Каромат Шарипов — ҳомии муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Каромат Шарипов — ҳомии муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Posted on October 28, 2008 by
Каромат ШариповҲодисаи ҳайратовар! Аввалин бор тоҷикон дар Русия аз сари минбар ва бо овози баланд миллати аврпуоинажод, сафедпӯст ва баробар бо русҳо номида шуданд. Дар додгоҳи ноҳияи Ховани вилояти Владимир адвокате гуфт, ки тоҷикон ҳам монанди мо славян мебошанд ва сафедпӯстанд, яъне ба тамоми маънӣ бо мо баробаранд ва дар давраи шӯравӣ бародарони мо ба шумор мерафтанд, бинобар ин куштани тоҷикон ё задани онҳо маънои нажодпарастӣ ё миллатчигиро надорад.
Вакили дифоъ ин нуктаҳоро барои он гуфт, ки ду сартарошидаи одамхор — Зуев ва Мартсинкевичро аз ҷазо озод кунад. Вай кӯшид, ки ин “буққаҳо” на ба ангехтани нафрати миллӣ, балки ба авбошӣ айбдор шаванд ва ҷазои хурдтар бигиранд. Лекин фаромӯш кард, ки сартарошидаҳо бачаҳои тоҷикро бо нидоҳои “чурка”, “хачики”, “черние”, “нечистъ” то куштан латукӯб кардаанд.
Дар шаҳраки Покрови вилояти Владимир чандин нафар аз чунин хоназӯрони майдонғариб ду навраси тоҷикро, ки ба қаҳвахона даромадаанд, то ноне бихӯранд, аз сари хӯрокашон бардошта, берун баровардаанд ва миёна гирифта, латукӯб кардаанд. Яке аз онҳо худро раҳо карда, то милисахона давидааст, то “муҳофизони тартиботи ҷамъиятӣ”-ро ба кӯмак хонад. Милиса чӣ кардааст? Ин наврасро ба ҳабс гирифта, аз ҳама гуна имкони кӯмаки тиббӣ маҳрум кардааст. Субҳи он рӯз аз назди қаҳвахонаи “Табор” ҷасади навраси дуюм дарёфт шудааст. Ҳол он ки агар милисаҳо инсон мебуданд, метавонистанд, ҷони ин наврасро наҷот диҳанд. Идомаи ҳодиса — навраси захмин, аммо зиндамондаи тоҷикро боз милисаҳо латукӯб карда, аз болои вай парвандаи “авбошӣ” боз намуданд ва ду дафъа ба додгоҳ бурданд, бе он ки барояш адвокат диҳанд ё ин ки ёрии тиббӣ расонанд. Барои ӯ тарҷумон ҳам дода нашуд ва вай намедонад, чаро 6 шабонарӯзро дар маҳбас ба сар бурд.
Торнамои Муҳоҷирони тоҷик дар Русия достонҳои талхи зиёдеро намуна овардааст, ки вазъи ваҳшатбори тоҷиконро дар ин кишвар нишон медиҳанд. Ин наврасро бунёдгузори Тоҷикдиаспора – Каромат Шарипов наҷот надодааст. Созмони ӯ то ба кор сар кардани Абдулмаҷид Достиев ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Русия ва таъсиси созмони алтернативии Иттиҳоди тоҷикистониҳо низ аз ҳуқуқи муҳоҷирон ҳимоят мекард, аммо дар назди ҳукуматдорони Русия мақоми баландтаре дошт. Созмони наве, ки бо кӯшишҳои Достиев таъсис ёфт, дар ивази кӯмак Шариповро дар назди мақомоти Русия беэътибор кардааст ва дар айни замон худ ҳам барои ҳимояи тоҷикон дар Русия коре намекунад. Ҳар сафири дигаре аз чунин ёвароне монанди Шарипов ва сомзони ӯ мебоист тоқияшро ба осмон мепартофт.
Дар торнамои Каромат бахшҳои наве боз шудаанд. Аз ҷумла вай ба воситаи интернет ба муҳоҷирон ҷойҳои кори қонунӣ ва пуштибонии ҳуқуқӣ пешниҳод мекунад, гумшудагонро меҷӯяд, радиои муҳоҷиронро таъсис додааст ва барои онҳо мусиқии тоҷикӣ пешкаш мекунад, то ватани азизро фаромӯш накунанд. Тавре дар торнамо навишта шудааст, вай кӯшиш кардааст, равобиташро бо созмони дуюм ва Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба роҳ монад ва гузаштаро фаромӯш карда, барои оянда ҳамкорӣ кунад. Аммо сафорат на ӯ ва на сомзони ӯро эътироф намекунад.
(Натиҷаҳои назарсанҷӣ: Ба кадоме аз созмонҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия бовар доред? Посухҳо — 38% ба Созмони Каромат Шарипов, 9% ба Иттиҳоди тоҷикистониҳо дар Русия, 53% — ба ҳеҷ яке.)
Filed under: Economy, Nation, Tajikistan, Technology, migration, Точикистон | No Comments Источник: http://tojvar.wordpress.com/
Похожие записи:
- 10 ноября 2007 года состоялся первый съезд народов Таджикистана в Российской Федерации. 5 ноября 2008
- АНТИНАРКОТИЧЕСКИЙ ФРОНТ 5 октября 2008
- Рынок опустел, но продолжает работать «город», расположенный под базаром 1 июля 2009
- Удостоверения членов “Таджикской диаспоры” дадут льготы их обладателям, как в России так и в Таджикистане 2 декабря 2008
- Таджики готовы защищать осетин 7 сентября 2008