Наделение Общероссийского общественного движения новыми качествами, функциями и полномочиями-задача очередного съезда
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 23.08.2010
 

НИКОХ ДАР РУСИЯ БАЙНИ МУХОЧИРОН “МУД” ШУДААСТ,,,,

Мухочират худ як падидаи номатлуб аст. Чунки кисми зиёди мухочирони имруз чавонмардони аз синни шахло17 то 28 сола мебошанд, ки аз мактабу тарбияи хонавода дур монда куллан метавон гуфт ки “бесавод” мондаанд. Бесаводи бошад бехукукиву бефархангиро тавлид месозад. Тули 7 мохи дар шахри Санкт-Петербург буданам ходисаву вокеахои зиёдеро мушохида намудам. Масалан чавони 18 солаи аз мактабу фарханг дур монда имруз дар Русия ба хотири (бештар вакт) шахрванди, хона, чойи кор, пул бо занхои калонсоли миллаташ рус хонадор шуда дигар фикри ба зодгох баргаштанро намекунанд. Ё чавонони солими точик имруз дар Русия бо духатрони мухочири миллаташон молдавану киргизу узбек зиёд никохи мусулмони баста зиндагии зану шавхариро огоз менамоянд. Хол он ки дар ватан ё зану фарзандони чашмбарох доранд ваё волидайни дилбаумед ки доимо шахписар шудани фарзандро орзу мекунанд. Мисоли реали:

Зулхумор Хасанова , сокини шахри Вахдат бо се писараш ба Русия назди шавхараш омадааст. Шавхари ин зан Амонулло Кодиров зиёда аз 6 сол мешавад ки дар Русия ба мардикори машгул аст. Дар ин муддат ахён ахён ба хона пул фиристодаасту халос. Бо зани миллаташ узбек хонадор шуда сохиби духтарча мебошад. Зулхуморро бо писаронаш омада дугу пуписа мекунад ки зудтар аз пеши чашмонаш гум шаванд. Зулхумор айни замон нангу номус карда дар бозори Сеннойи шахри Питер бо писаронаш ба корхои мувафаккати мевачудокуни машгул аст.

Боз як ходисаи дигар. Анвар аз синни 17 солаги ба Русия меояду хамин тавр тули 4 сол дар инчо мемонад. Бо зани молдаване шинос шуда ба хичобаш медарорад. Охиста охиста ба зан сахт мехр мебандад. Вакте ки бо исрори модару падар ба ватан рафта бо тую тамошо зан медихандаш. Баъди се рузи домоди ба Русия фирор карда меояд. Аз хамин чо ба хона занг зада зани чавону бегунохашро “се талок” мекунад. Дар натича аз хисоби туйи бодабдаба хам карздор мешаваду хам хаёти духтари 18 соларо якумра месузонад.

Мисоли саввум. Дар истгох менишастам. Зани точике бо тифли ширмак ва се навраси дигар омада дар харак нишаст. Ба ман гарм гарм нигох карда гуфт ки точки?

-Оре

-Ман хам аз Точикистонам, аз нохияи Ленин.

-Дар Русия бо ин кудакон чи кор мекуни?

-Шавахрамро кофтани омадам.

-Баъд….кунчкобона суолаш додам.

-Ман худ духтари эшонзодаам.Дар вакташ хануз 16ро пур накарда падару модарам маро ба шавхар доданд. Ман духтари намозхону куръонхон аз хона ба чое набаромада будам. Сохиби се фарзанд шудем. Шавхарам рохи Русияиро пеш гирифт. Соли охирин омаду баъди 9 моху 9 рузаш ман сохиби ин духтарча гаштам. Хабар ёфтам ки инчо бо русе акди никох карда зиндаги дорад. Рашк гулугирам карду рохи Русияро бо фарзандони кучак гирифтам. Хатто барои аз ватан кудаконро гузаронидан дар ончо худро “мать одиночка” гузаронидам. Ба аэрапорт расидаму ба раками телефони мобилии шавхарам занг зада гуфтам ки “ман омадам”. У тамоман бовар накард ки ман барин зани фармонфармои сархам ба Русия омада бошам. То ба хонаи ичора расидан у сардона маро дашном медоду мегуфт ки танхо ба хотири хамин кудакон бо ман зиндаги мекунад. Хонаи ичораеро ба ман гирифта доду худ хамон шабаш хатто бо ман наистода ба назди зани русаш рафт. Шаби дароз кудаконамро ба огуш гирифта гиря карда нишастам. Шавхарам дар як хафта як бор хабар мегираду махсулоти хурокаамро меорад. Аз чизе камие надорам. Аммо мехру мухаббати шавхарро гум кардаам.

Зан бо алам аз бахти дуздидааш гиря мекард.

Дар бозори Сеннойи шахри Питер масчиди калоне вокеъ аст. Бахусус рузхои панчшанбеву чумъа чавонписарони точикро бо духтарони гайриточики нимбарахна дидан мумкин аст ки барои никохи мусулмониро ба сомон расонидан ба масчид меоянд. Хатто даруни мошину микроафтобусхо як коса об гирифта чавонписарону чавондухтаронро никох мекунанд. Никох бехтарин аст, чунки аз зино панах медихад. Вале боз омилхое хастанд ки чунин зиедшавиии никохро раъд мекунад.

1.Насли точик омехта гашта анъанаву таомули точики гум мешавад.

2.Дар ватан сафи духтарони бешавхар меафзояд.

3. Мард ки занро ба никохи худ даровард, онгах бояд хамачихата аз чихати моддиву чинси нигохаш бикунад. Аммо имруз мардхо таъмини оиларо тамоман фаромуш карда танхо барои паст кардани нафси шахвонии худ зан мегиранд. Аммо фарзанди тавлидёфта дар ин байн чи гунохе дорад?

Дар ватан дар хар як дехаву нохия аз хар як оила кувваи марди дар Русия хаст. Дигар калимахои “домодам русиян, оянда ба Русия меравам” ба муд даромадааст.

Аз хама бадбахтаринаш ин аст ки сафи модарони кудакони мухочир меафзояд. Кудакони мухочир гоххо мешавад ки дар ин кучахои сарду зарди мулки мардум сарсону саргардон монда зору хор аз хунукиву бесохиби мемиранд. Хафтаи гузашта назди авиакасаи чиптаи хавопаймои чавонзани тахминан 23 солаи тифли кучак ба дастро вохурдам, ки гирёну нолон аз мусофирони ба Точикистон мерафтаги зори мекард ки кудакашро хамрохашон ба Точикистон бубаранд. Хайрон ба наздаш рафтаму матлаб пурсидам.

“Сория ба Русия коркуни меояду тасодуфан бо чавоне аз нохияи Хисор шинос мешавад. Чавон дар Точикистон сохиби зану се фарзанд бошад хам ба Сория ваъдаи зиёд дода уро никох мекунад. Муддати 8 мох зиндаги мекунанд. Ногахони чавонро милисахо боздошт мекунанду барои калбакки будани хуччатхояшон ба ватан депортасия мекунанд. Сория дар Русия бо шиками дамида танхо мемонад. Зани савобчуе уро ба назди момодояе бурда тавлидаш мекунонад. Писар тавлид мекунад. Зани савобчу уро дар хонааш ройгон чой карда аз пайи ёфтани пули рохкиро мешавад. Аммо пул намеёбад. Сория бо азобу машаккат тифлро калон мекунад. Акнун дар 6 мохаги мехохад кудакро ба воситаи ягон кас ба назди модараш фиристаду худ бо мехнати халол кор карда пул чамъ кунад.

-Чаро худат кудакро гирифта ба хона намерави?

-Охир тангае надорам. Дар хона шароити хонаводаамон хеле кашоккона аст. Ин тифлро мефиристам ба як холаи бефарзандам .Пушаймонаму сарсон……………

Дируз боз зани мусалмонеро вохурдам ки гирёну нолон ба масчид омада шикоят кард ки писараш ба Русия омада бо зани миллаташ рус никох карда сохиби ду писарча гардидааст. Аммо зани рус баъди вафоти шавхараш, ки хангоми ообози дар об гарк мешавад, кудаконро ба модараш дода худаш уро бо расму русуми христиани гуру чуб мекунад дур аз расму русуми исломи. Дар гроб андохта чаноза нахонда уро дар кабристони кофарон гур кардаанд.

-Писарам мусулмон ба дунё омаду аз дунё кофар рафт.

Аз чунин никоххои “омехта” магар фарзандони солеху мусулмон ба дунё меоянд?

Магар метавон оилахои солимро ба вучуд овард. Яке аз амалхое ки баъд аз мурдан катъ намегардад, ин фарзанди солех гузоштан мебошад. Кани кафолат ки аз издивочи як мусалмону як католик ё насрони фарзанди солех тавлид меёбад.(дар сурате ки зан ё шавхар исломро кабул намояд, онгах никохи онон кабул мегардад).

Имруз тавре аз мушохидахо бармеояд дар Русия бештари мухочирон “никохи пинхони” мекунанд, ки ин дар ислом харом аст. Чунки хамон никох кабул аст ки кушоду равшан бо будани хешовандони наздик баргузор гардад. Чанде пештар зани молдавание бо чавони точик омада хохиш мекунанд ки онхоро дар масчиди Сенной никохи мусулмони намоянд, вале зан хеч исбот карда натавонист ки аз шавхари якумаш чудо шудааст ё не. Имом аз никох кардани онхо худдори намуд. Аммо рузи дигараш онхо чавони “муллотарошеро” ёфта дар хонаи ичораашон никох карданд. баъди шаш мох шавхари зан аз Молдавия хабар ёфта омаду байни уву чавони точик чанчоли калоне ба вукуъ пайваст.

Аз руйи нишондодхои ислом мард бояд то чанд занеро ки ба никохи худ медарорад, хаматрафа таъмин карда тавонад. Аммо дар Русия никох хеле содаву бе ягон маъракаву одамони худи ба рох монда шудааст. Ё ин ки имруз занеро ба никохи худ медарораду пагохаш уро талок мекунад. Аз хама кори вазнину сиёхро мухочирони точик ба анчом мерасонанд. Хатто моххову соле бекор мемонанду аз бекори ба чиноятхои вазнин даст мезананд. Имруз мебояд дар масчидхои шахрхои Русия домулоимому муллохои донишманд як тартиботи дигарро барои омода будани издивоч мехостагихо фарохам оранд. Хар нафаре ки бо заневу марде никох кардан мехохад аввало бояд масъулияти никохро аз руйи ислом омузад. Баъд онхоро мувофик бо шариат никох намоянд.

Вагарна решаи мустахками точик хамин хел охиста охиста пусиданаш мумкин аст. Мухочират сарнагун месозад фарханг, анъанот, таомул, миллати точикро.

Илохо, гарк шудем дар бахри исён,

Умед дорем дуъо аз кулли ихвон

ШАХЛОИ НАЧМИДДИН<shahlo_74@mail.ru>

ШАХРИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ.Намояндаи рузномаи «Овози Точикистонихо» дар назди Чунбиши умумирусиявии мухочирони точик.

Похожие записи:

7 Комментариев to “НИКОХ ДАР РУСИЯ БАЙНИ МУХОЧИРОН “МУД” ШУДААСТ,,,,”

  1. Насимджон Сказал(а):

    О Аллах обереги нас (мусульман)от таких детей как Анвар,и от всех тех кто против ислама,против Сунны пророка Мухаммада (с.а.с),против религии Аллаха! О Аллах защити нас мусульман от наушении шайтана,и укрепи наши сердце в религию,и сунны пророка Мухаммада (с.а.с). АМИНЬ!!!

  2. восе Сказал(а):

    Причина женитьбы мигрантов на чужбине скрывается в том, что наши девушки не одеваются современно, не знают русского языка, отсутствии современного образование. Вот по этой причине не забирают жены с собой, они обузой становится для них. Если девушка образованно, то она может работать и это дополнительная прибыл в семье. Наши девушки даже в школу не ходят, по той причине, что родители не пускают. Женятся на девушек других национальности по той причине, что нет своих, таджикских девушек в России. Наши девушки дома сидят, на родине или второй женой становиться у какого бизнесмена или богослова, это модно.

  3. Кузнец-Кова Сказал(а):

    Статья, очень отличная!!! Очень актуальная тема!!! Но… уважаемая журналистка… когда Вы сочиняли эту статью хоть 1 раз почувствуйте себя в коже этих мужиков??? Может быть это один из вариантов узаконить мигрантов на чужбине… Или же это один из выходов уехать (убежать!!!) из нашей “всегда-цветующей” страны???
    Я обращаюсь к Вам – уважаемый Восе: Это совсем не модно быть второй или третьей женой бизнесмена, потому что каждая девушка в глубине своей души всегда мечтает быть первой и единственной женой своего супруга!!! Даже живя в своей стране, стараясь быть модной, образованной и знающей 2-3 мировых языков бывают такие случаи, что их попросту обманывают и КИДАЮТ!!!
    По моему эти случаи (и мой пример и примеры автора статьи) – это всё из-за “отличной” обстановки жизни в стране!!!
    Моя рекомендация: Надо немножко глубже анализировать!!!

  4. Мухаммад. Сказал(а):

    Когда мы говорим о исламе ненадо вмешывать нацию.Причом вобше тут нация.Это не только в россие и не только среди таджиков во всем мире идёть процсес исльамизатьция.Наша имиграция не только включаеть в себя зарабативание дениг.У таких таджичков которое не знають что токое плоток и говорять при этом о шариате,длю меня личьно мая русская жена которое шагу не зделаеть без хиджаба и саблюдаеть все тонкости шариата дороже.Ассаламу алейкум ва рахматуллоhи ва баракату.

  5. Савринисо Сказал(а):

    Шахлочон! Маколаатон хуб, аммо то одам мачбур нашавад, ба мухочират намеравад, то одам мачбур нашавад ба ягон кор даст намезанад. Мисол, ман маълумоти олии журналисти дорам, аспирант ба кариби бояд рисола химоя намоям, аммо азбаски акаллан хобгох (хона он тараф истад)намедиханд, 20 сол боз ман сарсон БОМЖ дар Россия чо ёбам, меравам ва дигар барнамегардам. Алхол адреси дилпур кофта истодаам, ки равам ва барои хона пул чамъ кунам. Дар институт хама таъриф мекунанд, ки коргари хуб соати 7-и субх омада соати 10-и шаб меравад, тамоми корхоро мекунад хамчун котиби илми. Аз ин таърифхо чи фоида, ки лоики як хучраи хобгох нестам, дар ВАТАНАМ? Ана хамин тавр кадрхои хуб мераванду бесаводхо мемонанд, вой бар холи ТОЧИКИСТОН!Дар ТОЧИКИСТОН БА КАДРИ ОЛИМОНИ ЧАВОН НАМЕРАСАНД, ЧИ ХОЧАТ АЗ ЗАНХОИ НОХОНДАЮ БЕСАВОД? Намедонам, маро чи интизор аст, хамчун олими чавон дар навбати замин истодам, лекин намедиханд, чи кор кунам? Олими чавон аспиранти АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКСКОЙ РЕСПУБЛИКИ (чи хуш садо медихад!)рафта ким-кучо зарфшу шавам ё намедонам чи коре бояд барои ачнабиёну ватани ачнаби кунам!Дилам монд аз точикону Точикистон, ки ба кадри илм намерасанд, бояд кадри давраи пешро эхтиёт кард, чунки мо бо дониши худ ба донишгох дохил шуда будем…

  6. мухамед Сказал(а):

    Сарвиноз бисёр дуруст кайд карданд,Ба рости ман 5-сол донишгох хондам праграмист дар точикистон кор даромадам мохонаам 150-сомони буд,ба ин пул сару либос мехари ё хурока мехари чи мехари хе чиз наме шуд баъ зиндаги мачбур кард,ки ба шахри Русия омада коркунему сатхи зиндаиямон хуб шавад.Дар инчо чавоно гунахгор нестан.Ба рости руз то руз сатхи зиндаги мардуми точик бад шудаистодааст.Худованд хамаи моро дар панохаш нигох бидорад ва чатхи зиндаии моро хубта кунад ва хамаи духтарон ва писарон оилаи солим бар по кунанду хушбахт бошанд оин,,,,

  7. ХУРИНИСО Сказал(а):

    САЛОМ ХАМВАТАНОНИ ТОЧИКИТОНИЁН АЗ НОМИ ХУДАМ ВА АЗ НОМИ ЧАВОНОН ВА ЧАВОН ДУХТАРОНИ ШАХРИ МАСКВАЧОН.ДАР ИНЧО ШУМО ЧАВОНОН Ё ЧАВОНДУХТАРОНРО ТАНКИДИ НИКОХ ДАР РУССИЯ МЕАЗОЯД ГУФТА ГУНАХНАКУНЕД.ИНЧО ГУНАХГОР ДАВЛАТАМОН МО ЧАВОНОН НАМЕХОХЕМ ГАРИБ БОШЕМ ДУР АЙ ПАДАРУ МОДАРУ ФАРЗАНД.МО МЕХОХЕМ ТЕНЧУ ОЗОД ЗИНДАГИ КУНЕМ МО ДАР АРИ 21-ЗИНДАГИ ДОРЕМ.ДАР ТОЧИКИСТОНАМОН ШАРОИТИ ЗИНДАГИ БЕСВЕТИ БЕ ЧОИ КОР ОДАМХО БА ХОНА ВАЙРОНИХОИ БИСЁР ДУШВОР ГИРИФТОРАНД.ВАКТЕ КИ МО МУСОФИРОН ИНЧО ОМАДА КОР МЕКУНЕМ ЗИНДАГИИ ПАДАРУ МОДАРАМОНУ ФАРЗАНДАМОН РАНГИ ДИГАР МЕГИРАД .ЕЧ МАХАЛ МИЛАТИ ХУДАТА ПАСТ НАЗАН МО ХАМАМОН ТОЧИКИСТОНИЕМ ТОЧИК МЕМОНЕМ.БО ДИАР МИЛАТАМ НИКОХ КАРД ВАЙ ТОЧИКИИ ХУДАШРО НАМЕФУРУШАД.МО РАНГИ ДИГАР ДАВЛАТ КАЛОН НЕТ МАМЛАКАТАМОН БАРОИ ЧИ ЯК КИСМИ МАМЛАКАТРО СВЕТ МЕДИХАН ЯК КИСМИ ДИГАРРО НЕ БАРО ЧИ ЯК КИСМИ МАМЛАКАТРО ОБОД МЕКУНАНДУ КИСМИ ДИГАРРО НЕ ИН ДУРУЯБОЗИИ ДАВЛАТ АСТ БАРОИ ХАМИН МУСОФИРОНИ БЕЧОРАРО ГУНАХКОР НАКУНЕД ШУМО ДИГАР МАСЪАЛА НАЁФТЕ. МА 10- СОЛ МЕШАВАД БО ШАВХАРАМУ 2- ПИСАРЧААМ ДАР МАСКВА МЕБОШАМ МА РОЗИЯМАЗ ИН МАМЛАКАТ ХУРМАТУ ЭХТИРОМ МЕКУНАНД.АГАР МО МУСОФИРОН БА РУССИЯ НАОЕМ ХОРУ КАШОК МЕБОШЕМ.

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.619 seconds.