Наделение Общероссийского общественного движения новыми качествами, функциями и полномочиями-задача очередного съезда
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 03.06.2010
 

Неъмати мурдакашак…

Неъмат Бобочонов! Вакте ки номи ин чавонмарди хайрхохро ба забон мегирам, мухочирони одди хамон замон мегуянд:

-Неъмати “мурдакашак”-ро мегуйи?

Хангоме ки ба шахри Санкт-Петербурги ФР омадам, дар бораи кори савоби у аз хамватанон шунидам. Вале худи уро надида будам. Аммо барои мусохиба гирифтан кофта кофта ба майитгох(морг) рафтам. Неъмат Бобочонов ин лахза дар майитгох часади як чавони 21 солаи точикро бо таомули мусулмони шуставу кафан карда барои интиколи часад тайёри медид. Неъмат Бобочонов то ин вакт зиёда аз 412 часади гурамаргони точикро ба ватан фиристодааст.

-чаро махз мурдакашак?

-(механдад) Мурдакашак хам шудем. Мурдабариву мурдакаши чоийи ханда нест. банда миранда аст. Хар навбате ки часади точикгурамаргеро аз байни дусад часадхо кашида мебарорам, калбамро гаму андух фаро мегирад. Аз Худо доим илтичо мекунам ки ин охирин мурдаи точик бошад. ин чавонмардеро ки ин лахза шуста кафан кардем, 22 сола буда зодаи шахри Кулоб мебошад. У бо сабаби зиёд нушидани машруботи спирти ба меъдааш зарар оварда дар натича калбаш ба ин токат накардааст. Нисфишаби мухочирон занг зада хохиш карданд ки зудтар расида биёям. Ба кавли мардуми мардикор вазифаам мурдакаши шудааст дар ин шахри мардум. Хайфи ин кадар чонхои гурамарг ки чодару чаманро надида аз дунё мераванд. Бахусус сухтори 6июни соли 2007 дар нохияи Калинини шахри Санкт-Петербург ба вукуъ омада хеч аз хотирам зудуда намешавад. Дар ин сухтори шадид се нафар гулписарони точик (рухашон шод бод) курбон гардиданд. Харчанд мо бо хамрохии дигар хамватанон кушиши зиёд карда бошем хам аккалан часадашонро аз ин алангаи оташ начот дода натавонистем. Устухонхояшонро аз ташхиси экспертизаи тибби гузаронида баъд ба ватан фиристодем. Мурдакаши дард аст, фочеаи миллати точик аст. Хар даъфае ки мурдаи точикеро аз майитгох мебарорам, дилам ба гиря меояду аз Худо дар дил илтичо мекунам ки дигар курбоние нашаваду ман поямро ба ин майитгох намонам. Дидани ин часадхои гурамаргони точик бассо гарон аст:

Шахри мардум-мазори гарибон

Шахри мардум-мазори шахидо

Шахри мардум-мазори хабибон

Шахри мардум-мазори ёдмаргон

Мо бо хамрохии бародарон кори Амрулло Рахматов, Сайали Иброхимов, Суннат Бобохонов, Фируз Чураев, Исматулло Тиллоев , Бурхониддин кушиш менамоем ки часадхои хамватанон дар ин диёри мардум хор нашавад. Аз 2юми август то 11 августи соли 2007ум якбора тобути 7 нафар мухочирони точикро ба ватан фиристодем. Дар ин асос мо филми хуччатиеро бо номи “Бозгашт ба ватан” тахия намудем. Филм асосан чи тавр аз кучо дастрас кардани часадхои бечони хамватанон, шуста кафан карда ба ватан фиристодани онхоро фаро мегирад.

-Сабабхои асосии ба марг дучор шудани мухочирон дар чист?

-ачал албатта бо хар бахона меояд, аммо эхтиёт-ними хайёт гуфтаанд. Сабабхои ба халокат расидани мухочирон зиёд аст. баъзеашон аз нашъаманди, аракнуши, кисми дигарашон аз авбошиву бекори , аммо бокимонда бо сабабхои сухтору дасти скинхэдхо ба халокат мерасанд, зиндаги ба инсон як бор муяссар мешавад, аммо хаёти чавони худро решакан кардан фочеа аст. Чунки умр бебозгашт аст.

-Барои шумо дар зиндаги чи мухим аст?

-Пеш аз хама саломати, солимии ахли хонавода. Соли гузашта сахт бемор шудам. Хатто духтурон гуфтанд ки ин дард дарди бедавои саратон аст. Хавола ба худо гуфтаму шукри зида буданамро менамудам. Аммо шабе худро хеле бад хис кардам. Хоб дидам духтараки мархумеро(у дар Питер аз бекори зик шуда худро овехта буд) ки ба болои сарам истода ду даст ба осмон бардошта дуои нек мекард. Боз якчанд симои шахидони диёри гурбатро хоб дидам, ки дуоям медоданд. хангоме ки субх аз хоб бедор шудам, вучуди дардманди хешро сихату саломат дарёфтам. шукр…………..

-шумо худ маълумоти олии геологи доред. оё оянда нияти касбатонро идома додан дар гушаи хайёлатон хаст?

-Ман замоне дар куххои баланди Точикистонам ба дарёфти маъданхои фоиданок машгул будам, касби худро дуст медорам. Аммо нону насиба кашида будааст ки ман имруз дар шахри Санкт-Петербург фаъолият дорам. Шахри Питер дар чахон яке аз зеботарин шахр махсуб меёбад. Бахусус эрмитажи давлати ки хеле калону таърихист, диккати чахониёнро ба худ чалб кардааст. Мо аз он ифтихор мекунем ки дар шуъбаи шаркшиносии музей яке аз хамватанони мо олими шинохта(ному насабаш мутаасифона аз ёдам рафтааст) солхои сол фаъолият мекунад.

-Шабхои сапеди Питер огоз шуданд, чи илхом мегиред?

-илхоми шоирона. Соат сеи шаб аст, вале кас ба берун менигараду ангушти хайрат мегазад. гуйё нав бегохи шуда истодааст. Шаб мисли руз аст.

-Бисёрихо аз шунидани номи морг мехаросанд..

-Оре ин суолро хар лахза одамон ба ман медиханд. Аммо ин як вохима асту халос. Аз мурда харгиз тарсидан лозим нест. Аз зиндахо тарсидан лозим аст баъзеаш ба хама кор кодир аст.

-Чи таманно доред?

-Аз Худованд илтичо дорам ки дигар марги гурамаргеро дар шахри мардум насибам нагардонад. Дар диёри гариб мурдан м Хар як нафаси гариби тангай очае

Хар обе ки мехурем талхай очае

Аз дурии ту хазор гам бар дили ман

Ин кисмати мо талху шурай очае

-Саломат бошед!

дар шахри мардум зиёд мушохида кардам ки касе бо касе ахду вафо надорад. Бедардон зиёданд.

Хар касу нокас гами худ битавонад хурдан,

Гами чомеа гами бегона хурдан хунар аст………….

Мусохиб Шахлои Начмиддин

Аз шахри Санкт-Петербург

Похожие записи:

    Не найдено.

3 Комментариев to “Неъмати мурдакашак…”

  1. Бобо Сказал(а):

    НЕЪМАТЧОН КОРИ САБОБ МЕКАРДАИ ИЛОХО ХАР НИЯТУ МАКСАДЕ КИ ДАР ДИЛ ДОРИ ХУДОВАНД БАРОВАРДАИ ХАЙР ГАРДОНАД !!!!!!!!!!!!!!!

  2. Хурсанд Сказал(а):

    Ах,сан ба шумо, акаи Неъматулло, шуморо “Неъмати мурдакашак” не, “Неъмати мусулмони х,ак,ик,и” ном гузоштан лозим, агар шумо баринх,о зиёд мешуданд, байни халк,и точ,ик мурдах,ои пароканда намебуд, рах,мати Худо бар шумо…

  3. ЧОВИДОН Сказал(а):

    РАХМАТ БА ЧУНИН ШЕРМАРДОНИ ВАТАН КИ НОМИ ТОЧИКРО ДАР ХАР ГУШАИ ДУНЁ МЕБАРДОРАН.ЯКЕ АЗ ИН РОДМАРДОН АКИ НЕЪМАТ БУДААСТ, ХУДО НИГАХБОНАШ БОШАД, АХСАН МО ДУОГУИ ТУЕМ АЗ ХОНДАНИ ИН МАКОЛАИ ПУРМАЗМУНИ ШАХЛО НАЧМИДДИНОВА БА ХУЛОСАХОИ КАЛОН ОМАДАМ ВА БАРОИ НАВИШТАНИ ЧУНИН МАКОЛАИ ТАЪСИРБАХШ МИНАТДОРИИ ХУДРО БАЁН МЕКУНАМ .ВА БА МУХОЧИРОН МЕГУЯМ ,КИ ДАР ХАР КУЧОЕ НАБОШАНД ЧУСТО ЧОЛОК ВА БОХАБАР АЗ ХУД БОШАНД НИГАХБОНАШОН ХУДО БОШАД.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.593 seconds.