По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 09.04.2012
 

Низомхон Ҷӯраевро дарки воқеияти сӯйи Ватан кашид

Бино бар як хабари радиои «Озодӣ» Низомхон Ҷӯраев, вакили собиқи маҷлиси вилояти Суғд ва раиси Корхонаи химиявии шаҳри Исфара, ки рӯзи 29-уми март, баъди раҳоӣ аз боздоштгоҳи муваққатӣ дар шаҳри Маскав ғайб зада буд, якбора дар шаҳри Душанбе пайдо шудааст ва худро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ таслим кардааст. Ҳама, ҳатто кормандони масъули Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, аз чунин иқдоми Ҷӯраев Н. дар ҳайрат мондаанд. Аксарияти сокинони кишвар, новобаста аз синну солу ҷинсу касбу кор имрӯз фарзиябофӣ даври ин қазия доранд ва ҳар касе тахмину бофтаи худро чун ҳақиқати мутлақ талқин кардан дорад.

Аммо ҷойи таҳайюру тахминзанӣ нест. Низомхон Ҷӯраев муддати кофӣ, беш аз яку ним сол дар боздоштгоҳ буд ва ҳар кардаю нокардаи хешро дар мизони ақл баркашидаю ба хулосае расидааст, ки як соати бандӣ будан дар Ватан, ҳазорон бор бартар аст аз ғарибию ватанҷудоӣ, ҳаёти озод, вале бидуни пайвандон ва ниҳону гурезон. Ӯ ба хубӣ дарк кардааст, ки берун аз хоки диёр танҳо бозичае мегардад дар дасти душманони Ватану миллати худ. Зеро аксарияти чунин ашхосро мешиносад. Медонад, ки онҳо барои сабзпора маблағе имрӯз борони тӯҳмату бӯҳтонро бар сари Ватани аҷдодии худ мерезанд ва иснод бар ақрабои бошарафи гузашта ва насли ояндадори имрӯзаашон овардаанд. Ӯ фаҳмидааст, ки дар ин роҳ, мисли дигарон, номи ӯро низ истифода мебаранду баъди пиёда намудани ҳадафҳои худ ба кунҷи узлату фаромӯшиаш мепартоянд. Низомхон Ҷӯраев метавонист аз Маскав ба дилхоҳ кунҷи дунё паноҳ барад, вале андешаи дурӣ аз хоки диёр, андешаи бо дастони худ гузоштани тамғаи фарзанду пайванди «ҷинояткори фирорӣ» дар шарҳи ҳоли наздиконаш ӯро водор кард, ки бо кадом роҳе набошад, ба Ватан баргардаду ихтиёран худро ба дасти қонун супорад.

Баъзе ҳангомаҷӯён даъво доранд, ки чаро сараввал ба хонаи худ нарафт, то ба дидори наздиконаш расида, сипас ба мақомот муроҷиат кунад. Сабабаш хеле оддист. Ҷӯраев медонист, ки аллакай дар чанд

рӯзи ғоиб буданаш, ҳатман хонааш таҳти назорат аст ва агар ӯро он ҷо дастгир кунанд, ҳаргиз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иқрор нахоҳанд кард, ки ӯ ихтиёран ба онҳо таслим шудааст. Маҳз ба ҳамин хотир, якбора дар дафтари қабули КДАМ пайдо шуду ҳамаро мутаҳаййир сохт.

Ҳукумати Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ин иқдоми мардонаи Низомхон Ҷӯраевро бояд ҳатман ба назар гиранд. Парвандаи ҷиноӣ нисбати номбурда бояд аз нав, мӯшикофона баррасӣ гардад. Бозгашти Ҷӯраев Н. ба Тоҷикистон худ гувоҳи он аст, ки ӯ омодааст барои гуноҳҳои содиркардааш дар назди қонун ҷавоб гӯяд ва ҳар буду набуди дигареро, ки дар ғайб бар дӯшаш ҳавола мекарданд, сарбаландона инкор намояд. Итминони комил аст, ки муносибати мутаносиб нисбати ӯ раво дида мешавад ва ба ӯ ҷазои мувофиқ эълом мегардад.

Шеваи рафтори Низомхон Ҷӯраев зарбаи нишонрасе бар созмончаю ташкилотҳои бешумори ба истилоҳ «байналмилалӣ», «озодӣ»-овар ва «ҳифз»-кунандаи ҳуқуқи инсон, амсоли Amnesty International мебошад. Ии ташкилот, ҳанӯз дар давраи буду боши Н.Ҷӯраев дар боздоштгоҳи шаҳри Маскав аз Россия тақозо карда буд, ки ӯро ба Тоҷикистон истирдод накунанд, то он ҷо таҳти зӯроварию шиканҷа қарор нагирад. Ҳамакнун, ки Н. Ҷӯраев худаш ба Ватан баргашт, ихтиёран таслими ҳомиёни қонун гардид ва ба тақсиру гуноҳҳои худ иқрор гардид, онҳо чӣ мегуфта бошанд?

Ба ҳар ҳол, дигар ҷойи фарзибофию фолбинӣ намонда. Низомхон Ҷӯраев гарчӣ дар маҳбас аст, дар Ватани худ аст ва аз ҳавои он нафас мекашад. Имкон дорад, ки ба дидори наздикон бирасад ва ҳамзамон барои кирдорҳои ғайриқонунӣ содирнамудааш ҷавоб гуфта, ҳам худро дар назди қонуну ҷомеа сафед намояд ва ҳам пайвандонашро аз бори тамғаи фарзанди «ҷинояткори фирорӣ» ва «мавриди ҷустуҷӯ» раҳонад.

Умед аст, ки даҳҳои дигар ҳамватанони мо, ки бо ҷурмҳои сағира ё кабира аз сарзамини аҷдодии худ канораҷӯӣ намуда, дур аз ёру аёл, ватангадо, дарбадар ва бозичаи дасти бегонагон дар муқобили миллату меҳани худ гаштаанд, ба ин иқдоми мардонаи Низомхон

Ҷӯраев пайравӣ намуда, ба Ватан бармегарданд. Зеро танҳо Ватан, миллат, давлат, ки ҳомии асосии ин ду арзиши муқаддас аст, метавонанд фарзанди худро мувофиқ бо кардаҳояш ҷазо таъин кунанд, аз озодӣ маҳрум кунанд ва ё афв кунанд. Оне, ки ҷурме, ҷинояте содир кардааст ва бар замми ин, аз посухгӯйӣ барои кардааш дар фирор аст, як умр назди ин се қарздор аст ва дар ду дунё омӯрзишу шафоат дарёфт нахоҳад кард.

Назари Олимпур

Похожие записи:

Один комментарий to “Низомхон Ҷӯраевро дарки воқеияти сӯйи Ватан кашид”

  1. Бродяга Сказал(а):

    Агарчи дар гариби сад хазор саргаштаву сарсон шавам,бех аз он,ки дар ватан мухточи номардон шавам.Назари Олимпур холо ту гирифтори кабзаи ноодилонаву нохаки хаёт нашудаи вагарна ба Африко мегурехти.Низомхон Чураев,сохибкор ва вакили мардуми буд.Корхонаи химиявии Исфараро обод кард,махсулоти истехсол кардаи корхонаро ба фуруши дохили ва беруни баровард.Андози бучети давлатро сари вакт хам,ки набошад,лекин тадричан ва мох ба мох месупорид.Шумо аз тахлилхои иктисоди дур хастед,масъалахои иктисодиро хуб дарк надоред.Суханони кинояомезу буйгини шумо ба дигарон нофорам аст.Аз Точикистон садхо хазорон чавонону чавонмардон,хатто калонсолону пирсолон дар Россия кору зиндаги мекунанд.Духтарону занони чавон,хатто нафакурзанхои Точикистонро дар Россия дидан мумкин аст.Шумо аз кисмати Низомхон Чураев огоз кардеду ба гарибону бечорахои дур аз Ватан кинояомез”насихатхои Ватандусти” додед.Аз ба махкама кашидани Н Чураев ягон фоидае нест.У чиноякори котил,экстремист ё террорист набуд.Магар дар дигар сохахои истехсолии чумхури,дар вазоратхову раёсатхо ва корхонахои давлативу гайридавлати камбудихои истехсоливу иктисоди вучуд надоранд?Оё аз бучети давлатии чумхури,ки хамчун сарраёсати алохидаи бучетдори дар тобеи Вазорати молияи Точикистон дохил аст,мансабдорон намедузданд.Дар тамоми вазоратхои Точикистон маблагдуздиву маблагшуи вучуд дорад.Дар вазорати мудофиа ва ВКД,хисоби мабдагхои пурмасрафу бехудуд ва моддахои харочотихои номаълум пайваста дида мешаванд.Дар вилояти Хатлон,порадехиву порагири ба авчи аълояш анъана шудааст.Ба воситаи хизматчиёни махсус “спецслужбы” ва командаи “хушомадгуён” замини давлатие ки аз бобову бобокалонхоямон ,хамчун заминхои колхозиву совхози мерос шуда буданд,танхо ва танхо махсус ва махсус аз фаъолияти рохбарон аз даст ба даст ба фуруш мераванд.Дар нохияи Чоми,8-сотих замини давлати ба микдори 8000-доллари амрикои руирост фурухта мешавад.Рохбари пешинаи вилояти Хатлон дузди пир А Миралиев хело маблагдуздиву порагири кард.Хатто вайро мардум педофил гумон мекарданд,бо духтарони чавон,ин пири “барнодил” ишкварзи мекард.Холо бошад,Амир-бобо 66-сола мешавад.Эстафетаро дузди пири дигари Гайбулло Афзалов ба даст гирифтааст.Миллион-миллион доллархо дар чорабинихои чашниву идонаги харч мешаванд.Ин ракамхо дар чашми шумо “насихатгар” наметобад,ё магар намебинед.Дар бораи ишораи шумо ба он ки дар гарибихо мо,яъне точикон бозичаи дасти дигарон нашавем.Худоро шукр ки хазорон нафар мухочирони точикро дар Россия мебинам,ки аз Точикистон дида инчо озодтаранд.Ин амри такдир будааст,ки садхо хазор мухочирони кори дар Россия мебошанд.Оянда хам мо хохем ё нахохем хам,муттаассифона сафи мухочирони кори зиёд мешаванд.Точикистон тадричан ватани як кабила в ё як махалли калоне мегардад,ки онхо бо тарики хешу таборбозиву махалгарои ва фишоровари, бо кувваи хешони худ,ки рохбарони болонишину вазоратнишини чумхури хастанд,амал мекунанд.Чои “равгании” Низомхон Чураев ба касе маъкул шуда буд,бинобар ин чойро барои дигарон бояд,ки холи мекард.Холо баъдтар мебинем,ки ин чойро яке аз хешовандони Рахмон аз худ мекунад.Н Чураев бошад,23-сол махбаси мешавад.Бо замми он ки вай аз вилояти Сугд аст.Вой бар холат,”бизнесмен”.Шумо бошад,Н.О.,чаппак мезанед,дуздро капиданд.

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.598 seconds.