По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 29.02.2020
 

РАНГ БИНУ ҲОЛ ПУРС: СЕ РӮЗ ГУШНАЮ ТАШНА. АҲВОЛИ ЗОРИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР ПУЛИСИ МАСКАВ (ВИДЕО)

Иззат Амон, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Маскав рӯзи 28 феврал видеоеро нашр кард, ки дар он аҳволи зори 15 муҳоҷири тоҷикро дар роҳрави додгоҳи минтақаи Солнтсевои пойтахти Русияро нишон медиҳад. Иззат Амон дар суҳбат бо сомонаи “Ахбор” гуфт, ин 15 муҳоҷири тоҷикро ҳамроҳи як гуруҳи ҳамкоронашон аз кишварҳои Африқо се рӯз пеш аз як сохтмон дар минтақаи Вишера дастгир кардаанд. “Онҳо дар ширкати сохтмонии “Пик”, ки як ширкати бузургу номдор аст, кор мекардаанд ва мегӯянд, тамоми аснодашон дурусту қонунист. Вале бо ин вуҷуд корманди шуъбаи муҳоҷирати пулиси ҳавзаи Ғарбӣ (ЗАО)-и шаҳри Маскав онҳоро дастгир карда ва се рӯз дар шуъбаи пулис гушнаю ташна нигоҳ доштаанд ва ягон хел хӯрок надодаанд”, – гуфт Иззат Амон.

Дар видеое, ки Иззат Амон нашр кард, дида мешавад, ки бархе муҳоҷирон рӯи худро аз камера пинҳон мекунанд. Иззат Амон аз ин каме оташин шуда, хитоб ба муҳоҷирон гуфт: “Чаро рӯятонро пинҳон мекунед? Аз чӣ метарсед? То вақте ки шумо метарсед, то вақте ки аз ҳуқуқи худатон нотарсона дифоъ намекунед, ҳолатон чунин боқӣ мемонад. Як каси дигар ба ҷои шумо аз ҳуқуқи шумо ҳимоят намекунад! Натарсед, худатон нотарсона аз худатон ҳимоят кунед, гап занед!” Аммо боз ҳам дида мешуд, ки як қисми муҳоҷирони тоҷик ҳамчунон рӯи худро аз камера пинҳон мекарданд.

Иззат Амон гуфт, ин муҳоҷиронро пулис бар асоси моддаи 18.8-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (КоАПП)-и Русия ба вайрон кардани қоидаҳои будубош айбдор мекунад ва ҳоло онҳоро барои баррасии парвандаҳояшон ба додгоҳи Солнтсево овардааст. Додгоҳҳои Русия маъмулан муҳоҷиронро бар асоси ин модда ба ихроҷ аз қаламрави ин кишвар маҳкум мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар аксарияти кулли мавридҳо додрасҳо назари муҳоҷиронро ҳатто намепурсанд ва дар байни чанд дақиқа сарнавишти даҳҳо нафарро ба таври “говсуд” ҳал мекунанд.

Ҳоло беш аз 270 ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ихроҷ шуда, ҳаққи убури қаламрави он кишварро аз даст додаанд. Дар шароити кишварҳои муҳоҷирфиристе, чун Тоҷикистон, ба рӯйхатти сиёҳи Русия афтодану аз ҳаққи сафар ба он кишвар маҳрум шудани ҳар муҳоҷир ба маънои аз як манбаи муҳими таъмини рӯзгораш маҳрум шудани дасти кам як оила аст. То 3 миллиард доллар пуле, ки ҳар сол муҳоҷирони тоҷик мефиристанд, баробари қариб буҷаи солонаи Тоҷикистон буда, як омили муҳими таъмини суботи иқтисодӣ дар ин кишвар ва як чархаи муҳими гардондаи иқтисоди кишвар ба шумор меравад.

Талошҳои мақомоти Тоҷикистон барои пок кардани номи ин 270 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз рӯйхатти сиёҳи Русия, мутассифона, то ҳол натиҷа надодааст.

Новости Центральной Азии

Похожие записи:

    Не найдено.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.525 seconds.