По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 21.06.2018
 

Вазорати меҳнати Русия: квотаҳо барои муҳоҷирон кам шавад

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Русия бори навбатӣ бо ҳимоя аз бозори дохилии кор пешниҳод намуд, ки квотаҳо барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ барои якчанд соҳаҳои мукаммал, аз ҷумла сохтмону нақлиёт коҳиш дода шавад. Дар ин бора дар сомонаи Вазорат хабар дода мешавад.

Лоиҳаи қарори ҳукумати Русия барои баррасии ҷомеа дар сомонаи Вазорат гузошта шудааст.

«Санад ба танзими ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба фаъолиятҳои ҷудогонаи иқтисодӣ бо назардошти хусусиятҳои минтақавии бозори кор ва зарурати бо тартиби афзалиятнок бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Русия имкон медиҳад», – омадааст дар хабар.

Пешниҳод мешавад, ки меъёри иҷозашудаи хориҷиён дар шумори умумии кормандон дар сохтмон соли 2019 – дар сатҳи 80% муқаррар шуда, имсол ҳеҷ гуна маҳдудияте нест ва хориҷиён метавонанд то 100% бозори кор дар сохтмонро ишғол кунанд. Дар нақлиёти заминӣ ва боркаш аз 28 то ба 26% коҳиши квотаҳо пешниҳод шудааст.

Вазорат пешниҳод кардааст, ки боқимонда навъҳои фаъолияти иқтисодӣ бетағйир гузошта шуда, ҳамаи квотаҳо барои соли 2019 дар сатҳи соли 2018 нигоҳ дошта мешаванд.

Барои баъзе минтақаҳо Вазорати меҳнати Русия бо дархости худашон ба истисноҳо розӣ аст. Сухан дар бораи Хабаровск, вилояти Амур ва шаҳри Маскав меравад, ки ҳукуматдорони ин минтақаҳо дар соҳаи кирои кормандони хориҷӣ ба гузаштҳо омодаанд ва ҳамчунин дар бораи вилояти Астрахан ва кишвари Приморйе дар мавриди парвариши сабзавот изҳори назар шудааст.

Қобили зикр аст, ки пешниҳоди квота барои кирои қувваи кории хориҷӣ ба муҳоҷироне дахл дорад, ки бар асоси патент дар Русия кор мекунанд.

Тибқи қонунҳои Русия, ба дорандагони Иҷозати зисти муваққатӣ (РВП) ё Ҳуҷҷати иҷозати зист (ВНЖ) ба гумони ғолиб ин маҳдудиятҳо дахл нахоҳанд кард.

muhojir.news.tj

Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.614 seconds.