По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 14.01.2018
 

Муҳоҷири тоҷик: Бо «дубинка» ба сарам заданд (ВИДЕО)

Баъзе аз зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, шикоят доранд, ки дар назди идораи муҳоҷирати шаҳри Томски Русия нирӯҳои вижаи пулис онҳоро латту кӯб карда, аз «электрошокер» ва «дубинка» ё калтаки резинӣ истифода намудаанд. Ин ҳодиса дар пайи навбатпоӣ ва таҷаммӯи зиёди муҳоҷирону дониҷшӯёни хориҷӣ рӯзи 9-уми январи имсол рух додааст.

Мақомоти пулиси Томск расман дар ин бора ҳарфе нагуфта, рӯзи 13-уми январ ба хабанигорони бахши русии Радиои Озодӣ ба шарҳи расмӣ дар вебсайташон ишора карданд. Дар онҷо дар бораи таҷаммӯи зиёди хориҷиҳо дар назди идораи муҳоҷирати Томск навишта шуда, аммо дар мавриди истифода аз «электрошокер»-у «дубинка» чизе гуфта нашудааст.

Насим, муҳоҷири тоҷик, мегӯяд, дар он рӯз барои гирифтани иҷозаи иқомат ба идораи муҳорҷирати Томск рафта буд. Ӯ гуфт, ба сараш бо «дубинка» задаанд.

Насим як сол боз дар Русия кор мекунад ва маҷбур аст, иҷозаи иқомат бигирад. Аммо ҳодисаи 9-уми январ нагузошт, ба мақсадаш бирасад. Насим мегӯяд, ӯ кӯшиш мекунад, дар Русия ба таври қонунӣ зиндагӣ ва кор кунад.

«Дар як моҳ тақрибан бист ҳазор рубл мегирам. Панҷ ҳазори он пули хонаи иҷора аст. Панҷ ҳазори дигарашро ба наздикон мефиристам. Ба севуним ҳазор рубл патент мегирам ва бо боқимондааш зиндагӣ мекунам», – гуфт ӯ.

Навбати бузург дар назди идораи муҳоҷирати Томск рӯзи 9-уми январи имсол бинобар талаботи зиёд ба квотаи шаҳрвандони хориҷӣ ба амал омад.

Бино ба амри ҳукумати Русия ба вилояти Томск танҳо барои 1000 нафар шаҳрванд барои зиндагии муваққат дар ин вилоят квота ҷудо шудааст. Ба умеди гирифтани ин иҷозат, ки дар як сол як бор дода мешавад, одамон аз 1-уми январ ба навбатпоӣ сар карданд.

Фаъолон як рӯйхати иборат аз 800 нафаро тартиб доданд, ки шомилшудагон ҳар рӯз “ҳасту нест” мешуданд. Аммо рӯзи аввали қабули аризаҳо барои ба даст овардани иҷозаи муваққат, яъне 9-уми январ дар соати 6-и субҳ якбора беш аз 2 ҳазор нафар омаданд. Дар ин миён донишҷӯён низ буданд, ки барои таҳсил ба Томск омаданд.

Онҳое ки қаблан рӯйхат шуда буданд, ба даромадгоҳ наздик шуда натавонистанд. Ҳарҷу марҷ шурӯъ шуд ва шоҳидон ин ҳамаро ба телефон сабт мекарданд.

Ба ҷойи ҳодиса нерӯҳои ОМОН ва сарбозони “Росгвардия” ҳозир шуда, даромадгоҳи идораи муҳоҷиратро бастанд. Пулис аз “электрошоккер” ва калтаки резинӣ кор гирифтааст.

“Маро панҷ дафъа бо электрошоккер ба дасту сар ва шикамам заданд. Халқ аз қафо тела мекард. Ман дар пеш будам. Дар натиҷа беш аз дигарон шатта хӯрдам”, – нақл кардааст Беҳзод ба яке аз расонаҳои Томск.

Рӯзи дигар дар ҳукумати вилоят ҷаласаи фаврӣ даъват кардаанд. Ба ҷуз аз мансабдорон намояндагони ҷамъиятҳои ақаллиятҳои миллӣ даъват шуда буданд. Онҳо аз ҳукумат ба ин суол посух гирифтанӣ буданд: “чаро муҳоҷироне, ки талош доранд тибқи қонун зиндагӣ кунанд боз ҳам дар Русия қонуншикан ва мазлум боқӣ мемонанд?”

«Соли гузашта чунин ҳодиса дар идораи муҳоҷират набуд. Ончи ки дар идораи муҳоҷирати Томск шуд, нуқси кормандони онҳост», – гуфт раҳбари маркази фарҳангии озариҳо Алиакбар Раҳимов.

Маро панҷ дафъа бо электрошоккер ба дасту сар ва шикамам заданд. Халқ аз қафо тела мекард. Ман дар пеш будам. Дар натиҷа беш аз дигарон шатта хӯрдам

Дар ҳамин ҳол, раҳбарони ҷамъиятҳои дигар яке аз омилҳои нарасидани квотаҳо барои муҳоҷиронро низ ошкор карданд. Онҳо гуфтанд, ки баъзе афрод ҳар яке аз квотаҳоро ба қимати биcт ҳазор рублӣ ва ба таври яклухт харида, баъдан дар минтақаи дигар мефурӯшанд.

Дар вилояти Томск ҳазорҳо муҳоҷири корӣ зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо зодагони Осиёи Марказӣ ҳастанд. Баъзе аз муҳоҷирон дар сохтмон кор мекунанду бархеи дигар тиҷорати хурд доранд.

Ин шаҳри донишҷӯён ҳам ҳаст. Дар онҷо танҳо аз Узбакистон ду ҳазор нафар таҳсил доранд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, раҳбарони ҷамъияти муҳоҷирон дар Томск мегӯянд, бояд шумораи квоат барои шаҳрвандони хориҷӣ дар онҷо бештар ҷудо шавад, то барои ҳама кифоят кунад. Вагарна чунин вазъият идома хоҳад ёфт.

Источник Радио Озоди

Похожие записи:

    Не найдено.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.581 seconds.