Наделение Общероссийского общественного движения новыми качествами, функциями и полномочиями-задача очередного съезда
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 07.03.2010
 

Монеаи рушди Ватану миллат нашавед!

Интихоботи парламентии Тоҷикистон дар як давраи ниҳоят ҳассос ва барои миллати тоҷик тақдирсоз баргузор гардид. Мутаасифона аз ҷониби ҲНИТ норозигӣ ва сару садоҳое вобаста ба натиҷаҳои овоздиҳӣ баланд шудаанд, ки боиси ташвиши ҳар тоҷики ватандўст мегардад. Имрўзҳо мардуми Тоҷикистон новобаста ба мансубияти миллӣ, ақидаи сиёсӣ ва динии худ дар атрофи иқдоми Президенти кишвар вобаста ба сохтмони НБО-и Роғун муттаҳид шудааст. Новобаста ба фишору таҳдидҳои хориҷӣ ва бадхоҳони миллат роҳбарияти Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҳатман ин иншооти асрро бунёд созад, то Ватан обод ва аҳолӣ зиндагии шоистае дошта бошад. Мардум низ бо дарки амиқи вазъият дар ин росто фидокориҳои Сарвари давлатро дастгирӣ менамояд. Ва албатта мантиқан дар интихобот низ ҳар як шаҳрванди огоҳу фаҳмида ва ватандўсти асил ба ҷонибдории сиёсати Президент овоз додааст. Ин воқеият аст, зеро маҳз Ҳукумати феълии Тоҷикистон бо сарварии Президент Эмомалӣ Раҳмон барои кулли тоҷикистониён сулҳу суббот овардааст, роҳҳо мекушояд, иншоотҳои азим бунёд мекунад, дар маҷмуъ Ватанро обод менамояд.

Роҳбарону масъулини ҲНИТ бояд ба худ саволе диҳанд, ки чаро мардум ба онҳо овоз надодааст? Зеро пайдоиш ва фаъолияти ҲНИТ ба Тоҷикистон ҷангу нооромӣ оварда буд. Охир аҳолии Тоҷикистон ҳануз воқеаҳои мудҳиши ҷанги бародаркуширо фаромуш накардааст. Ба ҳама маълум аст, ки ҲНИТ солҳои 1992-1997 зери ниқоби дини мубини ислом ва бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ барои амалӣ намудани манфиатҳои ғаразнокаш Тоҷикистонро ба нооромию даҳшат оварда буд. Мардуми тоҷикро ноумеду сарсон ва ғариби кишварҳои дигар карда буд. Ҳамин мусофирату рўзи сиёҳе, ки мо муҳоҷирони тоҷик дорем, низ натиҷаи ҷоҳталабию иғвоангезии шумост ҷанобони «ҳомии ислом». Пас, чи гуна мардуми Тоҷикистон метавонад ба ҲНИТ овоз диҳад ва масъулияти қонунгузории кишварро ба ин ҳизб бовар намояд?

Албатта ҲНИТ метавонист дар муддати солҳои охир фаъолияти худро барои беҳбудии кишвар равона карда, ба боварии аҳолӣ сазовор гардад. Аммо роҳбарону масъулини ин ҳизб боз ҳам дар фикри манфиатҳои ғаразнок ва мансабталабии худ ҳастанд. Худи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, ки аз номи дини ислом ҳарф мезанад, аслан пайи дарёфти дороӣ ва нигоҳ доштани мақоми ишғол кардааш мебошад. Ҷонибдорони ҲНИТ, ки танҳо ба хотири ақидаи динӣ ин ҳизбро тарафдорӣ мекунанд, бояд донанд, ки Муҳиддин Кабирӣ дар давраҳои вазнини солҳои ҷанги дохилӣ ҳамроҳи онҳо не, балки дар шаҳри Москваи Русия тинҷакак мезист. Ҳоло бошад, аз ватандорию имондорӣ сухан мегўяд ва ҷонибдорони ҲНИТ-ро, ки аксарашон мардуми оддию бечораанд, ба хотири пиёда кардани манфиаташ ба мубориза мехонад. Роҳбарияти кишвар тамоми шароитро фароҳам кард, то интихобот шаффофу озод баргузор гардад. Нозирони кишварҳои хориҷӣ низ рафти баргузории онро мутобиқи меъёрҳои байналхалқӣ дониста, натиҷаашро эътироф карданд. Пас, чаро роҳбарияти ҲНИТ намехоҳад воқеиятро эътироф намояд?

Охир мардум мебинад, ки Муҳиддин Кабирӣ ва дигар масъулини ҲНИТ ҳоло дороии моддии зиёдеро ҷамъ овардаанд, сохтмонҳо доранд ва савори мошинҳои гаронбаҳои хориҷӣ мегарданд. Аз куҷост ин ҳама? Шояд маблағҳоест, ки аз хоҷагони хориҷӣ барои иҷрои нишондодашон ба ҲНИТ мерасад? Ҳатто ахлоқу рафтори онҳо аз доираи дини ислом берун аст. Ришваситонию зулм ва муносибат бо занҳои сабукпой аз амалҳои нопокест, ки ин ҷанобон ба худ раво мебинанд. Бо ин ҳама рафтору кирдор онҳо чи тавр метавонанд аз номи ислом баромад намоянду ҳомии дин бошанд?

Албатта Муҳиддин Кабирӣ табиатан шахси ботамкин ва таҳаммулкор аст ва набояд ба хотири норозигӣ аз натоиҷи интихобот тарафдорони ҳизбро ба амалҳои эътирозӣ, ки ҳеҷ манфиате намеоранд, даъват намояд. Дар ин давраи ҳассос Муҳиддин Кабирӣ бояд бо ақлу заковати солим ва биниши воқеӣ амал карда, фирефтаи суханони баъзе атрофиёни худ, ки мехоҳанд ўро ба амалҳои эътирозӣ водор намоянд, нагардад. Он масъулони ҲНИТ, ки ба Муҳиддин Кабирӣ чунин амалҳоро маслиҳат медиҳанд, бешубҳа аз душманонаш ҳастанд. Ин тоифа мехоҳанд ба хотири ду – се курсии парламент ё манфиатҳои дигари ғаразнокашон боз номи ҳизб ва роҳбари онро доғдор кунанд. Боз мехоҳанд номи поки дини исломро ҳамчун ниқоб истифода карда, мардумро барои расидан ба мақсадҳои худ ноорому сарсон созанд.

Дар охир ҳаминро таъкид мекунем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дигар фирефтаи дасисаю иғво намегардад. Ҳар кўшиши ғаразноке, ки бар зидди манфиатҳои миллии Тоҷикистон равона мегардад ҳатман ба нокомӣ дучор хоҳад гашт. Аз ин рў беҳтар аст, ки роҳбарону масъулини ҲНИТ дар ин давраи тақдирсоз барои рушди Ватани азиз ва беҳбудии миллати сарбаланди тоҷик монеа нашаванд!

Салими Ориёи

salimorio@mail.ru

Похожие записи:

Один комментарий to “Монеаи рушди Ватану миллат нашавед!”

  1. Jamshed Сказал(а):

    Ассалому алейкум ба тамоми хонандагони ин ройзана. Бе далелу бурхон номи чаноб Мухиддин Кабириро паст назанед. Пеш аз он ки дар бораи сифату ахлоки касе харф зани аввал ба худан як назар кун. Ин хама гуфтахои болоят чуз тухмату дуруги махз чизи дигаре нестанд. Ту мегуи- “Ҳатто ахлоқу рафтори онҳо аз доираи дини ислом берун аст”. Агар ду дуруггую мунофик намебуди бешак далеле меорварди, вале мебинем ки гуфтахоят бебурхону хом хастанд. Дуввум, ту худат аз Ислом чи хабар дори, ки дигареро махкум мекуни. Аввал ба ботини худ нигар то чи дарача одами. Ман туро шахсан намешиносам ва ба ту хеч кина надорам. Вале аз гуфтахоят маълум гашт, чуз як лофгу касе дигаре нести. Офтобро бо доман пушида намешавад. Интихобот сохта буд ва инро хама медонанд.

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.546 seconds.