По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 24.03.2020
 

Сафир гуфт, мухочирони бандмондаро бармегардонанд

На изображении может находиться: 1 человек, текст «радиои озоди сафир гуфт, мухочирони бандмондаро бармегардонанд»

Сафири Тоҷикистон дар Русия, Имомиддин Сатторӣ, рӯзи 23-юми март дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, сафорат ва ҳукумат “ҳама чораҳоро андешида истодаанд”, то тоҷикони дармонда дар фурудгоҳҳои Маскав ба ватан расонда шаванд.

.

Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки чандин нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо аз дармондани худ дар фурудгоҳҳои Русия ва кишварҳои дигар шикоят карданд ва ширкати “Сомон Эйр” гуфт, барои овардани онҳо ба Тоҷикистон талош хоҳад кард.

.

Бино бар хабарҳо ин парвозҳоро Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон роҳандозӣ кардааст.

.

Сафир гуфт, бар иловаи парвози “Сомон Эйр” дар рӯзи 24-уми март барои бозгардонидани гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз фурудгоҳи Жуковскийи Маскав парвози дигар рӯзи 25-уми март ба фурудгоҳи “Внуково” сурат мегирад.

.

Ба гуфтаи вай, сафорат талош мекунад, шаҳрвандони дармондаи тоҷикро аз фурудгоҳи “Шереметово” ба дигар фурудгоҳҳо кӯчонад ва аз онҷо ба Тоҷикистон фиристад.

.

Рӯзи гузашта ба ҳамин шева 5 шаҳрванди Тоҷикистонро аз минтақаи транзитии фурудгоҳи Шереметово ба фурудгоҳи Домодедово интиқол дода, аз онҷо ба Тоҷикистон бурдаанд.

.

Тибқи омори сафорати Тоҷикистон дар Русия дар фурудгоҳи “Шереметово” 28 нафар, фурудгоҳи “Внуково” 105 ва дар фурудгоҳи “Жуковский” 213 шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд.

.

Масъулини сафорат мегӯянд, мумкин аст ин омор зиёдтар бошад. Сафири Тоҷикистон гуфт, дар шароити ба қавли ӯ “фавқулода” намешавад ҳамаи хоҳишмандонро якбора ба ватан баргардонд.

.

Дар ҳамин ҳол ширкати “Сомон Эйр” гуфтааст, аз Душанбе танҳо шаҳрвандони Русияро мебарад ва аз он тараф мусофиронеро меорад, ки “билетҳои ширкати ҳавопаймоии “Уралские авиалинии”-ро то 23-юми март харидаанд.

.

Парвоз аз Душанбе соати 08:30 ва аз Маскав соати 12:30 ба вақти маҳаллӣ сурат мегирифтааст.

Похожие записи:

    Не найдено.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.514 seconds.