Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 15.03.2012
 

Агар ман рохбари давлат мебудам пеш аз хама системаи андозро иваз менамудам.

« Аз Хамадон то Днепро» Аз хаёти Хамзабонони Бурунмарзи. Ака Пир ва холаи LfdkfnСафармох чор фарзанд ба воя расонидаанд.

Ятим ,Холназар, Сафаргул, Бекназар , ки хама сохиби маълумот ва касби дустоштаи хеш мебошанд.

Касе , ки агар як маротиба ба Украина омада бошад , хатман маротибаи дуюм боз меояд. Чунин мегуянд дар халк. Бекназар хам бори аввал ба Украина хангоми синфи шаш хонданаш, ки аълохон буд ва уро бо роххат ба лагери истирохатии бачагонаи «Артек» роххат медиханд меояд. Бори дигар пас аз хатми мактаби тахсилоти хамагони ва дар сафи урдуи Шурави хизмат намудан , ба Донишгохи Тиббии шахри Днепрои Украина солхои 1987-1993 тахсил менамояд.

Рачабов Бекназар Пирович соли 1966. Зодаи дехаи Давлатободи нохияи Хамадонии Точикистон. Хатмкунандаи Донишгохи Тиббии Днепро. Шахрванди Украина. Оиладор. Сохиби фарзанд.

Холо бошад бародарон Ятим ва Холназар дар дехаи Давлатобод ба сар мебаранд. Сафаргул бошад дар яке аз минтакахои хушманзари Точикистон Симиганч зиндаги дорад. Гарчанде ,ки Бекназар аз наздикону- хешу -табор дур умр ба сар барад, хам аммо хамеша дар алока буда, аз ахволи якдигар бохабаранд. Аз сухбат ва шиносои бо Бекназар Пирович ба кас муаян мегардад, ки хамдиёрони мо на хама аробакашу- рохрубак мебошанд. Чуноне, ки матбуоти Русия нишон медихад. Онхо дар сохахои мухталифи илмию-техноложи ва тичорату бахшхои гуногун кору-зиндаги доранд.

Мухочират.

Дар ин мавзуъ солхои охир дар рузномаю- мачалахои мухталиф, дар радиою- синамохо бисёр менависанду мегуянд ва намоиш медиханд. Махсусан матбуоти Русия хамдиёрони моро чи кадар паст зада нишон медихад, ки гуё гуломони онхо бошанд точикистониён. Ин гуна таблиготхо, нияти гаразнок ва бад доштани Русияро нишон медихад.

Маркс дар «Капитал»-и хеш овардааст. ки мухочират мардумро чахонбиниашро васеъ менамояд ва инсон тез тараки менамояд. Хамон мухочирати гуфтаи Маркс ин як гурухи Мексиканхоро дар назар дошт, ки ба Амрико мухочират намуда, дар он кишвар корхонахои нав сохта , пас Мексикаи камбагалро дасгтри менамоянд . Аммо ин овардаи боло ба хамдиёри мо Рачабов Бекназар Пирович низ нисбат дорад.

Худи эшон чунин нуктаи назар дорад нисбати мухочират:

Ман мукобили мухочирати мехнати хастам. Танхо агар ба методи Белорусия бошад хуб аст. Дар Белорусия мухочири мехнатиро аввал бо чои хобу-хуроки гарм, пас бо чои кори муаян ва маоши хуб таъмин менамоянд. Дар чое, ки истикомат менамояд ба кайд мегиранд ва хам аз чихати тибби ёри саривакти мерасонанд. Хукукхои мухочир хаматарафа хифз карда мешаванд. Боз ман мукобили он нафароне , хастам ,ки мухочиронро гурух-гурух оварда дар нимарох мепартоянд ,фиребашон медиханд. Мисли он ходисае ,ки ба наздики соли 2011-ум дар шахри Донетск рух дод. Кенжаев Фаиз як гурухи 46-нафараро оварда музди мехнати се мохаашонро гирифта онхоро бо амри такдир партофта гурехта пинхон шуд. Ин гуна нафаронро точик ё умуман инсон гуфтан забон намегардад.

Инсон дар хар гучое, ки набошад хох дар Аврупо, хох дар Амрико, ё дар дигар гушаи замин , агар тарбияти ибтидоии хуб аз оила гирифта бошад дар кучое , ки набошад рохашро меёбад. Хама бо эхтиром ба шумо муносибат менамоянд. Ман шахсан бо бисёри кишвархои Аврупо рафту-омад ва тичорат дорам. Фарк байни Осиё ва Аврупоро намебинам. Ватани ман Точикистон аст ва мемонад. Кореро анчом дихам ,ки фоидааш каме хам бошад ба ватан расад, ман хешро хело хурсанд хис менамоям.

Аз вохурие, ки ба наздики дар шахри Днепрои Украина бо иштироки Раиси Чумхури Точикистон бо хамватанони бурунмарзи ва донишчуёни точикистони шуда гузашт, ман худро боз ба ватан наздиктар хис кардам. Бисёр вохурии хубу- судманд буд.

Давлатдори.

Агар ман рохбари давлат мебудам пеш аз хама системаи андозро иваз менамудам. Дар Точикистон намудхои андоз бисёр хастанд, ки на танхо барои мардуми махали , балки барои точирони хоричию- ватани , сармоягузорон вазнини менамоян ва монеъаи кори онхо мешаванд. Точикистон дар байни собик кишвархои Шурави ягона давлатест ,ки андоз бисёр вазнин аст. Интихоби парлумони ва раиси чумхурро чор сола ва демократии асли менамудам. Сохаи техноложиро пуратар инкишоф медодам. Боигарии давлат ин ахолии солим ва кувваи кори аст. Дар ватан шароити кори , бо музди мехнати муфовик мухаё месохтам, ки чавонон камтар ба хорич барои кор раванд. Карордод ва шартномахои байни давлатиро танхо ба танхо манфиати Точикистонро ба назар гирифта мебастам.

Итисодиёт ва тичорат.

Дар шахри Днепрои Украина , Ширкати боркашии « ART-TRANS»ва толори савдои «Лексус» ки фуруши кисмхои эхтиёти ва мошинхои тамгаи «Лексус»-ро ичро дорад ,бо рохбарии Бекназар Пировичи Точикистони ба яке аз марказхои калонтарини савдои ин вилоят мансубанд. Аз чунин рохбар кормандони он рози буда, чун ки маоши хуби сари вакти мегиранд, ва боз чандин мардуми махали сохиби чои кори муносиб гаштаанд.

Точикистон аз чихати геополитики дар яке аз чойхои нокулай чойгир аст. Афгонистони чабрдида, Киргизистони камбагал, Узбекистони на он кадар бой, ки хеч пешравии иктисодиёти ватани моро намехохад. Танхо мо бо кишвари хамсояи Чин тичорати хуб дорему халос. Агар мисли Лахистон ва Туркиё мо тичорати озод медоштем, чи кадар иктисодиёти мо пеш мерафт. Лахистон аз тичорати хурд сар карда иктисодиёташро бардошт. Туркиё, мардуми он бояд шабу-руз дар хаки мо дуо гуянд. Чун ки Шурави пош хурду онхо моли худро ба собик кивархои он оварда фурухтанд. Дар ин кишвархо системаи андоз мисли Точикистон нест, сабук асту, равшану-шафоф.

Вазъи касифи иктисоди.(кризис).

Вазъи иктисоди чуноне, ки ба хамаи мо маълум аст имруз хам дар Украина ва хам дар Аврупо ва дигар кишвархои олам вазнин аст. Ман ки бо кишвархои аврупо тичорат ва хамкорию рафту- омад дорам, кризис ба тичорати мо хам таъсири манфии худро расонидааст. То мавчи авали кризис то соли 2008-ум кор пурра хуб буд. Холо бошад 10-15 фоиз кор менамоему халос. Кушиш менамоем, ки кадрхои ихтисосманди хубро аз даст надихем. Дар охири соли 2011 ва аввали соли чори алакай динамикаи кори мо хело баланд рафта истодааст ва кушиш дорем , ки мавчи навбатии кризисро бе талафоти калони иктисоди паси сар намоем.

Сиёсат ва Чамъият.

То соли 2011-ум мо дар шахри Днепро ва вилоят чамъияти точикистониён надоштем. Холо бошад , чамъият ташкил намудем ва ба наздики номнавис менамоем. Алакай бо рохбарони дигар чамъиятхои Украина вохури гузаронида , доираи кори хешро васеъ намудаистодаем. Мардуми махали бисёр мардуми хуби мехмондуст ва мехмоннавозанд. На мисли дигар кишвархои «калон».

Ба сари кудрат омадани В.В.Путин дар Русия танхо ба манфиати худи Русия асту халос. Боз хамон барномахои аввала , ки мо алакай ошно хастем. Барои собик кишвархои Шурави аз чумла Точикистон ва Украина навигари чиддие намешавад. Ман агар шахрванди Русия мебудам? Хатман ба С.Миронов овоз медодам. Барномахои Путин нисбати зиёд кардани яроки харби окибати баде меоранд барои насли кураи замин. Украина чи кадаре, ки тезтар ба Аврупо наздик шавад , ин рох ба Русия ва базе кишвархои шуравии собикро ба Аврупо мекушояд.

Амрикоихо бисёр назари дур доранд. Пеш аз он, ки амалеро кардани бошанд аввал чукур андеша менамоянд . Пас шуруъ менамоянд. Дар мавриди Ирон Амрико иштибохи сахт менамояд. Ирон ин Ирок ва кишвархои Араб нест. Зарбаи чавоби зада метавонад. Мардуми Ирон онхо рухан таёранд мукобили хар гуна амлиёти беруна. Худи Ирон хак дорад, хамчун кивари мустакил барономахои атомиашро сохта бунёд намояд. Чанги кишвархои Араб ин чанги тичорати ,нефтию-гази буд, ки дар он ду ширкати нафтфуруши Ч.Буш ва Ч.Чени манфиати калон бурдаанд.баъди Ирон навбати Русия мешавад.

Мухаббат ва зан.

Мухаббат ин симои хаёт ва фикрониаст. Ба воситаи он инсон дар зиндаги чизи наверо пайдо менамояд. Мухаббат калбхоро равшану, зиндагиро рангинтар менамояд. Олам бе мухаббат торику-сард аст, ишку- мухаббат онро гарму-нарм месозанд. Романтика ва муносибатхои шахвони, инхо худ як куввае хастанд, ки бе онхо мухаббат вучуд дошта наметавонад. Романтика ва муносибатхои шахвони радифи маснуи мухаббат мебошанд. Танхо онхоро одилона ва сазовор истифода бояд бурд . Бахри хушбахт гардонидани хамсари хеш, давом додани насли одам. Тарбият ва ба воя расонидани ояндаи инсоният бояд истифида бурд.

Ман хамсарам Анжеларо дар зиндаги ягон маротиба хиёнат накардаам. Солхои донишчуи шинос шудем ва бо ичозаи волидонам туй кардем. То хол зиндаги дорем. Ман худро оиладори хуб, сардори оилаи хуб хисоб менамоям.

Бо бат мегуфт мохие дар дили об,

Чун булхавасон ба гирди олам машитоб.

Ё сокини хок шав чу мургони дигар,

Ё дар дили бахр гарк шав чун гирдоб.

Хамон мухаббати аслии ману хамсарам Анжела буд, ки мо фарзандор хастем. Духтарчаам Анна мактаби миёнаро бо бахои аъло хатм намуда ва , холо донишчуи соли авали Донишгохи Тиббии шахри Днепро мебошад. Ман аз зиндагии хеш рози хастам. Ба мардони точик гуфтаниам, ки занонро дуст доред ва эхтиром намоед.Зан пеш аз хама модар аст. Уро чун гул бояд аз боди сард эхтиёт кард.

Бо модари хеш мехрубон бош,

Омодаи хезматаш ба чон бош.

Бо чашми адаб нигар падарро,

Аз гуфтаи у мапеч сарро.

Гизо.

Ошхонаи дустдоштаи ман ин Итолиёви ва Чини мебошанд. Аммо фатирмаскани табаки калони очам аз хама болазатарин аст, ки хеч гох аз ёдам намеравад. Дар назди хонаи падарам руди калоне чори аст. Дар таги сояи дарахтони лаби он руд, аз шафтолихои сарду-сурхи боги назди хавлии падарам хурда, ва истирохат кардан яке аз лазатхои бихишт мебошад.

Идел.

Идеали ман ин Напалеон аст.

Фарханг.

Мардуми точик таърих-фарханги бойю- кадим доранд. Точикон дар масири таърих бисёр фарзандони обруман ва осори гаронбахое аз худ гузоштаанд. Румию-Бедил, Саъдию-Хофиз, Хайёму-Аттор , Синои Бухорои ва Фирдавсии Туси бо Шохномаи хеш ,ки боиси хурмату-эхтироми оламиён гардидаанд. Илм ин моли гумшудаи мусулмон аст.

Аз овозхонони точик Манижа Давлатова, Нигора Холова, Шабнами Сураёро дуст медорам ва гуш менамоям.

Китоб хондан ин бехтарин лазат аст барои ман. Гайри адабиёти точик ин чунин асархои адибони оламро мутолиа менамоям. Асари дустоштаи ман ин « Стрелок Шарп» аст. Аммо Хайёму Шохномаи Хакими Тусро чи кадаре, ки хонам боз хондан мегирам.

Таманно.

Бигзор ин бахори имсола бо нурхои хуршеди хеш , калби мардуми точикро боз гармтару- равшантар намояд. Бигузор «Наврузи Хучастапой» пирузихои рузгорро ба хони мардуми точик резад! Хушбахтию , шодию-сурур орад!

Бахор омад, бахор омад, гулафшон шохсорон,

Насим овард ба худ атри бахорон.

Физояд субх аз гулхо шукуфта,

Шукуфон гул чу руи гулузорон.

Чаманро орзуи зиндагони,

Расад шоди ба бахти дилфигорон.

Навои булбулон аз ишк гуяд,

Ба оханги умеди дустдорон.

Хазон харгиз мабодо умри моро,

Ба хушрузи гузорад. Умри ёрон!

Навруз ба хамаи мардуми Точикистон ва хамзабонони бурунмарзи муборак бодо!

Мирзо Асозода. Чахоннамо. Днепро. Украина. Бахори 2012.

Похожие записи:

2 Комментариев to “Агар ман рохбари давлат мебудам пеш аз хама системаи андозро иваз менамудам.”

  1. миша Истаравшан Сказал(а):

    Бекназар хело хуб гуфти кани ин хел мешуд…

  2. Обидин Сказал(а):

    Бародари азиз Бегназар,Шумо нисбати ватандорию одамгарии инсон хело суханхои хубу таъсирбах гуфтед,мо хамватанони шумо хело хурсандем, ки чунин кадрхои болаёкат дар хоричи кишвар кору фаъолият доранд,сазовори обрую эхтироманд, ном ва обруи ватани худро низ дар хорич мебардоранд.
    ….Агар дар ватани мо чанги бародаркуши намешуд ва мо озод ба ин чамъияте.ки холо хаст мегузаштем мумкин мухочирот хам кам мешуд таракиёт хам нисбати хозира пештар мерафт.Шукри истиклолият,ки холо мадум озодона кору фаъолият ва зиндагии осудахолона доранд.Ба мухочиратравии хамватанон ин мувакат аст,корхонахои давлатию хусуси бисёр шудаистодаанд охиста-охиста хама ба чои кор таъмин мешавад, факат тенчию ороми ва сулху Вахдат бошад…

Вы можете оставить сообщение



 

 
18 queries. 0.566 seconds.