон нафар аз он 25 мањбус дастгир нашудаасту њељ иттилоъи наве дар бора аз љониби масъулин баррасї њам нашудааст. Охир, 25 нафар теъдоди кам нест. Ќаблан дар замони шўравї агар як ё ду нафар дар ањди ИЉШС аз зиндон фирор мекард, њатман дар чанд рўз дастгир мешуд. Аммо имрўз, ки низоми зиндонњо мисли њамон тартиботи замони шўравист, пас, чаро то њол ягон нафар аз 25 мањбус дастгир нашудааст! »-гуфт дар охири сўњбат Комилзода. Њуќуќшиносоне мисли Абдуќаюм Юсуфї, ки тартиби кори боздоштгоњ ва њатто шумораи посбонњои боздоштгоњи Кумитаи амниятро медонанд, гуфтааст шумораи посбонњо дар беруни боздоштгоњи мазкур ба 20 нафар мерасад. Њамчунин дар долонњо ва атрофии деворњо дурбинњои видеої насб шудаанд, ки тамоми воќеањои дар њавлии боздоштгоњ рухдодаро сабт мекардаанд. Аммо дар изњороти Кумитаи амният дар бораи сабти видеої чизе гуфта нашудааст. Танњо давр мавриди парондани посбонњо зикре рафтааст, ин садои тирро касе нашунидааст.

Акнун бо таваљљўњ ба назару андешањои коршиносон ва љињати баъзе шубњабарангезињои изњороти Кумитаи амният чунин саволе пайдо мешавад: ё мањбусон хеле шахсони тавонову барљастае њастанд, ки нерўњои низомии кишвар онњоро наметавонанд пайдо кунанд

НИЛУФАРИ СОБИР, рўзноманигор.

Похожие записи:

    Не найдено.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.555 seconds.