7 октября 2011 года в Московском Доме Национальностей состоится Общественная конференция на тему: "ПРОБЛЕМЫ ЭФФЕКТИВНОСТИ И ПОТЕНЦИАЛ НАЦИОНАЛЬНЫХ ОРГАНИЗАЦИЙ РОССИИ"
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 30.09.2011
 

Як шахсу ду аќида

Инак, аз шањодати мутафаккири бузурги ислом, раисљумњури собиќи Афѓонистон ва раиси Шӯрои Олии Сулҳи њамин кишвар Бурњониддини Раббонї њафтае сипарї гашт. То ба имрўз дар њаќќи устоди гиромї намояндагони тамоми ќишрњои љомеаи мамолики мухталиф бењтарин суханњоеро, ки эшон воќеан сазовор буданд, гуфтанд. Дар баробари сарони кишварњо, уламои дини ислом, сиёсатмадорон, коршиносон ва ѓайрањо инчунин ќозии собиќи љумњурї Акбари Тураљонзода низ ба хабарнигорон ибрози назар кард. Ў наќши устод Раббониро дар истиќрори сулњи тољикон ва бозгардонии муњољирони тољик ба ватан ќайд намуда, аз мувозибати ў нисбати муњољирин љињати таъмини ѓизову љои зист ёдовор шуд.

Суханпардозии Тўраљонзодаро нисбати устод Раббонї хондаму мусоњибаи дар оѓози соли љорї бо коршиноси умури амниятї Султон Њамад анљомдодаи ў, ки дар сомонаи «Рўзгор» (аз 03.01.2011 с.) нашр гардида буд, пеши назарам омад. Ростї ду аќидаи комилан ба њам зидди ў маро дар њайрат гузошт. Чї тавр нафаре, ки худро дар як ваќт уламою сиёсатмадор медонад, бо як осонї метавонад назари худро то ба ин њадд таѓйир дињад. Ин ба чї марбут бошад, ба ноустувории мафкура, дер дарк намудани воќеият ва ё замонасозї ? Ин тафовутњо шахсро беихтиёр ба андеша водор мекунад.

Яке аз аќидањои густохонаи собиќ ќозї, ки њар як шахси миллатпарасти сулњдўстро нигарон сохта буд, ин назари Тураљонзода оиди сар задани љанг дар Афѓонистон буд. Ба суоли Султони Ҳамад: – «Чаро байни муљоњидин баъди хориљ шудани артиши собиќ Шўравї дар Афѓонистон љанг сар шуд?», посухи Тураљонзода чунин буд: «Ба фикри ман, иштибоњ аз устод Бурњониддини Раббонї сар зад. Дар байни муљоњидин созишномае буд, ки тибќи он лидерони муљоњидин њар кадом шашмоњї бояд њукуматро дар Афѓонистон идора мекарданд… Баъди шаш моњ Сибѓатуллоњи Муљаддадї раёсатро бе ягон љангу љанљол ба устод Раббонї дод. Аммо бо гузашти шаш моњ устод Раббонї њукуматро ба Њикматёр надод …. Ва дар њамон шаш моње, ки дар сари ќудрат буданд, устод Раббонї дар идораи давлат … хатоњои љиддие содир карданд…».

Бубинед, чї иќдоми устод Раббониро зери танќид гирифта, Тураљонзода онро иштибоњ ва боиси сар задани љанг номидааст, њол он ки ин иштибоњ на, балки хиради бузурги устод Раббонї буд, ки нагузошт, як ифротгаро сари њокимият ояд. Њикматёр, гарчанде худро муљоњиди сарсупурдаи роњи ислом шуморад њам, вале бештар исломи ифротиро пеша карда, барои амалї намудани маќсадњои хеш, ба њама гуна харобию нестї ќодир буд, ба дигарон низ ин тариќи муборизаро њидоят мекард. Аз љумла, ў дар паёме гуфта буд: «ман аз њамаи мусулмонони љахон хоњиш дорам, ки љанги партизаниро бо кўмаки террористони маргталаб оѓоз намоянд. Њоло замони њуљуми оммавї нарасидааст, балки танњо фурсати амалњои инфиродї фаро расидааст».

Бигузор, ин паёмро баъди анљоми амали террористии «Ал-Қоида» дар Амрико, нисбати њукуматдорони ИМА гуфта бошад, вале дар њар сурат, даъват ба чунин иќдом танњо ифротї аст. Аз дасти њар як маргталаб, ки Њикматёр тамоми мусулмононро ба он даъват карда буд, дар сол чандин њазор одамони бегуноњ ќурбон мешаванд.

Эроди дигари Тураљонзода ин ибтикору пофишорињои устод Раббонї дар барќарории сулњ миёни тољикон буд. Ин њам њамчун иштибоњи навбатии устод номбар шудааст. Албатта баъди он мусоњиба, зери танќид ќарор додани сипањсолори шодравон Ањмадшоњи Масъуд ва устод Бурњониддини Раббонї њар як фарди бедори тољик озурдахотир гашта буданд.

Аввалан, Тураљонзода сулњи тољиконро ѓайриодилона шуморида, гуфт, ки гўё он тањти фишори устод Раббониву Ањмадшоњи Масъуд сурат гирифта бошад. Гўё онњо сулњро танњо ба хотири манфиатњои хеш ба ду љониб талќин карда бошанд ва Ҳукумати Тољикистон аз ин шароит хуб истифода кардааст. Яъне ба вуќўъ пайвастани ин неъмати бебањоро муѓризона бањо дода, ду симои барљастаи ифодагари ѓурури миллиро тавњин карда буд.

Тураљонзода оиди вазъи таќдирсози Давлати исломии Афѓонистон сухан ронда, дар љое хотиррасон намекунад, ки он ду абармард танњо ба хотири пойдории Тољикистон, барои аз талафоти зиёди љонї нигоњ доштани миллати тољик, барои ба Афѓонистони дуюм табдил наёфтани ин сарзамин талошњои зиёд карданд.

Яке аз амалњои хайрхоњонаи дигари Бурњонидини Раббонї, ки Тураљонзодаро озурдааст, ин боздиди устод бо вазири умури хориљаи ваќти Русия Козырев дар соли 1992 мебошад. Зимни ин мулоќот устод Раббонї контрибутсия, яъне товони љангро бар Русия бахшида буд. Тураљонзода дар мусоњибаи хеш эътироз бар он карда буд, ки «устод Раббонї ба касе машварат накарда, аз тарафи мардуми Афѓонистон ваколат нагирифта, њиммат карданду папаратсияро (папаратсия – чаро?) бахшиданд…».

Ба касе пўшида нест, ки аз љониби роњбарияти собиќ Иттињоди Шўравї ќабули ќарор оид ба ворид намудани неруи худ ба хоки Афѓонистон пасомадњои номатлуберо дар таъќиб дошт. Таърих собит сохт, ки ин як амри бемаънї ва иштибоње беш набуд, вале њузури мардуми Шўравї дар Афѓонистон баъзе љињатњои мусбї низ дошт, ки то ба имрўз мардуми Афѓонистон онро ёдовар мешаванд. Иттињоди Шўравї дар Афѓонистон барномаи васеи маълумотнокии умумиро мутобиќи стандартњои ибтидої, миёна ва олї љорї намуд. Дар натиља ќисмати зиёди ањолї босавод гардида, сафи зиёиён афзуд. Як ќатор иншоотњои муњими иќтисодї, муассисањои таълимї, биною шањракњои истиќоматї сохта ба истифода дода шуданд. Мањз љињатњои мусбиро ба назар гирифта, устод Раббонї бо маќсади ривољ додани муносибатњои неки минбаъда, аз кишвари Русия хостори товони љанг нашуд. Албатта, агар рўњияи зиндаёд устод Раббонї мисли Тураљонзода љангљўї мебуд, њатман вохўрї таври дигар анљом мегирифт.

Дар љои дигар Тураљонзода аз муносибатњои њукумати Раббонї бо Покистону Њиндустон сухан ронда, баргардонидани муљоњидини араб ба Мисрро чун иштибоњи нобахшидании устод Раббонї бањо додааст. Тавре ки худи ў дар мусоњиба ќайд карда буд, посухи ин саволњоро ў дар њузури Ањмадшоњи Масъуд ва дигарон аз устод Раббонї таќозо кардааст. Дар мусоњиба омадааст, ки дар љавоб устод Раббонї сукутро ихтиёр намуд, вале Ањмадшоњи Масъул риштаи суханро ба даст гирифта, як посухи пурмўњтаво додааст: «Вазъи геополитикї дар љањон дигар шуда, дар чунин вазъ манофеи Афѓонистонро ба назар гирифтан лозим аст, на афрод на гурўњњои муайянеро…». Ин посухи Ањмадшоњи Масъудро низ, Тураљонзода мањкум намуда, гуфтааст, ки ў бояд њамчун як фарди муљоњид чунин посух намегуфт…

Ќазияи ахири Афѓонистон љањонро такон дод, бахусус он нафароне, ки дар конфронси байналмиллалии «Бедории исломї»-и Љумњурии исломии Эрон ширкат доштанд ва бо устод Раббонї вохўрї карда буданд. Њамагї аз ин њодисаи нангин мутаассир гардида, таассурот ва фикру мулоњизањои худро нисбат ба устод Раббонї иброз доштанд. Њатто дар њамин лањзањо низ, Тураљонзода манфиатњои худро канор нагузошт. Аз љумла, ў аз бузургии устод Раббонї ёдовар шуда, ќайд кард, ки гўё дар охирин сўњбаташ аз вазъи диндорон ва тасвиби ќонун дар бораи масъулияти волидайн гуфтугў кардааст. Њол он ки бояд мањз Акбари Тураљонзода, ки худро њамчун як пешвои диндорон ва њомии мусулмонони кишвар муаррифї мекунад, пешнињоди устод Бурњониддини Раббониро дар масъалаи оташбас миёни мусулмонон барои њамагон муаррифї мекард, вале чунин нашуд…

Яъне мавќеи Тураљонзода дар њама њолат фаќат љанг асту бас. Ба завќи ў шарњи сиёсї, тањлилњои геополитикї ва панду андарзњо чандон хушоянд нестанд. Ин аст, ки доимо аз тамоми давру замон шокї буда, пайи эътирозу роњандозии эътисобњост.

Ногуфта намонад, ки дар навиштаљоти мазкур оид ба Гулбуддини Њикматёр низ суханоне гуфта шуд. Нуќтаи назари Тураљонзода нисбати ў чї гуна бошад ? Мо интизори љавобем.

Толиби Сафар – коршинос

Похожие записи:

Не найдено.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.551 seconds.