Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 06.07.2017
 

СЕНАТОРИ РУС: ТОҶИКҲО ҒАЙРИ ҶОРӮБЗАНӢ ЯГОН ҲУНАР НАДОРАНД

7-5-2017-4-03-31-AM-9502160

Вакили парлумони Русия Аркадий Чернетский гуфтааст, Русия бояд ба ҷалби коргарони мутахассис аз Украинаву Беларус ва русзабонҳои Осиёи Марказӣ тамаркуз кунад. Ба ақидаи ӯ, “ҷалби боз 50-100 ҳазори дигар аз сокинони Тоҷикистон, ки ба ғайри ҷорӯб задан чизи дигаре намеояд, ягон фоида надорад.”

Аркадий Чернетский, муовини аввали кумитаи сохти федеролӣ, сиёсати минтақавӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва умури Шимол дар Шӯрои Федератсия – палатаи болоии парлумони Русия рӯзи 4 июл дар мусоҳиба бо хабаргузории русии “Регионы” муҳоҷирони тоҷикро бо як лаҳни беэътиёнона “ҷорӯбзан” номидааст.

Аркадий Чернетский дар посух ба ин суол, ки масъалаи муҳоҷиратро дар Русия бояд чӣ гуна ҳал кард?, гуфтааст: “Инки ба мо чӣ қадар муҳоҷир лозим аст, ба сиёсати давлат рабт дорадю Бояд тамаркуз рӯи ҷалби нирӯи кории баландихтисос, аз ҷумла аз аз Украина, Беларус ва русзабонҳо аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ тамаркуз кунад. Ҷалби боз 50-100 ҳазори дигар аз сокинони Тоҷикистон, ки ба ғайри ҷорӯб задан чизи дигаре намеояд, ягон фоида надорад.”

Чернетский ҳамин тавр, иддаои вакили Думаи давлатӣ Гаҷимет Сафаралиевро, ки гуфта буд, агар Русия мехоҳад минтақаи Шарқи дурашро рушд бидиҳад, ба 50-70 миллион муҳоҷир дар ин қаламрави бузург ниёз дорад, ба чолиш кашидааст. Ӯ гуфтааст, ҷалби миллионҳо муҳоҷир ба Шарқи Дур замонати рушди ин қаламрав шуда наметавонад. Вале ӯ эътироф кардааст, ки Русия дар ҳоли ҳозир ба ҷуз аз ҷалби муҳоҷирон василаи дигари бо аҳолӣ пур кардани Шарқи дури иқлимаш қаҳратунро надорад: “Қадами аввал гузошта шуд – ҳамаи хоҳишмандон метавонанд дар Шарқи дур як гектар замин бигиранд. Акнун танҳо ин мондааст, ки муҳоҷиронро барои кӯчидан ба он минтақа моил кунанд.”

Ин изҳори назари сенатори рус дар пайи нашри дурнамои рушди иқтисоди Русия аз сӯи вазорати иқтисоди ин кишвар аст, ки бар асоси он, аҳолии Русия то поёни сол 147,8 миллион нафар шуда, аз соли 2019 рӯ ба коҳиш хоҳад овард. Ин вазорат гуфтааст, ки то соли 2020 афзоиши аҳолии Русия танҳо аз ҳисоби муҳоҷирон метавонад солона то 300 ҳазор нафар афзуда шавад.

Ҳамин тавр, ҳафтаи гузашта вазорати корҳои дохилии Русия консепсияи нави сиёсати муҳоҷират барои ду соли ояндаи 2018-2019-ро нашр кард. Ин санад аз ҷумла таҳияи шароит ва ироаи имтиёзҳо барои кору зиндагӣ ба минтақаҳои камаҳолие, чун Шарқи дур ҷалб кардани онҳоеро дар назар дорад, ки ба тозагӣ шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд. Манзур пеш аз ҳама муҳоҷирон аз кишварҳои пасошӯравӣ – манбаи асосии такмили сафи шаҳрвандони Русия аст.

Дар пайи ин, Каромат Шарипов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия дар барномаи “Истории дня”-и шабакаи телевизионии РБК, ки ба ҳамин консепсияи нави вазорати корҳои дохилии Русия дар бораи муҳоҷират ба Шарқи дур бахшида шуда буд, гуфт, кайҳо вақти он расидааст, ки дар Русия як ҷумҳурии мухтор аз ҳисоби муҳоҷирон ташкил карда шавад.

Каромат Шарипов дар сӯҳбат бо РБК гуфт: “Чунин таҷриба дар таърих вуҷуд дорад. Иттиҳоди Шӯравӣ дар асри гузашта дар Шарқи дур вилояти мухтори Яҳудиёнро ташкил карда буд. Агар президенти Русия Владимир Путин ҳоло барои таъсиси як ҷумҳурии мухтор аз ҳисоби 2 миллион муҳоҷири тоҷику 3 миллион муҳоҷири узбек ва аз кишварҳои дигар иқдом кунадЮ як кори хеле савоб мешуд. Мо ин масъаларо дар анҷумани Иттиҳоди муҳоҷирони СНГ матраҳ ва пешниҳодамонро ба ҳукумати Русия ироа мекунем. Муҳоҷирони кориеро, ки мехоҳанд барои доим дар Русия бимонанд, бояд пуштибонӣ кард. Чунин мардум миллионҳо нафаранд.”

Каромат Шарипов афзуд, ки таъсиси ҷумҳурии мухтори муҳоҷирон як чорчӯби қонунӣ ва як майдони қонуниро барои ҳифзи ҳуқуқи ин қишри дар ҳоли ҳозир осебпазир дар Русия ба вуҷуд оварда, ҳамзамон як такони ҷиддӣ барои рушди минтақаҳои дар ҳоли ҳозир тақрибан бе одам ва ташнаи нирӯи корӣ дар Шарқи Дури Русия хоҳад шуд.

Бино ба ҳисобҳо, дар Русия беш аз 10 миллион муҳоҷир, аз ҷумла 1 миллион муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон ва беш аз 2 миллион дигар аз Узбекистон кору зиндагӣ мекунанд.

Дар соли гузашта шумораи аҳолии Русия ба 270 ҳазор нафар афзуд. Қариб 90 дарсади ин афзоиш аз ҳисоби муҳоҷироне будааст, ки шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд.

источник: akhbor.com

Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.624 seconds.