По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 13.07.2017
 

СОҶИДАИ МИРЗО! ТӮППАКАШӢ ТО КАЙ? 10/07/2017

“Агар “Озодӣ” наметавонад хабарҳои марбут ба мухолифинро бидиҳад, бояд аз додани минбар ба ҷониби ҳукумат барои санг задан ба мухолифин низ даст бардорад. Агар пушт мегардонад, ба ҳарду тараф гардонад, ки ақалан пеши виҷдони худ эҳсоси гуноҳ накунад.”

Ин номаро яке аз хонандагони сомонаи “Ахбор” фиристодааст. Ба хотири риояи чандандешӣ назари ин хонандаро дар бораи сиёсати радиои “Озодӣ” инҷо нашр мекунем. Сомонаи “Ахбор” омода аст, назари радиои “Озодӣ”-ро низ чоп кунад.

Рӯзи 9 июл гурӯҳҳои асосии мухолифини тоҷик дар шаҳри Дортмунди Олмон ба муносибати солгарди 20-уми имзои созишномаи сулҳи тоҷикон як ҳамоиш доир карданд. Ин нахустин чунин ҳамоиши густардаи мухолифини тоҷик дар Аврупо дар чанд соли охир буд ва дар ҳошияи он ҳатто ҷиҳати таъсиси як иттиҳоди нирӯҳои мухолифин тавофуқ шудааст.

Радиои “Озодӣ”, тавре ҳам ки интизор мерафт, ин нишастро нодида гирифт ва ҳатто як сатре ҳам дар борааш нанавишт. Ин барои касе ғайримунтазира набуд, чунки мудири бахши тоҷикии ин радио Соҷидаи Мирзо чанд сол боз барои тавҷеҳи сиёсати думликониаш дар гӯши раҳбарияти радио ин оши тӯппаро овехта гаштааст, ки агар “Озодӣ” чизе дар бораи мухолифин бинависад, дафтарашро дар Душанбе мебанданд. Ва амрикоиҳои сода низ ба ин афсонаҳои бибии Соҷида бовар карда гаштаанд ва Соҷидаи Мирзо нафақат бахши тоҷикӣ, балки дигар бахшҳои радиои “Озодӣ”-ро контрол мекунад, ки мабодо чизе дар бораи оппозитсияи тоҷик бинависанд…

Аммо рӯзи 10 июл, вақте таҳлилгарони тарафдори ҳукумати кунунӣ дар нишасти хабарии Маркази таҳқиқоти стратегӣ, ки ба президенти Тоҷикистон итоат мекунад, нишасти Дортмундро маҳкум карданд ва иттиҳоди мухолифин дар хориҷро “хатар ба амнияти Тоҷикистон” номиданд, аввалин шуда, аз ин нишаст радиои “Озодӣ” табл заду гузориш дод.

Похожие записи:

    Не найдено.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.599 seconds.