Наделение Общероссийского общественного движения новыми качествами, функциями и полномочиями-задача очередного съезда
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 16.08.2010
 

ВАХДАТ. Ба номи Худованди чону хирад.

Номи худованде ки ба хеч чиз ва ба хеч кас шабех нест ва ба хеч кор ба хеч вакт дар намонад. Душман парвар аст ва дуст навоз, ъайб пуш аст ва кор соз. Ёди у ойини забон ва дидори у зиндагии чон ва ёфти у сурури човидон.

Подшох аст бе сипох ва устувор аст бе гувох аз нихон огох. Худованде ки ба илм наздик аст ва аз вахм дур. Аввал аст бе ибтидо; охир аст бе интихо: зохир аст бар хар кас ва бе монеъ: ботин аст бе хичоб. Гувохи медихем, ки парвардигоре чуз Аллох нест.

Ягонае, ки хамто надорад ва гувохи медихем, ки Мухаммад (с) банда ва фиристодаи уст.

Парвардигоро бар Мухаммад ва хонадонаш рахмати бегаронатро нозилбифармо.

Бар Ахмаду бар чамоли покаш саловат.

Бар хатму расулону ба олаш саловат

Бар фахри башар ба усваи мехру видод.

Бар сирату хулку хам бар камолат саловат.

Вучуди нозанини паёмбар барои хамаи оламиён муборак буду муборак шуд. Касест, ки Худованд мефармояд; Эй паёмбар батуфайли вучуди ту офаридам «Лавлок ламо халак ту афлок»

Аз манбаи чуд гавхари пок омад,

хуршеди ду олам басуи хок омад.

Ин нагмаи хуш зи авчи афлок омад.

Лавлок ламо халакту афлок омад.

Яке аз бонгхои азими паёмбари хотам эхчоди рухияи укуввату бародари байни мардум ва гирех задании дилхои онхо бохам буд.

Паёмбари гироми он гунна ба ин чихат мувафак шуданд, ки мусалмонхо як чон шуданд дар колабхои гуногун.

Ман ки ам Лайлию Лайли кист ман

Мо ду як рухем андар ду бадан.

натича ин ки мусалмонхо бо иддаву уддаи кам бо як шумори андак бардушманони бе шумор пируз шуданд.

Ва дар даврони худ тавонистан пирузманд шаванд бар болои ду империяи абаркудрат. Суол пеш меояд ки он хо бо як шумори кам боин пирузихо мувафак шуданд чаро имруз мусалмонхо, ки шуморашон ба якуним, миллиард расидааст ва тамоми дороихоро дардаст доранд ва инкад азамати боло, ки баноми ислом мушаррафанд аммо гарибу хору гуломи дасти куффоранд.

Худованд дар Курон мефармояд: Агар шумо муъминон 20 нафар бохам бошеду собир бошеду дил бо Худо бидихед бар 200 нафар пируз мешавед. Агар 100 нафар бошед ба 1000 нафар пируз мешавед. (сураи Анфол ояи 65)

Ва дар дигар оят боз мефармояд: Хама бо рухи вахдат ва имон пайрав ба фармони Худо ва Расул бошед ва харгиз рохи ихтилоф ва чудогиро начуед. Агар рохи ихтилоф чуидед чимешавад? Мефармояд дар асири тафрика тарсу заъифи дучор меафтед. (сураи Анфол ояи 46)

Имруз мо мусалмонхо агар назар кунем дар сад солахои охир бар ахволихуд, чи мебинем? Факат хору залили ва бозичаи дасти душманон мебинему бас.

Шумори кишвархои Араб ки ба 50 давлат мерасад ва Форсон ба 3 давлат ва Туркон ба 6-давлат ва Паштун Хинд ба як тараф. Агар хар инсони сохиб акл тафакур кунад ва ба худ суол кунанд ки ин кишвархои номбар шуда, дар сад солаи охир бозичаву гуломи лаган бардори, ки буданду хастанд ва чавоби аникеро бохуд пайдо мекунад.

Хазрати Али (р) мефармояд: Дустону бародарони хамранг чони вохид дар баданхои гуногунанд.

Ин нуктаи зарини вахдат ва инсу чоми вохид кай ба вучуд меояд? Ман мегуям танхо дар партуби Худо хохи ва хак парасти. Агар дилхо дар асоси мехри илохи ба як дигар пайванд хурад, хеч омиле кодир бо чудоии онхо нахохад шуд.

Курон мефармояд: Агар хама ба ресмони махками Худо чангзадед шумо гирифтори тафрика тарсу вахм ва чудои нахохед шуд. (Сураи Оли Имрон ояд 103)

Вокиае пеши назарам омад, ки Худо рахматаш кунад, дусте доштам бо номи Лутфулло, ки бисёр кадрдони мо буд. Рузе дар масчиди марказии руссия, ки машхур аст бо номи Праспект-Мира дар ончо омодаи таълимоти тафсири Курон Будам. Ногахон хамин дусти азизам аз дари масчид даромад ва чехрааш хафау гамгин менамуд. Ва бо хама саломдоду дар пахлуи ман нишасту хохиши суол карданро кард ва манхам гуфтам мархамат. Гуфт: мо берун аз шахр 40 нафар бохам кор мекунем ва имшаб вокеаи нохуше бар мо рухдод, ки авбошу дуздон омадан хамаи амволи моро бурданд. Ман суол кардам дуздон чанд нафар буданд? Гуфт 5-нафар: гуфтам: шумо чанд нафаратон бохам будед? Гуфт: хама хамон 40 нафар як чо бохам будем. Гуфтам охир читавр 5-нафар ба 40-нафар голиб шуданд, гуфт: онхо 5-нафар буданд бохам мо 40-нафар будем бархам. Шеъре пеши назарам омад дар ин васф, ки аз шоири форси забонамон Кайсари Аминпур аст, мегуяд.

Оби дарё баранги осамон

Катрахо берангу аз дарё чудост,

Катраи танхо чаро беранг монд

Ранги дарёхои оби аз гучост

Катраи танхо бедур аз катрахост

Бохуд оханги чудои мезанад

Катрахое, ки бохам мераванд

Осмон ранги худои мезанад

Ин ману ту хосили тафрики мост

Пас тухам бо ман биё то мо шавем,

Хосили чамъи тамоми катрахо мешавад дарё биё дарё шавем.

Паёмбар мефармояд. «Дасти худо бохамрохии чамъомад аст». Яъне харкучое, ки чамъ хастед худо бошумост.

Паёмбари гироми дар сухани дигараш мефармояд: Чамоат бохамбудан якчо будан мутахид будан саросар хайру хубист ва чудоию тафрика азоб аст. Мо мусалмонон набояд омил ва боиси тафрика бошем ва на ичозат бидихем ба худ ва дигарон тафрика андохтанро. Худованд мефармояд: Хусуматхое, ки дар миёни шумост, ислох кунед. (Сураи Анфол ояи 1)

Яъне амр аст фармон аст аз тарафи Худованд, ки бояд байни бародарони мусалмон харчудоие, ки афтодааст ислохкард.

Паёмбар Мухаммад (с) фармуданд: Бехтарин болотарин садака, гирех задании дуто дилест, ки аз хам чудо шуданд, фосила гирифтаанд.

Паёмбар боз мефармояд: «Силман катаъак». Яъне бипайванд бо касеки аз ту буридааст, чудои навъест, ки факат душман мехохад ту ичозат надех бар худ, ки кассе аз ту чудо бишавад паёмбар мефармояд: «Ва ахсин иломан асоаилайка». Яъне некикун ба кассе, ки бату бади кардааст». Чунки дар ин миён душмани асли суд мебарад аз чудоии ту бо мумини дигар, харгиз ту чудоиро бохуд хуш набин.

Паёмбар фармуд: «Шайтон ба як яки шумохо кор дорад, вакте, ки дуто шудед шайтон аз шумохо фосила мегирад».

Гусфанд осуда аз гург аст, хамрохи рама.

Вар чудо уфтад насиби гургисахро мешавад.

Ба хамаи мо мусалмонон маълум аст, ки чамъияти куфр аз парешонии мост, хору залили ва аз дастдоданимо ва шикасти мо хама аз чудогии мост, тариккии насоро аз акиб монии мост: Худовандо дилхои моро бо як дигар гирех бизан Худоё муслимини чахонро иззату сарбаланди иноят бифармо.

Нависанда: Хайриддини Абдулло

Похожие записи:

    Не найдено.

Один комментарий to “ВАХДАТ. Ба номи Худованди чону хирад.”

  1. ХУРИНИСО Сказал(а):

    БИСМИЛЛОХИР-РАХМОНИР-РАХИМ.
    ПАРВАРДИГОРО ХИДОЯТ КУН МОЁНРО БО ХИДОЯТИ КУРЪОН.ИКРОМ КУН МОЁНРО БО КАРОМАТИ КУРЪОН.БОШАРАФ КУН МОЁНРО БО ШАРОФАТИ КУРЪОН.РАВШАН ГАРДОН ДИЛХОИ МОРО БО НУРИ КУРЪОН.БИКШОЙ СИНАИ МОЁНРО БО ТИЛЛОВАТИ КУРЪОН. БИПУШОН ЧИСМХОИ НОТАВОНИ МОЁНРО БО ХИЛЪАТИ КУРЪОН.
    БИЁМУР ГУНОХОИ МОЁНРО БО ИННОЯТИ КУРЪОН.ОСОН ГАРДОН АЗОБИ ЧОН КАНДАНИ МОЁНРО БО ФАЗИЛАТИ КУРЪОН.ВАЗНИН ГАРДОН ПАЛАИ ТАРОЗУИ АЪМОЛИ МОЁНРО БО БУЗУРГИИ КУРЪОН.ЭМИН ДОР МОЁНРО АЗ ЧАМИЪИ БАЛОХО ВА ЧАМЕЪИ БАЛОХОВУ ОХИРАТ БО ХУРМАТИ КУРЪОН.РАХМАТ КУН БА ЧАМЕЪИ УМАТИ МУХАММАД САЛЛАЛЛОХУ ЪАЛАЙХИ ВА САЛАМ БА РАХМАТАТ ЭЙ БЕХТАРИН БАХШОЯНДАГОН .
    ОМИН.
    БИРАХМАТИКА Ё АРХАМАР-РОХИМИН.
    ХУРИНИСО АЗ ШАХРИ МУСОФИРИИ МАСКВА.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.535 seconds.