По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 09.10.2011
 

Тўхфаи муносиб ба мусулмони Точикистон

Сохтмони масчиди чомеъ, ки 6 октябр ба он асос гузошта шуд, дар хаёти фархангии Точикистон бояд чун муждаи нек арзёби гардад. Бо ѓунчоиши 115 хазор намозгузоранда, чунин макон боиси ифтихору сарафрозии мост, арчгузорї ба бузургдошти суннатњои миллист. Бунёди он, тавре мардум мегўянд «Хонаи Худо», бо мусалмон будани аксарияти мутлаќи шањрвандони чумхурї дорои ахамияти бузург мебошад.

Ҳар яки мо борњо шоњид гаштаем, ки баъди бозгашт аз кишварњои исломї дўстонамон дар бораи шукўњу шањомати масљидњояшон сухан мекарданду њозирин бо њавас ба тавсифоти онњо гўш медоданд. Инак, дар љумњурии мо низ чунин љое бино мешавад, ки назираш шояд дар ќаламрави собиќ Шўравї набошад.

Боиси ифтихор аст, ки ин иншооти муњими динию фарњангиро бинокорони тољик месозанд. Шояд ин бори аввал бошад, ки мутахассисони љумњурї бе љалби хориљиён даст ба чунин кори масъулиятнок мезананд. Мутмаинем аз ўњдааш мебароянд. Касе шакку шубња дорад, метавонад аз Аморати Муттањидаи Араб сар карда, то Љумњурии Қазоќистону Федератсияи Русия назар афканад. Бо чашмњои худ бубинад, дасти пурбаракати тољик чї корнамоињоеро анљом дода, дар симои шањру ноњияњои кишварњои ба мо дўсту бародар чї њусну таровати тозае замм кардаанд.

Ойини шањрсозї ва пешравии љомеа бояд њатман дар бунёди иншоотњое таљассум ёбанд, ки бо мусавварањои соњавї ва наќќошию нигорањои нодир зиннат дода шаванд. То он љое, ки огањї дорем, дар шањру навоњии кишварамон солњои ахир баъзе масљидњое бино шудаанд, ки бидуни тарњрезї ва тадќиќоти ќаблї, бо ташаббуси сокинони мањаллї, бо роњи њашар бунёд гардидаанд, бинобар ин аз камбудиву ноќсонњои меъморї орї нестанд.

Дар таърихи 20 солаи Тољикистони соњибистиќлол бори аввал аст, ки ба сохтмони масљиди љомеъ муносибати љиддї зоњир гардида, аз буљаи давлат ба таври расмї маблаѓ људо карда шудааст. Лоињааш љавобгўи талаботњои байналмиллалї буда, сохтмонаш баъди тањќиќу баррасињои зиёди мутахассисон шурўъ гаштааст.

Ба ин нигоњ накарда, камбинону хурдагирон аз рўи њавою њасад аз њар як ташаббуси неку созанда эрод мегиранд. Айни чунин бархўрд бо сохтмони масљиди љомеъ низ сурат пазируфта истодааст. Яке дар ин иќдом «худнамої», дигаре «худсафдкунї», саввумин «тиљорат»-ро мебинанд (бо чунин сарлавњаи њаммазмун дар сомонаи интернетии «ozodi.org» рўзи 06.10.2011с. маќолае пахш гардид).

Худи њасудон, ки одатан бо номи тањлилгарону коршиносон баромад мекунанд, гуфта наметавонанд, ки «худнамої» дар назди кї ва бањри чї, «худсафедкунї» аз кадом гуноњ ва бо кадом маќсад, «тиљорат» бо чї, бо дину эътиќоди мардум???

Ин мавзўест – доманадор, ки таълифоти дигарро мехоњад ва аз њавсалаи мавзўи матрањшуда берун мебошад.

Таърих гувоњ аст, њама ваќт њар як бунёдкорї, пешравї ва навоварї вокунишњоеро бар алайњи худ доштаанд. Маљмўаи Исмоили Сомонї, Нерўгоњи обию барќии «Роѓун», Парчами Миллию Китобхонаи Миллї номгўи ночизи иншоотњоеанд, ки аз танќиди беасосу сатњии «ноќидон» дур намондаанд.

Кам коршиносе, уламое ва ё олиме пайдо мешавад, ки дар ташаббусе љанбаи мусбии ояндасозро бубинад. Аз мавќеи шањрвандию ватандорї сухан карда, вањдату ягонагиро дар амалисозии ибтикоре муњим бидонад.

Сарфи назар аз ин њама нотавонбинињо умедворем бунёди масљиди љомеъ дар ш.Душанбе бидуни мушкилоти идорї, молиявї, фаннию сохтмонї, бо сифати намунавї ба анљом расонида мешавад. Бинокорони тољик аз худ мањорату малакаи баланд нишон дода, санъати нотакрори меъмории ниёгонамонро зинда менамоянд, шоњкориеро ба анљом мерасонанд, ки бо шукўњу шањомати худ мардумро на танњо барои тоату ибодат љалб менамояд, балки макони дидании љањонгардони хориљї низ мегардад.

Ҳамзамон тамонно дорем, ки бунёди ин боргоњи муќаддас бидуни шитобкорї ва пайвастсозї ба ягон санаи таърихї сурат мепазирад. То лањзае, ки хишти охирин гузошта ва ё мехи охирин куфта намешавад, иљозати ифтитоњаш содир намегардад.

Миллати тољик лоиќи он аст, ки нерўгоњи азимтарин, корхонањои пуриќтидортарин, парчами баландтарин, китобхонаи бењтарин, масљиди бузургтарин ва дигару дигарњоро дошта бошад. Ҳар шом, ки сокинони пойтахт бо ањли оилаашон дар гирди Маљмўаи Исмоили Сомонї, боѓи Абўабдуллои Рўдакї, Парчами Миллї ва Нишони Давлатї оромона гашту гузор мекунанд, то чї андоза пуч будани хурдагирињои њасудони нотавонбин баръало њувайдо мешавад.

Хулоса, масљиди љомеъи бунёдшаванда, на танњо љои мурољиат ба Худои Якаву Ягона, балки маркази илмию фарњангї низ мегардад. Дар ин соли пуршукўњ он тўњфаи муносибест ба мусулмонони кишвар бањри пойдору устувор нигоњ доштани суннатњои аљдодї, мероси арзишмандест барои наслњои оянда ва ташаккули љањонбинии исломї.

Бигзор ин макони муќаддас бо дасту дили гарм, њисси баланди ватандорї, тавре мардум мегўянд «аз таги дил» сохта шавад, дар ќалби љумњурии азизамон ба ифтихори мо – тољикон ќомат барафшонад.

Зиёвуддини Авлиёпур

Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.543 seconds.