По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 20.04.2013
 

Жириновский: “Ӯро мисли Наҷибуллоҳ дар маркази шаҳри Душанбе ба дор хоҳанд кашид!”

ЖереновскыйВладимир Жириновский, раҳбари Ҳизби либерол-демукроти Русия ва муовини раиси порлумони ин кишвар, зимни иҳонат ва тавҳин ба муҳоҷирони кории тоҷики муқими Русия ва тавсифи онон ба ин ки гӯӣ иллати афзоиши “бемориҳо” ва “бекорӣ” дар Русия буда ва вуҷудашон дар ин кишвар мунҷар ба “бефарҳанг шудани мардуми рус” мешудааст, масири Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро дар сурати манъи муҳоҷирони тоҷик аз кор дар Русия, масири дуктур Наҷибуллоҳ қаламдод кард ва гуфт: “Ӯро мисли Наҷибуллоҳ дар маркази шаҳри Душанбе ба дор хоҳанд кашид.”

Ин сиёсатмадори моҷароҷӯи рус мӯътақид аст, ки барои мутақоъид кардани мақомоти тоҷик ҷиҳати тасвиби ҳарчи зудтари созишномаи пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон, бояд аз муҳоҷирони кории тоҷики муқими Русия ба унвони аҳруми фишор истифода кунем.

Вай дар баҳсе рӯ дар рӯ бо Виктор Анпилов, роҳбари ҷунбиши “Русияи коргарӣ” дар барномаи “Поединок”, ки аз шабакаи “Русия 1” пахш мешуд, бо тавҳин ва иҳонате васфнопазир ба муҳоҷирони кории тоҷики муқими Русия, вуҷуди онҳоро иллати афзоиши “бемориҳо” ва “бекорӣ” дар Русия дониста ва онҳоро ба “бефарҳанг шудани мардуми рус” муттаҳам кард.

Жириновский ҳамчунин масири Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро дар сурати манъи муҳоҷирони тоҷик аз кор дар Русия, масири дуктур Наҷибуллоҳ, охирин раисҷумҳури таҳти ҳимояти Шӯравии собиқ дар Афғонистон, ки аз сӯи Толибон ба дор кашида шуд, донист.

Вай изҳор дошт: “Ҳоло, дӯстони шумо, “кумунистҳо”-и тоҷик, боз ҳам қимати пойгоҳ (пойгоҳи 201-ум)-и мо дар Тоҷикистонро боло мебаранд. Густохона! Медонанд, ки Русия пул дорад, (аз ин рӯ, мегӯянд) бештар пул пардохт кунед!”

Муовини раиси порлумони Русия дар идомаи суханони худ афзуд: “Хуб ин ҷо мо мегӯем, дигар муҳоҷирони кории Шуморо барои кор намепазирем! Пас Раҳмон, раҳбари ин кишвар, чӣ кор мекунад? Ӯ нек медонад, ки дар ин сурат кораш тамом аст. Исломгароёни афғон Тоҷикистонро поймол хоҳанд кард ва ӯро мисли Наҷибуллоҳ дар маркази шаҳри Душанбе ба дор хоҳанд кашид…”

Ҳанӯз аз сӯи мақомоти марбутаи тоҷик вокунише ба ин тавҳин ва иҳонат сурат нагирифтааст. Жириновский, гузашта аз ин ки раҳбари як ҳизби сиёсӣ дар Русия маҳсуб мешавад, муовини раиси порлумони ин кишвар ҳам ҳаст. Яъне ӯ, як мақоми расмӣ ва масъул аст.

Бинобар ин, ҷо дошт мақомоти кишвари мо дар баробари ин изҳороти густохонаи вай ва тавҳин ва иҳонаташ ба мардуми шарифи тоҷик, вокуниш ва эътирози мардум ва давлати Тоҷикистонро ба мақомоти рус бирасонанд.

Давлатмардони мо, ки маъмулан дар вокуниш ба изҳори назарҳои сиёсатмадорони мунтақиди дохилӣ аз ҷумлаи фарзандони ин кишвар, ки аз рӯи хайрхоҳӣ ва ислоҳ матлабе бигӯянд ва ё бинависанд, бо басиҷ кардани “Фабрикаи ҷавоб” ба радди гуфтаҳо ва навиштаҳои онон бапо мехезанд, аз чӣ сабаб аст, ки имрӯзҳо кулӯх ба лаб ниҳода, дар баробари ин тавҳин ва иҳонати як бегона нисбат ба мардуми шарифамон сукутро ихтиёр кардаанд!

Кимиёи Саодат

Saturday, 20 April 2013 14:43 administrator

E-mail Print PDF

Похожие записи:

Один комментарий to “Жириновский: “Ӯро мисли Наҷибуллоҳ дар маркази шаҳри Душанбе ба дор хоҳанд кашид!””

  1. Аъзои ЛДПР Сказал(а):

    Жириновский худаш бефархангу бемаданият аст.У пир шудааст.Ранчур мебошад.Окибат ё аз сактаи калб мемурад,ё ба касалии Паркинсон (хардамхаёливу фаромушхотири)гирифтор шуда аз сиёсат дур мешавад.Феълан тарсончак аст.

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.649 seconds.