По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 27.02.2016
 

Роҳҷӯӣ аз зулумот ба сӯи нур

Хатар бар болои ақоиду маънавиёту миллат, чӣ дар Ватан ва чӣ дар муҳоҷират ҷӯш мезанад. Ҳеҷ касе нисбат ба мо, аз худамон хатарноктар нест. Душмании бародар бо бародар, ҳамсоя бо ҳамсоя ва ин ки ҳар як ташнаи шикасту бадном кардани якдигарем.

Аз рӯйи маҳалгароӣ аз қавму миллат бегона. Рӯҳонӣ дар пайи лаъну бадноми рӯҳонӣ мекӯшад. Мусофир дар фанду фиребу қатли мусофир. Ин ҳама баҳри чист? Чаро чунин аст?

Вақте бар манобеи торихиву фарҳангии хеш менигарем, ҳеҷ миллате дар ҷаҳон донишмандон ва орифонаш ба монанди донишмандон ва орифони миллати мо дар боби ухуввату бародарӣ, адабу инсоният нанавиштаанд. Ин чиро мефаҳмонад? Оё на ин аст, ки миллати мо дар ҳар замон ба хотири зудудани кудуратҳо аз хеш, ниёз ба омӯхтани адабу инсонбудан будааст? Чуноне ҳамаи мо шоҳидем, дар шабакаҳои интернетӣ, ки аз паси ойинаи компютер бо номҳову расмҳои дурӯғин истода, корашон чунон тӯҳмату лаъну дашному иғвову обрӯйбарии якдигар шудаанд, ки эҳтимол шайтон аз кори инҳо дар тааљҷуб афтад. Яъне кори аксарият сӯзандагӣ аст, на созандагӣ.

Ҳама бо як садо дод мезанад, диндор аз дасти диндор, ҳамсоя аз дасти ҳамсоя, волидайн аз дасти фарзандони хеш. Ҳама, ҳама чизеро гум кардаанд, чизеро, ки он ҳам имон ба ростӣ, раҳму шафқат, рафтору гуфтору виҷдону дӯстиву созандагист. Пас модоме, ки қавме дар чунин вабое афтодааст, ки ҳайвон бар ҳайвон наафтодааст, чӣ гуна бояд идорааш кард? Чаро чунин аст?

Чаро ҷавонон ифротӣ шудаанд?

Чанд соли пеш буд, ман аз хориҷи Тоҷикистон баргаштаму ҳудуди як ду моҳ бар кору рафтори динии миллати хеш мушоҳида кардам. Дидам, масҷидҳо пур аз пиру ҷавон, воизон дар меҳробу минбар дар ҷилва, ронандагон дар мошинҳояшон ҳама пур аз амри маъруфи воъизони кишвар. Ростї дилам лабрези хурсандӣ шуд.

Ва аммо мутаассифона яке аз рӯзҳо дар ҳолати рафтанам савори таксие аз як шаҳр ба шаҳри дигар, ронанда як навори амри маъруфро гузошт, ки мавъизаи яке аз воъизони маъруфи минтақаи Кулоб буд, ки эшон масхараи сӯфиён мекарду инкори зиёрату қироати Қурон бар арвоҳи майит ва инкори хайроту эҳсон бар арвоҳи майит.

Ростӣ, дилам чунон ғамгин гашт ва баъди ду рӯз аз сафар баргаштанам, ҳама корро як тараф мондаму аз паси тадқиқоти суханрониҳои ин воизон шудам. Аз се нафар воизи машҳури кишвар қариб тамоми фиттаҳояшонро аз маркази шаҳри Душанбе, аз дӯкони дискфурӯшҳо харидаму аз пайи гӯш кардану таҳқиқоти суханони онҳо гаштам. Аз ҳар кадоме шунида, фањмидам, ки гуфтору ақоидашон ҳама аз ақоиди ваҳҳобияту салафият буда, ки бар алайҳи дину мазҳабу ақоиду ойинҳои писандидаи мо ҳанафимазҳабон буд.

Онҳо дар суханрониҳои худ, дар хутбаҳои рӯзи ҷумъа баромад карда, гуфтаанд: шумо намозхониро аз салафиҳои тоҷик ёд гиред, ки чӣ гуна орому хуб намоз мехонанд, ақидаи мотуридиву ашъариву таҳовӣ ин ҳама ғайри исломист, мо дар ақидаи суннат ва ҷамоатем; бетоқӣ ҳам мешавад намоз хонд, гапи он сӯфиҳои ҷоҳилро нагиред; Чаҳоркитоб чӣ китоб аст, ба вай амал карда намешавад; хайру эҳсон барои мурдагон, панҷшанбегиву чилу сол бидъат аст, накунед; тиловати Қуръон дар болои қабри майит дуруст нест, зиёрати мурдагон шарт нест. Мана худам, ки ҳарчанд қабри Амирҷон (Мир Сайид Алии Њамадонї) пеши хонаам ки бошад, зиёрат намерам; дар намоз хондан, ният шарт нест; Тоҷикистони мо ҳама пур аз сӯфию пирпарастӣ аст, инҳоро даъват кардан даркор, то аз ин хурофоту бидъатҳояшон гарданд; шиъаён кофиранд, ин кофиронро бояд даъват кард, хусусан шиъаёни исмоилияи дар Помир бударо. Шеъру шоирӣ бидъат аст; ҷашни Наврӯз ҳаром аст; касе дар рӯзи соли нави мелодӣ гирди арча равад, кофир мешавад; фарқи марду зан дар риш аст, ришмониро аз салафиҳо ёд гиред; муллоҳое, ки зидди милисаҳои риштарошу ҷавононро бар масҷид манъ мекардагӣ гап намезанеду муқобилият нишон намедиҳед, шумо аз гурӯҳи ҳамон дӯзахиҳо мехезед ва ғайра ва ғайраҳо…

Оё, ин ҳама суханҳоро бар як ҷавони авомми бесаводи дарснохонда гуфтан, силоҳ бар дасти душман додан нест? Оё аксари ҷавонони бесаводи дарснохонда суханони ин воизони ваҳҳобиро такрор карда, ихтилоф дар саросари масҷидҳову кӯчаву бозор андохта, падарро аз писар ҷудо накарда истодааст? Оё оқибати кор, аз дасти ин муллоҳои салафӣ ба ҷое нарасидааст, ки аз сад дар сади ҷавонон танҳо сӣ дар сад дар мазҳабу ойини худ устувор монда, ва сӣ дар сад аз гурӯҳу пайравони салафияи такфирӣ ва ифротӣ буда ва чил дар сад мардуми нодон аст, ки худ кайҳо дар доми салафият афтода, гапи онҳоро такрор карда мегӯянд: мазҳаб нест, тариқату тасаввуф ширк аст, Наврӯз куфр аст, мавлуд бидъат аст, тӯмору таштоб ширк аст… Аммо худ хабар надоранд,

ки ақоиди салафияи такфириро пеш мебаранд. Оё бар ҳамаи ин, инчунин воизони мавќеи бетарафиро ихтиёркарда гунаҳгор нестанд?

Баъди Ҳукумат пеши роњи ин гуна хатибони салафии дар лиқои ҳанафият бударо гирифтан, дарҳол хоҷагони ин воизони фориғутаҳсилони мадрасаҳои ваҳҳобияи Саудиву Покистон ва Зоҳидони Эрон умедашон аз ин шогирдони салафии худ канда гашт. Ва онҳо кори таблиғро аз дигар роҳ шурӯъ карданд, ки ин ҳам ҳамон роҳи шабакаҳои ҷаҳонии ваҳҳобияи худ аст.

Шабакаҳои такфирии ваҳҳобиву салафия худро суннимазҳаб гуфта, бо номҳои гуногун: “Висоли Ҳақ”, ки муҷрии барномааш як шахси дарси динӣ нахондаи бесаводи салафӣ бо номи Ансорӣ ва шабакаи “Висоли Форсӣ” муҷрияш як нафар ваҳҳобии бо номи Мулллозода ва инчунин шабакаи “Калима” ва шабакаи шиъаёни ифротӣ бо ном шабакаи “Аҳли Байт”, ки муҷрии он як шиъаи рофизӣ бо номи Аллоҳёрӣ аст, ки шабу рӯз дашноми асҳобу ҳамсари Паёмбар(с) ҳазрати Ойиша(р) мекунад ва инчунин мисли ваҳҳобию салафиҳо лаъни тамоми уламои шиъаёнро мекунад, ки ин кораш барои мардуми андак ақлдошта маълум аст, ки ин ваҳҳобиву салафиву шиъаёни рофизиву алавиро як нафар тайёр кардаасту дар миёни мардуми мусалмон партофтааст, махсус барои ҷангонидани сунниро бо шиъа.

Ва инчунин баъзе аз ин шабакаҳо, дар ин шабу рӯз корашон бар алайҳи Ҳукумати Тоҷикистон баромад кардану ҳукуматдорони тоҷикро кофир, золим, душмани Худо эълон карда, зеҳни ҳазорон нафар ҷавони тоҷикро заҳролуд карда, омода ба ҷанг зидди миллату давлату ватани хеш аст.

Роҳи наҷот аз ифротгароён ин аст

Дар ҳоле мебинем, ки аз рӯҳоният то авом ташнаи хуни якдигаранд, дар ин сурат мо бояд бар аслу насабу дину ойини хеш нигарему чанг занем. Танҳо ва танҳо роҳи наҷот ҳамин аст. Имомҳои фориғутаҳсили кишварҳои хориҷи ақоидашон гирифтори арзишҳои ваҳҳобияву салафияро, ки дар лиқои ҳанафият даромадаанд, аз мансабҳои пешвои динӣ гирифта шаванд. Ва дар рӯзномаву садову симо маќолаву барномањо зиёд гузошта шавад, то мардум аз ифротгарої боз дошта шаванд.

Исломшиносон бигузор баён кунанд, гӯянд, фаҳмонанд, ки чӣ гунае, ки дар миёни мо сунниҳо ба чуз чаҳор мазҳаби барҳақ боз гурӯҳои ифротии терорист дорем, ки худро суннӣ меҳисобанд ва маъруфанд бо

номи ваҳҳобӣ, салафӣ ва таҳрирӣ ва худи мо сунниҳоро мушрик мешуморанду шиъаёнро кофир. Ва инчунин ҳам дар мазҳаби шиъаён ба ҷуз ҷаъфарияву исмоилия боз гурӯҳҳои ифротие доранд бо номи алавияву рофизӣ, ки ин ду гурӯҳи ифротӣ худи шиъаёни худро кофир мешуморанд, ки аз рӯйи намуна яке аз пешвоёнашон Аллоҳёрӣ аст, ки пешвоёни шиъаёни Эронро кофир дониста, лаъни асҳоби Паёмбар(с) ва ҳамсари Ӯ мекунад дар шабакаи бо ном “Аҳли байт”.

Яъне дар ҷаҳони ислом аз байни сунниву шиъа ин гурӯҳҳои ифротии дар лиқои сунниҳо ва шиъаҳо даромада хатарноктаранд бар худи мусалмонону ғайримусалмонон, на ҳамаи сунниву шиъахо. Инҳоро дар садову симоҳо ба мардуми аввом расонанд, то ихтилофу бадбиниву хунрези аз байни сунниву шиъа дур гардад.

Орифону олимон дар садову симои кишвар аз ахлоқу адаб, аз абёт ва фалсафаи пурѓановати Ҳофизу Мавлоно ва дигар бузургон мардумро огоҳ сохта, ғизои маънавӣ диҳанд.

Ва кормандони маќомотњои њифзи њуќуќ боз њам фаъолияташонро таќвият бахшида, мардумро аз нишонаҳои тундгароӣ аз шабакаҳои ифротӣ, аз сайтҳои иғвогарон, аз гурӯҳҳои нотинҷхоҳон огоҳ созанд, то ба доми гурӯҳҳои 24-у 25-у наҳзату наҳзатбозон ва гурӯҳҳои ватансӯзу бадхоҳони дар хориҷбуда огоҳ созанд. Дар ин кори муњим ва хайр тамоми ќишрњои љомеа, аз корманди оддї то мансабдори баланди давлатї бояд бетараф ва бемасъул набошад, чун њама дар як сафина, ки номаш “Ватандорї” аст, дар уќёнуси пуртуѓёни бозињои геополитикї ва “азнавтаќсимкунии” олам шино дорем. Ва онгоҳ ихтилофи мазњабї аз байн дур мешаваду мардумон осуда ва олам ободу зебо.

Хайриддини Абдуллоҳ, Коршиноси масоили динии манотиқиОсиёи марказӣ ва Қафқозу Руссия.
Хайриддини Абдуллоҳ,

Коршиноси масоили динии манотиқиОсиёи марказӣ ва Қафқозу Руссия.

Похожие записи:

    Не найдено.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.546 seconds.