По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 11.01.2020
 

Хайриддини Абдуллоҳ ба ифротгароӣ муттаҳам шуд. Наздиконаш гуфтанд, “туҳмат аст”.

Хайриддини Абдуллоҳ

Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон ба зидди Хайриддини Абдуллоҳ (Хайриддин Доcтаков), рӯҳонии 35-солаи тоҷик, бо иттиҳоми ифротгароӣ парванда кушодаанд. Ӯ рӯзи 29-уми декабри соли 2019 ҳангоми бозгашт аз Маскав ба Душанбе дастгир шуд. Наздикони Хайриддини Абдуллоҳ иддао доранд, ки ӯ солҳо дар Русия ба зидди тундравон мубориза бурдааст ва ба ифротгароӣ муттаҳам шуданаш “туҳмат аст”.

Манобеи Радиои Озодӣ дар мақомоти тафтишотӣ рӯзи 10-уми январ гуфтанд, алайҳи Хайриддини Абдуллоҳ бар асоси қисми дуи моддаи 307 (иловаи 1)-и Кодекси ҷиноӣ – “Даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ” ва қисми дуи моддаи 307 (иловаи 2) – “Иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ” парванда боз шуда, ӯро ба ҳабс гирифтаанд.

Мақомот дар бораи боздошт ва иттиҳоми Домулло Хайриддин расман маълумот надодаанд.

Парвина Илолиева, ҳамсари Хайриддини Абдуллоҳ, рӯзи 10-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ифротгароӣ муттаҳам кардани шавҳараш “туҳмат аст”. Ба гуфтаи Илолиева, “ӯ солҳо дар Русия ба зидди ақидаҳои ифротгароӣ мубориза мебурд ва ба ин хотир се дафъа ба ҷонаш сӯиқасд сурат гирифтааст.”

“Ба ӯ занг зада таҳдид мекарданд, ки зану кӯдакатро мекушем, ба зидди мо нанавис. Пайравони “Салафия” ва ДОИШ шавҳари маро таҳдид мекарданд. Ман ба ифротгаро будани шаҳварам бовар намекунам, онҳо бояд инро исбот кунанд,” — афзуд Парвина Илолиева.

Манобеи Радиои Озодӣ, ки аз ҷараёни таҳқиқи парвандаи Хайриддини Абдуллоҳ огоҳ ҳастанд, мегӯянд, чанд муҳоҷир ба зидди ин рӯҳонӣ ба мақомот шоҳидӣ додаанд, ки онҳоро ба ифротгароӣ даъват кардааст.

Манбаъ дар мақомоти тафтишотӣ гуфт, “тафтиши ибтидоӣ нишон дод, ки Хайриддини Абдуллоҳ бо нафаре бо номи “Абу Ҳусейн” тамос дошт ва аз ӯ барои тарғиби ифротгароӣ дастур мегирифт.”
Шахсияти “Абу Ҳусейн” маълум нест. Тасдиқи ин ҳарфҳо аз манобеи мустақил феълан ғайриимкон аст.

Пайвандонаш ифротӣ будани Домулло Хайриддинро рад мекунанд.

Мақомот мегӯянд, нисбат ба ӯ ҳеч гоҳ парвандаи ҷиноӣ набуд ва ӯ таҳти пайгард низ қарор надошт. “Нисбат ба ӯ маълумот вуҷуд дошт, ки дар як соли ахир ба тарғиби ақидаҳои ифротгароӣ машғул будааст”, — шарҳ дод манбаъ.

Хайриддини Абдуллоҳ пеш аз ин борҳо ба Тоҷикистон сафар карда, вале макони аслияш Русия будааст.

Хайриддини Абдуллоҳ ба гуфтаи наздиконаш феълан дар боздоштгоҳи муваққатӣ аст ва ҳамсараш мегӯяд, аз рӯзи боздошташ дар Душанбе дигар ӯро надидааст. Наздикони Хайриддини Абдуллоҳ аз эҳтимоли шиканҷа шудани ӯ нигаронӣ доранд. Ҳарчанд мақомот ба ҳамсари ӯ итминон додаанд, ки касе шавҳарашро назадааст ва рӯзҳои наздик иҷозаи мулоқотро медиҳанд.

Бо ин ҳама ҷузъиёти қазияи Хайриддини Абдуллоҳ норӯшан аст. Мақомот аз ироаи ҳамагуна маълумот дар бораи ӯ худдорӣ мекунанд. Дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 31-уми декабри соли гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буд, Хайриддини Абдуллоҳ барои “суҳбат” даъват шуда, аз ӯ “баъзе ҳолатҳоро мепурсанд ва ҷавоб медиҳанд.”

Аммо феълан пурра маълум нест, ки далелҳои мақомот барои муттаҳам кардани Хайриддини Абдуллоҳ ба ифротгароӣ чӣ ҳастанд.

Парвина Илолиева, ҳамсари Хайриддини Абдуллоҳ гуфт, вазъи молиаш имкон надод, ки барои шавҳараш вакили мудофеъ бигирад. Дар ин миён Каромат Шарипов, ки Хайриддини Абдуллоҳ ду сол дар созмони зери роҳбарии ӯ дар Русия кор кардааст, эълон кард, ки ҳамчун вакил аз рӯҳонӣ ҳимоя мекунад.

Хайриддини Абдуллоҳ, ки насабаш дар санадҳо Достаков аст, бо фаъолиятҳои илмиву мазҳабии худ машҳур аст. Хайриддини Абдуллоҳ таҳсилкардаи Эрон буда, дар Русия кору зиндагӣ мекард. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯро ба таблиғи мазҳаби шиа дар миёни муҳоҷирон муттаҳам мекарданд, аммо худи ӯ борҳо ин иддаоро бепоя хонда буд.

Ҷамъияти муҳоҷирони сиёсии Осиёи Марказӣ дар Русия ният доранд, бо баргузории намоише дар Маскав аз ҳукумати Тоҷикистон озодии Хайриддини Абдуллоҳро талаб кунанд. Баҳром Ҳамроев, раҳбари ин ҷамъият рӯзи 7-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, “пас аз таътили идона, санаи 9-уми январ, ба ҳукумати Русия санад пешниҳод мекунем, ки мехоҳем тазоҳуроти осоишта баргузор намоем.”

Хайриддини Абдуллоҳ то ду сол пеш роҳбарии бахши дини Федератсияи муҳоҷирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), як созмони ҷамъиятиро ба уҳда дошт.

Похожие записи:

    Не найдено.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.641 seconds.