Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 02.07.2017
 

ВИДЕО: ДАР РУСИЯ ҶУМҲУРИИ МУХТОРИ МУҲОҶИРОН ТАШКИЛ ШАВАД!

ВИДЕО: ДАР РУСИЯ ҶУМҲУРИИ МУХТОРИ МУҲОҶИРОН ТАШКИЛ ШАВАД!
01/07/2017

7-1-2017-11-09-17-AM-4601190

Каромат Шарипов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия пешниҳод кардааст, ки дар минтақаҳои камаҳолии Шарқи Дури Русия аз ҳисоби муҳоҷирони тоҷику узбек ва кишварҳои дигар ба мисли вилояти мухтори Яҳудиён Ҷумҳурии мухтори муҳоҷирон таъсис бидиҳанд.

Каромат Шарипов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия дар барномаи “Истории дня”-и шабакаи телевизионии РБК, ки ба консепсияи нави вазорати корҳои дохилии Русия дар бораи муҳоҷират ба Шарқи дур бахшида шуда буд, гуфт, кайҳо вақти он расидааст, ки дар Русия як ҷумҳурии мухтор аз ҳисоби муҳоҷирон ташкил карда шавад.

Каромат Шарипов дар сӯҳбат бо РБК гуфт: “Чунин таҷриба дар таърих вуҷуд дорад. Иттиҳоди Шӯравӣ дар асри гузашта дар Шарқи дур вилояти мухтори Яҳудиёнро ташкил карда буд. Агар президенти Русия Владимир Путин ҳоло барои таъсиси як ҷумҳурии мухтор аз ҳисоби 2 миллион муҳоҷири тоҷику 3 миллион муҳоҷири узбек ва аз кишварҳои дигар иқдом кунадЮ як кори хеле савоб мешуд. Мо ин масъаларо дар анҷумани Иттиҳоди муҳоҷирони СНГ матраҳ ва пешниҳодамонро ба ҳукумати Русия ироа мекунем. Муҳоҷирони кориеро, ки мехоҳанд барои доим дар Русия бимонанд, бояд пуштибонӣ кард. Чунин мардум миллионҳо нафаранд.”

Каромат Шарипов афзуд, ки таъсиси ҷумҳурии мухтори муҳоҷирон як чорчӯби қонунӣ ва як майдони қонуниро барои ҳифзи ҳуқуқи ин қишри дар ҳоли ҳозир осебпазир дар Русия ба вуҷуд оварда, ҳамзамон як такони ҷиддӣ барои рушди минтақаҳои дар ҳоли ҳозир тақрибан бе одам ва ташнаи нирӯи корӣ дар Шарқи Дури Русия хоҳад шуд.

Баҳси ин масъала замоне бархост, ки бино ба хабарҳо, вазорати корҳои дохилии Русия консепсияи нави сиёсати муҳоҷират барои ду соли ояндаи 2018-2019-ро таҳия кардааст. Ин санад аз ҷумла таҳияи шароит ва ироаи имтиёзҳо барои кору зиндагӣ ба минтақаҳои камаҳолие, чун Шарқи дур ҷалб кардани онҳоеро дар назар дорад, ки ба тозагӣ шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд. Манзур, албатта, пеш аз ҳама муҳоҷирон аз кишварҳои пасошӯравӣ – манбаи асосии такмили сафи шаҳрвандони Русия мебошад.

Дар барномаи “Истории дня”-и РБК Юрий Авдеев, раҳбари Пажӯҳишгоҳи равандҳои муҳоҷират дар минтақаи Шарқи Дур ва уқёнуси Ором низ гуфт, Шарқи Дури Русия беш аз ҳар вақти дигар ба нирӯи инсонӣ ниёз дорад: “Шарқи дур ба ҷалби шумори ҳазорҳо бор бештари аҳолии нав эҳтиёҷ дорад. Ин як қаламрави бузурги масоҳаташ 6 миллион километри мураббаъ аст. Ва дар ин масоҳати баробари қитъаи Австралия ҳамагӣ 6,5 миллион нафар зиндагӣ мекунанд. Зичии аҳолӣ дар атрофи Шарқи дур – дар шимолушарқи Чин, дар ҳарду Корея ва дар Ҷопон садҳо маротиба зиёдтар аст. Касе нест, ки ин қаламрави бузургро аз худ кунад. Ин минтақа ба рушди босуръати аҳолӣ ниёз дорад ва инро метавонад танҳо аз ҳисоби муҳоҷират таъмин кард. Ягон роҳи дигари афзоиши аҳолии Шарқи дур, ба ҷуз аз муҳоҷират аслан вуҷуд надорад.”

Юрий Авдеев ба ин хотир хостори таҳияи як қонуни алоҳида дар бораи режими вижаи муҳоҷират ба Шарқи дури Русия шуд ва гуфт, ҳукумати Русия бояд ин минтақаро ба рӯи муҳоҷирон, бахусус аз кишварҳои пасошӯравӣ бикушояд ва барои ташвиқи онҳое, ки ба инҷо мекӯчанд, имтиёзҳои фаровон фароҳам биорад. Юрий Авдеев афзуд, умури муҳоҷират ба Шарқи дурро бояд аз дасти пулис гирифта, ба як ниҳоди мулкӣ супурд ва муҳоҷиронеро, ки барои кору зиндагӣ Шарқи дурро ихтиёр мекунанд, ба ҷои муҷозот мукофот бояд дод.

Ҷомиашиносон мегӯянд, мақомоти Русияро сели беисти нирӯи инсоние, ки аз Чин ба Шарқи дур фурӯ мерезад, дар ташвиш овардааст ва азбаски аҳолии худи Русия барои кӯчидан ба он минтақаи иқлимаш қаҳратун алоқаи чандоне нишон намедиҳад, маҷбур аст рӯи ҷалби муҳоҷирон ба он қаламрав ҳисоб кунад.

Вилояти мухтори Яҳудиён бо марказаш – шаҳри Биробиҷон соли 1934 дар майдони 36 ҳазор километри таъсис ёфта, ба ҳавзаи федеролии Шарқи Дури Русия шомил мешавад.

Вилояти мухтори Яҳудиён дар Шарқи дури Русия дар замонаш ҳамчун алтернатива ба таъсиси Исроил ҳамчун давлати мустақили яҳудиён ташкил шуда буд ва дар оғоз яҳудиёни сокини Иттиҳоди Шӯравиро маҷбуран ба ин вилояти дурдаст ва иқлимаш сард муҳоҷир мекарданд.

Баъди онки давлати Исроил дар соли 1947 таъсис ёфт, вилояти мухтори Яҳудиён аҳамияти сиёсиашро гум кард, вале ҳамчун воҳиди маъмурӣ дар ҳайъати Русия то кунун боқӣ мондааст.

Дар ин вилояти ҳаммарз бо вилоятҳои Амуру Хабаровски Русия ва бо Чин ҳоло 164 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд, ки танҳо 1 фоизаш ё 1628 нафарро яҳудиён ташкил медиҳанд.

Похожие записи:

    Не найдено.

Вы можете оставить сообщение



 

 
18 queries. 0.623 seconds.