Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 21.10.2017
 

МИСЛИ ПОДА… БОЗДОШТИ БЕШ АЗ 60 МУҲОҶИРИ ТОҶИКУ УЗБЕК ДАР ВИЛОЯТИ МАСКАВ (ВИДЕО)

Рӯзи 19 октябр беш аз 60 муҳоҷир аз Тоҷикистону Узбекистонро дар ҳудуди ноҳияи Раменское дар вилояти Маскав дастгир карда, ба ҷои шӯъбаи пулис ба … як устохона оварда, ду рӯз дар ин бинои сарду чиркин маҳкам кардаанд.

Дар як видеое, ки муҳоҷирони боздоштшуда дар Интернет нашр карданд, дида мешавад, ки онҳоро дар як устохона маҳкам кардаанд. Муҳоҷирон мегӯянд, ки онҳоро ҳанӯз субҳ дар ноҳияи Раменское дастгир карданд ва гуфтанд, ба шӯъбаи пулис мебаранд. Вале ба ҷои пулис онҳоро ба як устохонаи сарду чиркин овардаанд.

Муҳоҷирон дар ин видео мегӯянд, ки аз замони боздошти онҳо алакай 10 соат гузаштааст, вале онҳоро ҳамчунон дар инҷо нигоҳ медоранд. Онҳо мегӯянд, аксарашон сабти ном ва патент доранд ва бархе ҳатто ҳаққи иқомат (РВП) дар Русияро доштаанд, вале афсари пулис гуфтааст, ки ҳамаашонро аз инҷо ба додгоҳ мебаранд.

Сабаби боздошти чунин гурӯҳи бузурги муҳоҷирон дар Раменское рӯшан нест, вале онҳо мегӯянд, худи инки онҳоро мисли пода ҳай карда, дар ин устохона маҳкам кардаанд, хилофи қонун ва тамоми арзишҳои инсонист. Муҳоҷирони боздоштшуда мегӯянд, к иду рӯз боз онҳоро дар ин шароити бад мисли чорво нигоҳ медоранд ва ҳатто обу ғизо намедиҳанд.

Дар видео дида мешавад, ки муҳоҷирони бечора маҷбур дар рӯи фарши чиркин ягон газетаро партофта, хоб рафтаанд.

Федератсияи муҳоҷирони СНГ исми чанде аз ин боздоштшудаҳоро маълум ва нашр кардааст:

1. Салимов Шӯҳрат

2. Халифазода Каримбек

3. Маҷнунов Рабони

4. Давлатов Аслиддин

5. Расулов Кадриддин

6. Бобозода Исроил

7.Холмуродов Мустафо

8. Кабутов Дилшод

9. Юсупов Парвиз ва дигарон.

Раҳбари Федератсияи муҳоҷирони СНГ Каромат Шарипов аз мақомоти Русия даъват кардааст, ки ба ин қазияи бархӯрди ғайриинсонӣ нисбат ба муҳоҷирон билофосила расидагӣ кунанд. Ба ақидаи Шарипов, чунин бархӯрди хушунатомез танҳо боиси барангехтани кинаву адовати байни қавмҳо ва байни давлатҳо хоҳад шуд.

источник akhbor.com

Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.606 seconds.