Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 30.01.2016
 

Аз номи аъзоён ва кормандони “Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” донишманди ҷавон ва фаъоли тоҷик Домулло Хайриддини Абуллоҳ-ро ба ин рӯзи зодрӯзаш табрик гуфта,

Х.АбдуллоХАЙРИДДИНИ АБДУЛЛОҲ КИСТ ?

Шарҳи ҳол

Хайриддини Абдуллоҳ 29. 01. 1984 дар хонаводаи шайхи ботақво дар шаҳри Нораки кишвари Тоҷикистон ба дунё омада, миллаташ тоҷик мебошад. Хайриддин нахустин таҳсили ибтидоии диниро аз панҷсолагӣ шурӯъ намуда, назди мулло Амонуллоҳ, ки аз ҳамсоягони наздикаш буд, ба омӯзиши алифбои арабӣ, Қуръон, Заруриёти динӣ, Чаҳоркитоб ва то дувумин китоби Мабдал қироати арабиро то синни 14 солагиаш, баъд аз соатҳои дарси мактаби ибтидоӣ омӯхтааст.

Хайриддин дар баробари омӯзиши улуми динӣ ҳамчунин нисбат ба омӯзиши илмҳои дақиқ низ шавқу рағбати зиёд дошт. Ӯ мактаби № 9-и шаҳри Норакро бо муваффақият хатм намуда, сазовори эҳтирому иззати диёраш гашт.

Ӯ аз хурдсолӣ нисбат ба илмомӯзӣ, китобхонӣ, эҳтироми калонсолон шавқу муҳаббати зиёд дошт. Вақти азизи хешро бо хондани китобҳои динӣ ва бадеӣ сарф менамуд. Бехтарин дӯст ва сармояи даврони ҷавонии ӯ китоб буд.

Пуштаи падарии Хайриддин аз шаҷараи бузургони дин буда, дар байни аҳолии Тоҷикистон маълуму маъруфанд. Хешовандони падараш пешвоёни дин дар минтақаи Файзободи Ҷумҳурии Тоҷикистон махсуб меёбанд ва аз олимони дин шинохта шудаанд.

Писарамуи падари Хайриддин бо номи махсуми Нурридинҷон аз орифон ва пир дар илми тасавуф дар ҳамин минтақа мебошад. Махсуми Нуриддин фарзанди домулло Мирзо бо лақаби “ҳазрати Бузургвор” буда, садҳо муриддону туллоби исломиро дар замони фитнаи аттеизми ҷанговари шӯравӣ ба камол расонидааст.

Домулло Мирзо, ки дар байни мардум бо номи Ҳазрати Бузургвор машҳур аст, таълифоти зиёди илмӣ дар риштаҳои мухталифи улум дорад. Ва солҳои зиёди умри азизи хешро дар омӯзиш ва фановарӣ дар маркази ислом Бухорои Шариф гузаронидааст. Ӯ яке аз намояндаҳои пурқуввати тариқаи «Нақшбандия» дар қаламрави Осиё шинохта мешавад. Ҳазрати Бузургвор 11 китоб дар риштаи тариқат ва дигар улуми динӣ навишта, дорои каромоти хос будааст. Хайриддин аз чунин хонаводагони насаби бузург мебошад.

Ҳангоми фориғ аз таҳсил Хайриддин ба падару модари худ кӯмак намуда, ба корҳои тиҷорат машғул мегардид. Зимин кишт менамуд, тухм мекошт ва бо меҳнати ҳалоли худ самари онро ҷамъоварӣ менамуд. Ӯ дар хона фарзанди бузург буда, ба ду хоҳар ва бародари хурдсолаш пайваста мушфиқу меҳрубон буд. Қисмате аз вақти худро дар тарбияи онҳо сарф менамуд.

Муҳаббати зиёд ба омӯзиши илму дониш дошт. Ӯ ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна аз асотиди гуногун дарсҳои инфиродӣ ва иловагӣ мегирифт. Адабиёт ва китобҳои зиёдро дар мавриди таърихи халқи тоҷик, дин, саргузашти дигар мардумони ориёӣ омӯхта, заминаҳои илмомӯзии худро аз хурдсолӣ муҳайё намудааст.

Дар сини 15 солагӣ зеҳни бурро ва заковати қавии Хайриддинро устоди аввалинаш Мулло Амонуллоҳ пай бурда, Хайриддинро назди донишманди исломшинос домулло Азаматуллоҳ бурда, аз эшон хоҳиш мекунад, то ӯро ба шогирдӣ қабул намояд. Хайриддин дар назди ин устод низ ба омӯзиш пардохта, идомаи китоби Мабдалқироат ва илми сарф ва наҳви арабӣ, фиқҳи мухтасар виқоя, хониш ва омӯзиши улуми Қурон ва омӯзиши хаттотӣ камари ҳиммат баста, аз худ мекунад.

Устод Азаматуллоҳ фарзанди шайх Мирзо Ҳакимҷон мебошад. Шайх Мирзо Ҳакимҷон яке аз шайхони бузурги ин минтақа ба ҳисоб меравад.

Домулло Азаматуллоҳ шахсияти саршиносе дар минтақа буд, ки забони арабӣ ва сарфу наҳвро хуб медонист ва устоди хубе ба ҳисоб мерафт. Ва Азаматуллоҳ шогирди яке аз пирони шариъату тариқат дар Тоҷикистон маъруф бо номи ҳазрати Эшони Абдухалилҷон мебошад.

Хайриддин дар муддати се, чаҳор сол дар назди ин устод Азаматуллоҳ ҳар рӯз баъди соати дарсии мактаби миёна аз маҳалаи худашон то маҳалаи устодашро, ки на кам аз 4 то 5 километр роҳ аст, пойи пиёда рафта, ҳудуди ду се соат аз он фанҳои дар боло зикршуда сабақ мегирад.

Дар ин солҳо Хайриддин бо хатти форсӣ ба навиштани шеър оғоз намуд. Тавассути хатти форсӣ ба осори гаронмояи орифони тариқат ва нухбагони миллати мусалмон ошно гашт. Ин раванд барои ӯ ҷаҳони дигареро ошкор намуд ва дарёфт, ки асрори кашфнашудаи хатти форсӣ ва ганҷинаҳои илмӣ ниёз ба ковишҳои ҷиддии илмӣ дорад.

Хайриддин ҳафтае як маротиба назди яке аз пирамардони хирадманди диёраш, домуллои огоҳ аз хат ва забон ва фарҳанги порсӣ маъруф бо унвони Шайхи Мир, донишманди зодаи Афғонистон, ки муқими Тоҷикистон гашта буд, аз дарсҳои фарҳангу ториху тамадуни ориёӣ баҳравар гашта, дар дилу ҷони ӯ оташи меҳандӯстиву илмомӯзиро барафрӯхт.

Хайриддин ҳар гоҳ, ки аз хона ба киштзор мерафт, савораи асп, дар дасти ӯ китоби девони хоҷа Ҳофизу шоҳномаи Фирдавсӣ дида мешуд, ки мақсадаш роҳравон аз бар намудани ашъор буд, на худнамоӣ.

Хайриддин баъд аз хатми мактаби ибтидоӣ аз рӯйи камбуди молиёт ва тангдастиҳои иқтисодӣ натавонист ба Донишкадаи Имом Тирмизӣ дар шаҳри Душанбе донишҷӯ бигардад, аммо ӯ аз омӯзиши илму дониш даст накашид. Ӯ ба хотири ба даст овардани маблағ ва идома додани таҳсил дар донишгоҳҳои олии динӣ ба шаҳри Маскав сафар намуд. Дар шаҳри Масква корҳои мухталифро анҷом дода, дар вақтҳои холӣ назди Қори Иброҳим, донишманди турк, ки аз Туркия барои дарс додани имомони Маскав фиристода будандаш олими забардаст дар фанни қироат ва таҷвид ва тартили Қурон буд, сабақ меомӯзад.

Хайриддин дар ин муддат солҳои 2001 ба филиали шуъбаи «Академияи Саудӣ» дар шаҳри Масква дохил гардида, донишҷӯ мегардад ва онро

бомуфаққият хатм мекунад. Яке аз мутахасисони беҳтарини забони арабӣ ва мутахасиси илми “Ақоид” мешавад.

Соли 2004 Хайриддин донишҷӯйи факултаи «Молиёт ва кридит»-и Унверситети шаҳри Москва мегардад.

Дар ин ҳангмом бо донишманди иронӣ ошно мегардад, бо номи Оқои Худойи (р), ки дар Масква ҳамчун намояндаи диннӣ ва фарҳангӣ аз тарафи Ҷумҳурии Исломии Ирон фаъолият менамуд. Хайриддин аз фурсат истифода намуда аз донишанд ҳар рӯзе баъди дарси донишгоҳи миллии Руссия аз соати 20:00 то соатҳои 22:00 бегоҳ сабақ омӯхта, илми тафсири Қурон, мантиқ, илми калом ва ҷомеъашиносиро бо ин равиш ҳудуди 5 сол меомӯзад.

Ва ин чунин боз дар тарбияту шогирдии яке аз уламои тоҷик бо ном домулло Аҳмади Язғуломӣ, ки эшон яке аз пешвоён ва уламои мардуми Язғулом мебошад, шогирд шуда, дар назди эшон, дар масҷиди ҷомеъи Маскав, Хайриддин дарси ҳадис ва масъалаҳои шаръиро меомӯхту аз худ мекард.

Хайриддин соли 2009 Донишгоҳи шаҳри Москваро хатм намуда, боз соҳиби дигар диплом мегардад.

Баъд аз ин ӯ ба ҳайси роҳбари Кумитаи дин ва фарҳанг дар назди Ҷунбиши умумиросиягии муҳоҷирони тоҷик дар Русия интихоб мешавад.

Дар ҳамин сол Хайриддин ба «Донишгоҳи равоншиносӣ»- и шаҳри Москва, ба курси чаҳорум дохил мешавад. Ва ин донишгоҳро 30.06.2011 бо муваффақият хатм намуда, соҳиби диплом мегардад.

Ва инчунин дар ин солҳо Домулло Хайриддини Абдуллоҳ дар назди яке аз роҳбарони Ройзании фарҳангии Эрон дар Маскав донишманди маъруф дар риштаи адабиёт ва фарҳанги порсӣ Ҳайдар Ниёз ғойибона ҳар рӯз 2 соат вақти худро сарф карда, баъди соати дарсии донишгоҳ ба назди эшон рафта, дарси ҳофизшиносӣ, Бедилшиносӣ, Мавлонои Румӣ ва кулиёти Саъдӣ ва хаттотиро меомӯзад.

Домулло Хайриддин инчунин барои такмили ихтисос ва донишҳои омӯхтаи худ сафар ба Қоҳира, Машҳад ва Теҳрон Туркия, Миср ва даҳҳо давлати ҷаҳонро сай намуда, аз рӯзгори мардумон ва хаёти динии онҳо шинос мешавад.

Ва инчунин дар ҳамин замони сафарҳояш тибқи равиши тариқати Нақшбандия байъат намуда дасти пир ва муриди яке аз пирони комили ҷаҳонӣ аз тариқаи Нақшбандия ҳазрати шайх ва пирри комил Оқои Пир Баҳодурҷон (р), ки дар Афонистон буд, аз муридони Ӯ мегардад.

Хайриддин баъди баргашт аз хориҷ ба Донишгоҳи ҳуқуқшиносии шаҳри Масква ба сифати донишҷӯ ба курси 4-ум дохил шуда, ин донишгоҳро бо дипломи сурх дар соли 2014 хатм намуда, яке аз беҳтарин пажӯҳишгарони илмӣ дар мубориза ба муқобили ифротгароӣ мавқеъ пайдо менамояд.

Муддати солҳост, ки мулло Хайриддин барои ҳифзи номуси миллӣ ва арзишҳои исломӣ дар муқобили ҷараёнҳои такфирӣ ва ифротӣ дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ мубориза мебарад. Дар ин самт корҳои бузурги диниро анҷом дода, ҷавонони тоҷикро аз ворид шудан ба созмонҳои террорстӣ чун ваҳҳобият- «Салафия» ва «ДИИШ» ва аз дигар равияву мазҳабҳои ба мо бегона буда бо ном ваҳҳобия, салафият, шиъагароӣ, ҳизби таҳрир ва ғайраҳо, бозпас гардонида аст.

Асҳоби моҷароҷӯ ва иғвоангези ваҳҳобия-салафия аз ин фаъолиятҳои донишманди ғаюру ҳушёри фаъол тоб наёварда барои бадном намудани Хайриддин дар саҳифаҳои интернетӣ ва шабакаҳои фаромиллии террористӣ ваҳҳобияи дар давлатҳои хориҷ буда ӯро бо даҳҳо тӯҳматҳои ноҳақ мутаҳҳам ба коркуни амнияти Тоҷикистон ё Эрон ё Руссия ва ё тӯҳмат ба шиъамазҳаб намуда, аз пайи террор намуданаш гаштанд.

Дар охир соли 2015 як гурӯҳ афроди такфирии салафия шаш корд домулло Хайриддинро зада, ба куштан наздик расониданд, ки чунин ҳамла аз тарафи ин ваҳҳобияи салафиҳои такфирӣ бори нахуст набуда, балки бори 3-юм буд.

Хайриддин дар асари ин амали ҷинояткоронаи террористони салафия сахт ҷарроҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ гашт. Ӯ бо лутфи Худои Бузург ва талоши табибон зинда монда, аз марг наҷот ёфт. Ва барои таббобат ба кишварҳои хориҷ рафта, табобат мегирад. Аммо таҳдидҳои террористон барои куштани Хайриддин поён наёфтааст.

Хайриддин баъди кор тамоми вақти худро барои тарбияи ҷавонони исломӣ гузаронида, онҳоро аз хатари ифрот ва такфир огоҳ месозад. Башараи террористии созмон ва ҳаракатҳои экстремистиро, ки онҳо душмани аслии тамаддун ва фарҳанги исломӣ ҳастанд, дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ мекушояд, рафтор, кирдор, ақида, андеша ва идеологияи террористии онҳоро бо далоили шаръӣ маҳкум ва наҳй месозад!

Барои мағлуб кардани домулло Хайриддин ин гуруҳҳои ваҳҳобияву салафия аз миллатҳои мухталиф фориғутаҳсилони донишгоҳҳои саудиву покистонро оварда, ба мунозираи илмӣ бо ӯ рӯ ба рӯ баҳси динӣ мекарданд ва домулло Хайриддин бошад, ҳамаи донишмандони ваҳҳобияи такфириро мағлубу сархам карда, посухҳои илмиву мантиқӣ дода, онҳоро исбот мекард, ки ақоиду роҳу равиши онҳо зидди ақоиди аҳли суннат ва ҷамоъат буда, хилофи чаҳор мазҳаби суннат ва ҷамоъат мебошад.

Домулло Хайриддин барои худшиносии миллӣ ва динӣ дар масҷиди ҷомеъ, ки дар Проспекти «Мир»-и шаҳри Масква ҷойгир аст, барои мусалмонон бо забони форсӣ, руссӣ ва арабӣ амри маъруф ва наҳй аз мункар мекунад. Ӯ солҳои зиёд аст, ки ба ҳайси мушовири идораи динниёти Руссия оид ба масъалаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Миёна буда, ба муҳоҷирони меҳнати кӯмаки динӣ менамояд.

Феълан ӯ роҳбари Кумитаи дин дар назди ҷамъияти умумироссиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик да Руссия» буда, инчунин дар шӯъбаи Донишгоҳи байналмилалии «Ҷомеъату-л-Мустафо»и Эрон дар шаҳри Масква ба ҳайси омӯзгор дар фанҳои мухталиф ҳамчун: таҷвиди Қурон, таърихи Ислом, фиқҳи ҳанафия, ақоиди мотуридия, шиносоӣ бо илми тасавуф тариқат, омӯзиши забон ва хати ниёгон дарс медиҳад.

Ва ин дарсҳоро ба ҷуз ин донишгоҳи «Ҷомеъату-л-Мустафо» боз дар даҳҳо маргазҳои омӯзиши ва дар масҷидҳо ва биноҳову бозорҳо, ки дар он ҷойҳо намозхонаҳо ҷойгир аст, дарсу таблиғи худро фаъолона пеш мебарад.

Эшон дар як шабона рӯз 10 соати худро дар хондану омӯзишу таҳқиқот ва 3 соати худро дар навишт, ва 5 соати худро дар дарсу таблиғи шогирдонаш ва 5-6 соати худро дар хобу истироҳату варзиш мегузаронад.

Хайрриддин сармуҳарир ва нависандаи мавзӯи диннӣ ва фарҳангии рӯзномаи «Овози Тоҷикистониҳо», ки аз тарафи Диаспораи тоҷик дар Федератцияи Россия мебошад. Ва инунин мақолаҳои ӯ дар рӯзномаҳои мухталиф, нашрияи «Тоҷикони Россия», ки аз тарафи сафорати Тоҷикистон дар Маскав нашр мешавад ва ин чунин рӯзномаи “ Ислам Минбар”, ки аз тарафи идораи диниёти Руссия нашр мешавад, ва ин чунин маҷалаи бо ном “Фарҳанги Исломӣ”, ки аз тарафи намояндагии Донишгоҳи байналмилалии «Ҷомеъату-л-Мустафо» дар Маскав буда ба ҳайси муовини сармуҳарии ин маҷала, ки ин маҷала ба мударисони донишгоҳу донишгадаҳои динниву ғайри диннии давлати Руссия ройгон ҳар моҳе як маротиба пахш мешавад, фаъолият мекунад.

Ва инчунин дар даҳҳо сайтҳо ва рӯзномаҳои маъруфи диннӣ ва фарҳангӣ дар кишварҳои мухталифбуда мақолоти худро роҷеъ ба дин ва фарҳанг солҳои зиёд аст, ки нашр намуда ройгон ин рӯзномаву маҷалотро дар саросари кишвари Русия аз масҷиду бозору биноҳову фурудгоҳҳо пахш менамояд.

Аслан аз мардумони муҳоҷири миллатҳои мухталифи аз Мовароуннаҳр дар Руссия буда касе корри динну фарҳангро ба чунин ривоҷ пеш набурдааст.

Пеш аз эшон дар бисёре аз ин рӯзномаҳо мақолоти динни аслан нашр намегашт ва ин чунин дифоъ аз миллату фарҳангу дабираи порсӣ вуҷуд надошт.

Ишқи динниву мазҳабиву миллии эшон ин рӯзномаҳову сайтҳоро ба ҷӯш даровард. Эшон аз динну фарҳангу миллати хеш натанҳо дифоъ мекунад дар муқобили динситезону миллатситезон, балки ҳамла мекунад бар ақоиди душманонаи онҳо.

Домулло Хайриддини Абдуллоҳ қобилияти хуби нигорандагӣ ва таҳқикоти дорад. Таълифоти зиёди пажӯҳишӣ дар соҳаи диншиносӣ дошта, дорои панҷ маълумоти оли дар риштаҳои илми динниву дунявист. Ва инчунин муаллифи панҷ китоб бо забони форсиву русиву арабист. Дар навиштани ғазал ва рубоӣ низ қалами хуб ва истеъдоди фитрӣ дорад. Китобҳову мақолоти навиштаи ӯ хусусан роҷеъ ба дин дар бораи аққоиди ваҳҳобияву салафия бо забонҳои мухталифи ҷаҳон тарҷума гаштаанд.

Эшон дар байни пешвоёну донишмандони ҷаҳон ҷойгоҳи хосеро дорост. Ӯ хусусан дар миёни миллатҳои мухталифи ҷаҳон аз пайрвони чаҳор мазоҳиби суннат ва ҷамоат, ва дар миёни пайравони тасавуфу тариқат ва дар миёни дӯстдорони фарҳангу забону хати форсӣ қобили эҳтиром буда, ҷойгоҳи хосеро дорост.

Домулло Хайриддини Абдуллоҳ миллаташ тоҷики асилли ориёӣ, забонаш забони форсии дарӣ, мазҳабаш мазҳаби Имоми Аъзам кӯфию сӯфи раҳматуллоҳи алайҳ, дар ақоиди имом Мотуридӣ ва дар тариқат ва тасавуфи Баҳоудини Нақшбандия мебошад. Эшон то ба имрӯз дар тарбияту шогирдии накам 40 нафар аз устодону донишмандону пирони тариқат тарбияту обу ранги маънавию рӯҳони гирифта, боиси фахри устодону мухлисони хеш аст.

Аз номи аъзоён ва кормандони “Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” донишманди ҷавон ва фаъоли тоҷик Домулло Хайриддини Абуллоҳ-ро ба ин рӯзи зодрӯзаш табрик гуфта, барояш тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорем ва дар корҳои илмию динниаш мувафақиятҳои бузург хоҳонем.

Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.503 seconds.