Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 01.11.2017
 

Ёсуман Исмонзода из Душанбе поразила жюри и публику российского шоу талантов «Удивительные люди» способностями в ментальной арифметике (ВИДЕО)

10-30-2017-12-11-49-PM-3442590Юная представительница Таджикистана Ёсуман Исмонзода стала участницей российского шоу талантов «Удивительные люди».

Ёсуман Исмонзода поразила жюри и публикой способностями в ментальной арифметике — девушка умеет в уме складывать и вычитать двухзначные и трехзначные числа.

Ёсуман Исмонзода на шоу талантов “Удивительные люди”.

Как и подобает восточной красавице, Ёсуман вышла на сцену с длиной густой косой. Но удивила членов жюри девушка не своей внешностью, а молниеносным счетом в уме.

“Я занимаюсь математикой 12 месяцев в Академии ментальной арифметики в Душанбе”, — рассказала она.

Телеведущий Александр Гуревич предложил девушке из Таджикистана за 2 минуты решить пример, в котором собраны 100 чисел. За 13 секунд до конца отведенного времени Ёсуман дала правильный ответ.

Следующий пример был напечатан на 50 карточках, которые держали зрители в зале. Цифры на них были изображены в зеркальном отражении, что осложняло задачу, но девочка-калькулятор из Таджикистана снова блестяще справилась с задачей.

В знак уважения к математическим способностям Ёсуман весь зрительный зал встал и стал аплодировать скромной девушке.

Напомним, до этого в «Удивительных людях» приняла участие 9-классница из Душанбе Манижа Тошболтаева, которая измерила на глаз скорость движущегося автомобиля, за что удостоилась от жюри прозвища «девочка — радар».

Шоу «Удивительные люди» на телеканале «Россия-1» дает возможность участникам показать свои уникальные способности. В каждом выпуске теле-шоу принимают участие 7 конкурсантов. В конце программы зрительный зал путем голосования выбирает одного героя. Дошедшего до финала участника ждет приз — один миллион рублей.

в Академии ментальной арифметики в таджикской столице.

Источник Sputnik.

НАМОИШИ ИСТЕЪДОДИ ҲАЙРАТАНГЕЗИ ЁСУМАН ИСМОНЗОДА ДАР ТВ РУСИЯ

Дар нашри навбатии барномаи “Удивительные люди” дар шабакаи телевизионии “Россия 1” боз як духтари тоҷик Ёсуман Исмонзода бо истеъдоди фавқулоддаи худ дар илми ҳисоб ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Ёсуман дар камтар аз ду дақиқа 100 шумораи даҳӣ ва садиро ҷамъу тарҳ кард ва ҷавоби дуруст дод.

Ёсуман Исмонзода инак намояндаи дуюми Академияи арифметикаи зеҳнӣ “Империя знаний” аз шаҳри Душанбе аст, ки ба барномаи “Удивительные люди” дар шабакаи телевизионии “Россия 1” роҳ ёфт. Муҷрии барнома Александр Гуревич дар даври аввал аз Ёсуман хост, то ҳосили ҷамъу тарҳи 100 шумораи даҳӣ ва садиро барорад.

Ёсуман, ки ин ҷамъу тарҳро дар зеҳнаш анҷом медод ва ҳангоми ҳисоб ангуштонашро ҳаракат медод, дар зарфи камтар аз ду дақиқа гуфт, ки ҳосили ин ҷамъу тарҳ 448 мешавад. Гуревич эътироф кард, ки ҷавоби дуруст дар ҳақиқат 448 аст. Аҳли толор бо шавқу шӯр аз ин намоиши истеъдоди духтари тоҷик истиқбол кард ва аъзои ҳайратзада ҳайъати ҳакамон ангушти ҳайрат мегазиданд ва сар меҷунбонданд.

Дар имтиҳони баъдӣ Гуревич 50 шумораро, ки дар коғаз ва он ҳам баракс (зеркальный) навишта шуда буд, ба тамошобинон тақсим кард. Бо амри муҷрӣ тамошобинон як-як аз ҷо баланд шуда ин шумораҳои барои мушкил шуданаш баракс навишташударо ба Ёсуман нишон доданд ва ӯ дар зеҳнаш бо ҳаракати ҳамзамони ангуштонаш ин ҳамаро ҷамъу тарҳ кард ва дар ниҳоят ҳосилашро дод: 788.

Александр Гуревич гуфт, ин посухи Ёсуман ҳам дуруст аст ва аҳли толор ба хотири истиқбол аз пирӯзии духтари тоҷик ҳама аз ҷо бархоста, ба шарафи ӯ кафкӯбӣ карданд.

Ҳафтае пеш дар барномаи “Удивительные люди” дар шабакаи телевизионии “Россия 1” намояндаи дигари Академияи арифметикаи зеҳнӣ “Империя знаний”-и шаҳри Душанбе Манижа Тошболтаеви 15-сола бо истеъдоди ғайриоддиаш ҳамаро дар ҳайрат гузошта буд. Манижа бо як нигоҳ суръати мошинро бехато муайян кард.

Барои имтиҳон кардани ин ҳунари ғайриоддиаш Манижа Тошболтаеваро ба як автодроми шаҳри Маскав бурданд. Манижа мебоист суръати мошинро бо нигоҳ мушаххас мекард. Узви ҳайъати ҳакамони барномаи “Удивительные люди” Евгений Папанишвили дар айни замон дар даст бо радар суръати он мошинро чен мекард.

Манижа баъди аз назди онҳо гузаштани мошин гуфт, ки суръаташ 69 километр дар як соат буд. Радари дасти Папанишвили низ айни суръати 69 километр дар як соатро нишон дода буд.

Папанишвили, ки аз ин ҳунари Манижа дар ҳайрат афтода буд, гуфт, ҳеҷ бовараш намеояд ва бояд суръати боз ду мошини дигарро бисанҷанд, ки бовариаш комил шавад.

Суръати мошини дуюмро радар 79 километр дар як соат нишон дод. Манижа як каме иштибоҳ карда, суръаташро 76 гуфт. Мошини сеюм мисли бод ва бо суръати 145 километр дар як соат аз паҳлуи Манижа ва Папанишвили гузашт. Манижа суръати онро 149 километр дар як соат гуфт ва бори дигар Папанишвилиро дар ҳайрат гузошт.

Вақте ин наворро дар студияи барномаи “Удивительные люди” аҳли толор ҳама ба шарафи Манижа Тошболтаева қарсак заданд ва муҷрии барнома Александр Гуревич дар зери ин мавҷи қарсакҳо гуфт, “ин дар ҳақиқат ҳайратовар буд!”

Манижа Тошболтаева дар синфи 9-уми мактаби Русияву Тоҷикистон дар назди Донишгоҳи славянӣ таҳсил мекунад.

Манижа як сол боз дар Академияи арифметикаи зеҳнӣ “Империя знаний” низ таълим мегирад. Ӯ дар барномаи телевизиони Русия гуфт, маҳз омӯхтани арифметикаи зеҳнӣ (ментальная арифметика) имконаш додааст, ки суръатро бо як нигоҳ ҳисоб кунад.

Ин алакай мавсими дуюми барномаи “Удивительные люди” дар шабакаи телевизионии “Россия 1” аст. Ҷоизаи асосии ин сабқат 1 миллион рублро ташкил мекунад. Агар шумо мехоҳед, ки намояндаи Тоҷикистон дар ин озмун баранда шавад, ба ин сомона ворид шуда овоз диҳед.

https://russia.tv/brand/show/brand_id/62146/

Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
23 queries. 0.641 seconds.