Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 13.05.2017
 

УСАРДОРОНИ АЗИЗЕФ НОМАИ ЯК МАҲБУСИ ТОҶИК АЗ ЗИНДОНИ РУСИЯ (ВИДЕО)

Шаҳрони Хоҷазода, як ҷавони 22-солаи зодаи шаҳри Ваҳдат, ки дар Русия барои терроризм ба 10 соли зиндон маҳкум шудааст, дар як нома аз зиндон ба сафорати Тоҷикистон навиштааст, ки ӯ ягон гуноҳ надошт ва пулиси Русия бо тӯҳмат ба пешонии вай тамғаи “террористФ задааст.

Дар моҳҳои охир ФСБ Ц Хадамоти федеролии амнияти Русия Ц дар бораи чандин мавриди боздошти муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон, бо иттиҳоми терроризм гузориш медиҳад. Дар видеоҳое, ки ФСБ нашр мекунад, дида мешавад, ки чигуна афсарони ин идора ба дастони афроди гумонбар ба терроризм завлона мезананд ва аз ҷайб ё ҷои хоби онҳо ё силоҳ, ё адабиёти мазҳабӣ ваё ҳадди ақал билети парвоз ба Туркияро пайдо мекунанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон алакай чандин бор бонги изтироб баланд кардаанд, ки аксари ин боздоштҳои як саҳнасозист ва муҳоҷирони бечора бе ягон гуноҳ қурбони маъракаи афзояндаи мубориза бо террор дар Русия шуда истодаанд.

Сомонаи “АхборФ нусхаи мактуберо ба даст овард, ки Шаҳрони Ҳоҷимурод Хоҷазода, санаи таваллудаш 05.12.1994, зодаи шаҳри Ваҳдати Тоҷикистоназ зиндон бо даст дар 4 варақи дафтар ба номи сафорати Тоҷикистон дар Русия навиштааст. Шаҳрони Хоҷазода менависад, ки ӯ ягон гуноҳ надошт, вале мақомоти амниятии вилояти Тула ӯро бо “подставаФ ба пешониаш тамғаи “террористФ заданд ва 10 соли зиндон маҳкум карданд.

Дар ибтидои моҳи апрел раёсати ФСБ дар вилояти Тула хабар дод, ки додгоҳи низомии ҳавзаи низомии Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистонро пиҳам бар асоси моддаи 205.5-и Кодекси ҷиноятии Русия (иштирок дар фаъолияти созмоне, ки дар Русия созмони террористӣ эътироф шудааст) ба 10 соли зиндон маҳкум кард.

ФСБ гуфт, ин ду шаҳрванди Тоҷикистон замоне боздошт шуданд, ки алакай барои парвоз аз фурудгоҳи Шереметевои шаҳри Маскав ба Истамбули Туркия билет харида буданд ва мехостанд аз тариқи Туркия худро ба Сурия бирасонанд ва ба сафи созмони террористии ДОИШ (”Давлати исломӣФ) бипайванданд.

Исми ин ду шаҳрванд дар иттилоияи расмии ФСБ оварда нашуд, вале дар видеое, ки нашр шуд, дида мешавад, ки яке аз билетҳо ба парвози Маскав Ц Истамбул ба номи Комилҷон Шарипов ва бо пули нақд харида шудааст.

Нафари дувум дар ин парванда ҳамин муаллифи мактуб аз зиндон ба номи сафорати Тоҷикистон Шаҳрони Хоҷазода будааст.

Шаҳрон дар ин нома ҳама азоби ба сараш омадаро рӯи қоғаз фурӯ рехтааст:

“Салом алекум, сардорони азиз. Ман, Хоҷазода Шаҳрони Ҳоҷимурод, 05.12.1994. Шиносномаам тоҷикӣ аст, худам ҳам тоҷик ҳастам. Истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат ҳастам.

Сардорони азизам. Ман дар вилояти Тула зиндагӣ мекунам, шаҳри Алексино, кӯчаи Горкий, хонаи 4, кв. 22.

Сардорҳои азиз. Манро подставить карданд милисаҳо. Илтимос, маро дастгирӣ кунед. Ман касе надорам ғайр аз шумо.

Сардорҳои азиз. 8 октябр нозири минтақавӣ (Руслан Баламетов) омад хонаи мо, бачаҳоро тафтиш кард. Баъд манро ҳам тафтиш кард. Ман сабти ном ва корти муҳоҷират доштам. Манро гуфт, ки паспорти туро мебарам ба шӯъба, тафтиш мекунам, ки дар ҷустуҷӯ набошӣ. Ман аввал розӣ нашудам. Ва ӯ ба ман гуфт, ки рақами маро навис. Ман рақамашро дар телефонам навиштам. Баъд аз байни 5 рӯз гузашт, ки рӯзи 12 октябр чанд бор ба ман занг зад ва ҳатто СМС навишт, ки ман нозири минтақавиам. Ман телефонашро бардоштам ва ӯ ба ман гуфт, ки 13.10.2016 ба шӯъба биё. Ман ҳамин хел кардам, рафтам ба шӯъбаи пулис, навбатдор ному насабамро навишт дар журнал, баъд маро роҳ дод, ки ба шӯъба дароям. Ман даромадам ва рафтам ба ҳуҷраи 35.

Нозири минтақавӣ ба ман гуфт, ки биист, ман мошинамро парк кунам, меоям. Руслан рафт берун ва вақте омад, манро гуфт, ки рафтем, дар берун гап мезанем. Мо ба берун рафтем, ба пеши дари ақиби шӯъба. Онҷо як мошини “ГазелФ истода буд, “ГазелФ-и сафед. Аз “ГазелФ 4 кас фаромад, манро заданд ва дар “ГазелФ савор карданд. Телефонамро қатӣ соати дастамро ҳам гирифтанд. Маро латукӯб карданд, ки дар паспортат билети электронӣ ҳаст. Ман гуфтам, ки паспортам 5 рӯз мешавад дар шӯъбаи пулис буд.

Маро овардан ба шари Тула ва дар кисаи ақибам паспортро қатӣ билет монданд ва дар камераҳо ба навор гирифтанд.

Сардорҳои азиз. Боз як тоҷики дигарро ҳам қатии ман подставить карданд. 6 моҳ гузашт ва вақте моро якҷо бо ҳам шиноскунӣ бурданд. Дар онҷо харитаҳои Сурия, Украина буд. Ба ман гуфтанд, ки аз хонаат ёфтем. Боз 3 билет ба номи ман, Шарипов Комилҷон, ки мани набуда харидаам, ва Мақсудов Назар. Ба номи 18.10.2016 Маскав Ц Истамбули Туркия.

Сардорҳои азиз. Ман ҳатто дар касса набудам, маро аз шӯъбаи пулиси Алексино гирифтанд ва бурда, гӯё дар Тула қапиданд. Маро 30 март 10 сол ҳукми зиндони низомаш шадид доданд.

Илтимос, дастгирам кунед! Ман боя гон террорист гап намезанам ва инҳо маро бо моддаҳои 230, қисми 1 ва 205.5айбдор карданд.

Шоҳидони манро ба додгоҳ фарёд накарданд, онҳоеро, ки маро дар беруни шӯъбаи пулис мунтазир буданд. Ҳамон рӯз маро аз шӯъбаи пулис гирифта бурданд ба шаҳри Тула. Вале дар додгоҳ гуфтанд, ким ан ҳамон рӯзи 13.10.2016, соати чори бегоҳӣ билет харида бошам.

Маро боз рӯзи 17.11.2016 ҳамин ду нафаре ки манро бо ҳамроҳи рафиқонаш латукӯб мекарданд, ки дар гуноҳам розӣ шавам, ҳаминҳо рӯзи 17.11.2016 боз омаданд, ки зӯриашонро боз нишон диҳанд дар СИЗО1 шаҳри Тула.

Инҳо номҳояшон Настасиевский С.А., Лазарев Игор Владимирович. Моро бозӣ зӯриашонро нишон доданд, ки розӣ шавем дар гуноҳамон.

Илтимос! Ман ба прокуратураи шаҳри Тула шикоят навиштам, ҷавоб намедиҳанд. Илтимос, дастгирӣ кунед маро, сардорҳои азиз!

Камераҳои касса ҳамон рӯзе ки билет харидаанд, кор намекардааст. Ва камераҳои шӯъбаи пулис низ 13.10.2016 кор намекардааст.

Маро чихел аз шӯъбаи пулис раҳоям кардаанд, боз ҷарима?

Маро дар додгоҳ мегӯянд, ки ту аз шӯъба соати 9:40 баромадӣ ва ба шари Тула билетхарӣ омадӣ. Ман ду нафар шоҳид дорам ва онҳо дар беруни шӯъба мунтазири ман буданд. Маро сар надоданд аз шӯъба!

Дар додгоҳ нозири минтақавӣ Руслан мегӯяд, ки ман ба шӯъба надаромадаам. Вале дар санадҳо ҳаст, ки ман даромадам ба шӯъба.

Судя маро гӯш накард ва 10 солам дод.

Илтимос, аз барои Аллоҳ, ёрдам кунед!

Бо эхтиром, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳрон Хоҷазода

Илтимос! Ин дуюм маротиба аст, ки менависам, сардорҳои азиз!

Аз “АХБОР”: Шаҳрон Хоҷазода ин номаро бо даст дар 4 варақи дафтар навишта ва тавассути як нафаре, ки аз боздоштгоҳи Тула озод шуд, ба сафорати Тоҷикистон фиристодааст. Ин нафар чанд рӯз натавонистааст, ки номаашро ба сафорат бисупорад, чунки он ба номи “сардорҳои азизФ навишта шуда буд ва посбонони сафорат ҳар рӯз ба ин номарасон мегуфтаанд, ки нафаре бо номи “сардорҳои азизФ дар сафорат кор намекунад.

Аммо ҳоло ки нома билохира ба дасти сафорат расидааст, умедворем, ки масъулони сафорати Тоҷикистон ба қазияе, ки ба сари ин ҷавони тоҷики бечора омадааст, расидагӣ хоҳанд кард.

ТОҶИКҲОИ КУШТАШУДА ДУ БАРОДАР АЗ МӮЪМИНОБОД БУДААНД (ВИДЕО)

http://akhbor.com/-p1924-119.htm

КӢ АЗ ТОҶИКҲОИ БЕГУНОҲ ДАР РУСИЯ “ТЕРРОРИСТ” МЕСОЗАД? (ВИДЕО)

http://akhbor.com/-p690-119.htm

НОМАИ ШАҲРОН ХОҶАЗОДА БА САФОРАТ:

tula1tula2

Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.522 seconds.