По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 05.08.2016
 

Зариф Ализода ба ахволи муҳоҷирон нагиред. Онҳо ҳам инсон ва хаста шуданд. То кай бори кишварро ба қиммати ҷонашон кашанд? То кай онҳо сарчашмаи даромад барои кишвар бошанду беҳуқуқу бе нафақа боқӣ монанд?

Вы врете..Ҳумайро Бахтиёр: Шумо чӣ кор кардед? Ҳичӣ!

04-08-2016 МУҲОҶИРАТ 0 COMMENTS592

Зариф Ализода, имрўз зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон гуфтааст, «аксари онҳое, ки аз Аврупо дархости паноҳандагӣ мекунанд, муҳоҷирони кории тоҷиканд, ки дар гузашта ё дар Русия ё Украина кор мекарданд… Онҳое, ки барои кору зиндагӣ ба Аврупо мераванд, паноҳандаи сиёсӣ нестанд ва дар Тоҷикистон ҳам нисбат ба онҳо фишор ё парвандае нест. Бархеяшон аз вазъият сўйистфиода бурда, худро паноҳанда пешниҳод кардаанд.

Рӯзноманигори саршиноси тоҷик Ҳумайрои Бахтиёр дар саҳифаи фейсбукии худ ба ин ҳарфҳои Зариф Ализода вокуниш нишон додааст, ки бидуни таҳрир пешкаши хонандагон мегардонем:

Чӣ кор кунанд дигар? Дар Русия қурби рубл поён фаромад. Шумо чӣ кор кардед? Ба ҷойи дастгирӣ кардан, гуфтед, ки пули фиристодаашонро бо сомонӣ ва қурби Бонки Миллӣ медиҳед!

Ҳама сола даҳҳо нафарро мекушанд. Шумо чӣ кор кардед? Ҳичӣ!

Кордиҳандаҳои рус ваъдахилофӣ мекарданд, маблағи шаҳрвандонро намедоданд, куштанд, дафн карданд. Шумо чӣ кор кардед муҳтарам ҳомии ҳуқуқ? Ҳичӣ!

Бо сабабҳои сиёсӣ садҳо нафарро боздошту депорт карданд. Шумо чӣ кор кардед? Ҳичӣ!

Сол то сол шумори номгӯи ҳуҷҷат барои Русия рафтан бештару гаронтар мешавад. Шумо чӣ кор кардед?Ҳичӣ!

Буданд онҳое, ки гуфтанд агар дар кишвар ҷойи кор пайдо шавад, тарки Русия мекунем. Шумо ҳадди ақал ҷойи кор фароҳам оварда натавонистед!

Шароити дохилиро ин қадар мудҳиш кардед, ки мардум ба беҳуқуқиаш бовар кард. Шумо чӣ кор кардед, рафиқ Омбудсмен? Ҳичӣ!

Шаҳрвандонро дар хориҷ куштанд, таҳқир карданд, лату куб карданд, ронданд, масхара карданд. Шумо чӣ кор кардед? Ҳичӣ!!!

Ҳоло мардум аз қатлу ваҳшонияту асабоният ва дағалрафтории русҳо хаста шуданд. Зеро, дарк карданд, ки барои чунин рафтор ба русҳо шумо барин мансабдорҳо, ки вазифаашон ҳифзи шаҳрвандон аст, иҷозат додед!

Мо набояд аз миллати дигар ранҷем ва эҳсоси бадбинӣ кунем. Зеро он беҳуқуқиҳо ва таҳқирҳо аз дохил сарчашма мегиранд.

Вақте рус мебинад, ки чӣ хел муҳоҷиронро дар дохил ҳамватанаш ғорат, таҳкир ва мекушад, пас зуриву дағалиро як амри табиӣ қабул мекунад.

Дар асл мардум бояд домангир аз онҳое бошанд, ки пушти шиносномааш ваъдаи ҳимоят медиҳанду бемасъулиятӣ мекунанд.

Ҳоло, дигар кор бо муҳоҷирон нагиред. Онҳо ҳам инсон ва хаста шуданд. То кай бори кишварро ба қиммати ҷонашон кашанд? То кай онҳо сарчашмаи даромад барои кишвар бошанду беҳуқуқу бе нафақа боқӣ монанд? То кай шумо бо онҳо мисли бегона, бегонаи қарздор аз шумо рафтор мекунед? Ин як соли охир оилаҳои муҳоҷир чӣ ҳол дорад, медонед? На! Бо чанд оила суҳбат кардед? Ҷойи кор намедиҳед, ёрии ҳуқуқӣ ва молӣ нарасонидед. Ҳадди ақал дастгирии маънавӣ накардед!

Даҳҳо ва шояд садҳо хонаводаҳое, ки дар интизори фиристодани паҳлавонҳову нозанинҳояш ба Русия ҳаст. Зеро онҳо гуруснаанд…

Ҳоло миёни ду бад -мансабдорони бемасъулият ва русҳои нажодпараст, якеро интихоб мекунад. Чора надорад.

Медонед (?!) мардум ба хушнудӣ пешниҳоди шаҳрвандии Русияро қабул дорад. Чун, умедаш аз шумову шумо баринҳое, ки шахсияташонро қадр накарда, зиндагиашонро хор кардед, сер шуданд!

Имрӯз тоҷик бо дарде дар дил ва ноумедие дар чашмонаш тарки ватану шаҳрвандӣ мекунад. Шумо чӣ кор кардед?! Ҳичӣ!

Медонед (?!) имрӯз модари тоҷик дуо мекунад, то номи писараш аз феҳрасти депортшудаҳо пок шуда, шиносномааш дуруст шавад. Модари тоҷик дар намозаш дуо мекунад, ки фарзандаш дур равад. Эҳсоси ваҳшату фоҷиа мекунед!?

Шишаи сиёҳи мошинҳоятонро сурх кунед. Бояд ин мотам бошад…

Роҳат гузоред. Бигзор раванд.

Онҳо сазовори осудагӣ ҳастанд.

Акнун шумо, масъулон ин ҳама заҳматро аз шонаҳои ду миллион шаҳрванд бар пушти худ гузоред, зеро вазифадоред!

Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.549 seconds.