Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 08.10.2017
 

МАНСАБДОР: МАЧИТА НАБАНДЕН, ҲАМАТА МЕГ..М, МУЛЛОТОНА МЕГ…М (ВИДЕО)

Дар Интернет видеое нашр шудааст, ки дар он як мансабдори тоҷики галстукпӯш ба намозгузорони масҷиди як маҳалла бо лаҳни пурдашном таҳдид мекунад, ки “агар мачита набанден, ҳамата мег…м. Муллотона ҳам мег…м.”

ИДОРАИ СОМОНАИ “АХБОР” БАРОИ ОН КИ МАҶБУР АСТ, ДАР ИН ГУЗОРИШ СУХАНОНИ ДАШНОМЕЗИ ИН МАНСАБДОРРО ИҚТИБОС БИОРАД, АЗ ХОНАНДАГОНАШ УЗР МЕПУРСАД

Дар видео дида мешавад, ки як марди дар танаш костюм ва дар гарданаш галстук вориди саҳни як масҷид шуда, намозгузоронеро, ки онҷо буданд, зери борони дашному ҳақорат мегирад.

Ӯ ибтидо муроҷиат ба яке аз онҳое, ки ба қарори бастани масҷидашон норозигӣ мекард, мегӯяд: “Як бори дигар асабониам кунӣ, ҳамата мег..м.”

Як намозгузори дигар хитоб ба ин мансабдор мегӯяд, ки “ҳамин гапҳоятонро барам, расонам, мешавад? Гӯям, ки омадааст, халқи як маҳалларо “ҳамаатро мег…м” мегӯяд?”

Мансабдори сармаст аз мақоми салоҳияти худ ҷавобаш медиҳад ки: “Бра, бгӯ.”

Он нафар боз мепурсад, ки “ба ҳамин гапат ҷавоб медиҳӣ ки “ҳамаатро мег..м гуфтӣ?”

Ва боз аз он мансабдор бо як лаҳни тундтар чунин ҷавоб мегирад: “Ҳов! Ҷавоб метум! Маҳкам куне мачита, набошад ҳамата мег…м. Маҳкам куне, полний маҳкам куне мачита! Ман шумоя 6 моҳ шуд гуфтестам.”

Ӯ дар идома иддао мекунад, ки “мачит соҳиб надорад, соҳибуш дар Москва гаштай.”

Намозгузоре ки бо ин намояндаи давлат раддубадал мекард, дар назди дарвозаи масҷид, вақте мансабдор берун мерафт, гуфт: “Ҳамаи ин мардум шоҳид аст, ки “ҳамаатонро мег..м” гуфтӣ.”

Вале он мансабдор, ки ҳеҷ аз хари ҷаҳлаш пойин намешуд, дар таҳқири ин мардум боз ҳам фаротар рафта мегӯяд: “Ҳамаата мег…м. Муллотона ҳам мег…м.”

Пеш аз нишастан ба мошинаш, вақте он намозгузор мегӯяд, ки аз болояш арз хоҳад кард, ин мансабдор мегӯяд: “Рав, любой ҷо арз кун. Шумора ҳамаата салафӣ мебарорам.”

Он бечора мегӯяд,“ягонтои мо салафӣ нестем. Исбот кун.”

Вале мансабдор бо таҳдид ҷавобаш медиҳад ки: “Шумо ҳамат салафиен. Ҳоҷӣ Тӯйчӣ дар Москва аз ҳисоби чӣ гаштай? Шумо салафиёра нашинонум да адел, наг..думтон, ма к…нте.”

Намозгузорон вақте диданд, ки баҳс бо ин мансабдори бадҷаҳлу бадзабон ва ба болои ин масти лояқил беҳуда аст, мегӯянд, “рав, кайфатро кун, баъд биё. Наход одами давлат маст масҷид биояд?”

Кай ва дар куҷо сабт шудани ин видео маълум нест, вале рақами давлатии мошине, ки ин мансабдор савори он ба ин масҷид омадааст, 25 42 ВС 03 мебошад.

Ин видео баҳси тундеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба по кардааст. Аввалан, масти лояқил ба масҷид даромадани як мансабдоре, ки аз ҳукумат намояндагӣ мекунад, як мояи танқидҳои тунд шудааст ва мояи дигар, лаҳни пур аз дашноми ин намояндаи ҳукумат.

Корбарон ҳамчунин мегӯянд, бархӯрди ин мансабдор сиёсати динситезӣ доштани ҳукуматро ба намоиш мегузорад.

Мақомоти тоҷик то кунун зӯран баста шудани масҷидҳоро рад мекарданд ва мегуфтанд, бархе масҷидҳо ба сабаби надоштани асноди қонунӣ ва бархе ба сабаби дар наздикии он мавҷуд будани масҷиди дигар бо қарори худи намозгузоронаш бо роҳи худбарҳамдиҳӣ барҳам хӯрдаанд.

Моҳи июн мақомот гуфтанд, ки дар шаҳри Хуҷанд 4 масҷид ва дар ноҳияи Ғафуров се масҷид “самти фаъолияти худро иваз кардаанд.” Се масҷидро дар Ғафуров ба коргоҳҳои дӯзандагӣ табдил додаанд, вале дар Хуҷанд, ба гуфтаи шаҳрдораш Маъруф Муҳаммадзода, “ масҷиди Савр дар маҳаллаи Савр ба коргоҳи атласу адрасбофӣ, масҷиди маҳаллаи “Тути калон” ба кӯдакистони нутқашон нуқсондор ва масҷиди маҳаллаи “Сари баландӣ” ба дорухона мубаддал гардонда шуд.”

Мақомот мегӯянд, масҷидҳое ки барҳам дода мешаванд ваё самти фаъолияти худро дигар мекунанд, ки дар наздикии масҷидҳои дигар ҷойгир шуда бошанд ваё санадҳояшон қонунӣ нест. Ба ақидаи мақомот, фаъолияти чанд масҷид дар як маҳалла метавонад боиси нифоқ ва тафриқа байни намозгузорон шавад.

Маъмулан дар чунин ҳолатҳо аз намозгузорони масҷидҳое, ки барҳам дода мешаванд, талаб мекунанд, ки худашон дар бораи худбарҳамдиҳӣ ариза нависанд.

Барҳам додани масҷидҳои ғайрирасмӣ дар Тоҷикистон бахусус баъди қабул шудани қонуни нави дин дар соли 2011 вусъат гирифт. Қаблан аз дигар минтақаҳои Тоҷикистон низ дар бораи барҳам додани масҷидҳо ва табдил додани онҳо ба коргоҳҳои дӯзандагӣ, китобхона ваё ба манзили зист барои хонаводаҳои эҳтиёҷманд гузоришҳо ба даст расида буд.

Худи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ дар як суханрониаш аз коҳиши теъдоди масҷидҳо дар кишвар пуштибонӣ карда, гуфта буд, масҷиди зиёд тафриқаро байни мардум бештар мекунад:“Барои ҳар кӯчаву паскӯча, ҳар як маҳалла безарурат бунёд намудани масоҷид метавонад, эҳтимоли муноқиша ва тафриқаро дар байни мусулмонон зиёд карда ва ба ваҳдату суботи ҷомеа халал расонад.”

Мунтақидони ҳукумат барҳам додани масҷидҳоро бахше аз маъракаи маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон мешуморанд. Вале мақомот бо ишора ба фаъолияти қариб 4 ҳазор масҷид дар кишвар мегӯянд, касе озодиҳои диниро дар Тоҷикистон маҳдуд накардааст.


источник http://akhbor.com

Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
23 queries. 0.536 seconds.