По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 14.03.2019
 

Мурочиатомаи Каромат Шарипов ба Президенти ЧТ, Раиси Точикони дунё Эмомали Рахмон нисбати судяхо ва мурофиаи судхои Точикистон

Документ 4Ба Президенти Чумхурии Точикистон

Раиси Точикони дунё

Эмомали Рахмон

аз номи Раиси Чунбиши Мухочирони

Умумируссиягии Точикон

Сафири Сулх

Каромат Шарипов

Документ 3

Мурочиатома

нисбати судяхо ва мурофиаи судхои Точикистон

Мухтарам Чаноби Президент Эмомали Рахмон. Ман Шарипов Каромат Бакоевич шахрванди давлати шурави ва аз соли 1993 шахрванди давлати Руссия ва хеч вакт шахрвандии чумхурии Точикистонро надоштам .Зиёда аз як сол мешавад ки бо дахолати шахсони зидди миллату давлат сокини Точикистон мебошам ва мехохем бори дигар ба шумо мурочиат намоям ин бор нисбати судяхо ва шахсони ваколатдори сохторхои давлати ва фаъолияти кории онхо.

Пеш аз ин хам ба Шумо ва тамоми сохторхои муттасадии давлати Точикистон нисбати баркарор намудани адолат навишта будам. Ва чавобхое, ки дастраси ман шуданд маро водор намуданд ки барои химояи хукуки худ дар асоси конунхои Точикистон ба суд мурочиат намоям.

Дар тамоми дунё барои хукуки худро химоя кардан танхо ба суд мурочиат менамоянд мо низ ин икдомро пеш гирифтем. Модоме, ки Точикистон давлати сохибистиклол асту аъзои баробархукуки Созмони Миллали Мутахид мебошад ва хамаи санадхои оиди химояи хукуки башарро эътироф мекунад бояд адолати судиро баркарор созаду хакро ба хакдор расонад. Росташ бовари доштам дар сохаи суд шахсони маъулиятнок ва донандагони хуби конун фаъолият мекунанд аммо афсус бо нафароне дучор шудем, ки на балки масъулият надоранд хатто конунхои зикршудаи давлати Точикистонро ба пурраги намедонанд.

Аризаи аввали худро ба суди нохияи Файзобод мохи марти 2017 пешниход намудем судяи суди ин нохия Мирзозода Ф.М. аз дида баромадани аризаи мо худдори карданд сабаб пеш оварданд ки шикояти моро бояд суди нохияи Шохмансури шахри Душанбе барраси намояд. Лозим донистем ба суди нохияи Шохмансур аризаи шикояти нависем пас аз се руз судя Назарзода Д.К. аризаи даъвогии моро низ рад карданду кайд намуданд ки оиди хукуки шахрванди бояд суди нохияи Исмоли Сомони даъвои моро дида барояд. Харчанде рад намудани аризаи мо аз тарафи судяхои нохияи Файзобод ва Шохмансур тибки конуни Точикистон хилофи конун буд мо ночор ба суди нохияи Исмоили Сомони мурочиат намудем ва суд аризаи моро кабул карду рузи мурофиаро муайян намуд ва мурофиа зиеда аз ду мох давом ёфт.

Дар рузи муайян шуда ба суд хозир шудем ва мурофиаро судя Нурализода С.М. огоз намуд суд тарафхоро барои бахс даъват кард онхо намояндахои Вазорати Корхои Дохила Давлатзода С., Зиёев А., Шарипов Г. ва намояндаи Вазорати Корхои Хоричаи Точикистон Шарифзода И буданд. Судя баробари огоз намудани мурофиа ба иштибохот рох медод хангоме мо тамоми хучатхоро дар асоси конун пешниход мекардем ба инобат намегирифт. Намояндхои тарафи мукобил танхо як асосро пеш меоварданд ки ман дар замони шурави дар кайди идораи сурогавии чумхурии Точикистон хастам хар чанде хам аз соли 1980 пас аз баромадани ман аз каламрави РСС Точикистон ва дохил шудан ба мактаби Харбии дар шахри Симферопол РСС Украина дигар бар нагаштаам. Ва соли 1999 дар Федерацияи Руссия пас аз адои хизмати харби ба нафака баромадам ва то имруз шахрванди Федератсия Руссия дар кайд мебошам. Дар чумхурии Точикистон хеч вакт дар кайд набудам чунки макони зист ва моликият надоштам. Хатто судя Нурализода С.М. дар рафти мурофиа ба чумлахои Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон хам ахмият намедихад ки Точикистон давлати сохибистиклол гашта аст росташ у чураът намекард аз намояндахои вазорати корхои дохилаи Точикистон хуччати тасдик кунандаро талаб намояд ки сабаби берун кардани ман аз давлати Руссия гардида буд. Ба болои хамаи ин мухтарам Чаноби Президент намояндаи шиносномавию ба кайдгири Сафарзода Н. тайёр аст ки ба ман шахрвнди давлати дигарро дар се руз шиноснома дихад оё ин конуншикании руи рост нест. Хатто намояндахои дигари вазорати корхои дохили намедонанд кониститутсия дар кадом солхо тагирот дароварда шуда аст. Дар бахсхои суди калбаки ва сохта будани хуччатхо низ муайян шуд, аммо хамаи инро судя дар протаколи суди кайд накард магар ин адолат аст. Хануз суд анчом наёфта маълумамон шуд ки халнома ба тарафи, ки хал мешавад ва ба мо мухлат доданд то ба судхои болои аризаи даъвоги пешниход намоем ва чунин хам кардем.

Суди шахрии шахри Душанбе шикояти моро аз болои суди нохияи Исмоили Сомони барои барраси кабул намуд ва фаркияти ин мурофиа аз мурофиаи пештара дар он буд ки дар ин мурофиа се нафар судя иштирок мекунанд. Судяхо Курбониён А.Н., Рахмонзода М.Ш., Азиматзода Х. мурофиаро огоз намуданд ва даъвогаронро низ даъват карданд ва бахсхои хар ду тарафро дида баромаданд агар дар мурофиаи суди нохияи Исмоили Сомони мо шохиди камбудихои дар боло зикргардида шуда будем ин бор боз бисёр амалхои дигарро низ мушохида кардем.Чанобони судя хар боре хукмеро мебароварданд одамонро аз толор берун мекарданд аммо бояд чунин набошад, чунки дар толор хонаи машварати буданаш лозим аст то инки онхо барои машварат дохили он шаванд. Вакте се нафар судя хукми худро бароварданд дар назди онхо на компютер ва на ноотбук вучуд надошт локин дар андак муддате халномаи пешаки ки бо навиштачоти компютери омода шударо хонданд. Пас маълум мешавад ки судяхои давлати Точикистон аз конун наметарсанд ва ба такдири инсонхо аз паси панча менигаранд. Мо аз тарафи худ ба халномаи суди шахри рози набудем барои хамин ба суди назорати мурочиат намудем бояд суди назорати хукми худро нисбати аризаи мо муайян намояд онхо низ чавоби худро гардониданд танхо санаи таъинот дигар шудааст бокимонда бе тагир ,ин нишонаи он мебошад хатто намояндахои суд масъулиятро эхсос намекунанд.

Баъдан судяи суди шахри Душанбе мухтарам Шухратзода У. ба хуччатхои мо шинос шуд ин хам бошад як мох дароз намуд ва пас бе тагир ба ман расонид шояд у намехост худихоро ранчонад чунки барои онхо худихо аз конун хам болотаранд.

Зиёда аз дах мох мо ба судхои нохиявию шахри мурочиат кардем аммо натичае надод мо хукук доштем ба суди оли аризаи даъвогии пешниход намоем ва чунин хам кардем ва интизори чавоби суди оли шудем. Вакте чавобро гардониданд мо умед доштем хак ба хакдор мерасаду адолат баркарор мешавад. Аммо афсус чунин нашуд локин нанговараш чизи дигар буд судя Саидзода М.М. хатто арзизаро ба таври лозими наомухта ё шояд нахонда бошад он хама иштибоххои дар суди пешинаро бе тагир монда аст. Ман гашта баргашта таъинотро мехондам аз таъинотхои пешина ба чуз санаи руз ва номгуи сохтори суди дигар тагирот дида намешуд онхо хилофи тамоми конунхои башари амал мекунанд пас чаро ба вазифаи худ ки хело масъулиятнок аст хунукназарона назар мекунанд бароям нофахмо мебошад.

Ва судя Саидзода М.М. таъинотхои судхои пешинаро дуруст шуморид ва маро чун зодаи Точикистони шурави шахрванд хисобид. Хар чанде, ки ман ба сини 56 расидааам Чумхури Точикистон 27 сол боз сохиб истиклол аст. У медонад шахсе ки дар кабули кониститутсия иштирок накардааст ва хатто дар панч соли охир на ба сохторхои дохилию берунии давлати Точикистон мурочиат накардааст оиди шиносномаи шахрванди чи гуна шахрванд мешудааст. Дигараш он ки Саидзода М.М. Федератсияи Руссияро барои ба эътибор нагирифтани шартномаи байни давлати Точикистону Руссия оиди шахрванди гунахгор мехисобад .

Имрузхо дар дасти ман хамаи он хуччатхои тасдиккунандае мавчуд аст ки махз дар давраи РСС Точикистон аз кайд бароварда шудаанд хатто маълумотномахое ки аз тарафи намояндахои хадамоти шиносномадихию бакайдгири ва идораи сурогавии ба кайдгири чи гуна дасти ислох кардаанд вучуд дорад. Пинхон хам нест номи шахсони ба ин конуншикани даст зада бо ному насабашон.

Мухтарам Чаноби Президент ман дар ин муддате ки барои баркарор намудани хукуки худ ба тамоми сохторхои давлати Точикистон мурочиат намудам мутассифона хакикатро дарёфт накардам. Вакте органи суди ки вазифаи асосиаш танхо риояи конун аст масъулиятро хис намекунаду ва шахсони тасодуфи ба мансаб рох ёфтаанд ин обруи давлатро мерезонад. Бале дар ин сохтор шахсиятхои арзанда хам кор мекунанд ки лоики тахсинанд аммо бояд шахсони бемасъулиятро харчи зудтар аз органхои суди тоза созем ин ба манфиати кор хохад буд.

Ман берун аз Точикстон хам дар бисёр бахсхои суди оиди химояи мардуми мухочир дар мурофиахо ширкат варзидаам ва хар амалеро, ки пеша мекунам мехохам дар чохорчубаи конун бошад касе, ки манфиати шахсии худро болотар аз конун медонад ин гувохи он аст барои чунин шахс миллату давлат вучуд надорад. Ман дар ин чо танхо адолатро барои худам талаб намекунам мехохам хатто одами оддитарин хам бовари дошта бошад ки конун хамеша дар химояи онхост. Аз хамаи он судяхои ки номбар кардаму ва дигароне ки бо онхо сару кор нагирифтаам бояд андеша кунанд ки хеч гох манфиати худро аз конун боло нагузоранд чунки конуншикани ин хиёнат ба халку давлат аст. Хар хукме ки бароварда мешавад бояд аз руи адолат бошад чунки ояндагон барои хакикатро пинхон кардан моро сарзаниш хоханд кард.

Чаноби Президент, рохбари точикони дунё чихеле, ки дар боло кайд намуда будам ба хамаи сохторхои давлати мурочиат кардаам бори дигар мехохам бо номхояшон кайд намоям. Ба номи Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмонр , рохбари точикони дунё,ба раиси дастгохи президент Озодаи Рахмон, ба раиси мачлиси милли Махмадсаид Убайдуллоев, ба раиси мачлиси намояндагон Шукурчон Зухуров, ба вазири корхои хоричи Сирочиддин Аслов, ба вазири корхои дохила Рамазон Рахимзод, ба номи раиси кумитаи амнияти милли Саймумин Ятимов, ба номи ваколатдори дастгохи назди президент Ализода Зарифи инчунин ба номи раиси шахри Душанбе Рустами Эмомали.

Дар охир мехохам кайд намоям ки барои баррасии масъала оиди мухочирони мехнати ба кабулгохи раиси дастгохи президент Озодаи Рахмон рафтам ва маро шахсе бо номи Файзулло кабул намуд. Ман максади омаданамро ба он кас гуфтам ва у дар чавоб баён кард, ки то ба хол на дидасту на шунида аст, ки рохбарият касеро кабул карда бошад. Ва махз дар дастгохи президент дар сохаи хукук чаноби Музафари Ашуриён (Ашуров М.) фаъолият дорад у ки будан ва чи корхое ки ман барои миллат кардаам бештар аз дигарон медонад аммо чаноби Ашуриён чун судяхои дар боло зикр шуда барои аз даст нарафтани вазифаи худ хомуширо авло медонад.

Ман барои миллату мардуми худ чизеро дарег намедорам пас аз 13 соле, ки дар Точикистон набудам ба он хотир таклифи намояндахои Точикистонро соли 2011 кабул кардам, ки азобу дарди мардуми берун аз ватан бударо ба гуши хукуматдорон расонам харчанде ки бисёрихо маро барои омадан монеъа буданд шояд онхо хак буданд. Замоне ба хоки Точикистон пой мондам аввалин коре, ки ман кардам ба сохтмони НБО Рогун рафтам ва бо чашми худ дидам ин иншооти асрро на танхо обуруи Точикистон аст балки ифтихори тамоми точикони дунёст. Пас аз ошнои бо НБО Рогун сомона ва нашрияи «Овози Точикистонихо»пайваста маколахои худро ба нашр мебаровард ва шукрона мекунем,ки миллат точики мо шохиди кушодашавии аввалин агрегат гардид.

Барои дарди мардумро дарк кардан бояд худро дар симои онхо эхсос намои ва хеч гох аз мардуми ранчдидаи аз дасти худию бегонахо нахароси ва махз хамин мардум сазовори дастгирист. Хангоми мурочиатномаро мехостам ба итмом расонам аз номи Вазорати Корхои Хоричии Руссия чавоби мактуби мо расид тахти №31167 аз 13.12. 2018 сабаби карори суди давлати Руссия оиди баровардани ман махз хамон маълумотномаи фиристодаи намояндахои Вазорати Корхои Дохила Точикистон мебошад. Тарафхои манфиатдор ки душмани миллатанд аз хеч амали зишт даст намекашанд шояд эътибори ман дар байни мардум бошад ки пайваста бо ман дар робита буданд. Барои хакикат мубориза бурдан ин шиор шудаст бароям бовари дорам замоне хакикат ошкор мешаваду адолат баркарор мегардад боки хама дар дасти Худост.

Ва имруз пешниходи худро нисбати карори суди олии Точикистон ба райести суди олии Точикистон супоридам. Ман ва ичунин миллионхо хамзаминони ману шумо интизори ин халнома мебошанд.

Бо эхтиром,

Раиси Чунбиши Мухочирони

Умумируссиягии Точикон

Сафири Сулх Шарипов Каромат Бакоевич.

Похожие записи:

    Не найдено.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 1.002 seconds.