По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 09.12.2011
 

Назаре ба таърихи «Ошуро» Воизон боз кори дигар мекунанд

Ба ҷойи сарсухан

Мехоҳам аз «Маснавии маънавӣ» оғоз кунам. Дар дафтари аввал бобест дар бораи подшоҳи ҷуҳуд (саҳ. 24), ки аз таассуб насрониёнро мекушт ва бо ин ҳама наметавонист бар имони онҳо пирӯз гардад. Ӯро вазире буд маккор ва шоҳро гуфт, ки бо куштан наметавон онҳоро аз динашон баргардонид ва роҳи ҳалро ман медонам. Ӯ макри худро бар шоҳ ошкор кард ва хоҳиш кард, ки гӯшу дасташро бибурранд, биниашро бишкофанду дар назди аҳли насоро бипартояндаш, то дар миёни онҳо шарру шӯр барангезад. Чун бо чунин аҳвол дар байни насрониҳо зуҳур кард, ба онҳо гуфт, ки пайрави дини насронӣ буд ва чун шоҳи ҷуҳуд бохабар шуд бадин аҳволаш афканд. Ӯ ки шахси босаводу доно, воизи сухансаро буд, дар андак муддате пешвои насрониён гашт ва ҳар фатвое медод онҳо ба ҳақиқат қабулаш мекарданд ва риояташро бар ҷой меоварданд. Ғофил аз он, ки ин пешво дар зоҳир дӯсту дар ботин душмани онҳост. Аз ҳар як амалаш ба подшоҳи худ гузориши пинҳонӣ менавишт. Кор то ҷойе расид, ки аҳли насоро ва беш аз даҳ амири онҳо бандаи ин вазири маккор шуданд. Эътимод бар гуфтааш доштанду иқтидо бар рафтораш мекарданд. Бо гузашти чанд вақте, ӯ ҳар амиреро алоҳида ба назди худ ваъда дод, ки баъди маргаш ӯро валиаҳди худ таъин мекунад ва тӯморе навишта бар дасташ медод, ки амир фақат тибқи навиштаҳои ин тӯмор қавмро ба тоату ибодат ҳидоят кунад. Лозим ба зикр аст, ки дар ҳар тӯмор, ӯ аҳкоми Инҷилро хилофи якдигар шарҳ дода буд ва мақсад ҳам барангехтани нифоқу ихтилофот миёни пайравони ин дин буд. Муддате баъд худро бикушт. Пас аз дафни ӯ халқ гирд омад то бифаҳмад валиаҳд кист. Ҳар як амир бо тӯмори худ пеш меомад, ки валиаҳд ман таъин шудаам. Чун даъвогар зиёд буд, кор то теғкашию куштори якдигар рафт. Сад ҳазорон кушта шуданду ихтилоф дар миёни ахли як дин пойдор гашт то садсолаҳо.

Ғараз аз ҳикояи болоӣ чист?

Мавлавӣ бо овардани ин ҳикоя мусулмононро ҳушдор медиҳад, ки чунин вазиркешони бадандеш дар дини ислом низ кам нестанд ва ҳама ихтилофоте, ки миёни аҳли муслим мавҷуданд аз касофати макри онҳост. Ҷомеаи динии Тоҷикистон низ дар ин замина истисно нест. Мо низ гурӯҳҳое дорем, ки пайваста пайи афкандани нифоқу ихтилоф дар миёни мусулмонони тоҷик ва воридсозии халалу зиён ба мазҳаби суннатии ҳанафии мо талош доранд. Яке ба ақидаи «салафӣ», дигаре бо шиорҳои «Ҳизб-ут-таҳрир», сеюмӣ бо даъватҳои «Ҷамоат-ут-таблиғ» ва чорумӣ бо андешаҳои сӯфиияю аҳмадияю ғайраҳо мехосту мехоҳад, ки қишрҳои гуногуни мардум, бахусус насли ҷавонро, дар зери таъсири андешаю эътиқодоти дур аз мазҳаби ҳанафӣ қарор диҳанд. Ва қариб, ки муяссарашон ҳам гашта буд, то он даме, ки идороти масъули Ҳукумати Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷӯҳ накарданд.

Қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» роҳашонро баст. Вале рӯшодшавии баъзе падидаҳо дар ин авохир баёнгари онанд, ки ин тоифа аз зин пойин шудаанду аз узангу не. Онҳо домани фитнаи «вазирмаобона»-ро сар надодаанд ва бо истифода аз нуфузе, ки дар миёни муридони аз ихтилофоти байнимазҳабӣ бехабарашон доранд, ақоиди хоҷагони мазҳабиашонро амалӣ кардан доранд.

Дар бораи гаройидани қисмате аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба мазоҳиби дигар дар чанд соли охир далелҳо зиёданд. Дар ин миёна ҳатто баъзе рӯҳониёни шинохта низ номбар мешаванд, гарчи худи эшон ин гуфтаҳоро инкор мекунанд. Аммо ҳарчанд мақсад нуҳуфта бошад оқибат кирдору амал онро фош месозанд, ки мисолашро 2-юми декабри соли ҷорӣ бо чашми сар дидем. Хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо дар масҷиди оилавии худ маросими мазҳабии хоси аҳли ташайюъ «Ошуро»-ро гузарониданд.

Назаре ба таърихи «Ошуро»

«Ошуро» калимаи арабӣ буда, решаи аслии он «ъашр» яъне «даҳум» мебошад. Тибқи маъхазҳои таърихӣ яҳудиҳо рӯзи даҳуми моҳи муҳаррамро ҳамчун рӯзи пирӯзии ҳазрати Мусо бар Фиръавн бо гирифтани рӯза қайд мекардаанд ва чун ҳазрати Муҳаммад вориди Мадина мегардад аз ин кор бохабар мешавад ва ӯ низ он рӯзро рӯза мегирад. Ва ин рӯз ҳамчун рӯзи хурсандию нишот аз ҷониби мусулмонон ҷашн мегардид. Аммо чун дар соли дуюми солшумории ҳиҷрӣ дар бораи доштани моҳи шарифи рамазон ояти худованди нозил шуд, савобияти рӯзаи даҳуми муҳаррам, яъне «ошуро» низ баробари дигар рӯзҳои сол ҳисобида шуд.

Рӯзи даҳуми моҳи муҳаррами соли 680-и ҳиҷрӣ набераи Расули Акрам ва писари ҳазрати Алӣ – Имом Хусейн дар дашти Карбалои Ироқ аснои муҳорибае бо ҷанговарони халифаи давр Муовия кушта мешавад ва ин куштор яке аз омилҳои баъдии нифоқу ситеза миёни шохаҳои шиа ва суннии ислом мегардад. Аз ҳамон сол ба баъд пайравони шиа рӯзи даҳуми муҳаррам маросими «Ошуро», яъне азою мотамро баргузор намуда, ин рӯзро бо марсияхонӣ, навҳасароӣ, задани корду занҷир бар тани хеш ва фиристодани лаънату нафрин бар халифаҳои аҳли суннат мегузаронанд ва онҳоро бо пайравону муридонашон кофир мехонанд. Аҷибаш ин аст, ки охундҳо (муллоҳои шиамазҳаб) авомро ба занҷирзанию ханҷаркашӣ ба қасди ҷони худ талқин карда, савобияти ин амалро дар дунёи дигар ваъда медиҳанд, вале касе надидааст, ки ин охундҳо худро бо занҷиру корд хуншор созанд.

. Дуруст аст, ки дар «Ошуро»-и онҳо занҷиршаппию кордзанӣ набуд, вале қадамҳои аввалӣ ба ин самт – нолаю шевану лаънату нафринхонӣ бар қотилони ҳазрати Ҳусейн ҷой доштанд. Пас ин ҷо нимкосае зери коса пинҳон нест? Гаройиш ба мазҳаби бегона ҳис намешавад?

Боз як маросими ихтилофангез

Як гурӯҳи ҷавонини тоҷик, ки дар марказу таълимгоҳҳои динии Қуму Теҳрон ва Гургони Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳсил кардаанд, ҳар сол рӯзи маросими мазҳабии Ғадири Хумро таҷлил мекунанд. Ин маросим низ як аз баҳсҳои шаддиду ихтилофангез миёни аҳли суннат ва шиамазҳабон аст. Аҳли шиа ривояте сохтаанд, ки Паёмбар дар мавзеи Ғадири Хум ҳазрати Алиро ба унвони ҷойнишини худ пас аз вафоташ таъйин кардааст, вале халифаҳои рошиддин (Абубакру Усмону Умар) ҳокимиятро аз дасти ӯ ғасб карданд. Маҳз аз ҳамин хотир, пайравони шиа хулафои зикршударо кофиру аз ислом баргаштаю ғайра мехонанд ва танҳо бо ҳақорату нафрин аз эшон ёд мекунанд.

Охири сухан

Албатта, нуқтаҳои ихтилофи шиаву суннӣ доманадоранд ва мавзӯи аслии ин матлаб низ нестанд. Мо танҳо кӯшише кардем, ки бо як мисоле собит созем, ки воизони дар минбарҳо ҷилвакунанда, дар қалб андешаи дигар доранд.

Шафоат Назарзода,

исломшинос

Похожие записи:

    Не найдено.

Один комментарий to “Назаре ба таърихи «Ошуро» Воизон боз кори дигар мекунанд”

  1. гуру Сказал(а):

    Огои Назарзода,шумо аз зумраи исломшиносое менамоед,ки як вакте е худатон е падаратон атеист будед.Мисли Шерзод Абдуллоев.Бовар кунед шумо нафратовар хастет.тфу.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.618 seconds.