По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 05.03.2019
 

“Намедонем куҷо равем – на ҳуҷҷат дорем, на маблағ”

Як гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷик мақомоти шуғли меҳнатро дар Тоҷикистон ба “ваъдахилофӣ” муттаҳам карда мегӯянд, бо кӯмаки мақомот ба Русия барои кор рафта, вале дар шароити сахту сангин қарор гирифтанд.

Ин гурӯҳи муҳоҷирон аз шароити сангини кор, маҳрум шудан аз шиносномаҳо ва даромади камтар назар ба он чи ки ваъда доданд, шикоят мекунанд. Ҳарчанд мақомот иддаои ин муҳоҷиронро бепоя мехонанд, аммо муҳоҷирон мегӯянд, ҳоло бидуни маблағ ва ҳуҷҷат дар Русия мондаанд ва намедонанд ба куҷо бираванд.

“Шиноснома нест, гурехта наметавонӣ”

Гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик, ки барои кор дар як фермаи хукпарварии шаҳри Великие Лукии вилояти Псков истихдом шудаанд, мегӯянд, вақте моҳи ноябри порсол корро шурӯъ карданд, дар навбати аввал аз дасташон шиносномаҳо гирифта шуд. Ба онҳо ваъда шуд, ки моҳона барояшон 28 ҳазор рубл ва ҷои хобу хӯрок таъмин мешавад, вале дар ниҳоят маошашон камтар аз ин маблағ шуд. Аз миёни ҳадди аққал даҳ нафари норозӣ аз шароити кор як нафарашон Умедҷон Валиев, сокини 24-солаи шаҳри Кӯлоб аст.

Умедҷон Валиев, сокини 24-солаи шаҳри Кӯлоб.

Умедҷон Валиев, сокини 24-солаи шаҳри Кӯлоб.

Умедҷон шароити зиндагиву корро ба зиндон шабоҳат дод ва гуфт, ки панҷ моҳ дар чунин шароит кор кард ва дар охир бемор ва бепул корро тарк кард. “Вақте ба онҷо расидем, шиносномаамонро гирифтанд. Дигар шиносномаро ҳамроҳат намебинӣ, гурехта ҳам наметавонӣ. Дар як вагони пусида хоб будем. Чанд бор гуфтам, ки маро якбор шаҳр баред. Як ҳамроҳамон бемор шуд гуфтем, ки барояш дору биоред, касе нигоҳ намекунад”,-афзуд ӯ.

Умедҷон Валиев гуфт, пеш аз ин шаш маротиба ба Русия ба муҳоҷират рафтааст, аммо бори авал ба чунин ҳолати сахт афтид. Ҳамсӯҳбати мо гуфт, вақте ҳатто аз идомаи кор дар фермаи хукпарварӣ худдорӣ кард, корфармо ба талаби ӯ мухолифат намуд. Валиев афзуд, ҳоло дар Русия сарсон аст, чун муҳлати ҳуҷҷатҳояшро саривақт дароз накарданд.

“Пул надорам, як хлеб харем”

Ҳасан Саидов, сокини 36-солаи шаҳри Кӯлоб яке дигар аз ин муҳоҷирони корӣ аст. Ӯ дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 4-уми март гуфт, ки моҳи ноябри соли 2018 барои кор ба Русия рафт ва корро дар ин кишвар идораи шуғли меҳнати шаҳри Кӯлоб пайдо ва пешниҳод карда буд.

Саидов гуфт, дар Тоҷикистон ба онҳо ваъда доданд, ки моҳона барояшон 28 ҳазор рубл пардохт шуда, инчунин бо ҷойи хоб ва хӯрок таъмин мешаванд. Бо ҳамин ваъда, ба гуфтаи Саидов, гурӯҳе аз корҷӯёни тоҷик барои кор дар як фермаи хукпарварии шаҳри Великие Луки, воқеъ дар вилояти Псков ҷалб шуда, вале худро дар шароити хеле бад дарёфтанд.

Ҳасан Саидов.

Ҳасан Саидов.

Ҳасан Саидов гуфт, аз рӯи маслиҳат дар Тоҷикистон онҳо бояд аз субҳ то шом 12 соат кор мекарданд. Аммо соатҳои 2-3-и шаб барои бурдани хукҳо нақлиёт меомад ва онҳоро маҷбур мекарданд аз хоб хеста кор кунанд. “Хӯрокамон ролтону хӯрокҳои хушк буд. Гирдамон ранги маҳбас панҷара буд, муҳофизон дар гирдаш. Шароитамон аз ғуломӣ бадтар буд”,- афзуд Ҳасан Саидов.

Ҳасан Саидов гуфт, барои се моҳ кораш 42 ҳазор рубл доданд, ки дар Русия маблағи хеле ночиз аст. Боқӣ маблағро, ба гуфтаи Ҳасан Саидов, барои роҳпулӣ ва патент боздоштанд. Ба гуфтаи ин сокини Кӯлоб, дар охир ҳатто натавонист ҳаққи кори 15-рӯзаашонро бигирад ва ба ватан баргардад. “Ҳоло як сӯм надорам, ки ақалан як хлеб харам. Як муҳоҷир маро ба хонааш роҳ дод ва аз ҳисоби ҳамон хурда истодаем”,-гуфт Саидов.

Зимнан, ин гурӯҳи муҳоҷирон тасдиқ мекунанд, ки бе имзои шартнома бо корфармо ба кор шурӯъ карданд ва умедашон ин буд, ки ваъдаҳои дар Тоҷикистон додаи мақомот иҷро мешавад.

“Онҳо худашон коргурезанд”

Муҳоҷирони тоҷик дар ҳоле Идораи шуғли меҳнати шаҳри Кӯлобро барои гирифтор кардани онҳо ба шароити тоқатфарсои кор муттаҳам мекунанд, ки масъулини ин ниҳод ин иддаоҳоро рад мекунанд. Дар Идораи шуғли меҳнати шаҳри Кӯлоб рӯзи 4-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз қазияи муҳоҷирон хабар доранд, вале онҳоро на ин идора, балки марказҳои машваратии Хадамоти муҳоҷират ба Русия фиристодааст.

Ин муҳоҷирони тоҷик дар як фермаи хукпарварӣ кор мекунанд.

Ин муҳоҷирони тоҷик дар як фермаи хукпарварӣ кор мекунанд.

Суҳробшоҳ Тошев, роҳбари марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ низ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ иддаои муҳоҷирон дар бораи ба шароити сахт гирифтор кардани онҳоро рад кард.

Ба гуфтаи ҷаноби Тошев, дар ҳамон фермаи хукпарварӣ қариб 300 нафар аз Тоҷикистон кор мекунанд ва ба ҷуз аз чанд сокини Кӯлоб, дигар касе аз шароити кор шикоят накардааст. Ин масъули марказҳои машваратӣ гуфт, онҳо барои муҳоҷирон танҳо ҷойи кор пайдо карданд ва шарту шароити кориро худи муҳоҷирон бо корфармо маслиҳат кардаанд.

“Оиди онки аз ҳама чиз огоҳ буданд, имзояшон ҳаст. Аз ҷумла, инки чӣ қадар пул мегиранд, чӣ қадараш барои роҳкиро сарф мешавад, “ҳамчун хукпарвар кор мекунем” гуфта, имзо гузоштаанд”,-гуфт Тошев. Суҳробшоҳ Тошев муҳоҷиронеро, ки аз шароити корашон шикоят карданд, онҳое номид, ки “проблема сохта, аз кор мегурезанд”.

Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба гуфтаи Суҳробшоҳ Тошев панҷ соли пеш ташкил шуда, ба муҳоҷирон дар бораи қонунҳои Русия ва шароити буду бош маълумот медиҳад. Ин ниҳод ба гуфтаи роҳбараш тобеи Хадамоти муҳоҷират аст.

“Қазия ҳатман таҳқиқ хоҳад шуд”

Зимнан ин бори аввал нест, ки муҳоҷирони тоҷик аз шароити тоқатфарсои кор шикоят мекунанд.

Иброҳим Аҳмадов.

Иброҳим Аҳмадов.

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав рӯзи 4-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи шикояти коргарони корхонае дар Псков тоза мешунавад, вале ин қазияро ҳатман таҳқиқ хоҳанд кард. Иброҳим Аҳмадов гуфт, агар дар ҳақиқат ҳуқуқҳояшон поймол шуда бошад, корфармо масъулият дорад ва дар назди қонун ҷавоб мегӯяд.

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, дар гузашта ҳолатҳое буданд, ки миёни муҳоҷирони тоҷик ва корфармои рус баҳсҳо бар сари шароити корӣ сар зада буд.

“Қаблан як ҳолат буд. Муҳоҷирони мо дигар нахостанд кор кунанд, чун корашон каме вазнинтар будааст. Муҳоҷирон гуфтанд, ки мо меравем, аммо корфармо гуфт, ки мо барои роҳкиро ва ҳуҷҷатгузории шумо маблағ харҷ кардем. Мо гуфтем, ки ақалан хароҷотро баргардондан даркор”,- афзуд Аҳмадов.

Ба қавли Аҳмадов, то замони таҳқиқ шудани ҷузъиёти ин моҷаро сӯҳбат кардан барвақт аст, вале мушкили аслӣ ва умдаи аксар муҳоҷирони корӣ ин аст, ки корро бидуни шартнома шурӯъ мекунанд. Аҳмадов гуфт, ки ба қазияи коргарон расидагӣ хоҳад шуд.

Муҳоҷирони беҳуқуқ

Фаъолони ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия мегӯянд, бисёри муҳоҷирони ташнаи кор ба хотири пайдо кардани даромад, шароити кори бидуни расмиёти қонуниро мепазиранд ва дар ҳолати ноозод ваё вобаста аз кордиҳанда мемонанд.

Ин ки Русия дар солҳои охир муқаррароти будубош ва кори муҳоҷиронро сахттар зери назорат гирифта, аз ҷумла, доштани патенти кории ҳармоҳаро тақозо мекунад, гаронии таҳияи ин санад ва расмиёти дигар муҳоҷирони ташнаи кору даромадро дубора водор мекунад, ки ба ҳолати беҳуқуқӣ баргарданд.

Аз Тоҷикистон ба хориҷ солона беш аз як миллион нафар ба муҳоҷират мераванд ва маблағи фиристодаи онҳо чархаи аслии иқтисоди кишвар гуфта мешавад. Аксари муҳоҷирон танҳо таъминкунандаи рӯзгори оилаҳояшон дар Тоҷикистон мебошанд ва ба ҳамин хотир, омода мешаванд дар сангинтарин шароит кор кунанд.

Муллорачаб Юсуфи -Радио Озоди

Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.648 seconds.