По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 08.02.2017
 

Он уже не первый раз звонит , жалуется на притеснение по религиозному признаку всех мусульман-заключённых.ДУ СОЛИ ЗИНДОН БАРОИ ЯК “ШӮХӢ” !!!

На горячую линию позвонили из мест лишения свободы. Обратившийся – Сидиков Фаррух Файзуллаевич, отряд 5 ик-4 , Валдай Новгородская область. Он уже не первый раз звонит , жалуется на притеснение по религиозному признаку всех мусульман-заключённых. Не дают молиться, отбирают Коран, коврики во время обыска и не возвращают, унижают. 2 года назад это начали, 60 Коранов уже изъяли якобы для экспертизы и не вернули до сих пор ни одного. Братья просят помощи. Али ЧаринскийУмар СаидАбу Умар Саситлинский, Botirjon Shermatov, Игорь КаляпинАндрей БабушкинМикаил Костоев

ДУ СОЛИ ЗИНДОН БАРОИ ЯК “ШӮХӢ” !!!
Додгоҳи Самара шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон Хурсанд Амунбековро бо ҷурми ахбори бардурӯғ дар бораи амали террористӣ ба ду соли зиндон маҳкум кард.
Додгоҳи ноҳияи Советский шаҳри Самараи Русия рӯзи 7 феврал муҳокимаи парвандаи шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон Хурсанд Амунбековро ба поён овард. Вусал Алиев, ёвари додситони ин ноҳия гуфт, додгоҳ Амунбековро ба ду соли зиндон маҳкум кард. Ба гуфтаи Алиев, ҷавони тоҷик дар додгоҳ ба гуноҳаш эътироф карда изҳори пушаймонӣ кардааст.
Хурсанд Каримбекович Амунбеков, санаи таваллудаш 8 ноябри соли 1992, ки дар яке аз омӯзишгоҳҳои низомии Русия таҳсил мекард, моҳи декабри соли 2015 бар асоси моддаи 207-уми Кодекси ҷиноятии Русия (ахбори бардурӯғ дар бораи ҳамлаи террористӣ) дастгир шуд.
Хурсанд Амунбеков рӯзи 26 декабри соли 2015, соати тақрибан 13 аз телефони мобилаш ба шумораи 112 (рақами идораи ҳолатҳои фавқулодда) занг зада, аз номи созмони тундрави “Давлати исломӣ” ҳамаро ба Соли нав табрик мекунад ва мегӯяд, ки дар фурӯшгоҳи “Космопорт”, воқеъ дар кӯчаи Дибенкои шаҳри Самара бомба гузоштаанд ва он баъди ним соат метаркад.
Дар пайи ин занги телефонӣ қариб 3 000 нафарро аз фурӯшгоҳи “Космопорт” кӯчонданд ва ин фурӯшгоҳ 6 соат аз кор монд. Тайи ин муддат мақомоти амниятӣ ва пулис ба кофтукоби “бомба” сар карданд.
Маълум шуд, ки таҳдиди ҳамлаи террористӣ аз номи “Давлати исломӣ” дурӯғ будааст. Таҳқиқи шумораи телефоне, ки аз он ба рақами 112 занг зада буданд, маълум кард, ки аз ин телефон шаҳрванди Тоҷикистон Хурсанд Амунбеков занг задааст. Ӯро худи ҳамон рӯз дастгир карданд.
Вусал Алиев, ёвари додситони ноҳияи Советский мегӯяд, дар ин парванда 54 нафар, аксар моликони дӯконҳо дар фурӯшгоҳи “Космопорт” ҷабрдида эътироф шудаанд, чунки хабари дурӯғи Амунбеков ба тиҷорати онҳо зарар овардааст: “Маблағи умумии зарар 1 миллиону 130 ҳазор рубл (қариб 20 ҳазор доллар)-ро ташкил медиҳад, ки ин зарари бузург аст.”
Мақомоти додситонӣ харҷи эъзоми нирӯҳои вижа ба фурӯшгоҳи “Космопорт” ва кофтукоби бомбаи набударо низ мехоҳанд аз Хурсанд Амунбеков бирӯёнанд.
Тафтишот мегӯяд, Хурсанд Амунбеков як духтарро, ки дар “Космопорт” кор мекард, дӯст медошт. Ин духтар муҳаббати ҷавони тоҷикро рад кардааст ва ӯ барои қасос гирифтан аз ин духтар ба шумораи 112 занг зада, дар бораи гузоштани бомба дар ин фурӯшгоҳ хабар додааст.
Хурсанд Амунбеков дар рӯзи аввали мурофиаи парвандааш дар додгоҳ гуфтааст, фикр намекард, ки як аҳмақиаш чӣ балоеро ба сари вай меорад: “Фикр накардам, аҳмақӣ кардам. Ман ба “Давлати исломӣ” ягон хел робита надорам. Чӣ робитае ҳам дошта метавонам?”
Хурсанд Амунбеков, ки алакай як солу як моҳ боз дар боздошт пушти панҷара қарор дорад, нахустин шаҳрванди Тоҷикистон нест, ки дар Русия бо иттиҳоми ахбори бардурӯғ дар бораи ҳамлаҳои террористӣ боздошт шудаанд.
Дар поёни моҳи ноябри соли 2015 сокини ноҳияи Ҷиликӯл А.Хоҷақулов, ки барои гусели як дӯсташ ба фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав омада буд, ҳангоми вуруд ба бинои фурудгоҳ ва гузаштан аз дастгоҳи назоратӣ ба суоли кормандони фурудгоҳ ки “дар ҷайбатон чӣ доред?”, шӯхиомез посух додааст, ки “бомба дорам.” Ҳатто вақте аз ӯ такроран ин суолро кардаанд, Хоҷақулов айни ҷавобро додааст ва ӯро боздошт кардаанд. Алайҳи Хоҷақулов бар асоси қисми якуми моддаи 207-уми Кодекси ҷиноии Русия (хабари бардурӯғ дар бораи амали террористӣ) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.
Ҳамин тавр, дар соли 2013 дар шаҳри Санкт-Петербург як ҷавони тоҷик тавассути телефон ба пулис хабар дода буд, ки дар фурудгоҳи Пулково бомб гузоштаанд. Мақомот дар пайи ин таҳдид мардумро аз фурудгоҳ кӯчонданд. Баъди боздошт ин ҷавон иқрор кардааст, ки ба ҳавопаймояш дер мекард ва ӯ мехост, бо ин хабари бардурӯғ парвоз ба таъхир афтад ва вай худро ба ҳавопаймое, ки ба Душанбе парвоз мекард, бирасонад.
Дар соли 2014 дар Екатеринбург дар бораи боздошти як муҳоҷири дигари тоҷик гузориш доданд, ки низ тавассути телефон дар бораи гузоштани маводи тарканда дар як фурӯшгоҳи ин шаҳр хабар дода буд. Баъди боздошт ин ҷавон гуфтааст, ки маъмурони пулис ӯро дар наздикии ин фурӯшгоҳ боздошт ва хеле азият карданд ва ӯ бо ин роҳ хостааст, аз онҳо интиқом бигирад.

Миргиёс Ахроров

Таджикистанец за ложный звонок о бомбе приговорен в России к двум годам

В Самаре вынесли приговор нелегальному мигранту из Таджикистана, который накануне новогодних праздников в 2015 году сообщил о минировании торгового центра «Космопорт». 24-летний Хурсанд Амонбеков раскаялся и получил два года тюрьмы.

В Самаре вынес приговор гражданину Таджикистана Хурсанду Амонбекову. 24-летнего мужчину признали виновным в «Заведомо ложном сообщении об акте терроризма». Как сообщают российские СМИ, ему назначено наказание в виде 2 лет лишения свободы с отбыванием срока в исправительной колонии общего режима.

Подсудимый своей вины не отрицал. Он признался, что 26 декабря 2015 года позвонил на номер 112 и сказал: «Через час взлетит на воздух торговый центр «Космопорт». Это вам подарок от ИГИЛ. С Новым годом!».

На несколько часов деятельность торгового центра была парализована. Оттуда эвакуировали тысячи людей, но так ничего и не нашли. 54 арендатора понесли крупные убытки и впоследствии выставили счет «телефонному террористу». А парня в тот же день задержали сотрудники УФСБ России по Самарской области. Оказалось, что 24-летний гражданин Таджикистана на территории России пребывает незаконно, а свои документы давно потерял.

Его связь с ИГИЛ не подтвердилась. По данным прокуратуры, Амонбеков действовал в одиночку. В тот день он поссорился с девушкой Юлей, которая работала в торговом центре, и хотел тем самым ей насолить.

Молодой человек раскаялся и на суде просил прощения за причиненные неудобства. В итоге суд признал Амунбекова виновным и приговорил к двум годам колонии общего режима.

При этом в СИЗО он сидит с декабря 2015 года, а потому, возможно, через некоторое время сможет выйти по УДО.


Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.542 seconds.