Наделение Общероссийского общественного движения новыми качествами, функциями и полномочиями-задача очередного съезда
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 25.08.2010
 

Харки бо мо нест, аз мо нест!?

Чумхурии Точикистон давлати сохибистиклол,демократии ва дуняви аст ва хар шахрванди он мутобики сарконуни кишвар хукуки озодии баёнро дорад. Озодии баён агарчанде баъзан сахт ва тунд садо медихад, вале ба хар хол ин гуфтахо ифшокунандаи бархе аз хатогихои гурухе аз инсонхо аст. Дар замони Иттиходи Шурави ин хукуки шахрвандон ба пурраги поёмол мегардид ва махдуд буд, бо инояти Худованди бузург пас аз ба даст овардани истиклолият, сарконуни кишвар ин хукукро барои хар як шахрванди Точикистон дод. Аммо то чи андоза имруз шахрвандони Точикистон метавонанд фикру акидаи худро баён кунанд, ин суолест ки чавоб додани он мушкил. Зеро то холл дар чомеаи демократи-исломии Точикистон бокимондахои СССР зиндаги доранд ва инхо то дарачае сади рохи ин озоди шуда истодаанд. Хусусан замоне ки агар касе ягон намояндаи хукуматиро барои хатогихояш танкид намояд, дархол уро барои аз байн рабурдани вахдат муттахам намуда санги тухмат ба у мепартоянд. Ин тахкиру фишорхо чанде пеш пушида буданд, аммо пас аз интихоботи феврали 2010 сад дар сад руирост шуданд. Имрузхо касоне ки аз ин интихоботи “шаффофу демократи” шикоят намуданд ва ё намуда истодаанд, мавриди тахкиру фишори ин гурухи “ватандустон” гардида истодаанд. Далели гуфтахои боло сохиби хамаги 2 курсии парлумони шудани ХНИТ, аз курсии парлумони бенасиб мондани Р.Зоиров, тахкиру фишор ба болои як гурухи рухониён ва рушанфикрон, хамаруза муттахам гардидани эшон тавассути ВАО барои бархам задани вахдат аст.Оиди интихобот чизе гуфтани нестам, зеро ман медонистам, ки он то чи хад “демократи” хохад буд+

Аммо замоне ки холи чавонони точикро дар Россия мебинам, дил ва имонам харгиз намегузорад, ки хомуш биншинам. Зеро агар дар Россия саг киммат дошта бошад, точик кадру киммат надорад. Кушта шудани хазорхо бародарони ман, зеру тахкиру фишор карор гирифтани миллату хаммиллатони ман маро харгиз намегузорад, ки мисле бархе аз “шахсият”-хо мухри хомуши ба забон занам. Агар мо рамаро ба сахро барем ва он посбон надошта бошад, дархол гургхо ба он хамла мекунанд, вале агар посбоне дошта бошад онхо аз ин хамла эмин мемонанд. Имруз точик низ мисоли рамаи бе посбон аст. Чандин баротиба бо бародарони чечен ва озариву догистони вохурдам, дар масочидхо бо имомон сухбатхо доштам, ба раиси мусулмонони Россия нома навистам, то ин ки аз хукуки ин миллати сарсону саргардон химоят кунанд, вале хамаги мегуфтанд, ки то он замоне аз чониби Хукумати Точикистон кадаме бар ин арса наниханд, мо наметавонем коре кунем+.Вазорати корхои хоричаи Точикистон шумораи кушта шудагонро шумурда метавонад, аммо рохи халли ил мушкилотро дида баромада не. Агар як шахванди Россия дар Точикистон кушта шавад шояд дигар рафтани моро ба Россия маън намоянд, аммо аз кушта шудани точик кассе парво надорад+.Пас чи гуна номус ва имони мо мебардорад, к и бо ин хукумати хоболуд бошем ??????

Вактхои охир мебинам он рушанфикроне, ки дилашон барои миллат месузад мавриди тахкири бархе аз “ватандустон” гардида истодаанд. Хусусан Х.А.Турачонзода барои оне ки чони худро дар хатар гузошта имруз барои хуни точик даъво дорад, М.Кабири -ба он хотир, ки дигар токати хомуши надорад, Р.Зоиров, ки хатогии бархе аз хукуматдоронро ифшо намуда истодасст, Ватандор ва К.Шарипов, ки ягона шахсиятхое, хастанд ки аз хукуки мухочирони точик химоят мекунанд, аз ин ” мукофот”-хо бархурдор гардида истодаанд. Ин манзараро мебинам ва зиндагии устод Айни ба хотир меояд. Устод низ барои хакгуихояш мавриди тахкиру фишори як гурух лагандбардорон гардида буд ва “мукофот” 70 дарраро низ кабул карда буд. Имруз ин “ватандустон”и мо низ мехоханд рузи Садридддин Айниро ба сари рушанфикрони имрузаи точик биёранд. Аммо ин гурух боре ба худ суол намедиханд, ки окибати ин тухматхо ба чи овард?!

Чои пушида нест, ки имруз хукумати Точикистон ва вазорату идорахои чумхури ба бемории фасод гирифтор шудаву сабаби кафомонии Точикистон азиз, мухочирати мардуми камбагал, кушта шудани чавонон ва аз байн рафтани фархангу оини ин миллат гардида истодааст. Магар чомеа, ки хатто муаллими мактаби миёна пора мегирад, метавонад пешрафт намояд????!!!!

Расули акрам(с) гуфтанд: “Чомеа, ки дар он ришвахори ривоч меёбад он чомеа руи ободиро намебинад ва окибат он нобуд мегардад”++..

Пас бо ин хама фасоду кафони, ки сабабгори он як гурухи махсуси хукуматдорон хастанд, чи гуна метавон хомуш буд ва инхоро танкид накард??!! Магар ин хомушии мо набуд, ки имруз мо Равшан ва Чамшуд шудем?? Ба чуз К.Шарипов, ки эшонро низ хукумати Точикистон дастгири намекунад, магар шахсе аз хукуматдорони Точикистон ва ХХДТ боре аз хукуки мухочирони мехнатии дифоъ намуд?Магар хамин хомуши набуд, ки миллати точикро пароканда кард??

Бародарони азиз, пеш аз оне ки чизеро менависед, аввалан андеша намоед, зеро дар ин мохи рамазон тухмат намудан дар хакки як бародари мусулмон ин гунохи бузурге аст, ва окибати на он кадар хубе дорад!

Чароги зулми золим до дами махшар намесузад,

Агар сузад шабе сузад, шаби дигар намесузад!

Шумо эй “ватандустон” фикр накунед, ки ман ва ин гурухи равшанфикрону ватандустон,ки хукуматдоронро зери тозиёнаи танкид карор медиханд, вахдатро арчгузори намекунем ва ё аз истиклолияти давлатамон норизоем!Алхамдулиллох хамеша шукронаи Худовандро мекунем, ки миллати моро бедори дод ва аз ин чанги беномусона мо даст кашидем. Вале ин манзарахоро вакте бо чашм мебини дигар токати хомуши намемонад+..

Дар охир аз Аллохи бузург дар ин мохи шариф барои миллати бо фархангу бедори точик хушбахтиву саодатманди, барои рохбарияти Точикистон тавфик ва хидоят, барои “ватандустон” хакгуи, барои устоди азиз К.Шарипов ва хамакидагони хам дастони у умри дарозу муваффакият хохонам.

Алохон Азимов <alohon_77@mail.ru>

Похожие записи:

Один комментарий to “Харки бо мо нест, аз мо нест!?”

  1. Шохрух Сказал(а):

    Аввалан рахмат бар падари хамон инсонб ки онро чунин тарбия намудБ ки барои миллати худ чунин гуфтахо нависад. Ман хам хамчун гражданини Точикистон гуфтани хастам, ки бигзор дар бораи мухочирони Точик фикр намояд.

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.573 seconds.