Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 21.07.2017
 

Оё муҳоҷирони тоҷик рағбат ба сиёсат доранд?

22215-07-2017 МУСОҲИБА
Умдатарин қишри корсози ҷомеаи Тоҷикистон имрӯз дар муҳоҷират аст. Маъракаҳои сиёсии кишвар бидуни иштироки онҳо мегузарад. Зиёда аз ду миллион муҳоҷири корӣ, ки аз ин миқдор наздик ба якуним миллион нафари онҳо дар Русия кору истиқомат доранд, майлу рағбати онҳо ба сиёсат ва маъракаҳои сиёсӣ барои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун муамо боқӣ мондааст. Бинобар Паём.нет аз таҳлилгарону коршиносони ин соҳа савол кард, ки оё муҳоҷирони имрӯзи тоҷик рағбат ба сиёсат доранд ва мешавад, ки аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, чи дохилӣ ва берунӣ дар фаолиятҳои сиёсии худ ба ин неру такя кунанд?

Назари коршиносон дар ин бора пешкаши хонандагон мегардад.

Каромат Шарифов, роҳбари ҷумбиши умумирусиягии муҳоҷирони тоҷик:

Муҳоҷири меҳнатӣ даҳсолаҳои наздик аз сиёсат дур мондааст. Ин ҳам бошад сабабаш дар он ки зиндагии онҳо ва аҳли оилаҳои онҳо имрӯз аз ҳисоби онҳо мебошад. Яъне иқтисодиёти давлатӣ ба пастӣ рафтааст ва будани онҳо дар муҳоҷирати корӣ, ин сабаби зинда мондани фарзандони онҳо дар ватанаст.

Аз нуқтаи назари солим метавон гуфт, ки муҳоҷири имрӯзаи тоҷик ба ҷуз аз меҳнату мушкилоти муҳоҷират сар боло карда дар фикри чизи дигаре буда наметавонад.

Чизи дигар, тарсро дар замони зода шуданамон ба хуни мо ҷо намудаанд. Вақто тарс ҳаст, тоҷик худро аз сиёсат канор мегирад ва аз ҳама маълумотҳо ва бозиҳои сиёсии чи дохилӣ ва берунӣ дур мемонад. Вақто тарс ҳаст, ҳатто душманони ватани мо метавонанд дар муддати кӯтоҳ Тоҷикистонро аз худ намоянд. Инро ман имрӯз пурра тасдиқ карда метавонам.

Ман ҳамеша як чизро мехоҳам ва ҳоло ин корро бурда истодаам. Ин ҳам бошад муттаҳид намудани тоҷик ва тоҷикзабонон аст. Локин имрӯз ин калид дар дасти ҳукумати имрӯза аст. Афсус ки ҳатто дар дохили ҳукумати имрӯза 10 фоиз ҳам ватандӯсту милатдӯсту тоҷикдӯст нест. Барои ҳамин ин калид дар байни замину осмон кашол мондааст. Меҳри инсондӯстиву қаҳрамонӣ аз бадани ҷавонон 10 солаҳо боз берун шудааст.

Чизи дигар, ба худ савол диҳед чаро опозитсияи имрӯзаи тоҷик ҳатто сухан гуфтан бо муҳоҷирро намехоҳад? Инчунин рафторро ҳукумат низ дорад. Ман дар 17 соли охир дар ҳаёти худ шоҳиди ин ҳодисаҳо ҳастам. Ҳизбу рӯзноманигорони тоҷик худро аз корҳои мо дур мекашанд. Мехоҳанд ки онҳо дар сафи боло бошанд. Худ қаҳрамони миллати тоҷик ном дошта бошанд. Афсус, ки ин мақсадҳои хом мебошад.

Миллати тоҷик аз ҳамаи мо вазифадорон, сиёсатмадорон ва роҳбарони диаспору корчалонон дарак дорад. Баҳо медиҳад, хуб бошад дар паҳлуи пешниҳодҳои хуб хоҳад буд. Боз такрор карданиам, ки имрӯза беҳбуд ва ояндаи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ мебошад на дар ҷудо намудани шаҳрвандон ба худиву бегона.

Имрӯз ҳукуматдорону сиёсатмадорон мушкилоти муҳоҷирони тоҷикро бо чашми пӯшида мебинанд. Масалан, ба наздикӣ дар сомонаи Ҷумбиши умумирусиягии муҳоҷирони тоҷик рӯихати 400 нафар ҷавононе, ки ҳатто сину солашон ба 20 нарафта буданд, нашр шуд, ки дар як худи Москва дар мудати 10 моҳ ҳалок шуданд. Аз гуруснагиву беморӣ мурданд. Ҳатто сарҳои як қисми онҳо бурида шуда буданд. Чаро ин хабар танҳо аз тарафи мо чоп мешавад? Ба ин на ҳизбҳои сиёсӣ аҳамият медиҳанд, на ҳукумат. Дар байни фавтидагон ягон нафаре аз авлоду наздикони вазирону ҳукуматдорони Тоҷикистон нестанд. Ҳукуматдорони имрӯзи мо шароитеро болои сари тоҷик таҳмил намудаанд, ки тоҷик аз тоҷикам гуфтан шарм медорад. Мисли як миллати бесоҳиб аст. Ҷомеаи тоҷикӣ ин рӯзи вазнинро имрӯзҳо ба сар бурда истодааст.

Ҷумбиши умумирусиягии муҳоҷирони тоҷик барои хамкорӣ бо ҳама омодааст. Лекин он шахсоне, ки мехоҳанд, ояндаи тоҷикон равшан бошаду обод бошем сухантарошиву зидди ҳамдигар ҷанг бо суханро бас кунанд ва ба амал гузаранд. Ин миллат бадиҳоро зуд фаромӯш мекунад ва аммо як қадами дастгирона гузошта шуд, ин миллат шабу рӯз сипосгузор хоҳад буд. Мардум даҳчанд ба касоне, ки дастгирияш карданд, наздик хоҳад шуд. Бинобар, ба андешаи ман, ба даст овардани дили мардум дар ҳаракату кӯшиши амалии ҳамон ҳизбу созмон ва ё ҳукумат аст.

Каримджон ЁровКаримҷон Ёров, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии ЭТМОС:

Майлу рағбати муҳоҷирони имрӯзаи тоҷик, хусусан ҷавонон ба сиёсат зиёд аст. Табиист, вақте, ки ин бесарусомониҳоро мебинанд, чӣ дар дохил ва ё берун аз он ҳатман норизоият меафзояд.

Аммо як намуд тарс аз таъқиб ва фишор болои фаолони сиёсӣ, ки имрӯзҳо шоҳиди он ҳастем, муҳоҷиронро эҳтиёткор мекунад.

Инчунин як мавқеъи дигаре, ки муҳоҷирон ва ҷавононро аз даромадан ба майдони сиёсӣ ба мулоҳиза дучор мекунад, ин насиҳати волидайн аст, ки ба хотири тинҷиву амонии худу оила ва таъқибу мавриди шиканҷаи ҳукумат қарор нагирифтан, онҳоро аз ин роҳ бозмедоранд. Ин ҳолат ба фикри ман ба фоидаи ҷамъият нест ва як намуд манқуртсозии миллат аст.

Дар бобати истифодаи нерӯи муҳоҷирин аз тарафи аҳзоби сиёсӣ гуфтаниям, ки дар мо хеле волоияти ислом баланд аст ва мардуми тоҷик бештар новобаста аз ҳама мушкилотҳое, ки ба хотири диндорияшон ба сарашон меояд, диндор боқӣ мемонанд ва инро таърих ҳам собит мекунад. Кӯшиши ҳукумат дар ин ҷода бар зарари худи ҳукумат аст.

Ба ин хотир муҳоҷирон бештар шояд ба ҳизбҳое рӯ биёранд, ки даъвои пуштибонӣ аз ҳуқуқи фитрияшон дошта бошанд. Албатта ин ҳолат бурди ҲНИТ аст, вале то куҷо метавонад ин ҳизб аз ин нерӯ ҳадафмандона ва фурсатталабона истифода кунад, масъалаи дигар аст.

Аз ин рӯ метавон гуфт, ки муҳоҷирони имрӯз аз коммунистҳо пуштибонӣ намекунанд, ба хотире, ки онҳо номи худро ҳамчун як ниҳоди зиддидинӣ ва атеист таъриф намудаанд. Қишри ҷавон, алалхусус муҳоҷирони меҳнатӣ аз халқӣ-демократҳо ҳам гуфта наметавонем, ки ҷонибдорӣ мекунанд. Зеро муносибати имрӯзаи онҳо низ бо мардум аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо арҷгузор ба муқаддасот ва мероси милливу динии мардум нестанд ва ҳамеша аз паи пиёда сохтани ормонҳои шахсиву авлодианд. Дигар боқимонда ҳизбҳои дохилиро касе ба ҷуз рузҳои интихоботӣ нашунидаасту надидааст.

Дар назари аксарият ин ҳама ҳизбҳо ягон коре анҷом дода наметавонанд ва чизе, ки худи ҳукумат хохад, яъне ҳизби ҳоким, ҳамон мешавад ва тутивор ҳамонро такрор мекунанд. Бубинед, ҲНИТ дар ғурбату манъи фаъолият қарор дорад, ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ аз паи пиёда кардани нақшаҳои ғосибонаи худ, ҳизбҳои дигар танҳо балегӯянд. Магар ин ҳолат як нерӯи бузурги миллӣ — муҳоҷирони меҳнатиро дилшикаста намекунад?

Дар охир бояд як чизро таъкид кунам, ки азҳоби сиёсӣ ва ҳаракатҳои беруна метавонанд аз ин нерӯ истифода баранд, ба шарте дар ҳақиқат бо мардум наздик шаванд. Аз худ ҳамарӯза ҳамчун пуштибони мардум ва муқаддасоти фитриву миллии онҳо дарак диҳанд, ба онҳо ёрии худро расонанд. Хусусан ин ёрӣ агар юридикӣ бошад ва дигар ёриҳое, ки муҳоҷирон муҳтоҷи онҳо ҳастанд.

Асли гап дар сари ин аст, ки кадом аҳзоби сиёсӣ, ки мехоҳад дили муҳоҷиронро ёбад, бояд дар бораи онҳо имрӯз, чӣ дар Русияву Қазоқистон ва ё ҳар ҷои дигар, як барномаи махсуси рӯҳбаландкунанда ва амалишавандаи муфид дошта бошад.

Ширин Ибронова, ҳуқуқшинос:

Ростӣ, на ҳама муҳоҷирони имрӯзаи тоҷик рағбат ба сиёсат доранд, зеро онҳо фақат дар фикри ҳуҷҷат кардану кор ёфтан, ҷои зист ёфтан мебошанд, яъне аксарияти онҳо имконият надоранд.

Ҳастанд сиёсатмадороне, ки чи дар дохили кишвар, чи берун аз он фикрҳои шахсии худашонро иброз медоранд, аммо на ҳама вақт муҳоҷирон онҳоро дастгирӣ мекунанд.

Якум, ин ки муҳоҷирони мо бояд ба пуррагӣ аз ҳукқуқҳои худ чи дар кишвар, чи берун аз он бохабар бошанд. Дувум муҳочир тавонад дар ҳама маврид, чи дар ватан, чи дар хориҷ барои поймол гардидани ҳуқуқаш аз тарафи мансабдоре ошкоро талаби барқарории ҳуқуқашро кунад ва мансабдорҳо набояд шуҷоати инро дошта бошанд, ки ӯро зери шиканҷа қарор бидиҳанд ё ӯро ба ҷинояткоре табдил диҳанд.

Агар мо шоҳиди он шавем, ки чи дар хориҷ, чи дар дохили кишвар мардум, хусусан ҷавонон ҷасорати дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои худро пайдо кардаанд, ин худ нишонгари қадамҳои устувори онҳо ба сӯи сиёсат аст. Аммо ман як чунин ҳолатро то ба ҳол мушоҳида накардаам.

Абдуманнон Шералиев, таҳлилгар:

Ин ки мардум худаш ба сари худаш биёяду ба сиёсат рағбат кунад, шуданӣ нест. Мардум замоне ба сиёсат таваҷҷӯҳ мекунад, ки зиндагияш ё сахт мушкил шавад ё хеле роҳату осон. Дар ҳолати аввал аз ночорӣ, дар ҳолати дуввум аз бекорӣ. Дар дигар маврид ба кори худу таъмини зиндагияш машғул аст.

Вале муҳоҷирини тоҷик доранд рӯз то рӯз ба ҳамон шароити аввал наздиктар мешаванд ва мушоҳида ҳам мешавад, ки таваҷҷӯҳашон ба сиёсат бештар шудааст. Ҳоло ин ки сензураву фишору таъқиб садояшонро хафа кардааст, масъалаи дигар аст.

Якумрӣ намешавад садои ҳамаи мардумро хафа кард, он ҳатман рӯзе аз худаш дарак хоҳад дод. Ва ҳарчӣ хафатар шуд, вақте таркид садояш баландтар хоҳад буд.

Аммо дар мавриди истифода шудани нерӯи воқеъан бузурги муҳоҷирини тоҷик, ман ҳеҷ нишонае аз ин кор намебинам. На ҳизби дохилӣ (аслан як ҳизб аст дар дохил) ва на ҳизбу ҳаракатҳои дар хориҷ будаи мухолифин, на танҳо коре дар ин самт анҷом надодаанд, балки дар ин қарибиҳо имконашро ҳам надоранд.

Барои ин барнома, кадр, маблағ ва кӯшиш лозим аст, ки ҳеҷ яке аз инҳоро надоранд. Албатта ҳизби ҳоким маблағ дорад, вале имкони истифодаи он барои барномарезӣ, кадрсозӣ ва ҳаракат дар ин самт, дуруст мисли имкони ихтиёран даст кашидани мансабдорон аз дуздӣ аст. Яъне ношуданӣ.

Ҷамшед Ёров, таҳлилгари масоили ҳуқуқӣ:

Аксари муҳоҷирон дар асоси сиёсати номатлуби Ҳукумати ҳозира дар беруни кишваранд. Чӣ дар Русия ва чӣ дар Аврупою дигар минтақаҳо.

Фикр мекунам, ки бисёриҳо рағбат ба сиёсат доранд. Онҳо як қувваи бузургро ташкил медиҳанд. Ин гурӯҳ, яъне муҳоҷирон қувваи ҳалкунанда мебошад. Бояд ба он такя кард. Манфиатҳои онҳоро ҳимоя кард.

Мушкилиҳои муҳоҷирони меҳнатиро дар Русия ҳама хуб медонад.

Ман низ муҳоҷири меҳнатӣ будам. Аз дастгирӣ ва пуштибонӣ нашудани онҳо аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон, вобаста ба пардохти музди меҳнат, шароити зист, ба танзим дарории ҳуҷҷатҳои лозима — ин гуна проблемаҳо пайдо мешаванд.

Мақомоти Тоҷикистон ғорати муҳоҷиронро аллакай аз фурӯдгоҳ сар мекунад. Нархи билети ҳавопаймо бидуни ҳеҷ далели қонеъкунанда ду баробари нархи кишварҳои ҳамсоя аст. Аз ҳуқуқҳояшон дар хориҷ ҳимоя намекунад.

Тоҷикистон вобаста ба кушторҳои ин қадар насли навраси мо дар хориҷа ягон вокуниши чашмрасе нишон надодааст

Дар дохили Тоҷикистон гуфта наметавонем, ки ягон ҳизб имконият ва заминаи хуби ҷониби худ кашидани муҳоҷиронро дошта бошад.

Источник; http://payom.net/2017/07/15/oyo-muhojironi-tojik-raghbat-ba-siyosat-dorand.html

Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.641 seconds.