Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 30.08.2010
 

Мактуби кушодба номи ходимон ва рохбариятхои сиёсии Хукумати ФР.

Тероризм ва ё худ бандитизм.

Имрузхо сар то сари кишвархои тамоми чахонро як касалии вазнини вабое бо номхои «терроризм» ва «бандитизм» фаро гирифтааст. Аз инчост, ки тамоми воситахои барномахои ахбори ва иттиллоотии чахон оиди ин дарди бедаво, хар лахза, такрор ба такрор навиштачот, фикру дархост ва барномахои махсуси худро пешкаши оламиён гардонида истодаанд. Баъзе аз сиёсатмодарон ва ходимони ин сохаи мазкур бо ном гуё, ба мукобили ин дарди хунмаки вучуди инсони мубориза мебаранд. Дар хак чунон аст, аммо кассе аз сиёсатмадорон ба худ савол намедихад, ки мафхуми калимахои «терроризм» ва «бандитизм» аз кучо сар задаст, чи маъно дорад ва чаро мардумро ба харрос овардааст. Шояд донанд ва намехоханд, то ин ки мардум аз чунин дарди чонсуз зудтор шифо ёбанд, зеро доруи табобатии ин дарди бедаво дар дасти худи онхост ва як рохи даромаднокии шахсиест, ки дар солхои охир бо номи «як намуди рохи бизнес» хамочаро фаро гирифтааст.

Мафхуми калимаи террор-каст кардан, катл намудан, касос гирифтанаст. Барои кушодани маъно ва мафхумхои бандит, террор бояд ба худ савол дод ва андеша кард, пас аз он чавоб гуфт.

Инсон хеч ба худ равон надидааст, то касеро бе ягон асоси чиддияти нанговар ба катл расонад ва окибати хаёти човидонаи худро, дар паси панчарахои махкама бинад. Не, харгиз! Уро, хаёт зиддияти дахшатовори нангине ба ин рох меберад. Бехуда дар урфият нагуфтаанд: Ба кассе бади карди, бади хохи дид, неки намуди, неки хохи дид!

Бояд икрор шуд. Дар чамъият, гурухи ошхосоне дар идораву ташкилотхои чамъияти – сиёси сари мизи кори нишаста, оиди роххои харчи бештар нигох доштани хукукхои мехнатии шахрвандони кироя, омодаи сару коранд, то ин ки тартиботи давлатдориро химоя созанд. Онхо зуд-зуд конунхои нави худро мебароранд ва пешкаши сардорони ходимони сиёсии болои пешниход менамоянд. Кассе аз рохбарони ташкилотхои болои таваччух зохир намекунад. Чаро тез-тез конунхо иваз мегарданд, ки натичоти он ба фоидаи кист? Ва зарори он дар чист? Аз ин нуктаи назар, аксарияти Конунхои баровардан президент, ки некбинонаанд, дар амал татбик намешаванд. Хатто худи президент дар аксарияти баромадхояш нисбати чунин конуншиканихо баромадхо намуда, фикру дархостхои худро борхо баён намудааст.

Дар асл, баъзе аз ошхосон ба руи худ никоби пинхони кашида, ба воситаи хиллаю найрангхои чудогонаи шахсии худ ба рухия ва асабхои мардуми захматкаши кироя хун мемаконанд. Садхо хазорхо одамони бегунохро ба воситаи касалихои рухи истисмор намуда, охиста-охиста, ноаён ба катл расонида истодаанд. Агар, ба ин далелхо хар як фарди солим фикр назар афканад, пайхас мекунад, ки терористхои асоси кихоянд ва чаро сари рохи онхоро намегиранд. Паймол задании хукукхои инсони, магар «терроризм» ва «бандитизм» нест?

Солхои зиёдест, чандин миллион мардуми захматкаши собик кишвархои бародари Шурави барои пайдо намудани ризку рузи, давлати пуриктидори руссияро ихтиёр кардаанд. Ин бехуда нест, зеро дар холати вучуд доштани Хукумати ягонаи Иттиходи Шурави маркази онро шахри Москва ба ихтиёр дошт. Аз ин чост, хуни миллатхои он кишвархо бо хам омехта шуда буданд, бо хам дусту бародар чун узви як хонадон гаму шодиро бо хам медиданд. Таъсири он якдигарфахми, то хол аз сар нарафтааст. Мардум то хозир ташнаи дустию бародари, хамфикри ва дастгирии якдигаранд. Халки захматкаш ташнаи оромист. Сулху салох, барои онхо сипар аст. Аммо, баъзе аз ношукрхо вазъияти ба вукуъ омадани оромиро намехоханд. Низои муносибатхои миллиро ба миён меоваранд. Пинхонкорона, истисмори рухии одамонро пеша карда, хукукхои шахрвандии онхоро паст мезананд ва ба фаромнхои презеденти Федерасияи Руссия итоъат намекунад. Онхо, ханмчун давраи гуломдори, истисмори одам аз тарафи одамро ба худ раво дида истоданд.

Дар давраи чамъияти гуломдори, гуломдор ба гуши гуломи зархариди худ халка мезад, то ин ки он ба чое гурехта наравад. Дар шароити имруза бошад, баъзе корхонахои ба ном давлати ва шахси шиносномахои шахрвандии мардуми кирояро гирифта, пинхон мекунанд, ба онхо ваъдахои зиёде медиханд, ки гуё тамоми хуччатхои коршоямии онхо мувофики конун дуруст карда шудааст ва кассе онхоро озор нахохад дод. Халки одди, ки дилу нияташ соф ва зудбовар аст, ба ваъдахои фиски онхо бовар мекунанд, хис карда наметавонанд, ки такдирашон ба доми бало афтодааст. Корфармоён дар навбати аввал, каме ба кироямандони бехол музди ночизе медиханд, то чунин мардуми зудбовар боз хам дар гирди худ коркунони зиёдеро чамъ намояд. Сипас, баъди гузаштани моххои зиёде ба мардуми ба доми гуломи афтодашуда, музди мехнати нахоханд дод. Ашхосони корфармой мувофики накшахои пешгирифтаашон бо баъзе кормандони ташкилотхои иммиграциони забон як карда, бехабар шахрвандони захматкаши оддиро хамчун «вайронкунандагони тартиботи чамъиятию давлати» бо номи «департация» ба суи ватан бадарга месозанд ва боз дар чои онхо, дигаронро кор мефармоянд. Бо хамин тарик, ин хиллаю найранги онхо чун акрабаки соат хамавакт тоб хурда меистад. Оё, чунин хиллаю найранг хамчун касалии марговари «вабо» барои мардуми захматкаши чабрдидаи кироя нест? Магар, ин пасухи чавоб ба саволи «терроризм ва ё худ бандитизм» нест? Аз ин чост, баъзе аз чабрдидагон баъди ба чон расидани сузу гудозхои зиёде ба чонаш расида, уро лозим меояд, то баъзе аз чунин ашрофони маккори гуломдорро ба катл расонад ва ё хонаву корхонаи шахсии уро, ки бея гон харочот сохтааст, оташ занад, зеро зури он танхо ба ин мерасаду халос. Чун ки доди у ба чоё намерасад ва охи уро кассе гуш, кардан намехохад. Пас аз чанде, чабрдидаи бегунохро хамчун террористи бадноми «бандит» як умр ба паси панчара мефиристанд ва хаёти гуломи халкабаргушии он, аз нав огоз мегардад.

Ин аст, пайдоиши решахои мафхумхои «терроризм», «бандитизм» ва «як рохи нави бизнес» дар шароити имруза.

Точикон халки мехнатдуст ва ба ору номусанд. Осудахолию ороми, дустию бародари, сулху саллох шиори онхост. Нохурмати, кинаву адоват нисбат ба кассе дар хуни онхо вучуд надорад.

Ба такозои замон, насибро аз кисмат дида, дар кучое маскан гиранд, бахри он мекушанд, то ки тартиботи чамъиятиро вайрон накунанд, то ба кассе аз онхо озоре нарасад. Аз ин чост, кулли зиёди мардуми Руссия онхоро эътироф кардааст ва меписанданд. Онхо низ, аз кадрдонии ин халк миннатдоранд. Лекин, нисбати он ошхосоне, ки дар зерин никоб хукукхои онхоро паймол менамояд, истисмори одам аз тарафи одамро ба худ раво мебинанд ва дида истодаанд, ки дар асл, дар хакикат хамчун «террорист» ва «бандит» дар чамъият иснод меоваранд, нафрат доранд. Точикон намехоханд, ба шаъни миллати ба ору номусашон кассе доги маломат занад ва осоре расонад. Бадро хамавакт ба парвардигор месупоранд. Ин аст, шиори мардуми точикони Руссия!

Исломиддини Гардизода.

Похожие записи:

    Не найдено.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.773 seconds.