По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 08.02.2018
 

Посухи Озода Раҳмон ба номаи Каромат Шарипов

Озода РахмонОзода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, аз мақомоти Вазорати умури дохилӣ хостааст, ки ба қазияи Каромат Шарипов расидагӣ кунанд. Раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик ду моҳ пеш аз Русия ихроҷ шуд ва ҳоло дар талоши гирифтани шаҳрвандӣ ва шиносномаи Тоҷикистон аст.

Каромат Шарипов, раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия, рӯзи 7-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки номаи Озода Раҳмон охири ҳафтаи гузашта дастрас шуд. Ӯ афзуд, “қаблан бо вазири корҳои дохилӣ дар суҳбат доштем. Рамазон Раҳимзода шахсан аз қазия огоҳ ҳаст. Аммо то кунун ҳалли худро наёфтааст.”

Каромат ШариповКаромат Шарипов мегӯяд, ки ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ муроҷиат кардааст, то дар ҳалли қазияаш мусоидат кунад.

Шарипов рӯзи 13-уми декабри соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шуд. Дар шарҳи расмии қарори додгоҳи Маскав гуфта шудааст, сабаби ихроҷи Шарипов “аз роҳи тақаллуб ба даст овардани шиносномаи Русия” аст.

Русия баъди ин Каромат Шариповро аз ҳаққи шаҳрвандӣ бекор кард ва ҳоло ӯ як шахси бидуни санади шаҳрвандӣ аст. Худи ӯ мегӯяд, бо онки зодаи Тоҷикистон аст, ҳеч гоҳ шаҳрванди ин кишвар набуд.

Дар ин бора бештар бихонед:

К.Шарипов: “Дар ихроҷи ман гурӯҳҳои мафиёӣ даст доранд”

Радио Озоди

Мирзонабии Холикзод

Похожие записи:

    Не найдено.

Вы можете оставить сообщение



 

 
18 queries. 0.527 seconds.