Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 06.11.2017
 

В Душанбе открыли после реконструкции парк имени Садриддина Айни. СЕ ВИДЕОИ ЗЕБО АЗ БОҒИ АЙНӢ

11-6-2017-3-47-06-PM-8383233

Аз маросими ифтитоҳи Боғи навсозишудаи Айнӣ дар шаҳри Душанбе дар Интернет се видеои диданӣ нашр шудааст. Дар ин видеоҳо, ки дуяшро Хадамоти матбуоти президент таҳия кардааст, дида мешавад, ки Боғи Айнӣ баъди навсозӣ симои комилан наве гирифтааст.

Рӯзи 6 ноябр бо ширкати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон маросими ифтитоҳи Боғи навсозишудаи Садриддин Айнӣ дар шимоли шаҳри Душанбе доир шуд.

Дар ҷараёни ин маросим аз муҷассамаи Айнӣ пардабардорӣ шуда, Эмомалӣ Раҳмон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ва сарвазир Қоҳир Расулзода сипас дар назди мақбари Айнӣ ба ёди ин Қаҳрамони Тоҷикистон даст ба дуо кушоданд.

Дар ҷараёни навсозӣ мазорҳои шахсиятҳои шинохта Боқӣ Раҳимзода, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Камол Айнӣ ва ҳамсараш Муқаддима Ашрафиро аз Боғи Айнӣ ба оромгоҳи Лучоб кӯчонданд, ки дар ҷомиа вокунишҳои мухталиф ба бор овард.

Вале Хадамоти матбуоти президент мегӯяд, дар доираи барномаи таҷдиди боғ “бинову иншооти зиёд, аз ҷумла мақбара ва муҷассамаи устод Айнӣ, бинои Амфитеатр, айвону нишастгоҳҳо, фаввораҳои бо чароғҳои ранга муҷаҳҳаз ва дигар иншооти ёрирасони замонавӣ бунёд шуда, хатҳои обтаъминкунӣ, шабчароғҳо ва ноқилҳои барқӣ пурра навсозӣ гардидааст.”

Ин ду видеоро аз Боғи Айнӣ Хадамоти матбуоти президент таҳия ва нашр кардааст:

Источник akhbor.com

Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 5.503 seconds.