Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 01.11.2017
 

РӮЙХАТИ 11 ТОҶИКИ ҚУРБОНИИ САДАМАИ ШАБИ ГУЗАШТА ДАР САРАТОВ (ВИДЕО)

10-31-2017-4-25-59-PM-2057092

Рӯйхати 11 шаҳрванди Тоҷикистон, ки шаби гузашта дар як садама дар вилояти Саратови Русия 5 нафари онҳо ба ҳалокат расида, 6 тани дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд, нашр шуд.

ҲАЛОКШУДАГОН:

1.Ҷӯраев Суннатуло Маҳмудович, 10.06.1996, зодаи ноҳияи Шаҳритӯс.

2.Амонов Шералӣ Маҳмадалиевич, 26.11.1988, зодаи ноҳияи Ҷайҳун

3.Хидирзода Шерзоди Ашӯр, 11.07.1994, зодаи Панҷакент

4.Бобомуродов Илҳомҷон Хайруллоевич, 16.12.1988, зодаи ноҳияи Шаҳринав

5.Исми ҳалокшудаи панҷум мушаххас карда мешавад.

Шаби гузашта дар бемористони вилояти Саратов боз як нафари дигар аз муҳоҷирони тоҷик вафот кард ва шумораи муҳоҷирони тоҷики ҳалокшуда дар садамаи шаби гузашта ба 5 нафар расид.

Шаби 30 октябр, соати тақрибан 21 дар километри 558-уми шоҳроҳи Саратов – Нижний Новгород дар ҳудуди ноҳияи Петровскийи вилояти Саратов як мошини боркаши КамАЗ бо микроавтобуси “Volkswagen Caravelle”-и муҳоҷирони тоҷик бархӯрд. Дар ин садама ронандаи КамАз осеб надид, вале аз 11 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки савори микроавтобус буданд, ду нафар, бо шумули ронандаи микроавтобус Суннатулло Ҷӯраев дар ҷои ҳодиса, ду тани дигар дар роҳ ба бемористон ва якеи дигар дар бемористон ба ҳалокат расиданд.

Ронандаи КамАЗ баъди ин садамаи пурқурбонӣ боздошт шудааст. Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси қисми 5-уми моддаи 264-уми Кодекси ҷиноятии Русия (вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби марги беш аз ду нафар шудааст) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ҳадди аксари ҷазо тибқи ин банди қонуни Русия то 7 соли маҳрумият аз озодист.

Намояндагии вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ва сафорати Тоҷикистон рӯзи 31 октябр рӯйхати комили қурбониёни садамаи Саратовро нашр карданд:

ҲАЛОКШУДАГОН:

6.Ҷӯраев Суннатуло Маҳмудович, 10.06.1996, зодаи ноҳияи Шаҳритӯс.

7.Амонов Шералӣ Маҳмадалиевич, 26.11.1988, зодаи ноҳияи Ҷайҳун

8.Хидирзода Шерзоди Ашӯр, 11.07.1994, зодаи Панҷакент

9.Бобомуродов Илҳомҷон Хайруллоевич, 16.12.1988, зодаи ноҳияи Шаҳринав

10.Исми ҳалокшудаи панҷум мушаххас карда мешавад.

МАҶРӮҲОН:

1.Зувайдуллоев Далер Маҳмадуллоевич, 18.05.1988, зодаи ноҳияи Данғара. Дар бемористони вилоятӣ дар вазъи вазнин қарор дорад.

2.Тӯраев Абдухолиқ Амоналиевич, 08.03.1998, зодаи ноҳияи Ёвон. Дар бахши травматология дар ҳолати миёнаи вазнин қарор дорад.

3.Сулаймонов Ифтихорхӯҷа Маҳмадшарифович, 28.04.1981. Ба маркази Тсентроспаси бемористони вилоятӣ интиқол дода шудааст.

4.Рустамов Заминҷон, 12.08.1995, дар бахши реаниматсияи бемористони ноҳияи Петровский дар вазъи вазнин қарор дорад.

5.Фаёзов Толиб Муҳаббатович, 16.04.1984. Бо камари шикаста дар ҳолати миёнаи вазнин дар бемористони Петровский қарор дорад.

6.Меликов Хуршед Имомқулович, 15.02.1998, бо осеби мағзи сар дар ҳолати собит дар бемористони ноҳияи Петровский қарор дорад.

1.Зувайдуллоев Далер Махмадулоевич 18.05.1988 г.р., (уроженец Дангаринского района), отправлен в обл.больницу, тяж.состояние. 2.Тураев Абдухолик Амоналиевич 08.03.1998 г.р., травматология сост.среднее тяж (уроженец Яванского района) 3.Сулаймонов Ифтихорхуджа Махмадшарифович 28.04.1981 г.р, отправлен в Центрспас областной больницы, 4.Рустамов Замирджон 12.08.1995 г.р., в реанимации в Петровский больнице, состояние стабильное тяжелое. 5.Фаёзов Толиб Мухаббатович 16.04.1984 г.р., перелом поясницы, средней тяжести в больнице Петровского района, 6.Меликов Хуршед Имомкулович 15.02.1998 г.р., сотрясение мозга, состояние стабильное, в больнице Петровского района. Данный момент официальные представители Таджикистана принимают меры по установлению личности пятого погибшего и близких пострадавших. Посольство выражает глубокие соболезнования родным и близким погибших. Для дополнительной информации просим связаться по следующим телефонам: в Таджикистане 44 640 19 51; в Москве +7926 255 09 27; в Саратове +7962 616 30 62;

Сафорати Тоҷикистон ва Намояндагии вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ба наздикони қурбониёни ин садама изҳори таслият ва ҳамдардӣ карда, барои маълумоти бештар хоҳиш кардаанд, ки бо ин телефонҳо дар тамос шаванд:

Дар Тоҷикистон: 44 640 19 51
Дар Маскав: +7926 255 09 27
Дар Саратов: +7962 616 30 62

Муовини сухангӯи пулиси Саратов Владимир Костёров қаблан гуфт, ки зоҳиран гунаҳкори садама ронандаи 28-солаи КамАЗ аз ноҳияи Пенза аст. Ронандаи КамАЗ аз як қаҳвахонаи сари роҳ ба самти муқобили роҳ баромада, пеши микроавтобусро, ки бо чунин суръати баланд меомад, гирифтааст ва сабаби ин садамаи пурқурбонӣ шудааст.

Аммо раиси ноҳияи Петровский Денис Фадеев рӯзи 31 октябр гуфт, ки микроавтобус бо суръати хеле баланди 160 километр дар соат ҳаракат мекард. Денис Фадеев гуфт: “Спидометри микроавтобус баъди садама дар ҳамин суръати 160 километр дар соат истодааст. Ин нишон медиҳад, ки ронанда бо чунин суръати хеле баланд ҳаракат мекард.”

Бино ба маълумоти расида, муҳоҷирони тоҷик ба марзи Қазоқистон мерафтанд, то бо убури марз ва бозгашти дубора ба Русия асноди будубоши худро қонунӣ кунанд.

Муҳоҷирони тоҷик ҳар се моҳ маҷбуранд барои қонунӣ кардани будубоши худ аз марзи Русия берун шаванд. Бисёриҳо ба ин хотир ҳазорон километр роҳро паймуда, аз марзи Қазоқистон мегузаранд. Тақрибан ҳар ҳафта як ё ду хабар дар бораи дар роҳ ба марзи Қазоқистон дучори садама шудани муҳоҷирони тоҷик ё узбек гузоришҳо ба даст мерасанд.

Шаби 4 октябр дар як садамаи дигари пурқурбонӣ дар шоҳроҳи Курган -Тюмен 4 нафар, аз ҷумла се муҳоҷири тоҷик ба ҳалокат расидаанд. Микроавтобуси онҳо дар пайи бархӯрд бо КамАЗ чунон маҷақ шуда буд, ки наҷотбахшон мошинро бо кафшер бурида, ҷасадҳоро берун кашидаанд. Ин муҳоҷирон низ ба хотири сабти номи дубора ба марзи Қазоқистон рафта буданд.

Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
18 queries. 0.662 seconds.