По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 17.12.2010
 

«Нигоҳ»: Картошкафурӯш –террорист???

Ё қиссаи аҷоибулғароиби баъд аз афв боздошт шудани «Қорӣ Восит» дар Челябински Русия ва гумонбар донистани ӯ дар куштори Прокурори генералии вақт Нурулло Ҳувайдуллоеву гаравгонгирии муовини аввали раиси Бонки миллӣ Наврӯз Валиев ва ситонидани 800 ҳазор доллари ИМА аз ҷониби ӯ.

Абдулвосит ЛАТИПОВ, маъруф ба «Қорӣ Восит», яке аз собиқ қумондонҳои саҳроии сатҳи миёнаи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсионии Тоҷикистон (ИНОТ) дар вилояти Челябински Федератсияи Русия аз ҷониби мақомоти қудратии ин кишвар дастгир шудааст ва ҳоло масъалаи истирдоди ӯ ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Дар ин бора ҳафтаи гузашта расонаҳои русиягӣ, дар такя ба Хадамоти амниятии федеролии Русия, (ФСБ) иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гурӯҳи марбут ба Қорӣ Восит дар даст доштан ба амалҳои террористӣ, ки боиси марги 40 нафар шудааст, гумонбар дониста мешаванд.

- Аз ҷумла, 6 амали диверсионӣ ва таркишҳо дар Тоҷикистон, куштори чор тан аз корманди мақомоти милитсаи ноҳияи Ваҳдат, куштори 19 нафар (!) сарбози рус ва қатли собиқ Прокурори генералии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев ба рӯйхати айбномаи гурӯҳи марбут ба собиқ қумондони саҳроӣ Қорӣ Восит шомил шудаанд, – мегӯянд дар ВКД. Ба фарзияи расмии мақомот, гурӯҳи Қорӣ Восит дар содир кардани 25 амали террористӣ (!) гумонбар дониста мешавад.

Мақомот мегӯянд, нисбати Абдулвосит Латипов, ки солҳои шаҳрвандӣ (1992-97) яке аз таъсисидиҳандагон ва роҳбарони дастаи мухолифини оштинопазир будааст, бо моддаҳои 130, (одамрабоӣ) 104, (куштор) 186 (авбошӣ)-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз шуда, номбурда аз соли 2001 дар кофтукови ҷиноӣ қарор доштааст. Бархе аз расонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ ҳамчунин Латиповро аз муҳофизони Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва гумонбар дар гаравгонгирии муовини раиси бонки миллии Тоҷикистон ва раҳо кардани ӯ ба ивази 800 ҳазор доллар донистаанд.

Картошкафурӯш-террорист???

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба иттилоъи расонаҳои Русия Абдулвосит Латипов ба фурӯши картошка дар бозор машғул буд. Котиби матбуотии Шӯъбаи ФСБ-и Русия дар вилояти Челябинск Станислав Нигинский, бошад, мегӯяд: «…қаблан моҳи апрели соли равон ду аъзои дигари гурӯҳи марбут ба Абдулвосит Латипов – Юсуф Ҷалилов ва Боймурод Хоҷаев дастгир шуда буданд. Он вақт Абдулвосит Латиповро дастгир карда натавонис­та буданд, тавре баъдтар маълум шуд, ӯ дар Волгоград паноҳ бурда, он ҷо дар бозор ба ҳайси ронанда кор мекард. Худи Абдулвосит Латиповро низ ҳанӯз 4-уми ноябри ҳамин сол дастгир карда буданд. ӯ, ки худро аввал бо насаби Саидов муаррифӣ кард, дар ҷойи истиқоматаш дастгир шудааст. Баъд аз сӯҳбати кӯтоҳ, вақте фаҳмид, ки ба кормандони ФСБ кӣ будани ӯ аллакай маълум аст, иқрор шуд. Ба иттилои манбаъ, Латипов аз мақомот хоҳиш кардааст, ки ӯро озод кунанд, зеро ӯ ба муқобили Русия иддиое надорад ва дар Русия ҷинояте содир накардааст, балки қонунӣ кор мекунад.

Ба иттилои ФСБ, дастгиршудагон аз гурӯҳи Қорӣ Восит аз соли 2004 дар вилояти Челябинск ғайриқонунӣ истиқомат мекардаанд. Бархе аз онҳо ҳатто тавонистаанд ғайриқонунӣ соҳиби шаҳрвандӣ шаванд ва биноан қонунӣ кор мекарданд. Дар бозор ба фурӯши мева ва сабзавот машғул будаанд. Дар умум, онҳо аз дигар муҳоҷирони корӣ ҳеч тафовуте надоштанд…», мегӯяд Станислав Нигинский.

Боздошти афвшуда?!

Аммо ба иттилои бархе аз расонаҳо, сабабҳои боздошт шудани Қорӣ Восит сиёсианд. Сайти Фергана.ру мактуби Вазорати амнияти Тоҷикистонро аз соли 2001-ум нашр кардааст, ки ба Абдулвосит Латипов равона шудааст. Дар ин мактуб мақомоти амниятии кишвар ба Абдулвосит Латипов дар бораи он ки ӯ бо қарори Маҷлиси Олӣ аз 14-уми майи соли 1999 таҳти №742 аз таъқиби ҷиноӣ бо моддаи 63 қ.1-и КҶ ҶТ ва ғ. озод шудааст, хабар додаанд. Ҳамчунин дар ин мактуб ба Абдулвосит Латипов муроҷиат мешавад, ки «…қарори ба ҳабс гирифтан ва ҷустуҷӯ нисбати Шумо бекор карда шуда, санадҳои марбут ба ин қарор ба Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ фиристода шудаанд, то ба кофтукови шумо хотима дода шавад».

(нигаред ба акс)

Ба иттилои ҳамин манбаъ, онҳое, ки собиқ муҳофизони Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода унвон мешаванд, як умумият доранд. Онҳо ба ҳайси муҳофиз аз ҷониби мақомоти амнияти Тоҷикистон ба мувони Сарвазири Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, ҳангоми дар мансаби сарвазирӣ буданаш, тавсия шудаанд. Аз ин нуқтаи назар, факти дигари боздошт ва озод шудани яке аз собиқ муҳофизони дигари собиқ муовини сарвазир Юсуф Ҷалилов, ки ба иддиои рӯҳонӣ ва собиқ сарвазири кишвар, маҳз вазорати амният тавсия дода будааст, фаҳмо мегардад. Юсуф Ҷалилов, ки тобистони соли равон ба авбошӣ ва истифода аз силоҳ нисбати як сокини шаҳри Ваҳдат айбдор мешуд, пас аз шаш моҳи боздошт шуданаш ғайриинтзор, бо ҳукми суд дар Душанбе бегуноҳ эълон шуд. Гуфта мешуд, Юсуф Ҷалилов ҳамчун гумонбар дар куштори журналистон Муҳиддин Олимпур, Виктор Никулин ва Моёншо Назаршоев дониста мешуд ва вобаста ба барқарории сулҳи ҷонибҳои мухолифин бо ҳукумати конститутсионӣ авф карда шуда буд.

Он вақт ҳам Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ба воситаи расонаҳо изҳор карда буд, ки Юсуф Ҷалиловро бо тавсияи Вазорати амният ба ҳайси муҳофиз пазируфта будааст. Ҳамлаҳои расонаии тобистониро бошад, Тӯраҷонзода ба фаъолияти сиёсиаш, бахусус, изҳороташ дар бораи муносибати Тоҷикистон бо Русия ва нисбати ба ин кишвар вогузор кардани истифодаи корхонаи алюминии кишвар рабт дода буд. Баъд аз ин изҳороти Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, ин қазияро ҳама гӯё фаромӯш карданд.

Хоҷӣ Акбар Тураҷонзода: Экстремисти дунявӣ нашавед!

Ҳоло, баъди ним сол, расонаҳои русӣ, Абдулвосит Латиповро низ ҳамчун яке аз муҳофизони сарвазири собиқ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода муаррифӣ мекунанд. Сенарияи кӯҳнаи зидди Тӯраҷонзода, ки ба тахмини коршинсон ин дафъа метавонад аз Русия маншаъ бигирад, ин бор низ кордод ва вокунишҳоеро дар пай дошт.

Зуд, бо пахши иттилои боздошт шудани Абдулвосит Латипов, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ин маълумотро ба хабарнигорон шарҳ дода, онро тӯҳматнома номид. ӯ шадидан изҳор кард, ки – ба ҳар як шахси оқил ва боинсоф маълум аст, ки ҳадаф аз ин бӯҳтоннома сиёҳ кардани шахсияти Абдулвосит нест, балки бадномкунии муқаддасоти исломӣ мисли масоҷид ва уламои исломӣ ва ҳамчунин бадномкунии шахси банда ва дигар сиёсатмадорони дигарандеш ва озодандеш аст.

Ба гуфтаи рӯҳонӣ, – муаллифи он бӯҳтоннома, ки дар пушташ идораҳои махсус меистанд, ришханд зада, унвонҳоеро чун «мулло», «қорӣ», «ҳоҷӣ» ба Абдулвосит Латифов часпондааст. Аммо ҳақиқат ин аст, ки Абдулвосит на муллост, на қорӣ ва на ҳоҷист. Абдулвосит на танҳо дар назди ман, балки дар назди ягон муллои дигар низ ҳарфе сабақ нагирифтааст ва аслан ҳеч гуна саводи динӣ надорад. Ба тавофи хонаи Худо (ҳаҷ) ҳам ҳанӯз нарасидааст. Эшонро ба хотири заъиф будани як чашмаш дӯстонаш лақаби қориро додаанд. Он кас сокини деҳаи мо буданд. То ҳиҷрат (яъне то соли 1992) эшонро аз наз­дик намешинохтам. Баъди бозгашт аз ҳиҷрат ба он кас ҳамчун яке аз фармондеҳони миёнаи Иттиҳодияи оппозитсиюн шинос шудам.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ин даъфа низ сабаби ҳамлаҳои иттилоотиро, ба шахсияти сиёсии ӯ, ки вақтҳои ахир дар расонаҳо, бахусус, нашрияҳои ҳукуматӣ ва наздик ба ҳукумат зиёд ба чашм мерасиданд, шарҳ дода гуфт, – «Болоҳо» гумон мекунанд, ки банда рақиби сиёсии онҳоям. Аз ин рӯ, ин панҷумин тӯҳматномаест, ки дар вақтҳои охир бар зидди банда тибқи супориши онҳо бофта ва пахш мешавад. Ман борҳо ошкоро, бо садои баланд ва таври хаттӣ эълон намудам ва имрӯз низ боз як бори дигар такрор менамоям, ки ман, Ҳоҷӣ Акбари Тур­аҷонзода рақиби сиёсии ҳукуматдорони имрӯза нестам ва нияти бозгашт ба сиёсатро надорам. Ба ягон мансаби ҳукуматию давлатӣ низ ниёзе надорам. Узви ягон ҳизб ва эътилофи сиёсие нестам. Аз ин рӯ маро рақиби сиёсии худ наҳисобед. Ин давлатдорию ин ҳукуматдорӣ ба худатон насиб кунад. Хоҳиш дорам, ман ва бародарони маро ором гузоред, то дар ватани худ оромона зиндагӣ намоем, зеро ин ватан – ватани мо низ ҳаст. Агар сухан, андеша ё дидгоҳи мо ба шумо писанд наояд, хоҳиш дорам, таҳаммулпазир бошед, зеро гуногунандешию таҳаммулпазириро ба ҳамаи тоҷикистониён Конститутсия замонат додааст. Пас тоқат кунед, экстремисти дунявӣ нашавед!

Маҳмадалӣ Ҳайит: Қорӣ Абдулвосит авф шуда буд

Дар ҳамин ҳол, Маҳмадалӣ ҲАЙИТ, собиқ раҳбари Ситоди ИНОТ, ки ба гуфти худаш Қорӣ Воситро аз наздик мешинохтааст, мегӯяд, Қорӣ Абдулвосит аз дини ислом бохабар будааст.

- ӯ яке аз фармондеҳони Кофарниҳон буд. ӯ тахминан 50- сола, ҳоло ҷавон аст. Фармондеҳи қавӣ аст, соҳиби маълумоти олӣ, аз ислом ҳам бохабар аст. Хулқу рафтораш бошад, хело некӯ ва инсонист.

Аз моҳи декабри соли 1996 ҳамроҳи як ҳайати баландпояи сиёсиву низомии ИНОТ боз ба Тоҷикистон омадам. Ин ҳайатро бародар Давлат Усмон бар ӯҳда дошт. Ҳамчун раиси ситоди ИНОТ ва бо амре дар бораи татбиқи созишномаи Хусдеҳ байни Душанбе ва дигар ноҳияҳо рафтуои хуб доштем. Ҳатто ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳри Ваҳдат ва дигар ноҳияҳо, ки размандагони мухолифин қарор доштанд, мо моҳияти сулҳу созишро ба онҳо мефаҳмондем. Аксари фармондеҳони мо ин сулҳу созишро ба хубӣ истиқбол карданд. Ва аз раҳбарият итоат карданд, ки яке аз онҳо Қорӣ Абдулвосит буд. Ман то соли анҷоми кори Комисияи Оштии Миллӣ бо ин бародар ошноии наздик доштам. Бародар Қорӣ Абудлвосит аз деҳаи Туркободи шаҳри Ваҳдат аст. Бо ӯ равуойи зиёд доштем, сӯҳбатҳои зиёд доштем, вале аз он бародар ягон ҷинояте, ки пас аз соли 1999 содир карда бошад, огаҳ нестам. Агар ҳар чизе ки баъд аз соли 1999 содир карда бошад, ӯ медонаду Худованд. Аммо то ҷое ман медонам, ӯ ягон ҷиноят содир накардааст. Аммо он чизе, ки то соли 1999 буд, тибқи Қарори Маҷлиси Олии Тоҷик­истон таҳти рақами 742 ҳамчун фармондеҳи яке аз гурӯҳҳои ИНОТ, Қорӣ Абдулвосит низ авф карда шудааст. Мо дар он қароргоҳе, ки гурӯ­ҳҳои Намоз Қурбоналиев ва Абдулвосит Латипов ва гурӯҳҳои дигаре, ки аз шаҳри Ваҳдат буданд, воқеъ дар шаҳраки Академикҳо (он ҷое, ки истироҳатгоҳи Академияи илмҳои Тоҷикистон воқеъ аст) қарор доштанд, вомехӯрдем. Баъзан ба зодгоҳи ӯ – деҳаи Туркобод ҳам мерафтам.

Рабт додани куштори собиқ Прокурори генералии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоевро, Маҳмадалӣ Ҳайит шарҳ дода, мегӯяд, – ба куштори ин шахс аллакай на як нафар равона ба зиндон шудаву ҳатто бархе ҳукми қатл гирифтанд.

-Бе ҳукми додгоҳ айбдор кардани касе ба ҷиноят худ ҷиноят аст. Чӣ магар танҳо Абдулвосит ҷиноят содир кардааст? Агар ҷиноят содир кардааст, ба хотири сулҳ онро бахшиданд. Вале боз аз дохили ҳамин ҳукумат, собиқ Фронти халқӣ, ин қадар ҷиноятҳое содир кардааст, вале онҳо мегарданд, дар озодиянд аксарашон. Чаро онҳо боздошт нашаванд? Агар як чунин кор аст, пас, авфро бекор кунанд, авфи қабулшуда бекор шавад, ҳар ду тараф ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Чаро як тарафро боздошт кунанд, тарафи дигар озод гардад? – масъала мегузорад собиқ роҳбари Ситоди ИНОТ Маҳмадалӣ Ҳайит.

Аз ҳама аҷиб ё одамрабоӣ чӣ?

Ба гуфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар парвандаи гурӯҳи Абдулвосит Латипов ҳамчунин моддаи 130, (одамрабоӣ)-и ҚҶ ҶТ арзи вуҷуд дорад. «Ғайр аз куштор гурӯҳи мазкур ба дуздии одамон даст доштанд. Барои мисол, онҳо муовини аввали Бонки миллии Тоҷикис­тон Наврӯз Валиевро гаравгон гирифта буданд, барои ҷони номбурда 800 ҳазор доллар пардохт шудааст», -менависад нашрияи русии «Комерсантъ» дар такя ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Ин иттилоъро дар Вазорати кор­ҳои дохилии Тоҷикистон тасдиқ карданд. Ба иттилои мақомот, гурӯҳи Қорӣ Абдулвосит соли 1998 муъовини ҳамонвақтаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон Наврӯз Валиевро гаравгон гирифта, аз наздикони номбурда бар ивази ҷонаш 800 ҳазор доллар талаб кардаанд.

Алҳол, расонаҳо иттилоъ медиҳанд, ки ҷониби Тоҷикистон хостори ба Тоҷикистон баргардондани Абдулвосит Латипов, маъруф ба Қорӣ Восит шудаанд. Мақомот дар ин бора чизе намегӯянд. Қорӣ Восит ба ватан бармегардад ё не, ба мақомоти прокуратураи ҳар ду ҷониб бастагӣ дорад.

Дар ҳамин ҳол, як чиз тааҷубовар аст: Агар воқеъан ин нафар ин қадар даҳшатафкан ва киллери қавӣ бошад, чаро ба картошкафурӯшӣ дар бозор машғул шудааст?

Ризо МУҲАММАД http://www.tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=9918

газета “Нигох” Новости Таджикистан

Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.553 seconds.