Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 20.03.2016
 

Президенти Тоҷикистон: “Наврӯз бо ягон дину мазҳаб робитае надорад, балки ҷашни фарҳангӣ ва ваҳдатсоз аст”

Э.РахмонДушанбе, 20.03.2016. (АМИТ “Ховар”). – “Наврӯз бо ягон дину мазҳаб робитае надорад, балки ҷашни фарҳангиест, ки аз суннату ойинҳои инсондӯстона ва ваҳдатсозу сулҳпарварона иборат буда, маҳз бо ҳамин мушаххасоташ ба ҷашни оммавӣ табдил гардидааст. Ин ойини фархунда бо ҳама сифатҳои некбинонааш ба хонадони мардум, сарфи назар аз нажоду миллат ва дину мазҳаб, ворид гардида, ба ҳар як фард паёми хуррамиву шодмонӣ ва хушбахтиву хонаободӣ меорад”, — изҳор дошт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ва мулоқот бо зиёиёни мамлакат, ки имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон доир шуд .

Ба таъкиди Президенти кишвар Наврӯз хислатҳои бузурги зебоипарастиву меҳмоннавозӣ ва накӯкориву хайрхоҳиро дар қалби инсонҳо ҷо намуда, табиатро бедор месозад, равшаниро бар зулмот, гармиро бар сардӣ пирӯз мегардонад ва шодиву сурури мардумро ба зиндагӣ бештар месозад.

Похожие записи:

    Не найдено.

Один комментарий to “Президенти Тоҷикистон: “Наврӯз бо ягон дину мазҳаб робитае надорад, балки ҷашни фарҳангӣ ва ваҳдатсоз аст””

  1. Мухочирони Точик дар Русия Сказал(а):

    Ассалому алейкум Мухтарам Чаноби Оли!
    Аз Шумо бехичобона хохиш мекунам, ки рахми милатро хуред. Дар Русия паша кадр дорад милати мухточи ман не. Як бори дигар хохиш мекунам, ки рахми милати Точик дар Русия кадри сагро надоранд. Хамин масъаларо хатман бинед.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.610 seconds.