По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 07.02.2019
 

«Онҳо ҳеч далеле надоранд, ки мардуми кӯҳистони Бадахшонро аз Тоҷик будан мағзшӯӣ кунанд»

На данном изображении может находиться: 1 человек, борода, на улице и часть тела крупным планом

«Онҳо ҳеч далеле надоранд, ки мардуми кӯҳистони Бадахшонро аз Тоҷик будан мағзшӯӣ кунанд» посухи донишмандона аз писари ҳақони Бадахшонзамин набераи абарқаҳрамони миллати Тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур Умед Ҷайҳонӣ ба помирҷудохоҳони шабакаҳои иҷтимоӣ!!!

Бародарони гиромӣ аз шумо хоҳиш менамоем, минбаъд ба он нотоҷикони помиргаро ки аслан қисми зиёди онҳо Помирӣ ҳам нестанду ҳамчун нақши миёнарав ҷангандоз, ҷудогаро, душман кардани ин миллати ориёиро байни ҳам доранд, на баҳс кунеду на дар гурӯҳҳои онҳо бимонед на ба ҳарфу ҳадафи онҳо аҳмият бидиҳед. Кофист, ки ҳамин суханҳои бародари Умед Ҷайҳониро ба онҳо бифиристед, худашон шарм медоранду аҳмақ мемонанд, чунки Тоҷикҳои асил ва номбардори миллат аз кӯҳистони Бадахшон буданду ҳастанду мемонанд, таваҷҷӯҳ намоед ба посухи як Тоҷики асили Бадахшонӣ номбардори миллат Умед Ҷайҳонӣ 

«Бародарон ин чанд касе, ки иддиъо мекунанд тоҷик нестанд, танҳо аз худашон намояндагӣ мекунанд, на аз ҳама мардуми Помир. Аммо ҳамин чанд кас ҳам далеле доранд, ки худро тоҷик намешиносанд. Ҳамон далел бояд шиносоӣ шавад.

Мегӯянд, ки забонамон форсӣ ё тоҷикӣ нест. Аммо ин далел намешавад.
Мегӯянд, ки мазҳабамон дигар аст. Вале ин ҳам далел намешавад. Зеро ҳамин мазҳаби исмоъилӣ дар Бадахшон ва Помир ба ҳамон забони форсӣ густариш ёфтаву ҳама адабиёташ ба ҳамин забон офарида шудааст. Ба дигар сухан, мазҳаби исмоъилӣ худ яке аз шохаҳои фарҳанги тоҷикӣ (эронӣ–исломӣ) аст. Ҳарчанд имрӯз забони инглисӣ ҷои форсиро дар миёни пайравони мазҳаби исмоъилӣ гирифта, чун ҷамоъат ҷаҳонгустар (глобалӣ) шуда, вале ҷойгоҳи адабиву мазҳабии форсӣ дар он ҷамоъат ҳамчунон пойдору устувор аст. Пажӯҳишгоҳи исмоъилия дар Ландан бар пояи ҳамин адабиёти форсии исмоъилӣ бунёд ёфтааст.

Худ Имом Оқохон ҳам бар эронӣ буданаш бисёр такя мекунад ва ин матлаб аз намодҳои зоҳирии имоматаш, ки ҳамон тоҷу ҷомаву шамшеру лавҳу саҷҷода ҳастанд, ва осори Музеи Оқохон дар Канада ошкор аст. Фарҳанге, ки вай ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад, ҳамон фарҳанги эронӣ–исломӣ, яъне тоҷикӣ, аст, зеро ҳамон фарҳангро амир Наср ибни Аҳмад ибни Исмоъили Сомонӣ, Аҳмади Нахшабӣ, Муайядфиддини Шерозӣ, Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абуабдуллоҳ Ҷайҳонӣ, Абуалӣ ибни Синову Носир Хусраву Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигарон доштаву сохтаву пос доштаву парвардаву густариш додаанд.

Ҳамин устод Давлат Худоназар ва ё устод Далер Назар ва дигар ҳунармандону ҳунарпешаҳову донишмандону варзишкорону куллан номдорони помирӣ ҳам ҳар кадоме саҳми худро дар болоишу густариши ҳамин фарҳанг гузоштаву онро фарогиру миллӣ кардаанд. Ҳуҷҷати ман бар тоҷик буданам ҳамин касон ҳастанд.

Ҳоло касоне, ки ин бузургонро намешиносанд ва осорашонро нахондаву асару таъсире аз онҳо напазируфтанд ва ин фарҳангро фаро нагирифтаанд, чигуна худро тоҷик биноманд?

Шумо дуруст мегӯед, ки дар бархе аз пажӯҳишгоҳҳои Русия ин мавзуъ матраҳ мешавад, ки гӯё помириҳо тоҷик нестанд. Ман худ дар чанд нишасте ширкат кардаам ва аз пажӯҳишгарон пурсидаам, ки бар пояи кадом далелу бурҳон шумо мегӯед, ки помириҳо тоҷик нестанд?
Мегуфтанд, ки чун муҳоҷироне, ки аз онҳо назархоҳӣ шудааст, худро помирӣ номидаанд. Аз дидгоҳи илмӣ ҳамин ки касе худро ба номе мехонад, далел бар худшиносияш аст. Он пажӯҳишгарон ҳамин худхониро дастак кардаву мавзуъро жарфтар напажӯҳидаанд. Бархе аз онҳо дар расонаҳо низ суханронӣ кардаву росту дурӯғ бисёр гуфтаанд.
Вале ин мавзуъро ду тан аз пажӯҳишгарони худамон – зиндаёд устод Боғшоҳ Лашкарбек, ки худ тоҷиктарин тоҷик буд, ва устод Тохир Каландаров беҳтар аз ҳама пажӯҳидаанд. Онҳо мегӯянд, ки худшиносии помириён чандтабақа аст:
худшиносии зодгоҳӣ (масалан, шуғнӣ, рӯшонӣ, вахонӣ)
– худшиносии зодбумӣ (помирӣ) – худшиносии миллӣ (тоҷик).
Ниг.: Лашкарбеков Б. Б. Памирская экспедиция (статьи и материалы полевых исследований) / Отв. ред. Н.М. Емельянова. – М.: Институт востоковедения РАН, 2006. – 272 с.
– ISBN 5-89282-291-5; Каландаров Т.С. Памирские мигранты–исмаилиты в России. – М.: Наука, 2005. – 26 с. – («Исследования по прикладной и неотложной этнологии») Института этнологии и антропологии РАН). – 10 000 экз. – ISBN 5-201-13758-x.

Бегумон бархе ин дидгоҳи илмиро ҳам нахоҳанд пазируфт ва исрор хоҳанд кард, ки помирӣ ҳастанду тоҷик нестанд. Посухашон сода аст: Тоҷик нестед – Тоҷик набошед. Ҳамин ки Тоҷикистонӣ ҳастед бас аст. Ҳаройина аз Тоҷикон ҷудо нестед»!!!

Бедории Тоҷик

Похожие записи:

    Не найдено.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.517 seconds.