По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 12.05.2013
 

Оё хизби кисаги метавонад армоншикани орзуҳои мардум бошад?

Зиёда аз як мох мешавад, ки расонахои хабарии чумхурї аз тараддудхои як гурўхи ташаббускор љињати таъсис додани хизбе бо номи “Точикистони нав” дарак медињанд. Ин дар њолест, ки Тољикистон њамагї 8 миллион аҳолӣ дошта (аз онњо тањрибан 3,6 миллион нафар дорои њуќуќи интихоботӣ мебошанд), дар љумњурї њашт њизби сиёсї озода фаъолият карда истодаанд. Онњо тамоми намудњои идеологияи сиёсї – аз коммунистию сотсиалистї сар карда, то аќидаи диниро тарѓиб мекунанд. Њар фарде ки ба сиёсат рўй орад, метавонад аз миёни идеологияи ин ањзоб ба худ муфовиќашро пайдо намояд ва бањри расидан ба маќсаду ѓояњояш ба он бипайвандад.

Аммо яке аз соњибкорони шинохтаи кишвар Зайд Саидов мехоњад ба сиёсат аз дарвозаи дигар ворид шавад. Тариќи худхоњиву худнамоишдињї, ташкили нишастњои матбуотї эълон карда истодааст, ки њизби худашро таъсис доданист. Дар он худаш њам раис бошаду, њам шўрои сиёсї, хоса ташкилоти сиёсие, ки пурра дар дасти худаш бошад. Бо ваъдапардозињову суханони фиребанда як гурўњ тољирону иќтисодчиёнро дар атрофаш гирд оварда истодааст. Ваќте ки вазир буду дар деги сиёсат мељўшид, боре њам аз таъсиси њизб наандешида буд. Њизбњои монанди “Тољикистони нав”-ро “кисагӣ” меноманд, зеро он аз љониби фарди муайян барои њифзи манфиатњои шахсӣ таъсис дода шуда, ба орўзю ормони мардум, идеалњои сиёсии шањрвандони љумњурӣ ягон робита надоранд.

Суоли матрањ ин аст, ки то кадом дараља ин њизб ба дарди мардуми тољик ва интихобкунандагон мехўрад? Дар сурате ки барои бароварда сохтани ниёзи як нафар ва дар марњилаи мушаххаси зиндагиаш таъсис дода шудааст. Хулоса “Тољикистони нав” танњо

барои худи Зайд Шерович ва ширкатњои сершумори ў лозим шудааст.

Мањз њамин худхоњии Зайд Саидов буд, ки ў тавонист соњиби ин ќадар сарвату молу мулк гардад. Таърих исбот кардааст, ки афроди аз љињати табии ноќис (аз хонандаи азиз маъзарат мехоњам, аммо барои кушодани симои аслии Зайд Шерович ин нукта нињоят муњим аст) хеле худхоњу берањм мешаванд. Бањри расидан ба маќсадњои хеш аз ягон роњу восита рўй наметобанд.

Саидов њангоми нобасомонињои солњои 90-уми асри гузашта ва узвиятваш дар созмони Иттињоди мухолифини тољик яке аз масъулони молиявї буда, вазифањояш аз љамъоварї, нигањдорї ва интиќоли маблаѓњои пулии созмон иборат будааст. Дар натиљаи фаъолияти “пурсамараш” дар як муддати кўтоњ маблаѓњои њангуфт, ки аз љониби сарпарастон барои гурезагон ва беваву бечорагон људо мешуданд, дар њудуди Федератсияи Русия якчанд маѓозањои калонро харидорї намуд. Тавре њолдонњо наќл мекунанд, маблаѓњоро аз рўйи салоњдид ва бештар барои ниёзњои худаш сарф карда, ба марњум Абдуллои Нурї њисоботњои бардурўѓ ва пешкаш менамуд.

Баъди имзои созишномаи сулњ аз рўйи таќсимоти 30%-и Њукумат ва Иттињоди мухолифини тољик ба вазифаи раиси Кумита ва баъдан Вазири саноат пешбарї ва таъин гардид. Ин марњилаи зиндагиаш барои љамъоварї намудани сарвати бештар шароит фароњам овард. Фаъолияти “пурмањсулаш” асосан ба хусусигардонии иншоотњои давлатї ва ба шахсони сеюму чорум фурўхтани онњо равона гардида буд. Дар њамин давра корхонаи дӯзандагии “Гулистон”, “Тољикмармар”, “Тољиккристал”, боз чанд муассањои давлатї аз љониби ў бо нархњои арзон харидорї карда шуданд. Њамчунин аз мансаби вазирї истифода намуда, мавќеи ширкатњояшро дар Федератсияи Русия низ устувор кард.

Мисоли навбатии мо шояд дахолат ба њаёти шахсии як шањрванд ва дар айни њол, Зайид Саидов дониста шавад. Аммо ба хотири аз љониби собиќ вазир вайрон намудани талаботи ќонунгузории љумњурї ва суханронињои авомфиребонааш дар

атрофи эњтиромаш ба сохти дунявии мамлакат, ба хонандаи азиз маълум мегардонем, ки Зайд Шерович се зан дорад. Њолати мазкур баёнгари он аст, ки шахс нафси худро комилан идора карда наметавонистааст.

Кор ба њадде расидааст, ки вазифаи раиси Федератсияи тенниси Љумњурии Тољикистонро барои худхоњиву худнамоишдињї, ё ба ќавли русњо “самореклама”бо љўрабозиву улфатчигї соњиб шудааст. Њол он ки бинобар ноќисии љисмонї агар бо тамоми вуљуд хоста бошад њам, наметавонад ба ин намуди варзиш машѓул шавад. Ин љо низ Зайд Саидов манфиатњои молиявиро пайгирї мекунад, маблаѓњои барои рушди соњаи теннис људошаванда, аксар ваќт ѓайримаќсаднок истифода гардидаанд. Натиљањои кори ин тољири “муваффақ” аст, ки Тољикистон имрўз њатто як теннисбози дараҷаи сатњи ҷаҳонӣ он тараф истад, сатҳи минтаќавї надорад.

Имрўзњо бошад мањз њамин фард “њизббозї”-ро сар карда, мехоњад њизби нуњуми сиёсиро дар Љумњурии Тољикистон таъсис дињад. Њизби нафс, њизби худхоњї ва њизби бароварда сохтани ѓаразњои шахсии Саидов Зайд Шерович!

Салоњият ва њуќуќи маънавии аз номи мардум сухан карданро надорам ва карданї њам нестам, вале мавќеи шањрвандии худамро равшан сохта, бо ќотеият иброз менамоям, ки ин ќабил њизбњо барои љомеаи мо лозим нестанд. Дар ягон давраи таърихї “њизбњои кисагї” барои ободии љомеа хизмат накардаанд ва нахоњанд кард.

Ањмад Мирзоев

Похожие записи:

    Не найдено.

Один комментарий to “Оё хизби кисаги метавонад армоншикани орзуҳои мардум бошад?”

  1. цуукц Сказал(а):

    Ахмад Мирзоев

    Махз аз барои ту ьарин точикони бахилу нотавонбин Точикистон Торикистон шуд. Хеч касро шумо сар бардоштан намемомонед, гайр аз хамон чор бесаводи хамшахрихои худатон.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.556 seconds.