По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 21.10.2011
 

Оё Кабири Русияро исломӣ карданист?

Источник: www.ozodagon.com

(http://ozodagon.com/tahlil/siyosi/2690-2011-10-21-04-45-35)

21.10.2011 09:30

Тавре хонандагони “Озодагон” дар хотир доранд, дар шумораи гузашта матлабе нашр карда будем, ки “Ҳукумат аз таъсиси ҳизби муҳоҷирон истиқбол мекунад” ном дошт ва ба саволҳои гузоштаи мо Каромат Шарифов, нафаре, ки муддаии таъсиси Ҳизби муҳоҷирон гардид, то лаҳзаи чопи матлаб посух надода буд.

Инак аз ҷониби эшон ба суроѓаи мо посухҳо расиданд, ки бо иловаи пурсишҳо онро пешкаши хонандагон мекунем:

- Идеяи таъсиси ҳизб солҳо боз идома дорад. Аммо чаро имрӯз нияти таъсиси онро ҷиддитар мешуморед? Кадом омилҳо ва фазои мушаххас шуморо ба ин кор таҳрик медиҳад?

-Идеяи таъсиси ҳизб нахуст 30-юми октябри соли 2006 дар осоишгоҳи “Снегири”-и вилояти Маскав зимни мулоқот бо масъулини раисҷумхур ва намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон пайдо шуд. Дар он мулоқот раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, додситони кулл Шерхон Салимзода, раҳбари дастгоҳи иҷроия Матлубхон Давлатов ширкат доштанд. Банда дар маҳфил ба сифати коршинос дар робита ба масоили муҳоҷират аз ҷониби ҷамъиятҳои тоҷик баромад доштам. Дар нишаст ман бо иҷозаи намояндагони Тоҷикистон навореро таҳти унвони ” Ҳаёти талхи муҳоҷири тоҷик” пахш кардам. Филми мазкур аз ҷониби кормандони “Ҷамъияти тоҷикон дар Русия” ба навор гирифта шудааст. Дар филми мазкур тамоми мушкилиҳои зиндагии шаҳрвандон хориҷ аз кишвар таҷассум ёфтааст. Дар поёнии филм барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон пешниҳоде садо дод, ки “Ҳизби муҳоҷирони тоҷик” бояд таъсис ёбад. Мо фикр дорем, ки таъсиси ин нерӯи сиёсӣ ба манфиати давлати Тоҷикистон аст. Баъдтар, моҳи марти соли 2007 дар вохӯрии дигар бо иштироки зиёиёни Тоҷикистон, ки дар Маскав гирди ҳам омаданд, аз ҷумла Бӯри Карим, Ниёзӣ масъалаи таъсиси ҳизби сиёсӣ бори дигар аз ҷониби банда пешниҳод гардид.

Сабаби аслии ҷиддӣ гирифтани ин масъала дар ҳамин шабу рӯз он аст, ки аксарияти муҳоҷирони тоҷик баъд аз фаъолият дар Русия бо бемориҳои мухталиф ба хона бармегарданд. Модарон, хоҳарон, бародарон, писарони ноболиѓ ба хотири ба даст овардани маблаѓи ночизе дар ѓурбат саломатии худро аз даст медиҳанд, маъюб мешаванд. Барномаи тарҳрезикардаи давлатӣ муҳоҷирони тоҷикро таҳти назорати худ намегирад. Феълан интихобкунандагон дар якҷоягӣ бо хонавода ҳиҷрат мекунанд. Зиндагӣ сахт аст. Вале чаро давоми 20 соли истиқлоли кишвар раҳбарони имрӯзаи Тоҷикистон боре ҳам ба дидори интихобкунандагони худ намеоянд?

Шумо аз ман мепурсед, ки кадом омилҳо ва фазои мушахас таъсиси ҳизбро ба ман таҳрик медиҳад, ин баргардонидани мутахасисони варзидае, ки ба иллати сахтии зиндагӣ рӯ ба муҳоҷират овардаанд. Дар сурати баргашт ва бо ҷои кори муносиб таъмин шудани онҳо дар Тоҷикистон давлат ва ҳукумати кишвар метавонад бурд кунад.

- Ҳукумати кишвар ахиран бо пешниҳоди созмонҳои ҷамъиятӣ, ниходи вижае вобаста ба муҳоҷирон таъсис дод, ҳарчанд коршиносон мегӯянд ин ниҳод ҳам натавонист хостаи онҳоро бароварда созад. Пас, таъсиси як нерӯи сиёсӣ то куҷо ҳалли мушкилотро осонтар ё баръакс душвортар мегардонад? Умуман дурнамои фаъолияти онро чӣ гуна мебинед?

-Дар урфият мегӯянд: “Гӯсоларо назди гов бурдан лозим на, балки говро бояд назди гӯсола бурд”. Ҳамин тавр ҳукумати Тоҷикистон ниҳодеро таҳти унвони “Хадамоти муҳоҷират” таъсис дод. Шумо метавонед фарзанди худро назди мулло баред ва бигӯед, ки ба вай дарси физикаро биомӯзад? Ба фикрам не. Бечора мулло шояд ҳайратзада шавад. Таъсиси “Хадамоти муҳоҷират” ба ҳамин монанд. Ҳеч як созмони муҳоҷирон дар Русия бар зарари ҳукумат ва шаҳрвандони Тоҷикистон бунёд нашуда, фаъолият надорад.

Умуман ҳалли мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба назари мо феълан дар сурати таъсиси “Ҳизби муҳоҷирон” имконпазир аст.

Дар Тоҷикистон сару садои зиёде дар мавриди эҳтимоли пуштибонӣ ёфтани шумо аз ҷониби давлатмардони ҳукумати Русия зиёд аст, шумо чӣ назар доред?

-Русия 70 соли шӯравӣ хонаи раҳбарони Ҳизби коммунистии Тоҷикистон буда, давоми 20 соли истиқлол ба хонаи тамоми шаҳрвандони тоҷик табдил ёфтааст. Ҳар нафаре, ки дар манзили дӯсташ ё душманаш нон хӯрд, ӯро ба хотири намакаш пос бояд дорад. Ҳарчанд Русия барои Тоҷикистон душман нест. То ҷое ман медонам, аксари раҳбарони Русия пеш аз хоб саҳфае аз китоби Умар Хайёмро мехонанд. Мушкилоти феълии муҳоҷирони кори тоҷик ҳалшаванда аст. Масалан то соли 2001 зиндонҳои Русия пур аз ҷавонони тоҷик буд. Пас аз таъсиси “Ҷунбиши умумирусиявии муҳоҷирони тоҷик” ин масъала дар сатҳи боло баррасӣ гардида, то андозае ҳалли худро пайдо кард. Масъалаи асосӣ дар ин ҷо ба фикри мо дурӯябозии баъзе аз сохторҳои масъул ва раҳбарони онҳост. Бубинед, агар ҷунбиши мо таъсис намеёфт барномаҳое чун “Наша Раша” аз байн намерафтанд. Чун нотаҳои давлатии ҳарду кишвар дар рӯи миз ҳамоно боқӣ мондаанд.

Аз ҷониби дигар гуфтан зарур аст, ки таъсисёбии “Ҳизби муҳоҷирон” ба манфиати миллии Русия низ ҳаст. Зеро давоми 20 соли охир шаҳрвандони зиёди мо дар Русия соҳиби оилаву фарзанд гардида, ба воситаи расмиёт фарҳанги русиро аз худ карда метавонанд.

-Чаро зимни пахши изҳорот шумо аз эҳтимоли аз даст додани ҷойгоҳ ва нуфузи ҲНИТ ёдовар шудед? Дар ҳоле, ки ҳамроҳ бо Муҳиддин Кабирӣ чанд иқдоми якҷоя низ доштеду дар номаи табрикотии худ ба пешвози анҷумани ҲНИТ онро як нерӯи фарогиру таъсиргузор номидед. Оё эълони таъсиси ҳизби нав маънои ихтилофи назар бо Кабирӣ дар масоили муҳоҷирон бо шуморо дорад, ё сухан аз манфиатҳову таъсиргузории як ҳизби ватанӣ меравад, ки доираи фаъолиятҳои шуморо маҳдуд хоҳад кард?

- Бовар кунед, ҳатто дар сурате чунин изҳоротро ман пахш мекардам, ки агар ҳизби ҳокими халқи демократии Тоҷикистон дар бораи густариши фаъолияти худ берун аз кишвар садо баланд мекард, чӣ расад ба ҳизби Муҳиддин Кабирӣ. Медонед, ки русҳо миллатгароянд. Онҳо пас аз изҳороти раҳбари ҲНИТ М. Кабирӣ масъалае пеш гузоштанд, ки тоҷикон ҷомеаи Русияро исломӣ кардан мехоҳанд. Вақте дар ин бора шарҳи маро як хабарнигори рус фаҳмиданӣ шуд ба онҳо шумораи гӯшии Муҳиддин Кабириро додам, то аз забони эшон посух дарёфт кунанд. Мутаассифона он лаҳза гӯшии Кабирӣ дастнорас буд ва хабарнигорон натавонистанд ба пурсишҳояшон посух бигиранд. Ин лаҳза дар барномаи радиоӣ пахш шуд.

Ба таври дигар изҳороти Кабириро дар Русия чунин қабул карданд, ки ӯ дар Русия ҷиҳод эълон кардааст. Инро ман метавонам танҳо иштибоҳи раҳбари ҲНИТ арзёбӣ кунам.

Дуруст аст, ки муҳоҷирони тоҷик ва мушкилоти онҳо танҳо дар ҳолатҳое ба ёди нерӯҳои сиёсии Тоҷикистон мерасад, ки ягон чорабинии муҳими сиёсӣ баргузор шавад. Инро ман дар чандин ҳолатҳо мушоҳида кардам. Яъне, муҳоҷирон барои нерӯҳои сиёсӣ феълан танҳо барои гирифтани холҳои бештари сиёсист, на бештар аз ин. Оё инро демократия ва меҳанпарастӣ номидан мумкин аст?

Агар ҳадафи раиси ҲНИТ ҳалли мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик бошад, мутмаинам, ки оѓои Кабирӣ пас аз таъсиси “Ҳизби муҳоҷирон” изҳори хушҳолӣ хоҳад кард. Аммо ҳоло ба Кабирӣ тавсия медодам, ки изҳороти худро барои матбуоти Русия шарҳ бидиҳад ва онҳоро ором кунад, ки ҳадафаш аз суханони гуфтааш чӣ буд.

Феълан тамоми нерӯи сиёсии Тоҷикистон бояд дақиқ донанд, ки “Ҷунбиши умумирусиявии муҳоҷирони тоҷик” дар вазорати амнияти Русия сабти ном шудааст. Яъне мо худро масъули комили ҳамаи муҳоҷирони тоҷик медонем. Аз ин хотир аз ҳамаи шахсиятҳои сиёсии Тоҷикистон даъват мекунем, ки зимни пахши ин ё он изҳорот ҷиддӣ андеша кунанд, то ба алов равѓан нарезанд.

- Ҷомеаи Тоҷикистон дар бораи шумо маълумоти собит надорад. Гоҳ мешунавем, ки бо ҳукумат сӯҳбатҳое дореду дар маъракаҳои онҳо ширкат мекунед, гоҳи дигар мебинем ки интиқоди шадид аз фаъолиятҳои онҳо доред. Решаи ин ҳама ихтилофи назарҳоро аз куҷо бояд ҷустуҷӯ кард?

-Мутмаинан мегӯям, ки ҷомеаи Тоҷикистон дар бораи ман маълумоти собит дорад, аммо мутаасифона бархе бо ном хабарнигорон мехоҳанд ба шахсияти ман ҳамеша ҷомаи сиёҳ пӯшонанд. Шояд чунин хабарнигорон муваффақ шуда бошанд, ки дар шахсияти ман шаку шубҳа ба вуҷуд биёяд. Дар асл ман доим бо мардуми Тоҷикистон ва мушкилоти онҳо будам, ҳастам ва хоҳам монд. Воқеан зимни сафари худ ба Тоҷикистон, ки дар ин бора зиёд сӯҳбатҳо мекунанд, ман бо мақомоти начандон сатҳи баланди ҳукумати Тоҷикистон вохӯрда будам. Дар ин дидор мо масоили мухталиф, аз ҷумла мавзӯи муҳоҷират, сулҳу ваҳдат ва ягонагии мардумро баррасӣ кардем. Баъди ин сӯҳбатҳо низ ман ҳамон Каромат боқӣ мондам, ки соли 2001 бори аввал дар Русия ҷамъияте бо номи “Хазинаи тоҷик”, “Тоҷик диаспора”-ро таъсис додам. Аз соли 2005 нашри рӯзномаи “Овози Тоҷикистониён”-ро ба роҳ мондам.

Мусоҳибаи Ҳумайрои БАХТИЁР

PS: Суоли дигари матраҳ ин буд, ки оё “Ҳизби муҳоҷирони Тоҷикистон” дар куҷо сабти ном хоҳад шуд ва раиси ин ҳизб киро интихоб хоҳанд кард. Зеро тибқи қонунгузории Тоҷикистон аҳзоби сиёсии берун аз кишвар дар дохил ҳақи фаъолият надоранд ва шаҳрванди як кишвари дигар низ муассиси ҳизби сиёсии ватанӣ буда наметавонад. Каромат Шарифов дар посух ба ин пурсишҳо гуфтааст, ки онҳо талош хоҳанд кард, то ҳизбро дар Тоҷикистон сабти ном кунанд ва ӯ, ки шаҳрвандии кишварро надорад, барои раҳбарӣ кардани ин ҳизб талабгор нест.

Похожие записи:

Один комментарий to “Оё Кабири Русияро исломӣ карданист?”

  1. Хонанда . Сказал(а):

    Ном: Точики Мухочир аз: Душанбе
    05.07.2011 17:12
    Каромат гапош бисёр хубан, вале амал кардан даркор. Аз 1,5 миллион точик чунин кас ва чунин точикро шояд 1000 нафар нашиносад. Боре надидаем, ки кори касеро буд карда бошад. Банда чанд бор барои кумаки мухочирин мурочиат кардам вале боре хам надидаем, ки хидмат кунад. Хулоса хамаш гап. Максад факат кисапуркуни. Мисли дигар колегахош. На аз дасти инхо коре миёяда на аз дасти Сафорат. Точики бечора аз худаш намона. Худо нигахашон дора. Ру ба рахми Худоянду халос…

    Ном: Карим аз: Красноярск
    05.07.2011 16:10
    Мо бисёр баромади мухтарам Каромат Шарифоров дар телвизён тамошо кардем.дар хакикат ягона точике ки фикри мухочирон ва миллати точикро мекунад . худованд нигохдоратон бошад.
    Ном: Rizo аз: NJ
    05.07.2011 16:39
    Salomt boshed bo in korhoi nekaton junin odamoni vatan dustu bosavodu bokl 1 2 i diga bosha muojironi mehnati dar Russia amjun shohom megardan tashakr baroiaton.

    Ном: МАКС аз: Душанбе
    05.07.2011 15:43
    Дар як навори сайти “tajtube” Каромат Шарифов бо яке аз актёре, ки дар филми “Наша Раша” бо номи “Чамшуд” сухбат кард ва бо рузномае, ки гуё ин актёр дустдоштии худро нисбати халки точик ва Точикистон навиштааст, нишонт додани буд, гуё ки мехост ба Шарифов исбот кунад, ки мо хеч чизи бади ба халки точик дар филм нишон надодаем, аммо Каромат Шарифов рузномаи уро гирифта ба у хамла кард. Аз ин маълум мешавад ки ин одам (Каромат Шарифов) хакикатан хам марди чолоку далеру нотарс будааст. Рахмат ба ту бародари азиз Шарифов, ки шумоён хастед ва фикри миллати точики ориёии худатонро мекунед Сад ахсан, зинда бошед!

    Ном: Уроз аз: Душанбе
    05.07.2011 13:05
    Сад офарин ба чуръататон Каромат Шарифов.Аммо шумо фаромуш накунед.ки агар дар мухити хамонхо дароед шумо хам ин кушишу чонканиатон ба кучаи фаромуши хохад монд!Мисли шумо барин 10-нафар дар сатхи давлат кор кунад умедворам аз ин нокомихо зуд халос хохем шуд.Локин ин чо як шохбайт ба хотирам омад:Бош нодон то ба базми рузгорат чо диханд, Мекунанд аз чаннатат берун агар ОДАМ шави……….

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.524 seconds.