По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 08.12.2018
 

Мотам дар Кабкрез. Дафни 5 узви як хонавода, ки дар Русия ҳалок шуданд. ВИДЕО

Ҷасади 5 узви як хонаводаро, ки дар садамаи нақлиётӣ дар Русия ҷон доданд, нисфирӯзии 8 декабр дар Файзобод ба хок супурданд. Ҷасадҳоро субҳи ҳамин рӯз бо ҳавопаймои ширкати «Уралские авиалинии»-ба Душанбе оварданд. Қурбониёни садама, Садбарг Мирзоеваи 68-сола, ҳамроҳи 4 наберааш Доро Сарахонзодаи 22- сола, Юнуси 5-сола, Маҳинаи 29-сола ва Умарҷони 10-сола мебошанд.

Давлатшо Расулов, писари марҳум Садбарг Мирзоева дар суҳбат бо “Радиои Озодӣ” гуфт, ҳудуди ду моҳ пеш модараш барои хабаргирии набераҳо ва бародари дигарияш Иноятшоҳ, ки дар Краснjдар зиндагӣ мекард, рафта буд ва бояд баъди се рӯз ба ватан меомад.

Номбурда иброз дошт, ки хабари марги наздиконашро хешовандон аз Русия ба ӯ гуфтаанд: “Модарам аз хона хоҳарам ба хонаи бародарам хабаргирӣ мерафтааст, ки дар роҳ ҳамин ҳодиса рух додааст. Ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ як шаҳрванди 18 солаи Русия будааст, ки ӯ низ фавтидааст. Насибу тақдир будааст, чӣ кор кунем”.

Дар ин садама Акбарҷони 11-сола, набераи дигари Садбарг Мирзоева ҷароҳат бардошта ҳоло дар Русия, дар беморхона мебошад. Давлатшо Расулов иброз дошт, ки дигар набераҳои модараш низ дар Русия будаанд.

Ба қавли наздикони хонавода падару модари Юнусу Маҳинаву Умарҷон чанд сол пеш даргузаштаанд ва онҳо дар тарбияи бибию амакҳояш мондаанд.

Садамаи нақлиётӣ рӯзи 6 декабр дар роҳи мошингарди Уст-Лабинск, рух додааст. Расонаҳои Русия навиштаанд, ки ронандаи мошини сабукрав аз уҳдаи идораи мошин набаромад ва ба самти муқобил баромада ва ба мошини ёрии таъҷилӣ бархӯрдааст.

Дар Русия солона садҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар садамаву тасодуфҳои дигар ва дар натиҷаи бемориҳо ҳалок мешаванд.

Источник Радио Озоди
Барот Юсуфӣ

Похожие записи:

    Не найдено.

Вы можете оставить сообщение



 

 
18 queries. 1.449 seconds.