Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 10.10.2017
 

ВИДЕОИ МУЛОҚОТИ ПУТИН ВА РАҲМОН

10-10-2017-10-45-57-PM-3297174

Видеои нашршуда аз мулоқоти раҳбарони Русияву Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи “Бочаров Ручей” дар Сочи нишон медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон баъди маросими дафни бародараш ҳанӯз ба худ наомадааст. Сухангӯи Путин аз Эмомалӣ Раҳмон ситоиш кард, ки бо вуҷуди мотами бародараш ба Сочи омад.

Президентҳои Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10 октябр дар ҳошияи нишасти сарони СНГ дар Сочи дар қароргоҳи “Бочаров Ручей” як мулоқоти алоҳидаи дуҷониба доир карданд. Ба фарқ аз мулоқотҳои дигари ҳошиявии Путин мулоқоти ӯ бо Раҳмон бидуни ҳузури хабарнигорон гузашт. Вале видеои нашршуда аз истиқболи Раҳмон дар “Бочаров Ручей” ва лаҳзаҳои аввали мулоқоти ӯ бо Раҳмон нишон медиҳанд, ки Эмомалӣ Раҳмон баъди маросими дафни бародараш Нуриддин Раҳмон ҳанӯз пурра ба худ наомадааст.

Сухангӯи Путин Дмитрий Песков гуфт, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Сочи аз ҷониби мақомоти раҳбарии Русия баҳои баланд гирифт: “Ба сари худаш омадани Раҳмон дар ин рӯзҳои барояш мушкил дар Маскав баҳои баланд гирифт. Шумо медонед, ки бародари калонии ӯ вафот кард. Ва бо вуҷуди ин, ӯ имконият пайдо кард, ки ба ин саммит биояд ва бо Путин як мулоқоти алоҳидаи дуҷониба доир кунад.”

Нуриддин Раҳмон, бародари калонии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7 октябр бар асари сактаи дил дар синни 67 аз олам чашм пӯшид. Ҷанозаи ӯро рӯзи 8 октябр дар зодгоҳаш – ноҳияи Данғара дар оромгоҳи Мавлоно Тоҷиддин дар канори мазори падару модарашон ба хок супурданд.

Гузоришҳои шабакаҳои телевизионии Русияву Тоҷикистон дар бораи мулоқоти Путин ва Раҳмонро корбари Фейсбук Му Вирод дар як видео ҷамъ овардааст:

Бино ба гузориши дафтари матбуоти президенти Русия, Владимир Путин рӯзи 10 октябр дар қароргоҳи “Бочаров Ручей” дар Сочи бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти алоҳида барпо кард. Эмомалӣ Раҳмон ба манзури ширкат дар нишасти сарони СНГ ба шаҳри Сочии Русия рафтааст. Дафтари матбуоти Путин хабар дод, ки дар ин мулоқот аз ҷониби Русия вазири хориҷа Сергей Лавров, муовини аввали сарвазири Русия Игор Шувалов, ки раҳбарии ҷониби Маскав дар комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Русияву Тоҷикистонро бар дӯш дорад, ва ёвари президенти Русия Юрий Ушаков ширкат кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмонро дар ин дидор, тавре дар навор дида мешавад, вазири хориҷа Сироҷиддин Аслов ҳамроҳӣ мекард. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки Путин ба Раҳмон ба сабаби марги бародараш изҳори таслияту ҳамдардӣ кард. Ду раҳбар ҳамчунин пиромуни вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити Тоҷикистону Русия табодули афкор кардаанд

Эмомалӣ Раҳмон ба Путин барои ирсоли 62 ҳазор китоби дарсӣ, омӯзгорон ва барои маъракаи афви муҳоҷирони тоҷик, дар ҷараёни он дар баҳори имсол беш аз 100 ҳазор аз шаҳрвандони Русия тавонистанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд, изҳори сипос кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин гуфтааст, аз иштироки ширкатҳои Русия дар аз худ кардани боигариҳои зеризаминии Тоҷикистон истиқбол мекунад. Ӯ дар айни замон масъалаи таъмини бозори Русия бо маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистонро матраҳ кардааст.

Рӯзҳои 11-12 октябр дар шаҳри Сочи нишасти сарони СНГ ва Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё доир мешавад. Кремл хабар дод, ки Путин дар ҳошияи ин нишаст бо президентҳои Молдова, Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон мулоқотҳои алоҳида доир мекунад, вале мулоқоти алоҳидаи ӯ бо раисиҷумҳури Беларус дар нақша гирифта нашудааст.

Раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, ки ахиран бо як лаҳни тунд аз дахолати ҳамтои қазоқаш Нурсултон Назарбоев дар умури интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон интиқод кард, ба ҷои худ сарвазир Сафар Исоқовро ба Сочи фиристод. Отамбоев гуфт, сарусадоҳо дар бораи эҳтимоли бетартибиҳо дар рӯзҳои интихобот маҷбураш сохтааст, ки дар кишвар бимонад.

Барои мақоми президенти Қирғизистон дар интихоботи рӯзи 16 октябр 13 номзад мубориза мебаранд. Худи Отамбоев, ки як давраи ҳафтсола раёсат кард, номзадиашро нагузоштааст.

Похожие записи:

    Не найдено.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.590 seconds.