Ба номи Худованди бахшандаи мехрубон.
Сипос Худоеро, ки парвардигори чахониён аст ва дуруд бар бандаи баргузидааш Мухаммад (ъ) ва хонадони пок ва ёрони баргузидааш бод!
ДУРИ АЗ ЗИНО.
«Ва ба зино наздик машавед, ки он фахш аст ва бадрохи аст.»
(сураи исро-ояи 32)
Сабаби балохою бадбахтихо факру ночорихо вабою беморихо зилзилаву офатхо зино аст. Расули Худо Мухаммад (ъ) мефармояд: Эй Али! Зино шаш хислат дорад; се хислат дар дунё ва сеи дигар дар охират. Хислатхои дунёиаш ин аст, ки обуруйро мебарад, маргро шитоб мебахшад ва рузиро кам мекунад ва хислатхои охиратиаш иборат аст: хисоб, барраси, сахт ва дакик, (нозук)хашми Худои Рахмон ва човидонаги дар оташ аст. Ва боз паёмбари Худо Мухаммад (ъ) мефармояд:
Бар хар ъузве аз аъзои инсон бахрае аз зино навишта шуда, ки лочарам ба он мерасад. Масалан:
1. «Зинои ду чашмон, дида задан аст»
Касе бо номахрам, дида мезанад ё бо халоват назар мекунад зинои чашм кардааст.
2. «Ду даст хам метавонад зино кунад»
Касе, ки бо номахрам, даст мезанад (яъне салом мекунад) зино кардааст.
3. «Ду пой хам метавонад зино кунад»
Касе, ки бо пойхояш ба думболи номахрам меравад зино кардааст.
4. «Зинои забон калом аст»
Касе, ки бо номахраме суханбози кард пас (бадурусти,ки) зино кардааст.
5. «Хар зане, ки либосхояшро ба чое барад ва бигзорад, ки гайр аз хонаи шавхари худ бошад бидонад, ки у пардаи хаёи байни худ ва Худоро даронидааст. (Сабаби зинои чашми дигарон гаштааст)»
Ва яке дигар аз рафтори бади занон ин аст, ки либоси худро ба дигар занон медиханд ба муддати якчанд руз пас аз дидани дигар хонавода ва боз мепушанд. Ва дигар бадбахтии баъзе аз занхо дар ин аст, ки вакто либоси тахпуши худро мешуянд ва дар чойе овезон мекунанд, ки хар мехмоне дохили он хона шавад хох ва нохох пеши назараш меафтад.
6. «Вой бар холи он зане, ки худро ба гунае муъатар ва хушбу кунад ва сипас берун биравад ва аз канори хар шахсе бигзарад хамаро мутавачехи худ кунад, у зинокор аст ва хар кассе, ки ба у нигох кард, бо чашмонаш зино кард»
7. «Хар гохе зане барои касе чуз шавхари худ, худро хушбу ва матрах мекунад бидонад, ки ин кораш мучиби оташи чаханнам ва боиси дуршудани нанги у хохад буд»
Заноне хам хастанд, ки гарибписанданд, ба марди худ эътино намекунанд ва бо нигохи тахкир ба шавхари худ нигох мекунанд. Яъне шавхари худро бе шахсият ва хор ба хисоб меоваранд ва дигаронро мухтарам ва бошахсият мебинанд.
Имруз дар чомеаи мо занхое вучуд доранд, ки вакте аз хона берун мераванд бо назокат ва бо одоб бо дигарон бархурд мекунанд ва хар касе, ки надонад мафтуни у мешавад ва бохуд мегуяд ин хонум чи кадар бо тамиз аст ва бо мухаббат аст, аммо хамин зан дар хона бо шавхараш он кадар бадрафтори мекунад хавсалаи харф задан ва тахмил диданашро надорад ва хамеша бо у асабони аст ва бо ин рафтори бадаш рузгори мардро талх мекунад.
Чаро мебоист ин тавр шавад? Марде, ки барои ту кор ва захмат мекашад, марде ки туро кобил дониста ба хостгории ту омада ва ба ъунвони як хамсари хуб, туро интихоб кард, холо муздаш ин аст, ки бо у инчунин рафтор куни вале бо бегонагон он кадар бо мухаббат ва бо эхтиром худнамоиши куни.
Зан набояд бегона писанд бошад, хамаро хуб ва ъазиз бидонад, вале шавхари худро одам хисоб накунад.
ХУКУКИ ШАВХАРОН.
Зане омад назди паёмбари Худо Мухаммад (с) пурсид: Ё Расулоллох хаки шавхар бар зан чист? Паёмбар (с) бо мехрубони ва лабханд фармуданд:
1. Зан бояд аз шавхараш итоъат кунад.
2. Дар мукобили у саркаш ва нофармон набошад.
3. Бидуни ичоза аз амволаш садака надихад, ки агар чунин кунад савобаш ба шавхар мерасад ва гунохаш барои зан мемонад!
4. Бидуни ичозааш аз хона набарояд, ки агар зане бидуни ичозаи шавхар аз хона барояд тамоми фариштагон лаънат мегуянд, то замоне, ки ба хонаи шавхар баргардад.
5. Ба бехтарин атрхо худро бар шавхараш хушбу кунад.
6. Зеботарин либосхояшро барои шавхараш бар тан кунад.
7. Ба бехтарин шакл худро барои шавхараш ороиш ва зинат кунад.
8. Хар замон, ки шавхар хост хамбистари у шавад. Хатто дар пушти уштур (киноя аз шароити сахт) ва агар зане, ки шавхар уро барои наздики даъват карда ин амалро ба тахир биандозад ва агар намоз бихонад то шавхар ба хоб равад пайваста малоикахо уро лаънат мекунанд то шавхар бедор шавад.
9. Агар шавхар аз у норохат аст бояд шавхарро рози кунад. Зан пурсид: Хато кутохи аз шавхар бошад? Паёмбар (с) фармуданд бале.
10. Зан набояд дар мукобили шавхар ру туруши кунад ва бо у бадахлоки намояд. Он зан дубора пурсид ё Расулоллох (с) чи касе бештарин хакро бар мардон дорад? Паёмбари акрам (с) фармуданд: падар! Бори дигар пурсид: чи касе бештарин хакро бар занон дорад? Паёмбари акрам (с) фармуданд: шавхар! Дубора пурсид «хукуки шавхар бисёр бештар аз хаки зан аст?» Паёмбари акрам (с) фармуданд:аз сад то яке на! (киноя аз ин ки хукуки мардон бар занон бисёр бештар аст.) Сипас паёмбари акрам (с) фармуданд: чиходи мардон он аст, ки амвол ва чони худро дар рохи худо сарф кунанд то ба шаходат бирасанд, вале чиходи занони умати манн хуб шавхардори кардан ва сабр бар сахти зиндаги ва ахлоки мардон аст. Ва боз фармуд паёмбари худо (с). Зане, ки ба шавхараш бигуяд: «харгиз аз ту хайре надидаам» савоби хамаи корхои некии у аз байн меравад.
Паёмбар (с) мефармояд: Агар карор буд дастур дихам касе дар баробари касе сачда кунад, хатман ба зан дастур медодам, ки шавхарашро сачда кунад.
(Мизон ул хикма с-255)
ХУКУКИ ЗАНОН.
Паёмбари акрам (с) фармуданд: Махбубтарин мардон назди худованд мардоне хастанд, ки ба хамсарони худ бештар эхсон мекунанд, хамчунон ки ман бехтарин шавхар барои хамсарони худ хастам. Паёмбари акрам (с) мегуяд, Чабраил (ъ) он кадар дар бораи хамсар ба ман сафориш кард то хаде, ки хулоса кардам талок додани зан раво нест, магар ошкоро фохишаги кунад. Паёмбари акрам (с) фармуданд: Хар марде силе (муште) ба сурати занаш бизанад, худованд рузи киёмат ба мамури чаханнам (дузах) фармон медихад ба чои он хафт силе оташин ба он мард бизананд.
Мардон бояд:
1. Бадихои занонро бибахшанд ва онхоро ъавф кунанд.
2. Газо ва хуроки муносиб барои онхо тахия намоянд.
3. Либоси муносиб барои онхо фарохам кунанд. (Хар сол чахор бор)
4. Лавозими зинат, монанди атр, руган, мушк…. чихати зинати онхо дар манзиле барояшон мухаё кунанд.
5. Манзил ва махали сукунати муносиб барои онхо тахия кунанд.
6. Дар аёми ид барои онхо хадия ва хурокихо фарохам кунанд.
7. Бо диккат ба суханони зан гуш дихед, вале сухбаташро дар хаки дигарон кабул накунед!
8. Аз куръон махсусан сураи мубораки Нурро ба эшон таълим дихед.
9. Нагузоред бо либоси нозук (тунуки тобанда) ва часпида аз хона ва ё мукобили номахрам намоён шавад.
10. Мардон набояд ихтиёри худро ба дасти занон бидиханд ва хусусан ба суханони онхо дар мавриди хешони худ гуш надиханд, зеро малъун аст марде, ки умурашро занон тадбир кунанд.
Имом Абу Ханифа (р.х.) фармуданд: Аз худо битарсед аз хакки ду заъиф, ятимон ва занон ва паёмбари акрам (ъ) фармуданд: Хар марде, ки беш аз се бор хамсарашро калтак бизанад, худованд рузи киёмат чунон пеши халоик расвояш кунанд, ки хамаи ахли махшар расвоиашро бубинанд.
Ва дар хадиси дигаре фармуданд: Дидам мардеро, ки хамсарашро калтак мезад дар холе, ки худ сазовортар ба калтак хурдан аст, хамсаронатонро бо чуб назанед чун дар дунё ва охират касоси он домани шуморо хохад гирифт ва чунончи хостед онхоро адаб кунед аз хурок ва пушокашон кам бигзоред то дар дунё ва охират суд бибаред.
Ахлоки хонаводагии паёмбари худо Мухаммад (ъ).
Ёфтан ва доштани асвох ва чахор чубахои фикри, кирдори ва гуфтори дар равобити хонаводаги барои хар инсон тавфик дар чихати такомил хар чи бехтари уст.
Аз суи хакикат ахлоки инсон дар хонавода аст, зеро ашхос дар берун кудрат бар рафтор зидди ахлок надоранд ё ба далели чорае мулохизоти бад ахлоки намекунанд. Он касе, ки дар хонаи ки зану фарзандаш тахти назари уянд хушрафтори кард, хуш ахлок аст. Мо уматони расули худо Мухаммад (с) тавре зиндаги кунем бо хонаводаи худ, ки он бузургвор бо тамоми хонаводааш рафтор мекард ва тавре сухан бигуем ки он хазрат сухан мегуфт, он чое газаб кунем, ки он азизи худо хашмгин мешуд ва чое ъавф кунем, ки он чаноб мебахшид.Ойша (р) хамсари расули худо (с) ки ба хусусиёти ахлоки у огох буд, чузиёти ахлок ва рафтори паёмбарро дар як чумла хулоса кард, ки дар хадисе омадааст: Саъд ибни Хишом ривоят мекунад, ки ба дидори модари муминон Ойша (р) рафтам ва аз ахлоки расули худо (с) пурсидам, у гуфт: Оё куръон намехони? Гуфтам чаро? Гуфт ахлоки расули худо (с) куръон аст. (сунан наби с-58)
Ойша (р) мефармояд: Хеч кас аз паёмбар (с) хушахлоктар набуд, хеч касе аз асхоб ва ахли байт уро садо намезад магар ин ки дар чавоб мефармуд: (лабайка).Тамоми асхоб ва ахли Сир навиштаанд: Паёмбари худо (с) дар хонаи хеш хидматгори ахли худ буд, гуштро майда мекард ва бар сафар гизои хакирона таёр мекард ва либоси худро васла менамуд ва бар уштури худ ъикол (зин) мезад ва ба нокаи худ алаф медод ва худ осёб мерафт ва худ хамир мекард.
Расули худо (с) кафши худро васила мезад, пушоки хешро медухт, дари манзилро шаб махкам мекард, субх боз мекард, гусфандон ва уштурхоро медушид ва ба хангоми хаста шудан ахли байташ давон ба кумакаш мешитофтанд ва оби вузу шабашро худ тахия мекард. Ва дар хама корхо ба ахли хона кумак мекард, лавозимини хона ва зиндагониро ба пушти худ аз бозор ба хона мебурд, гохе лахзахое мешуд, ки хазрат хонаи хешро мерубид ва назофа мекард, дар холи таъом пухтан ба хамсараш кумак мекард.
(Абкариёти исломи с-192), (вал- расул ч 1-с-165), (макорими ахлок с-15)
Имом Хусайн (р) мефармояд: аз падарам дар мавриди умури расули худо (с) дар дохили хона савол кардам, фармуданд: вакте ба хонааш мерафт, авкоташро се таксим мекард: як кисм барои худо ва як кисм барои хонаводааш ва як кисм барои худаш, он таксими худашро низ миёни худ ва мардум таксим мекард ва онро барои бастагон ба бузургон ва сахобагон, ки дар манзилаш ба зиёрати у меомаданд карор медод ва зарае аз имконоти худро аз онон дарег наменамуд (балки он чизе имкон дошт дар хаккашон анчом медод.)
(Симои паёмбари ислом с-53)
Худовандо! Моро пайрави хабиби худат гардон, ки дар харду сарой бо ин ахлокхои нокисамон шармандаи ту хастем.
Парвардигоро! Хабиби ту аз гами ислом аз гуруснаги бар шиками худ санг баст вой бар холи мо ки аз руи нафси шиками худ суи ислом санг мезанем.
Худои ман! Доми шайтон сахт аст ва гар лутфи ту ёр нашавад начот аз он мушкил, моро дар панохи лутфат аз васвасахои шаётин, махфуз дор!
Бо лутфу эхтиром, нависанда
Хайриддини Абдулло.
июня 7, 2010 at 20:36
салом бародари азиз Хайриддини Абдулло бисьёр марди бомаориф будаи ба калон кардаю устозат рахмат барои дину миллатат хизмат кун бародар ХУДО НИГАХБОНАТ БОД,,,,ИСФАРА-СУРХ!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!1
июня 24, 2010 at 4:12
Салом акои Хайриддини Абдулло,Худованд боз гайрати исломиатонро зойод гардонад, Конибодом!
августа 12, 2011 at 7:57
худованд хамеша бо ту боша хайриддин